18:01:24 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

НОМАИ САРКУШОДАИ МУДОФЕОНИ ҲУҚУҚИ ИНСОН БА Э. РАҲМОН

Ҳомиёни ҳуқуқи башар басташавии фаъолияти созмони ҷамъиятии «Ампаро» дар Тоҷикистонро шадидан маҳкум карданд.

/images/stories/2013/01/30_nomai-obs-30012013.jpgҲомиёни ҳуқуқи инсон - барномаи муштараки Федератсияи байналмилалии ҳуқуқи башар ва Созмони ҷаҳонии алайҳи шиканҷа бо ирсоли як номаи саркушода ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири адлия ва раиси додгоҳи олии кишвар тасмими баста шудани Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон "Ампаро"-ро маҳкум карданд. Онҳо аз ҳукумат даъват кардаанд, ки қарори худро дар робита ба "Ампаро" бознигарӣ кунанд.

Муаллифони нома менависанд, «Ампаро» аз соли 2005 ин ҷониб дар бахши ҳимояи ҳуқуқи башар, мубориза алайҳи шиканҷа фаъолият карда, аз қишри осебпазири ҷомеъа ҳимоят кардааст. Аммо моҳи октябри соли гузашта мақомоти адлияи вилояти Суғд бо иттиҳоми тағйири суроғаи ҳуқуқии «Ампаро» алайҳи ин созмон ба додгоҳ шикоят бурданд ва додгоҳи Хуҷанд моҳи октябри соли 2012 ҳукми басташавии «Ампаро»-ро содир кард. Додгоҳи касатсионии вилояти Суғд, низ 15-уми январи соли равон ҳалномаи додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар нисбати баҳси миёни Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро» ва Раёсати адлияи ин вилоятро бетағйир гузошт.

Дидбонгоҳи дифоъ аз ҳомиёни ҳуқуқ менависад, қонунгузории Тоҷикистон дар бораи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкили созмонҳои ҷамъиятӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ набуда, бояд, ки бозбинӣ шавад. Онҳо қарори "худсаронаи" манъи фаъолияти «Ампаро»-ро маҳкум карда  даъват кардаанд, ки ба фишорҳо болои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъқиби ҳомиёни ҳуқуқ дар кишвар хотима дода шавад.

Созмони «Ампаро» бо таҳқиқоти пайдарпаи интиқодиаш дар заминаи поймолшавии ҳуқуқи сарбозон дар артиш, ҳодисаҳои шиканҷаву бадрафторӣ ва даъвати иҷборӣ ба хизмат маъруфият касб кардааст. Мунаққидон мегӯянд, сабаби аслии басташавии ин созмон ҳам маҳз ҳамин ифшогариҳои ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи инсон дар артиши Тоҷикистон мебошад, ки ба обрӯи давлат латма мезанад.

Аммо Рустам Менгалиев, вазири адлияи кишвар ҳафтае пеш зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки қазияи «Ампаро» ангезаи сиёсӣ надорад. Ӯ гуфт, зимни тафтиши фаъолияти ин созмон нақзи қонун ошкор шудааст, «вале масъулини он бо ҷои ислоҳи камбудиҳо садо баланд карданд, ки мавриди фишору таҳқиб қарор доранд». Вай инчунин фармоишӣ будани ҳукми басташавии ин созмонро рад кард.

Бо талаби дубора фаъол шудани кори анҷумани "Ампаро" то имрӯз  созмони Афви байналмилал, Иттиҳоди Аврупо, ИМА, САҲА ва дигар созмону давлатҳои ғарбӣ садо баланд кардаанд.

«Озодӣ»

0px; � �ig� � 0px; padding-left: 0px; line-height: 20px; ">Муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ гуфт: "Мумкин аст ин ҳизб дар интихобот номзади худро пешниҳод кунад ё аз номзади мустақилле, ки барномааш бо аҳдофи ҳизби наҳзати исломӣ созгор аст, пуштибонӣ кунад."

 

Интизор меравад тасмими ниҳоӣ дар ин замина дар анҷумани ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар остонаи интихобот баргузор хоҳад шуд, иттихоз шавад.

Ин дар ҳолест, ки ҳизби ҳокими халқи демукрот гуфтааст, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли ҷорӣ номзадии Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар пешниҳод хоҳад кард.

Бархе аз коршиносон ба ин назаранд, ки танҳо дар сурати пешниҳоди номзади ягона аз ҷониби аҳзоби мухолифи давлат имкон дорад дар баробари Президент Раҳмон рақиби муносибе пайдо шавад.

Дар ҳамин ҳол, Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби кумунист ва узви порлумон, гуфт, ки ин ҳизб дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба ҳеч эътилофе напайваста, балки номзади худро муъаррифӣ хоҳад кард.

Иддае аз коршиносон мегӯянд номзади ҲНИТ, ки бонуфузтарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, метавонад дар интихобот бо номзади ҳизби ҳоким рақобат кунад.

Аммо Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси мустақил, мегӯяд, ки дар шароити феълӣ ҷомеъаи Тоҷикистон барои пазируфтани номзади ҳизби наҳзати исломӣ омода нест ва мумкин аст кишварҳои хориҷӣ, бахусус Русия, низ аз ин номзад пуштибонӣ накунанд.

Аз ин лиҳоз, оқои Ҳакимов мӯътақид аст: "Дар сурати ҳимояти ҲНИТ аз номзаде мустақил ва ғайриҳизбӣ дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон метавон интизор дошт, ки ин интихобот воқеъан рақобатӣ шавад."

Иқтисоддон Давлати Усмон низ, ки дар интихоботи соли 1999 ба унвони номзади ҲНИТ ширкат карда буд, гуфт, ки ба далели шаффоф набудан ва набуди рақобати солим ширкати номзади ҳизби наҳзати исломӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ "талафи вақт" хоҳад буд.

Зимнан, дар моҳи ҷорӣ Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон тарҳи ислоҳи Қонуни интихоботи раёсати ҷумҳуриро, ки аз ҷониби эътилофе аз аҳзобу гурӯҳҳои мухолифи давлат таҳия ва тавассути намояндагони ҲНИТ ба порлумон ирсол шуда буд, рад кард.

Лағви муқаррароти марбут ба ҷамъоварии имзои 5 дар сад аз раъйдиҳандагон барои сабти номи номзадҳо, эҷоди шароити баробар барои намояндагии аҳзоб дар марокизи раъйгирӣ ва таъмини шаффофият дар натиҷагирӣ аз интихобот аз ҷумлаи ислоҳоти пешниҳодии мухолифон буд.

ozodi.org



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi