21:32:57 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"ҲАМ ДАР НАЪЛ, ҲАМ ДАР ПОШНА". ҚИБЛАИ МУХОЛИФИН ҲАМ КРЕМЛ АСТ

Коршиносон мегӯянд, ҳарчанд мухолифин ҳамеша нуқтаи заъфи ҳукуматро меҷӯянд ва онро ба фоидаи худ истифода мекунанд, аммо мавзӯе вуҷуд дорад, ки назари мухолиф ба он "табу" шудааст.

/images/stories/2012/11/20_putin-rahmonov-201112.jpgИн масъала ба манфиатҳои сиёсиву низомии Русия дар Тоҷикистон рабт мегирад ва ин тамоюл коршиносонро ба фикре овардааст, ки мухолифин низ қартаи истифода аз Русияро дар бағал доранд ва ҳатто баъзе онҳо дар қаламрави он кишвар сарпаноҳ ёфтаанд.

Қарордоди истиқрори тӯлонии нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон, ки 5-уми октябри соли ҷорӣ ба имзо расид, қарор буд фиғони мухолифинро ба фалак барорад ва ҳукуматро таънасори аъзои аҳзоби оппозистионӣ кунад. Аммо ҳеҷ иттифоқе рух надод.

Мухолифони давлат хомӯшона ё бо баёнияҳои нарму оштипазирона зоҳиран аз мавқеи давлат ҳимоят карданд. Бархе аз онҳо имзо шудани ин қарордодро ба манфиати кишвар мешуморанд, дар ҳоле ки бархеи дигар ба таври хусусӣ, онро бартарӣ ёфтани манфиатҳои шахсӣ бар давлатӣ унвон мекунанд. Вале истифода аз ин амали ҳукумат бо мақсади танқид ва таблиғи сиёсӣ густарда ва расмӣ набудааст.

​​Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бадоҳатан эълом дошт, ки пойгоҳи низомии Русия дар қиёс бо дигар пойгоҳҳои хориҷӣ “безарар” аст ва агар боҷи гумрукӣ аз фаровардаҳои нафтӣ бардошта шавад, имзои созишнома ба нафъи ду кишвар тамом мешавад. Дар изҳороти Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон рӯшан ишора шуд, ки ин пойгоҳ ба нафъи Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари Тоҷикистон аст ва мардуми оддӣ аз он суде нахоҳанд бардошт.

Дар ҳамин ҳол, Умаралӣ Қувватов, аз мунтақидони  ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари созмоне, ки худро "Гурӯҳи 24" меномаду маълум нест чанд аъзо дорад, мегӯяд, созмони ӯ дар шароити феълӣ, ки дар Маскав фаъолият мекунад, наметавонист ба чунин тасмимҳои ҷиддӣ таъсир расонад ва ҳам дар муборизаҳои худ ба пуштибонии ҷомиаи башарӣ, аз ҷумла Русия ниёз дорад:

"Агар мо ба таври ошкор дар ин масъала изҳори назар кунем, худро ба хатар мувоҷеҳ мекунем. Зеро ин мухолифини ҳукуматро, ки ин ҷо боздошт мекунанду мефиристанд, ба қимати пул мешавад. Барои яке 1,5 миллион, барои дигарӣ 700 ҳазор доллар мефиристанд, ки аз Русия гиранд, яъне мехаранд. Ҳоло агар мо дар ин масъалаҳо изҳори назар кунем, ба зарари худ мекунем. Тарафи Русия душмани ашаддии мо мешавад."

​​Аммо аз нигоҳи Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҳизби ҳукмрони халқӣ-демократӣ, ин мавзеъгирии мантиқӣ ва дуруст аст. Зеро, ба гуфтаи ӯ, ҳарду ҷониб дуруст дарк мекунанд, ки барои амният ва истиқлолияти Тоҷикистон танҳо қудрате ба мисли Русия метавонад мусоидат кунад:

"Ҳам мухолифин ва ҳам ҳукумат ин ҷо ба чунин хулоса меоянд, ки муносибатҳои Тоҷикистон бо Русия бояд идома ва равнақ ёбанд, аммо бо мурооти манофеи миллии ду кишвар. Ин ҷо ягон аҷоибот нест. Ҳарду тараф метавонанд дидгоҳҳои дигар дошта бошанд, ақидаҳои мухолиф дошта бошанд, аммо ба хотири манофеи гурӯҳиву ҳизбӣ, ҳеҷ як тараф ҳақи бозича буданро надорад. Инро ҳам мухолифин мефаҳманд, ҳам ҳукумат."

Русия дар ҷанги дохилии Тоҷикистон аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ мекард ва нерӯҳои мухолифи он, аз ҷумла ҲНИТ-ро қабул надошт. Аммо солҳои ахир ба назар мерасад, ки ҲНИТ низ мавриди таваҷҷӯҳи Русия қарор гирифта, ё баръакс ва раҳбарияти ин ҳизби исломӣ дар мавзеъгириҳои байнулмилалӣ анқариб бо Маскав ​​ихтилофи назаре надорад. Раҷаби Мирзо, раиси Маркази таҳлилии "Бозтоб", мегӯяд, мухолифини ҳукумати Тоҷикистон дар гузашта бар Ғарбу Эрон ё дигар кишварҳо такя мекарданд, аммо дар ин байн ахириҳо бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамкориҳои танготанг ба роҳ монданд, ки "тарбузи мухолифинро аз бағал афтонд":

"Ҳама - ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифон ба натиҷае расиданд, ки дар Тоҷикистон чизеро бидуни истифодаи имконоту зарфиятҳои хориҷӣ, бахусус Русия имкон надорад. Ин чунин маъно дорад, ки ҳар нерӯи имрӯз мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ба қудрат расад, мисли ҳукумати имрӯз рӯ ба Русия хоҳад буд."

Иддае дигар аз коршиносон мегӯянд, ҳам мухолифин ва ҳам ҳукумат "маҳсули эҷод"-и Кремлин буданд ва аз солҳои 90-уми асри гузашта ба ин сӯ маҳз бо қоидаҳои Маскав бозӣ мекарданд. Ин як навъ "мухолифатҳои идорашаванда" аст, ки тавассути он Русия дар Тоҷикистон бақои нуфузи худро таъмин мекунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi