13:29:43 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДОДСИТОНИИ КУЛЛИ ТОҶИКИСТОН ИТТИҲОМОТЕРО АЛАЙҲИ ҲНИТ МАТРАҲ КАРД

Додситонии кулли Тоҷикистон Шерик Карамхудоев, раиси бахши маҳаллии Ҳизби наҳзати исломӣ дар шаҳри Хоруғро, ба муқовимат бо нерӯҳои давлатӣ муттаҳам кардааст. Дар иттилоъияе, ки Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 29 август дар бораи санҷиши фаъолияти  аҳзоби сиёсӣ интишор дод, иттиҳомоти дигаре низ алайҳи Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), умдатарин ҳизби мухолифи давлат дар Тоҷикистон, матраҳ шудааст.

/images/stories/2012/08/29_tajik_islamic_part-290812.jpgДар ин иттилоъия омадааст, ки оқои Карамхудоев узви гурӯҳи мусаллаҳи Имомназар Имомназаров буда ва дар даргириҳои ахир дар шаҳри Хоруғ алайҳи нерӯҳои давлатӣ “бо истифода аз яроқҳои (аслиҳаи) оташфишон ва дигар воситаҳои тарканда ба муқобили ниҳодҳои ҳукуматӣ муқовимати мусаллаҳона” кардааст.

Тибқи иддаъои мақомҳои додситонӣ, оқои Карамхудоев шоми 23-юми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ бо бародари Имомназар Имомназаров дар қаҳвахонаи “Алёш” дидор дошта ва раҳбари як гурӯҳи 21-нафарии силоҳбадастон таъйин шудааст.

Дар иттилоъияи Додситонии кулли Тоҷикистон бештар ба фаъъолиятҳои ба гуфтаи додситонӣ “ғайриқонунии” ҲНИТ ишора шуда ва ин ниҳод умдатан “камбудиҳо ва норасоиҳо” дар фаъолияти  ин ҳизби мухолифро баршумурдааст.

Гуфта мешавад, ки дар тӯли чанд соли ахир бархе аз фаъъолони ҲНИТ ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мамнӯъи ифротгаро ва теруристӣ муҳокима ва равонаи зиндон шудаанд.

Аз ҷумла, додситонӣ аз Ҳусниддин Давлатов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт, ёдовар мешавад, ки ба ҷурми ҳамдастӣ бо бародараш “Алии Бедакӣ” равонаи зиндон шуда буд.

Дар ин иттилоъия аз Назриддини Сафарзод, аз аъзои фаъъоли ҲНИТ ва сокини деҳаи Новдонаки ноҳияи Рашт низ ном бурда мешавад, ки “барои ҷиноятҳои экстремистӣ-теруристии содирнамудааш бо ҳукми суд (додгоҳ) маҳкум карда шудааст.”

Ҳамчунин, асомии бархе аз сокинони вилояти Суғд, ки ба иддаъои Додситонии кулли Тоҷикистон аъзои ҲНИТ будаанд, вале бо гурӯҳҳои мамнӯъ, назири Ҷунбиши исломии Узбакистон, ҳамкорӣ дошта ва даст ба аъмоли ҷиноӣ задаанд, низ оварда шудааст.

Додситонӣ ҳамчунин ин мавзӯъро матраҳ кардааст, ки ба чи далел дар яке аз варақаҳои Ҳизби Таҳрир, гурӯҳи дигари мамнӯъ дар Тоҷикистон, дар канори созмонҳои теруристӣ номи ҲНИТ низ дарҷ шудааст.

Додситонӣ афзудааст: “Ҷой додани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар варақаҳои ташкилоти экстремистии “Ҳизб-ут-Таҳрир” ҲНИТ-ро водор менамояд, ки бо ташаббуси кӣ рух додани ин ҳолатро муъайян намуда, чораҳоро баҳри бартараф намудани алоқаи эҳтимолии аъзоёни ҷудогонаи ҳизб бо ташкилоти экстремистии “Ҳизб-ут-Таҳрир” андешад.”

Дар ин иттиъолия ҳамчунин иттилооте  дар бораи натоиҷи бозрасии фаъолияти  бархе аз аҳзоби сиёсии дигари Тоҷикистон оварда шудааст.

Додситонӣ иддаъо дорад, ки Ҳизби ҳокими халқи демукрот ва Ҳизби куммунисти Тоҷикистон “камбудиҳоро бартараф кардаанд”, вале “роҳбарияти ҲНИТ бо ҳар гуна баҳонаҳо, бар хилофи талаботи қонунгузорӣ, то ба имрӯз оиди қонунвайронкуниҳои дар фаъолияти  онҳо ошкоркардашуда чораандешӣ” накардааст.

Бозрасон аз ҷумла ошкор кардаанд, ки коргузорӣ дар бахшҳои ин ҳизб дар навоҳӣ ва шаҳрҳои кишвар тибқи талаботи қонун сурат намегирад. Шуморе аз аъзои ҷадид ба узвияти ин ҳизб пазируфта мешаванд, вале асноди зарурӣ дар ин маврид таҳия намешавад.

Додситонӣ мегӯяд: "Чунончӣ, тайи солҳои 2010 – 2011 бо қарорҳои (мусаввабаҳои) бахши ҳизб дар шаҳри Исфара ба узвияти он 600 нафар қабул карда шуда бошад ҳам, дар ин хусус танҳо нисбати 80 нафар мавод мавҷуд ҳасту халос."

Гузашта аз ин, додситонӣ иддаъо дорад, ки бархе аз аъзои ин ҳизб солҳо ҳаққи узвият намесупоранд, вале аз ҳизб хориҷ нашудаанд: “Чунин ҳолатҳои сарфи назар кардани талаботи Ойиннома танҳо ба мақсади зиёд нишон додани шумораи аъзои ҳизб ба амал бароварда мешавад.”

Дар мавриди фаъолияти  бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ додситонӣ аз қавли Шерик Карамхудоев овардааст, ки “ягон маблағ аз ҳисоби аъзоҳаққӣ ба ҳизб насупоридааст, баръакс кормандони бахшҳои ҳизб дар шаҳри Хоруғ ва гирду атрофи он тавассути ӯ ҳар моҳ 600 сомонӣ аз ҳисоби ҲНИТ мегирифтаанд.”

Додситонии кулли Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломиро ба напардохтани андоз ё молиёт низ муттаҳам кардааст: "Аз ҷумла, бахшҳои Ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Конибодом, Шаҳристон, Хоруғ, Кӯлоб, Норак, Бохтар, Вахш, Данғара, Темурмалик, Балҷувон, Қумсангир, Панҷ, Ҷ.Румӣ, Қубодиён, Ҷиликул ва Шаҳринав ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифта нашуда, ба мақомоти андоз ҳисоботҳо пешниҳод накардаанд."

Масъулони ҲНИТ дар тамосе телефунӣ бо Би-би-сӣ гуфтанд иттиҳомоте, ки дар баёнияи Додситонии кулли Тоҷикистон матраҳ шуда, ҷиддӣ аст ва дар зудтарин фурсат ин мавзӯъ дар ҷаласаи раёсати ҳизб баррасӣ шуда ва ҲНИТ ба ин баёния вокуниши расмӣ нишон хоҳад дод.

Ин дар ҳолест, ки ҲНИТ қаблан бозрасии фаъолияти  худ аз сӯйи Додситонии кулли Тоҷикистонро ғайриқонунӣ хонда ва ба додгоҳ шикоят бурда буд. Ҳарчанд додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дархости ҲНИТ-ро қонеъ насохт, вале масъулони ҳизбӣ дар сададанд ба додгоҳи истинофӣ шикоят бубаранд.

Аз сӯйи дигар, нашрияҳои давлатии Тоҷикистон пайваста дар бораи фаъолияти  ҲНИТ ва раҳбарони он матолиби интиқодӣ мунташир мекунанд, ки муаллифони онҳо маъмулан исмҳои мустаъор доранд.

Ҳизби наҳзати исломӣ танҳо ҳизби мазҳабӣ ва аз умдатарин аҳзоби мухолифи давлат дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Таҳлилгарон мегӯянд, ки ин ҳизб аз нуфузи густардае дар миёни мардум, бавижа мазҳабиён, бархурдор аст.

Ҳизби наҳзати исломӣ нерӯи аслии мухолиф дар замони ҷанги дохилии панҷсола дар солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон буд. Масъулони ҳизб дар солҳои ахир аз ончи фишори густарда бар аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ мехонанд, борҳо ибрози нигаронӣ кардаанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi