03:03:07 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"ЗАРАРИ ПОЙГОҲИ 201 АЗ ПОЙГОҲҲОИ ДИГАР КАМТАР АСТ"

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ мегӯяд, пойгоҳи 201 зарари камтар нисбат ба пойгоҳҳои дигар кишварҳо дорад. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва вакили порлумони Тоҷикистон барои 30 соли дигар боқӣ мондани пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистонро камтарин зарар дар муқоиса ба вуҷуди пойгоҳҳои кишварҳои дигар дар Тоҷикистон арзёбӣ мекунад.

/images/stories/2012/10/05_muhiddin-kabiri-51012.jpgМуҳиддин Кабирӣ бар ин бовар аст, ки «агар қарордодҳои ба имзо расида, ба хусус дар заминаи воридоти маҳсулоти нафтӣ бидуни пардохти гумрукӣ, кӯмак ба сохторҳои қудратӣ ва дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир маврид иҷро бирасанд, пас ин тавофуқро бурди ҳар ду тараф гуфтан мумкин аст».

Раҳбари ҲНИТ бо он, ки зидди ҳузури пойгоҳи кишвари бегона дар кишвари дигаре аст ва онро зери суол бурдани истиқлоли он кишвар медонад, аммо мегӯяд, дар масъалаи Русия «истисноҳое «ҳаст, ки ҷониби Тоҷикистон низ розӣ шуда, наметавонист. Дар ҳоле, ки ба таъкиди вай, Русия аз садҳо соли пеш дар Тоҷикистон буд ва ҳузури низомӣ дошт.

Ҳамзамон Муҳиддин Кабирӣ, мегӯяд, шояд яке аз омилҳои тавофуқ бар сари 30 сол низ ба интихоботи президентии 2013 низ рабт дошта бошад, аммо он чӣ тарафҳо расман эълом кардаанд дар заминаи кӯмаки Русия дар заминаи воридоти маҳсулоти нафтӣ ва кӯмак ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон, худ мантиқист.

Р. Зоиров: «Тавофуқи 30-сола ба манфиати Раҳмон аст»

Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҲУСДТ барои 30 соли дигар боқӣ мондани пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистонро ба манфиати Эмомалӣ Раҳмон медонад.

​​Ба андешаи раиси ҲУСДТ, аз ин созишнома Тоҷикистон ва мардуми он бурд нахоҳанд кард. Ба таъкиди раҳбари ҲУСДТ, бисёр мушкил ба назар мерасад, ки Тоҷикистон дар ивази ин тавофуқ амалан чизе ба даст орад. Зеро ба гуфтаи Раҳматулло Зоиров, то кунун 170 санаду қарордодҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Русия ба имзо расидааст, аммо аксарияти кулли онҳо иҷро нашудаанд.

Ба ин далел он чӣ ҷониби Русия эълом кард, ки ба Тоҷикистон дар заминаи дифоъӣ ва энергетика ва саноат кӯмак хоҳад кард, воқеӣ ба назар намерасад ва эҳтимол дорад, танҳо даҳ дарсад иҷро шавад.

Бо таваҷҷӯҳ ба амалкардҳои ҷониби Русия нисбати Тоҷикистон дар ду даҳсолаи ахир, Раҳматулло Зоиров мегӯяд, он чӣ тавофуқ шуд ва Владимир Путин ваъдаи омодагии кӯмак ба Тоҷикистонро кард, бештар ҷанбаи идеологӣ ва таблиғотӣ дорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi