02:11:20 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МТС ДАР ИНТИХОБОТИ 2013 БАРОИ ҲХДТ РАҚИБЕРО НАМЕБИНАД

Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, дар интихоботи президентии имсола ба ғайр аз ҳизби ҳоким ягон ҳизби дигар имконияти пирӯзӣ надорад. Ин натиҷагирии Маркази мутолеоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки таҳлилгарони он мегӯянд, тавоноии ҳамаи ҳизбҳои сиёсии дигар барои ғалаба дар интихобот кофӣ нест.

/images/stories/2013/01/14_intikhobot-14012013.jpgМуовини раиси ин марказ, Сайфулло Сафаров, дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ҳизбҳои дигар дар шароите нестанд, ки бо ҳизби президентӣ рақобат кунанд: «Ҳамаи онҳо барои ширкат ҳақ, имконият ва шароити муайянро ҳам доранд. Лекин дар ин баробар чанд масъалаи муҳим дар пешорӯи онҳо қарор мегирад. Аз ҷумла надоштани маблағҳои кофӣ барои баъзе аҳзоби сиёсӣ ва дигар надоштани кадрҳое, ки тавонанд дар номзадӣ ба мансаби президентӣ бо раиси ҷумҳури феълӣ рақобат кунанд, барои онҳо мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд меорад. Аз ин хотир ман боварӣ надорам, ин аҳзоб бо он имконияте, ки доранд, тавонанд бо ҳизби ҳоким, ки аллакай номзадашро муайян кардааст, рақобат намоянд.»

Ҷаноби Сафаров ҳамчунин афзуд, амалкарди ин ҳизбҳо низ ба замона мувофиқ нест ва онҳо барои ислоҳи вазъи худ ҳеҷ талоше ҳам намекунанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳизби ҳоким, Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон, аллакай омодагӣ ба интихоботро шурӯъ кардааст ва аҳзоби дигар дар ин замина ҳеҷ ташаббусе нишон намедиҳанд. Ахиран Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон аз таъсиси як маркази вижаи таҳлилу таблиғ хабар дод, ки қарор аст, дар байни намояндагони қишрҳои мухталифи кишвар кор кунад.

Муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Сайидумар Ҳусайнӣ бар ин аст, ки барои ширкат дар корзори интихоботӣ пеш аз ҳама на тавони молӣ, балки маҳбубият дар миёни мардум муҳим аст, ки ба гуфтаи ӯ ҲНИТ аз чунин маҳбубият бархӯрдор аст:

«ҲНИТ чӣ қадар миёни мардум нуфуз дорад инро дар интихоботи парлумонии соли 2006-ум баръало мушоҳида кардан мумкин буд. Ва ҳама нозирони дохиливу хориҷӣ эътироф намуданд, ки дар натиҷагирии ин интихобот тақаллуб сурат гирифта буд ва он раъйҳоеро, ки ҲНИТ дар интихобот ба даст оварда буд, барояш дода нашуданд. Ба назари ман дар баробари ҳизбҳо,  нафарони хоҳишманд низ метавонанд, дар интихобот рақобат кунанд ба шарте, ки монеаҳои сунъие, ки дар пеши роҳи номзадҳо гузошта шудаанд, ба монанди 5 дарсад имзо ҷамъ кардан бардошта шаванд. Зеро миллате , ки 50 ё 100 шахси сазоворро барои роҳбариву пешвоӣ надошта бошад маҳкум ба нестист.»

Нуктаи дигаре, ки коршиносони тарафдори давлат баён медоранд, ин аст, ки мухолифон ягон номзади ҳамвазни Эмомалӣ Раҳмон надоранд.

Аммо Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, ин ҳизб на як, балки чандин номзади арзанда дорад, ки метавонанд, бо ҷаноби Раҳмон рақобат кунанд, аммо пирӯзии ҳақиқӣ замоне эътироф мешавад, ки интихобот озод, одилона ва шаффоф гузарад:

«Ҳизби мо ҳеҷ набошад, 10 нафар номзади муносибро барои вазифаи президентӣ дорад. Аз ҷиҳати молӣ агар, ҳизб маблағи кофӣ надошта бошад ҳам, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳам афроди алоҳидаи манфиатдор бевосита маблағгузорӣ кардан метавонад. Ҳоло гап сари нобаробарии ҳизбҳо меравад. Яъне чуноне, ки таҷрибаҳо нишон медиҳаанд имрӯзҳо комиссияҳои интихоботӣ танҳо аз ҷониби як ҳизб ташкил карда мешаванд, ки алабата ба манфиати ҳамин як ҳизб кор мекунад. Ба назари ман агар интихобот аз рӯи принсипи баробарӣ ва шаффофу демократӣ сурат бигирад, баръакс шонси номзади ҳизби ҳоким қариб, ки вуҷуд надорад.»

Бо вуҷуди хушбинии намояндагони аҳзоби мухолиф, таҳлилгарон бар инанд, ки на танҳо шароити мавҷуда, балки зарфияти ин ҳизбҳо ҳоло дар сатҳе нест, ки тавонанд, ҳизби ҳокимро бо мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ кунанд. Ҳамзамон онҳо низ ишора мекунанд, ки баҳои дақиқ ба тавонмандиҳои аҳзоби сиёсӣ дар интихобот замоне имконпазир аст, ки “қоидаҳои бозӣ” ба ҳамаи онҳо имконияти баробар фароҳам орад ва истифодаи захираҳои маъмурӣ комилан манъ гардад.

Хилватшоҳи Маҳмуд, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, дар кишвар одат шудааст, ки на демократияи ҳақиқӣ, балки зоҳирӣ дар интихобот ба намоиш гузошта шавад:

"Ҳизбҳое низ дар саҳнаи сиёсӣ ҳузур доранд, ки омодаанд, ба муваффақияти ин намоиш кӯмак кунанд. Ҳизбе, ки Амир Қароқулов таъсис додааст, ҳизби кисагист, ки аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шудааст ва ду нафар аз аъзои он ба парлумони Тоҷикистон ба ҳайси вакилӣ пешниҳод шудаанд. Инчунин ду нафар аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, ки онҳо ҳатто рӯзномаи худро надоранд ва дар тамоми тасмимгириҳои сиёсӣ, аз ҳукумати феълӣ пуштибонӣ мекунанд."

Хилватшоҳи Маҳмуд имкониятҳои ҲНИТ ва ҲУСДТ барои рақобат бо ҲХДТ бештар арзёбӣ мекунад: "Рӯи ин ду ҳизб бештар ҳарф гуфта мешавад, зеро дар интихоботи парлумонии соли 2010, 35 дарсади овози мардумро ҲНИТ касб карда буд, аммо раҳбари феълии он натавонист аз аҳдофи мардум пуштибонӣ кунад ва овозҳои онҳоро ҳифз намояд."

Ҷаноби Маҳмуд бар ин аст, ки танҳо эътилофи аҳзоб метавонад тарозуи феълии зарфиятҳои интихоботро тағйир диҳад. Чанде аз коршиносони дигар низ ба ҲНИТ,ҲСДТ ва ҲДТ пешниҳод кардаанд, ки бо номзади ягона пой бар корзори интихобот гузоранд, чун танҳо дар ин сурат метавонанд, бо ҳизби ҳоким рақобати ҷиддие нишон диҳанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi