05:12:13 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

ИБРОҲИМ УСМОНОВ: «МЕХОҲАМ НАСЛИ ОЯНДА БА МО БОВАР КУНАД»

Профессор Иброҳим Усмонов, устоди факултаи журналистии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар нишасте, ки дар маҷлисгоҳи Маркази Тадқиқоти Стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда гузашт, бунёди «Гуфтугӯи тамаддун»-ҳоро, ки ба тозагӣ бо ибтикори ӯ таъсис ёфтааст, муаррифӣ намуд.

/images/stories/2012/11/18_ibrohim-usmon-18112012.jpgМавсуф дар оғоз ҳадафҳои ин бунёдро асосан дар ҷамъу гирд оварии иттилооти бештар дар бораи ҷангу сулҳи тоҷикон эълом дошт. Ба гуфтаи ӯ яке аз сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ин адами таҳаммулпазирӣ дар шинохти ақидаи дигарон буд. Як ҷониб ақидаи ҷониби дигарро натавонист таҳаммул намояд.

Ба фикри профессор Иброҳим Усмонов ҳар як ақида ифодагари як тамаддун аст. Барои ҳамин ҳам ҷангу сулҳи тоҷиконро дар чаҳорчӯбаи «Гуфтугӯи тамаддунҳо» мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Имрӯз истилоҳи «гуфтугӯи тамаддунҳо» ҷойгузини истилоҳи «ҷанги сард» шудааст. Мақсади «Гуфтугӯи тамаддунҳо» сулҳ аст, афзуд Иброҳим Усмонов.

Ӯ дар идома гуфт, ки яке аз сабабҳои таъсиси ҳамин бунёд дар он буд, ки бо гузашти замон бархе аз шахсиятҳое, ки ширкаткунандагони фаъоли ҳаводиси ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон буданд, ин дунёро тарк гуфтанд ва дар матбуоти даврӣ дар бораи ҷангу раванди сулҳи байни тоҷикон матолиби дур аз ҳақиқат то рафт зиёд ба нашр мерасидагӣ шуд.

Бинобар ҳамин зарур дониста шуд, ки аз фурсат истифода бурда аз ашхоси зидахл дар ин воқеъаҳо ҳақиқати ҷангу сулҳи тоҷикон мустанад шавад.  Ба гуфтаи Иброҳим Усмонов дар раванди музокироти сулҳи байни тоҷикон ва давоми кори КОМ 50 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон  саҳм доштаанд, ки феълан 13 нафари онҳо то кунун ин ҷаҳонро падруд гуфтаанд.

Ӯ дар ин робита номи шахсиятҳоеро, ки дар раванди сулҳи тоҷикон саҳим буданду  феълан дар қайди ҳаёт нестанд, ба таври зайл зикр намуд: устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, генералҳо: Ҳақназар Шодиев, Шаҳоб Набиевич Шарифов, Ҳабиб Сангинов, публисист Отахон Латифӣ, академик Усмон Холдоров, профессорҳо Раҳим Ҳошимов, Тағай Раҳмонов, Ҳомид Пӯлодов, корманди Суди олии Тоҷикистон Сабзалӣ Раҳмонов, Шералӣ Мирзоев, Ҷумъабой Ниёзов.

Иброҳим Усмонов дар мавриди шеваи кори ин бунёд аз ҷумла иброз дошт: «Фонди мо ба ду шакл ҳамин корро кардан мехоҳад. Аввалан мо ҳар моҳ як бор мулоқоти мизи муддавар ташкил медиҳем ва дар ин ҷо ба ашхосе, ки дар воқеъаҳо иштирок карданд, хоҳ дар гуфтушунид, хоҳ дар КОМ, хоҳ ба сифати саркардагони қувваҳои тарафҳо буданд, мо ба онҳо имконияти сухан гуфтан медиҳем. Сухани онҳоро гӯш медиҳем. Ҳар кадоми онҳо  агар мувофиқ бошанд, ки дар вақти сухан гуфтанашон сабт шаванду ҳамин сабт нигоҳ дошта шавад, ҳамин корро мекунем. Агар ба ин омода набошанд, ба шакли берун аз сӯҳбати ин ҷо мо онҳоро боз сабт мекунем. Он сабтро барои таърих нигоҳ медорем. Он сабтро истифода намебарем. Агар аз истифода бурдани сабте ба касе зарар мерасида бошад, худдорӣ мекунем. Агар он ба шунаванда, гӯянда, муҳити кишвар таъсири манфӣ дошта бошад, онро истифода намекунем. Инро барои таърихнависон ва муҳаққиқони оянда боқӣ мегузорем. Мо барои онҳо мавод тайёр мекунем. Маводе, ки тайёр мекунем хусусияти умумимиллӣ бояд пайдо кунад. Ман бо супориши хеҷ кас, ҳеҷ мақом, ҳеҷ давлат ин корро накарда истодаам. Ман чун худам ба ин воқеаҳо шарик ҳастам, мехоҳам он ба насли оянда ба он шакле монад, ки оянда ба вай бовар кунад».

«Фурсат агар даст диҳад китоби «Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон»-ро худи мо ва агар даст надиҳад, ояндагон ин китобро дар асоси он маводе ки гирд оварда мешавад, хоҳанд навишт, мегӯяд Иброҳим Усмонов. Аз ин рӯ як самти кори бунёди «Гуфтугӯи тамаддунҳо» тарбия кардани муҳаққиқони ҷавон, мебошад, ки дар оянда битавонанд, мавзӯи ҷангу сулҳи байни тоҷиконро объективона мавриди бозрасӣ ва таҳлил қарор бидиҳанд ва  натоиҷи онро ба мардуми Тоҷикистон ва ҷомеъаи байналмилалӣ пешкаш намоянд.

Иброҳим Усмонов дар давраи гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон яке аз роҳбарони ҳайати ҳукуматӣ дар ин музокирот ба шумор мерафт. Баъди ба фаъолият пардохтани КОМ дар Душанбе ӯ ба ҳайси раиси яке аз зеркомиссияҳои ин ниҳод дар татбиқи асноди сулҳ саҳим буд. Ӯ дар мавриди ҷангу сулҳи тоҷикон чандин асари публисистӣ ва мустанад навиштааст, ки «Сулҳнома» азҷумлаи онҳост.

«Рӯзгор»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi