15:09:03 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИҶЛОСИЯЕ, КИ МОРО ҶОНИБИ ҚУЛЛАҲОИ МУРОД РАҲНАМУН СОХТ

Дар таърихи ҳар як халқу давлат лаҳзаҳое фаро мерасанд, ки дар сарнавишти ояндаи он миллат ва бунёду пешрафти мамлакат нақши муассир мебозанд. Барои давлати тоза ба истиқлол расидаи тоҷикон - Тоҷикистон лаҳзаи таърихиву тақдирсоз моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст.

/images/stories/2012/11/25_rahmon-16-251120122.jpgЗеро, ин иҷлосия барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти воқеӣ ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, дар кишвар ба раванди созандагию бунёдкорӣ ва рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва пайвастан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ оғоз бахшид. Иҷлосияи мазкур табаддулоте буд, ки давлати тоҷиконро дубора дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва халқи тоҷикро ҳамчун миллати сулҳофару тамаддунсоз муаррифӣ кард.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияе буд, ки оғоз дошту анҷом не, зеро тамоми дастоварҳои Тоҷикистон аз қарорҳои он сарчашма мегирад. Бахусус, аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар он аст, ки ташаккули идеяи ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ маҳз дар ҷараёни он ба миён омад, ки пайдоиши ин идея худ як зуҳороти тақдирсози таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Имрӯз аксари расонаҳои хабарии мустақил бар онанд, ки ҳадафи аслии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ хотима бахшидан ба ҷангӣ шаҳрвандӣ буд, вале ин рисолати иҷлосия амалӣ нашуд ва ҷанги дохилӣ то 5 соли дигар идома кард. Вале муаллифони ин матолиб намеандешанд, ки ҳар иқдоме рӯи кор ояд бояд аввал замина дошта бошад, зеро бидуни таҳкурсии мустаҳкам ягон пойдевор ба дарозо намекашад.

Аз ин рӯ, барои   амалӣ сохтани қарорҳои қабулгардидаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ низ вақт лозим буд, то ба сулҳи комили пояндадор ва барқарор намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ноил гарданд. Оё боре андешидаанд, ки дар шароите, ки аъзои Ҳукумат ба ду гурӯҳ тақсим шудаву шомили майдонҳоянд ва дар баробари ин қувваҳои бадхоҳ аз хориҷи кишвар ба нобудшавии давлати тоҷикон азм мекарданд, дар муддати кӯтоҳ вазъро ором кардаву дубора сохти конститутсиониро барқарор кардан осон буд?

Ба гирди як миз хондани роҳбарияти мухолифини давлат, ки дар кишварҳои Афғонистону Эрону Русия ва ғайра ба сар мебурданд осон набуд, ки дар як муддати кӯтоҳ бо эшон созиш карду ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид. Барои ҳамаи ин, вақт ва ашхоси ҳақиқатан миллатпарасту ватандӯст зарур буданд, ки Тоҷикистонро аз ин варта раҳонанд ва ба кишвари ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик табдил диҳанд. Дарёфти сулҳу оромӣ он замон маънои идомаи ҳаёт ва бақои давлату истиқлолро дошт.

/images/stories/2012/11/25_rahmon-16-2511201224.jpgМавриди зикр аст, ки Сарвари ҷавону  дар иҷлосияи тақдирсоз тозаинтихобшудаи давлати Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамсафонаш дар замони пурихтилофи назарҳо, зиддияту харобкориҳо бо чи қадар мушкилӣ ва сабру матонат аз пайи иҷрои ваъдаи хеш камари ҳиммат баст, мардуми парешонро қадам ба қадам, зина ба зина ҷамъ овард, ватанро дубора ободу осуда гардонид, ки ин бар асари заҳматҳои шабонарӯзии ӯ ва ҳаммаслакони ватандӯсту миллатпарасташ буданд.

Беҳуда нагуфтаанд, ки он чи зуд меояд, дер намепояд. Аз ин нуқтаи назар, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои Ҳукумату парлумони онвақта бо такя ба хиради азалии миллати тоҷик ва фарзандони фарзонаи он тадриҷан ба сулҳу оромӣ, сарҷамъсозии миллат, рушди устувори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва низоми давлатдорӣ заминаи устувору мустаҳкам гузошта, соли 1997 бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ба ҳама низоъҳои дохилӣ хотима бахшида, ба ҷаҳониён сулҳофаринӣ, ваҳдатгароӣ ва якпорчагии миллати тоҷикро нишон доданд.

Фаромӯш набояд кард, ки қабули Сарқонуну оштии миллӣ ва тантанаи Ваҳдату аз тарафи давлатҳои хурду бузурги ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ эътироф гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлолу демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ҳам аз ҳамин иҷлосия сарчашма гирифтанд. Маҳз дар Иҷлосияи мазкур Ҳукумати қонунӣ интихоб гардида, хишти нахустини низоми давлатдорӣ ва заминаи боэътимоди сулҳи минбаъда низ гузошта шуд.

Идеяи ваҳдати миллӣ, ки ҳосили ин иҷлосияи тақдирсоз аст, дар ҷомеаи Тоҷикистон тавонист дар муддати кӯтоҳ ба дилу дидаи ҳазорон сокини дилозурда ҷой гирад. Зеро аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон маълум буд, ки халқ хоҳони норомии ҷомеа нест, балки гурӯҳҳои бадхоҳи миллати тоҷик ҳам аз дохил ва ҳам аз хориҷ бо ҳадафҳои ғаразноки хуб мехостанд миллатро парокандаву Тоҷикистонро қисмат кунанд. Вале, миллати тоҷик бори дигар собит намуд, ки ба ҳар гуна иғвоҳои ғаразнок дода намешавад ва ҳаргиз, дар кадом шароите набошад, миллату ватани хешро қурбони аҳдофи ғаразноки ашхос ё гурӯҳҳои алоҳида намекунад.

Тазаккур додан бамаврид аст, ки ҳама пешрафту шукуфоии давлату миллати тоҷикон аз файзу баракати ҳамин Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, зеро маҳз заминаи қарору барномаҳои ҳамин иҷлосия буд, ки субҳи босафо бар шоми миллат ғолиб омада, ба рушди минбаъдаи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард. Бахусус, бунёди чандин километр роҳҳову пулҳо, ки асоси равобит ва ба ҳам овардани тамоми мардуми манотиқи кишвар ва ба ин васила таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ мебошад.

Месазад гуфт, ки танҳо сулҳу суботи ҷомеа, ваҳдати миллӣ, худшиносиву ғурури ватандорӣ ва масъулияти баланди бунёдкориву созандагӣ метавонанд моро ба қуллаҳои нави мурод расонанд.

Бекназари Абубакр


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi