17:15:50 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Э.РАҲМОН РУШДИ ЭНЕРЖИИ ТОҶИКИСТОНРО БА НАФЪИ ОСИЁ ХОНД

Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли мушкили энержӣ дар қораи Осиё, истифодаи захираҳои Тоҷикистонро зарурӣ хонд.

/images/stories/2012/10/17_emomali-rahmon-171012.jpgСарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон зимни мулоқоти сеҷониба дар пойтахти Кувайт, ба зарурати бунёди ҳарчи зудтари роҳҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, нафту газ ва обрасонӣ миёни се давлатро таъкид кардаанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, мулоқоти сеҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Маҳмуд Аҳмадинажод дар доираи ҳамоиши сарони давлатҳои узви «Муколамаи Осиё барои ҳамкорӣ» баргузор гардидаст.

Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин зимни ҳамоиши мазкур пешниҳод намуд, ки энергетика бояд яке самтҳои афзалиятноки ҳамкории кишварҳои созмон гардад, зеро дар қораи Осиё ба гуфтаи ҷаноби Раҳмон, тақрибан як миллиард аҳолӣ, яъне ҳар чаҳорумин сокин ба нерӯи барқ дастрасӣ надоранд.

Дар ин ростон Эмомалӣ Раҳмон рушди гидроэнергетикаро дар Тоҷикистон мувофиқи мақсад арзёбӣ кардааст: «Захираҳои бои обӣ ба мо имкони нодиреро барои рушди бахши гидроэнергетика фароҳам месозанд. Дар ин маврид Тоҷикистон метавонад бо минтақаи Осиёи Ҷанубӣ низ ҳамкории судманди муассиреро ба роҳ монад. Роҳандозии захираҳои обию барқии минтақаи Осиёи Марказӣ на фақат аҳолии онро ба нерӯи барқ дастёб менамояд, балки қонеъ сохтани талаботи сокинони дигар минтақаҳои ҳамҷавори Осиёро ба истифодаи нерӯи барқи арзон, таҷдидшаванда ва аз ҷиҳати экологӣ тоза имконпазир мегардонад».

Эмомалӣ Раҳмон обанборҳои бузург, ки дар шароити кӯҳистон барои таъмини кори мунтазами нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон сохта мешаванд, барои тамоми минтақа муҳим хонд.

Ҳамзамон президенти Тоҷикистон ба ҳайси Раиси ояндаи Муколамаи Осиё оид ба ҳамкорӣ пешниҳод кард, ҷаласаи навбатии Ҳамоиши (Форуми) энергетикии кишварҳои иштирокдор ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар ин соҳа, дар шаҳри Душанбе доир шавад.

Мавзӯи энержӣ инчунин меҳвари асосии суханронии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамоиши сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ будаст, ки рӯзе пеш дар шаҳри Боку баргузор гардид.

Эмомалӣ Раҳмон дар Боку ба татбиқи ҳарчӣ зудтари тарҳҳои минтақаӣ, аз ҷумла хатти интиқоли нерӯи барқ - CASA-1000 даъват намуд: "Имконияти дар оянда то ба дигар кишварҳои минтақаи созмон расонидани ин хатҳои интиқоли барқ низ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, ҳаётан муҳим аст, ки ин лоиҳаҳо бо суръати баланд мавриди иҷро қарор дода шаванд."

Хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ мавсум ба CASA-1000 аз тарҳҳои бузурги минтақаист, ки умдатан интиқоли барқи нерӯгоҳҳои Қамбаротаи Қирғизистон ва Роғуни Тоҷикистонро ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад.

Гуфта мешавад барои иҷрои ин тарҳ, беш аз 950 миллион доллар зарур аст, ки 251 миллионаш барои сохтани як қисмати ин хатти барқ ва зеристгоҳҳояш дар ҳудуди Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Давлати Русия гуфтааст, ки дар иҷрои ин тарҳ сармоягузорӣ хоҳад кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi