18:01:47 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

БАЁНИЯИ ШӮРОИ СИЁСИИ ҲНИТ ОИДИ «АХБОРИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ҶТ»

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон «Ахбори Прокуратураи генералӣ» аз 29.08.12- ро баррасӣ намуда, зарур донист, ки мавқеъи худро нисбати ин иқдом баён намояд. Мувофиқи супориши Прокуратураи генаралии ҶТ таҳти №7-19нд2012/16 аз 06.01.12 тайи моҳҳои феврал - апрели соли ҷорӣ прокурорҳои ВМКБ ва Суғду Хатлон, инчунин шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеъи марказ фаъолияти бахшу шӯъбаҳои минтақавӣ ва дафтари марказии ҳизбро мавриди санҷиш қарор доданд.

/images/stories/2012/09/07_nahzat-070912.jpgРоҳбарияти ҲНИТ ин санҷишро ташаббуси Прокуратураи генералӣ ҳисобида, эътиқод ба супоришӣ ва сиёсӣ будани он надошт ва ба масъулини ҳизб дар саросари кишвар дастур дода шуд, ки бо ниҳодҳои Прокуратураи генаралӣ дар маҳалҳо ва марказ ҳамкорӣ намоянд.

Вале баъди ба дасти матбуъот афтодани Протоколи ҷаласаи махфии назди Президенти ҶТ, таҳти рақами 32-20, ки тибқи он мақомот, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ алайҳи ҲНИТ иқдомҳоеро бояд анҷом бидиҳанд, нисбати холисона ва қонунӣ будани ин санҷишҳо мулоҳиза пайдо шуд.

Муқоисаи нусхаи супориши Прокуратураи генералии ҶТ ва талаби ВКД ҶТ (№4/33.0188 аз 8.12.2011) бо бандҳои «Протоколи №32-20», ки дар ВАО нашр шуд, аз лиҳози шакл ва муҳтаво ба ҳам наздикӣ доранд. Инчунин, рафтори дигар мақомоти иҷроияи маҳаллӣ нисбати аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, пайдоиши мақолаҳои зиёде дар матбуъот бо имзои мустаъор ҳамсуӣ бо ин санади нашршуда доштаанд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ ба Прокуратураи генералӣ дар робита ба баргузор шудани ҷаласаи машваратии назди Президенти ҶТ ва воқеъияти тартиб додани Протоколи мазкур дархости вакилӣ пешниҳод доштанд. Дар номаи ҷавобии Прокурори генаралии ҶТ таҳти №13-5-12 аз 09.04.2012 омадаааст, ки «…матни протоколи машваратӣ - кории назди Президенти ҶТ аз 24 ноябри соли 2011, ба матни протоколи дар сайти интернетӣ нашргашта мувофиқат намекунад. Навиштаҷоти дар сайти интернетӣ ҷойдошта, таҳрифкорӣ ва сохтакорӣ карда шудааст…».

Мутаассифона, шарҳ дода нашудааст, ки таҳрифкорӣ ва сохтакорӣ дар кадом қисмати протокол вуҷуд дорад. Бинобар ин, вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҲНИТ барои дарёфти ҳақиқати воқеъии Протоколи 32-20 ба Бахтиёр Худоёров, раиси дастгоҳи Президенти ҶТ муроҷиат карданд, то ба нусхаи аслии протокол шинос шаванд.

Дар таърихи 26.06.12 мактуби ҷавобии роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, таҳти рақами 23.3/10-7 ба Маҷлиси намояндагон ворид гашт, ки дар он санади тартиб дода шударо пас аз он машварат тибқи қонунгузорӣ дониста, ишора намудаанд, ки дар санад «умуман дар бораи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сухан нарафтааст».

Ҳол он, ки дархости вакилон шинос шудан ба нусхаи аслии протокол буд, на маълумот дар бораи он. Ин дархости вакилони Маҷлиси намояндагон то ҳол иҷро нагаштааст ва ин ҳамон ҳолате мебошад, ки Прокуратураи генералӣ иҷроиши қонунгузорӣ, аз ҷумла Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақоми узви Маҷлиси Миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии ҶТ»-ро бояд назорат ва иҷрояшро талаб намояд.

Бояд гуфт, ки Прокуратураи генералӣ пас аз хотимаи санҷиши хеш «Пешниҳод дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда»-ро таҳти №7-10нд/-2012/16 аз 11.05.12 ба ҲНИТ ирсол дошт.

Вале дар ахбори худ, ки онро ВАО ба табъ расонидаанд, ҲНИТ-ро ба он айбдор медонад, ки «… то ба имрӯз оид ба қонунвайронкуниҳои дар фаъолияти онҳо ошкоршуда тадбирандешӣ карда намешавад». Қобили тазаккур аст, ки пешниҳоди мазкур дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дастури лозимӣ ҳам дода шуд.

Аммо, бо сабаби аз чорчӯби салоҳиятҳои хеш берун рафтани мақомоти прокуратура ҳангоми санҷиши фаъолияти ҲНИТ, барои беэътибор донистани ин санҷиш ба суди ноҳияи Сино муроҷиъат шуд. Ва ҳоло баҳси мазкур дар марҳалаи касатсионӣ қарор дорад. Аз ин хотир, тасмим гирифта шуд, ки то анҷоми баҳси судӣ даъвати намояндаи Прокурутураи генералӣ барои ширкат дар ҷаласаи махсуси Шӯрои сиёсии ҲНИТ ба таъхир андохта шавад.

Ҷои ёддоварист, ки аризаи даъвоии ҳизб агарчӣ рӯзи 7.05.12 ба суди ноҳияи Сино ворид шуда бошад ҳам, онро суди ноҳия танҳо 27.07.12 мавриди баррасӣ қарор дод ва бо қарори хеш рад кард. Пас аз содир шудани қарори суди ноҳияи Сино, муъовини Прокурори генералии ҶТ, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, Воҳидов Ҳ. С. рӯзи 22.08.12 унвонии раиси ҲНИТ бо номае таҳти №7-19нд2012/2 муроҷиъат намуда, аз ҳалномаи ноҳияи Сино ёдовар шуд ва талаб кард, ки Пешниҳоди Прокуратураи генералӣ, аз 11.05.12, №7-10нд-2012/16 фавран бо иштироки намояндаи ин мақом мавриди баррасӣ қарор гирад.

Ҷавобан ба ин нома ба иттилоъи Прокуратураи генералӣ расонида шуд, ки роҳбарияти ҲНИТ рӯзи 10.08.12 бо шикояти кассатсионӣ аз болои ҳалномаи судии ноҳияи Сино ба Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе муроҷиъат кардааст (№0096аз 24.08.2012). Ин ҳама баёнгари он аст, ки ҲНИТ пешниҳодҳои Прокуратураи генералиро ба таври ҷиддӣ баррасӣ намуда, дар чорчӯби қонун ба он муносибат менамояд ва даъвои он, ки ҲНИТ нисбати санад чораандешӣ накардааст, асос надорад.

Мебоист Прокуроратураи генералӣ мунтазири анҷоми баррасии масъала дар мақомоти судии кишвар мешуд ва танҳо пас аз гузаштани тамоми мароҳили судӣ бори дигар ба масъалаи баррасии «Пешниҳодҳо» бармегашт. Вале огоҳона ё ноогоҳона масъаларо аз раванди ҳуқуқӣ берун карда, бо пахши «Ахбори Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ» дар сайти АМИТ «Ховар», онро ба як масъалаи сирф сиёсӣ ва таблиғотӣ табдил дод. Бори дигар исбот намуд, ки ҳадаф аз ин санҷишҳо ислоҳи камбудӣ набуда, балки фазосозиҳои манфӣ атрофи ҳизбҳои алоҳида мебошад. Ҳол он, ки муҳтавои «Ахбор» дар маҷмӯъ баргирифта аз «Пешниҳод»-ҳо дар натиҷаи санҷиши ҲНИТ буда, танҳо ҷузъиёти дигаре аз ҳаводиси Бадахшон ба он ҳамроҳ шудааст.

Дар «Ахбор» омадааст, ки ҲНИТ «танҳо ба мақсади зиёд нишон додани шумораи аъзои ҳизб» касони ҳаққи аъзогӣ насупоридаро аз сафи ҳизб берун накардааст ва гуё ин қонуншиканӣ маҳсуб мешавад. Дар ҳоле, ки на Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва на Ойинномаи ҲНИТ чунин меъёр надорад, ки ҳатман насупоридани аъзоҳақӣ боиси ихроҷ аз сафи ҳизб гардад.

Ба ҳама маълум аст, ки бештар аз 50% аҳолии кишварро камбизоъатон ташкил менамоянд ва ин рақам дар байни аъзои ҲНИТ шояд бештар бошад. Тартиби супоридани аъзоҳақӣ, ҳаҷми он, қарор дар бораи озод кардан ё муваққатан насупоридани аъзоҳақӣ барои баъзе қишрҳо, ҳатто шуъбаҳо, кори дохилии ҳизб буда, тибқи шароит ва зарурат амалӣ карда мешаванд ва тағйир додани тартиб ба ҳеҷ ваҷҳ қонуншиканӣ маҳсуб намешавад.

Беҳтар мебуд Прокуратураи генералӣ ҳолатҳои иҷроиши Конституция ва дигар санадҳои ҳуқуқиро вобаста ба риъояи адолати иҷтимоъӣ ҳангоми қабули шаҳрвандон ба кор, ба хусус дар соҳаҳои буҷавии кишвар мавриди санҷиш қарор бидиҳад ва мушаххас шавад, ки таносуби намояндагии ин ё он ҳизб чӣ қадар мебошад. То шаҳрвандон, новобаста аз аъзои кадом ҳизб будан, шароити баробар, минҷумла пардохти аъзоҳақиро дошта бошанд. Бояд қайд кард, ки таваҷҷуҳи бештари мақомот ба масъалаи узвият дар ҲНИТ, мутобиқат ба банди 2-и «Протоколи 32-20» дорад, ки ошкоро кам кардани аъзои ҳизбро тақозо менамояд.

Дар «Ахбор» кӯмаки ниҳодҳои марказии ҲНИТ ба раёсати бахши Хорӯғ ҳамчун камбудӣ нишон дода шудааст, ки дур аз мантиқ аст. На танҳо бахшҳои ҳизбӣ дар ВМКБ, балки чанд ноҳияи дурдаст ва кӯҳистонӣ ҳам аз нигоҳи молӣ имкони мустақилона фаъолият карданро надоранд ва тибқи қарори ниҳодҳои марказӣ аз ҳисоби маблағҳои марказ ва ё дигар манотиқ ба онҳо кӯмаки молӣ карда мешавад.

Таҷрибаи «дотация» ё «субсидия» ба манотиқи дурдаст ва камбизоъат дар фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатии кишвар низ роиҷ мебошад ва ҳеҷ санади ҳуқуқӣ ин амалро манъ накардааст. Таъмини молии ниҳодҳои минтақавии ҳизбӣ аз тарафи марказ на танҳо ҷоиз, балки барои пешбурди кор як амри зарурист ва дар оянда ҳам ҲНИТ-ро лозим аст, то мустақилияти молӣ пайдо кардани шӯъбаи ҳизб дар ВМКБ ва баъзе ноҳияҳои «дотационӣ» ин корро аз ҳисоби минтақаҳои дигар идома диҳад.

Дар «Ахбор» омадааст, ки «тайи солҳои 2009-2012 аз ҷумлаи аъзои ҲНИТ 11 нафар барои содир намудани ҷиноятҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, бо ҳукми судӣ маҳкум шудаанд». ҲНИТ дар тамоми сатҳҳо ҳар як ҳолати қонунвайронкунӣ аз тарафи аъзо ва ё масъулини ҳизбро ба таври ҷиддӣ баррасӣ намуда, чораҳои лозимиро барои пешгирии нақзи қонунҳо меандешад.

Аз ҷумла масъалаи қабули аъзои нав ва роҳ наёфтани ашхоси тасодуфӣ ба сафи ҳизбро солҳои ахир ҷиддӣ гирифтааст, ба хусус пас аз талоши баъзе шаҳрвандон, ки мехостанд узвияти худро дар дигар ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ бо дарёфти узвияти расмии ҲНИТ пинҳон намоянд. Дар ин маврид чораҳои лозимӣ барои пешгирӣ аз ин ҳолатҳо андешида шуд. Ҷинояткор ва ҷинояткорӣ дар ҳама шаклҳояш аз тарафи ҲНИТ мардуд мебошад ва ҳеҷ далеле барои сафед кардан надорад.

Вале боиси таассуф аст, ки дар гузориш ва ахбороти мақомот  мансубияти ҳизбии қонуншиканҳо танҳо дар ҳолате ифшо карда мешавад, ки агар узви ҲНИТ бошад ё замоне узв будаанд. Ҳол он, ки аъзо ва масъулини баъзе ҳизбҳои дигар ҷиноятҳои сангин, мисли порахурӣ, суйистифода аз мансаб, заминфурушӣ, фасод, куштор ва ҳатто хиёнат ба ватану миллатро содир намудаанд ва шумораи онҳо ба маротиб аз қонуншиканиҳои аъзои ҲНИТ бештар аст. Вале то ба ҳол ишора ба мансубияти ҳизбии онҳо аз тарафи мақомот нашудааст ва ин худ баёнгари муносибати ғаразнок ба ин масъала мебошад.

Албатта, ҳар ниҳод дар баробари қонуншикании аъзо ё кормандаш ҷавобгарии маънавӣ дорад, вале боиси нигаронист, ки танҳо ҲНИТ-ро ҷавобгари аъмоли аъзо ва масъулинаш медонанд. Дар сурате, ки кормандон ва намояндагони дигар сохторҳо, аз ҷумла системаи Прокуратураи кишвар низ даҳҳо ҷиноят содир кардаанд, ки шумораи ин ҷиноятҳо ба маротиб бештар аз ҷиноятҳои содиркардаи аъзои ҲНИТ мебошад.

Ҳол он ки шумораи кормандони ин сохторҳо хеле кам ва ҳама дорои маълумоти олии ҳуқуқӣ мебошанд ва назорати қонун ҳам ба души онҳост. Агар сохторе ҷавобгари аъмоли ғайриқонунии аъзо ва кормандонаш бошад, пас бояд пеш аз ҳама худи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷавобгӯ бошанд. Дар «Ахбор» омадааст, ки солҳои 2009-2012 «…11 нафар аъзои фаъоли ин ҳизб… барои содир намудани ҷиноятҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, бо ҳукмҳои судӣ маҳкум шудаанд».

Албатта, ин боиси таассуф мебошад, аммо нисбат додани ин ҳолатҳо ба ҲНИТ маънии онро дорад, ки Прокуратураи генералии кишвар қонуншикании як фардро қонуншикании сохтор меҳисобад, вагарна ин ҳолатҳоро дар «Ахбор» ҳамчун мисоли қонунвайронгкунии ҲНИТ нишон намедод. Ва суол ҳам пайдо мешавад, ки агар сохтор ҷавобгар аст, пас кӣ бояд ба қонуншиканиҳои кормандони мақомот ва ҳизби ҳоким ҷавоб бигӯяд ва дар кадом шакл?

Шӯрои сиёсии ҲНИТ боварӣ дорад, ки Прокуратураи генералӣ, ҳамчун ниҳоди асосии назорат аз болои қонуният ва ҳифзи ҳуқуқ, дар оянда нисбати ҳама ҳизбу ҳаракатҳо ва шаҳрвандон муносибати баробар ва ягонаро риъоя намуда, аз табдил додани ин ниҳоди муҳими давлатӣ ба як василаи муборизаи сиёсӣ ба нафъи баъзе доираҳо пешгирӣ мекунад.

Бо истифода аз фурсат, Шӯрои сиёсии ҲНИТ умедвор аст, ки Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бо ҳамон ҷидду ҷаҳд ва мӯшикофӣ, ки ҳангоми санҷиши ҳизб нишон доданд, тамоми ҷиноятҳои анҷомшуда бар зидди аъзо ва кормандони ҲНИТ-ро низ пайгирӣ ва ошкор хоҳанд кард. Аз ҷумла куштори Сабзалӣ Мамадаризоев ва ҳодисаи латукӯби Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, ки соли гузашта сурат гирифта буд.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо камоли таассуф изҳор медорад, ки вақтҳои ахир дигар мақомоти марказӣ ва маҳаллии давлатӣ низ ба фаъолияти таблиғотии густарда алайҳи ҲНИТ даст задаанд, ҳатто талош мешавад, ки дар анҷоми барномаи худ, аз имконоти қишрҳои дигари ҷомеъа, мисли руҳоният, фаъолони маҳалҳо ва бархе расонаҳои хабарӣ суистифода намоянд.

Миллати тоҷик як маротиба маҳз аз ҳамин гуна сиёсатҳои душмантарошӣ ва туҳматзании якдигар қурбони ҷанги шаҳрвандӣ гашт ва боиси таъассуф низ ҳаст, ки баъзеҳо дониста ё надониста фазои орому босуботи кишварро бо эҷоди беэътимодиву нобоварӣ ба якдигар халалдор месозанд. Боиси нигаронист, ки ин ҳама амалҳо комилан мутобиқат ба яке аз дастуроти Протоколи 32-20 менамояд, ки дар он омадааст: «…ҷиҳати дар ВАО таҳия ва нашр намудани маводи фошкунандаи фаъолияти ғайриқонунии ҲНИТ чораҷӯӣ намояд…».

ҲНИТ борҳо даъват кардааст, ки тамоми масоили доғи рӯз ва мавриди баҳси ҷомеъа бояд аз тариқи муколама ва ҳамкорӣ ҳаллу фасл шаванд. Боиси хурсандист, ки зимни маросимҳои ҷашнии марбут ба Иди Ваҳдат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид ба ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирии нерӯҳои асосии кишвар карда, инро пояи сулҳу ваҳдат ва якпорчагии миллат номиданд. Хуб мебуд, ин суханҳо табдил ба воқеъият мешуданд ва ҳамчун дастури корӣ ба баданаи ҳокимияти давлатӣ интиқол меёфт.

ҲНИТ равандҳои ахири атрофи хеш ва фазосозиҳои матбуъотиву равониро ҳамчун як талоши навбатӣ барои эҷоди нобоварӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеъа, ба хусус Ҳукумати ҶТ ва ҳизб медонад. Дар арафаи чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, ба хотири ба ҳам задании ҳамкорӣ ва эътимод байни муҳимтарин нерӯҳои сиёсии кишвар, имкон дорад баъзе доираҳои манфиъатдор ва фурсатталаб, чӣ дар дохили ҳокимият ва чӣ берун аз он, бо амали кардани сиёсатҳои пардапӯшона ва зоҳиран миллатдӯстона, равандҳои сиёсиро аз қолаби маъмулӣ берун бароранд ва самти онро ба суйи барномаҳои ғаразноки худ равона созанд.

ҲНИТ тӯли фаъолияти сиёсии худ, борҳо дучори чунин ҳолатҳо ва аз ин ҳам сангинтар гаштааст ва пеш аз ҳама, бо лутфи Худованд ва бо такя ба иродаву устувории аъзо ва ҷонибдорони хеш, тамоми ин мароҳилро сарбаландона паси сар кардааст. Пойбандӣ ба қонун, истифода аз муколама, сабру таҳаммулгароӣ ва иҷтиноб аз фитнаву иғвоҳои сохта, аз авлавиятҳои ҳизб боқӣ хоҳанд монд. Дар баробари ин, ҲНИТ аз обрӯ, ҳайсият ва ҳуқуқи аъзову ҷонибдоронаш бо истифода аз васоили қонунӣ пайгирона дифоъ хоҳад кард.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ

06.08.2012



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi