16:32:19 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҚОДИРИ ҚОСИМ: "ВАЗЪРО ХИРАДИ МАРДУМИ БАДАХШОН ОРОМ КАРД"

Қодири Қосим, раиси вилояти Бадахшон розӣ шуд, ки ба саволҳои хабарнигори мо аз тариқи телефон посух диҳад. Саволи аввали мо ин буд, ки ҷараёни музокирот бо гурӯҳҳои силоҳбадаст чӣ гуна идома дорад.

/images/stories/2012/08/14_mardumi-kjorugh-140812.jpgҚодири Қосим: Аз оғоз мақсади ҳукумат ва сохторҳои қудратӣ ин буд, ки бо роҳи сулҳомез, маслиҳат ва гуфтушуд ҳамин масъалаҳо ҳалли худро пайдо кунанд. Аз ҳама масъалаи муҳим дар Бадахшон ҷамъоварии силоҳ аст. Барои ин кор зиёиён, мардуми маҳаллӣ ва одамони солимфикр кӯмак мекунанд.

-То ҳозир чӣ теъдод силоҳ ҷамъоварӣ шудааст?

-Ин иттилоъро сохторҳои қудратӣ дақиқ медонанд. Процесси ҷамъоварии яроқ давом дорад.

-Оё силоҳ дар дасти мардум зиёд аст?

-Аз будаш камтар ҷамъ кардаем. Амалиёте, ки шуд, маълум кард, ки яроқ бисёр будааст. Бояд то охирин силоҳ ҷамъ карда шавад. Куҷое силоҳ аст, маълум аст, ки он ҷо амният намешавад.

-Силоҳ чӣ тавр ба Бадахшон роҳ ёфт?

-Ин силоҳ ҳам аз замони ҷанги шаҳрвандӣ монда буд ва ҳам ба таври қочоқӣ аз ҷумҳурии ҳамсоя ҳам ворид шуд. Силоҳе, ки дар дасти баъзе гурӯҳҳо монду то соли 2008-2009 ҷамъоварии яроқ идома дошт, лекин бо ин вуҷуд натиҷаи хуб надод. Ҳоло мо бо мардум кор карда истодаем, ки бо роҳи хубӣ ва на бо роҳи зӯрӣ силоҳҳоро супоранд.

-Шумо дар як марҳилаи хеле душвор раҳбарии вилояти Бадахшонро ба дӯш доштед. Ин амалиёте, ки гузашт, барои шумо чӣ таҷрибае буд?

-Рӯзҳои аввал бисёр рӯзҳои душвор буд, чунки дар миёни мардум як нофаҳмиву нобоварӣ пайдо шуд. Вақте мардум мақсаду маромро фаҳмиданд, фаҳмиданд, ки ба хотири ҳаёти осоиштаву ба хотири тинҷиву амонии Бадахшону якпорчагии Тоҷикистон, баъд осонтар шуд. Ин ҷо пеш аз ҳама хизмати мардум аст, ки бо ақли солими худ, бо донишу тафаккури худ, вазъро ором карданд.

Ташаккур ба президенти мамлакат, ки ин гапҳоро фаҳмида, истифодаи силоҳро манъ кард ва ба сохторҳои қудратӣ гуфт, ки кӯшиш кунед, бо роҳи осоиштаву маслиҳатомез корро ҳал кунед, кӯшиш кунед, ки мардум дар раванди бозгашт ба ҳаёти осоишта иштирок кунанд.

-Нақши Оғохон чӣ гуна буд?

-Оғохон ҳам як паёми хуб барои мардуми Бадахшон, ба муридонаш фиристод, ки дар масъалаи сулҳу салоҳ кӯмак кард.

-Баъзеҳо дар ҳамин шабу рӯз мегуфтанд, ки мардуми Бадахшон бештар ба ҳарфи Имоми ҳозир Оғохон гӯш медод, то ба ҳарфи мақомоти баланди ҳукумати марказӣ?

-Оғохон пешвои мазҳабии аксар мардуми Бадахшон аст, ки мазҳаби исмоилия доранд. Вақте садо аз он ҷо омад, онҳо ба ин садо гӯш доданд. Баъд аз тарафи роҳбари давлат ба мардуми Бадахшон садо омад, ки фирефта нашавед, ба дасисабозӣ роҳ надиҳед. Баъд супориши роҳбари давлат шуд дар масъалаи қатъ кардани амалиёти низомӣ. Ҳамин чизҳо баъд ба мардумро ба ҳам овард ва мардум фаҳмиданд. Мардум ба ҳарду садо гӯш доданд.

-Шумо кай шунидед, ки ҳукумат ингуна як амалиёти вижа барпо карданист. Пеш ё баъд аз кушта шудани генерал Абдулло Назаров?

-Генерал кушта шуд ва қувваҳои ҳукуматӣ ворид шуданд. Воҳима карданд, ки се ҳазор нирӯ ворид шуд, аз ин камтар буд. Гуфтугӯҳо сар шуд дар масъалаи супурдани яроқ. Гуфтанд, ки шахсони ҷавобгар биёянд, тафтишот, пурсиш сар шавад. Гуфтушунид ду рӯз рафт. Гурӯҳҳо на ба супурдани яроқ ва на ба додани одамгони гумонбар розӣ шуданд. Кор то ҷое расид, ки ҳамон шабе, ки гуфтушунид мерафт, онҳо панҷ корманди прокуратураро гаравгон гирифтанд.

Баъд сохторҳои қудратӣ дигар роҳе наёфтанд, чунки роҳҳои дигари ҳалли масъала намонд. Агар амалиёти пурраи ҳарбӣ мешуд, ин кор ранги дигар мегирифт. Лекин қувваҳои қудратӣ бисёртар ба кӯҳу пушта парронданд, ки ҳамон гурӯҳҳои фаҳманду омада ҷинояткорҳоро супоранд. Агар ин як амалиёти ҳарбии пурра мешуд, рости гап, бо чӣ анҷом меёфт, маълум набуд.

-Бисёриҳо мегуфтанд, ки ҳукумати Хоруғ бояд аввал сокинони осоиштаро аз дохили шаҳр берун карда баъд амалиётро сар мекарданд.

-Дар ду рӯзе, ки гуфтушунид мерафт, ман шаш бор дар аудиторияи 350-нафараи шаҳрдории Хоруғ бо мардум вохӯрдам. Ба мардум гуфтем, ки биёед, тамошобин нашавед ва бетарафӣ накунед. Ҳама якҷоя шуда ба супурдани яроқ сар кунанд. Ҳамон як-ду нафари гумонбарро ҳам супоранд ва суду тафтишот маълум кунанд, ки онҳо гунаҳгор ҳастанд ё на. Гап дар масъалаи ҳозир шудан ба пурсиши прокурор буд, дар масъалаи кӣ гунаҳгор будан набуд. Ҳатто мақсад ин буд, ки ҳабси пешакӣ нашаванд, биёянду фақат баёнот диҳанд.

-Дар чашми шахсан шумо чаҳор нафаре, ки аз ҷониби додситонии кулли Тоҷикистон дар як қатор ҷиноятҳо гумонбар дониста мешаванд, яъне Толиб Аёмбеков, Имумназар Имумназаров, Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ва Ёдгоршо Мамадасламов,  кистанд?

-Ин нафарон соли 2006 Раёсати корҳои дохилии шаҳрро заданд, судяҳоро лат карданд, прокурори вилоят, прокурори ноҳияи Роштқалъаро лат карданд, чандин ҷинояти дигар карданд. То кадом андоза даст доштани ин шахсонро дар ҷиноят тафтиш маълум мекард, лекин гарданшахӣ карданд, қонунро риоя накарданд, итоат накарданд, ба дараҷае расид, ки ҷавонҳоро гумроҳ карда, силоҳ дода бар зидди қувваҳои ҳукуматӣ ҷанг карданд.

-Тарафдоронашон зиёд ҳастанд?

-100-150 нафаре, ки гумроҳ кардаанд, дар  атрофашон ҳастанд.

-Онҳое, ки вазъи Хоруғро аз дохил медонистанд, мегуфтанд, ки дар асл ин гурӯҳҳо ҳукумати дуюм буданд ва нафароне, ки ҳарфашон ба суду додситонӣ намегузашт, омада аз ин гурӯҳҳои адолатхоҳӣ мекарданд. Зӯри ҳукумат ба онҳо намерасад, мегуфтанд. То кадом андоза ин суханҳо рост аст?

-То андозае, ки сохторҳои қудратиро кор кардан намемонданд, ин дуруст аст. Асосан ҷиноятҳо аз дасти ин гурӯҳҳо мешуд. Ҷавонҳоро раҳгум занонданд, “понятияҳои тюремний” қати ҷавонҳоро саргарм карда мегаштанд дар шаҳр.

-Яъне воқеан ҳам зӯри ҳукумат ба онҳо намерасид, ки сари вақт онҳоро безарар ё боздошт кунанд?

-Онҳоро чанд бор, аз ҷумла соли 2008 афв карданд.

-Чаро он замон онҳоро афв карданд?

-Онҳо ваъда доданд, ки дигар ба даст яроқ намегиранд ва дигар тинҷӣ мешавад.

-Ҳоло  музокироти рӯ ба рӯи ҳукумат ва раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ идома дорад. Яке аз натиҷаҳои муҳими он худро ба мақомот супурдани Толиб Аёмбеков шуд. Мегӯянд, ки яке аз шартҳои асосии онҳо афв шудан аст. Оё Муҳаммадбоқиру фармондеҳони дигар ҳам афв мешаванд?

-Ҳоло ин масъала ҳалли худро наёфтааст. Сохторҳои қудратӣ  сари ин кор карда истодаанд, ки кор бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ҳал шавад ва то ба истифодабарии силоҳ наравад. Боқӣ тафсилотро сохторҳои қудратӣ медонанд. Раҳбарии тафтишотро муовини аввали додситони кулл ба ӯҳда дорад.

-Дар сӯҳбат бо мо Толиб Аёмбеков ва дар мусоҳиба бо Азия-Плюс Имум  Имумназаров гуфтанд, ки баъзе қувваҳои сеюм ба онҳо барои сарнагун кардани давлат 7 миллион доллар ваъда кардаанд, вале онҳо ин даъватро напазируфтанд. Шумо дар ин бора иттило доред?

-Хабардор ҳастем, ки ҳамин хел маблағ ҳаст.

-Яъне ин пул ба вилоят ворид шуда буд?

-Аниқ гуфта наметавонам, ки ин пул ворид шудааст ё на.

-Пеши роҳи ин барномаҳо гирифта шуд?

-Инро ман намедонам, аммо сабаби  саргардон кардани ҷавонон дар чӣ бошад. Ин ҷо бачаҳои синфи 11, ҷавонҳои 20-22-сола гумроҳ шуданд. Онҳо 100-150 нафаранд, ҳоло аксарияти онҳо яроқро супурда истодаанд, аз ин гурӯҳҳо баромада истодаанд.

-Пас ҷалби ин ҷавонҳо дар атрофашон ба чӣ мақсад будааст? Ҳадафи ниҳоии онҳо чӣ будааст?

-Аз худ лидер сохтан. Барои ин гурӯҳҳо тинҷиву волоияти қонун лозим нест, чунки бояд дар пеши қонун ҳама баробар бошанд.

-Мегӯянд, ки бар пояи созиш, нирӯҳо бояд дар ниҳоят аз хоки Хоруғ ва нуқоти дигари вилоят берун карда шаванд.

-Баровардани қувваҳо сар шуд. Се рӯз пеш қариб 160 нирӯро аз вилоят бурданд. Бо ором шудани вазъ, қувваҳо аз рӯи нақша берун шудан мегиранд. Ин ҷо фақат як бахши нирӯҳои Вазорати корҳои дохилӣ барои таъмини тартиботи ҷамъиятии даруни шаҳр мемонад. Қувваҳоро дар як рӯзу ду рӯз баровардан душвор аст.

-Шуморашон чанд аст?

-Ман ин маълумоти ҳарбиро намедонам, фақат медонам, ки се ҳазор мегӯянд, ин як воҳима аст.

-Ҳоло шаҳрро нирӯҳои ҳукуматӣ назорат мекунанд?

-Шаҳрро органҳои ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ назорат мекунанд. Дар баромаду даромади шаҳр постҳои мустаҳкам истодаанд, барои он ки ягон қувва дохил нашавад. Тафтиши мошинҳо давом дорад. Масалан дар ҳафт рӯзи охир 276 мошини берақам, ё бо шумораҳои қалбакӣ, бе шаҳодатномаи ронандагӣ, мошинҳои дар ҷустуҷӯ бударо дастгир кардаанд.

-Ҳамингуна тасаввуре ҳосил мешавад, ки мардуми оддии Бадахшон аз ин ҳама ҷараёнҳои охир хеле хаставу рӯҳафтода шудаанд ва бисёри онҳо аз ҳукумати марказӣ дилмонда ҳастанд. Рӯҳияи мардумро шумо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Рӯҳияи мардум ором аст. Албатта, баъди амалиёте, ки гузашт, дар рӯҳияи мардум як стресс пайдо мешавад. Баъзеҳое, ки аз шаҳр баромада рафта буданд, дубора баргаштаанд. Ҳоло барои пӯшиши зараре, ки манзилу хоҷагиҳои мардум дидаанд, 1,2 миллион сомонӣ аз ҳисоби захираи президент ҷудо шуд.

Мардум хонаҳои зарардидаро таъмир карда истодаанд. Воҳимае, ки 200 хона сӯхтаву нобуд шудааст, бофта аст. Зараре, ки 576 хоҷагӣ дидааст, ҳар якаш дар ҳудуди 700-1000 сомонӣ зарар дидаанд. Он хонаҳое, ки аз 10 ҳазор сомонӣ бештар зарар дидаанд, 10-12 адад ҳастанд.

-Аз рӯи иттилои шумо, шумори ниҳоии қурбониҳо чанд аст?

-Дар миёни низомиҳо намедонам, аммо дар миёни мардум 18 нафар кушта шуданд, аз ин миён – се нафар мардуми осоишта ва боқӣ аъзои ҳамон гурӯҳҳои мусаллаҳ. Ин шуморро аз рӯи ҷанозае, ки барпо шуд, мегӯям. Барои гӯру чӯби онҳо кӯмак кардем.

-Шумо ояндаи ин ҷараёнҳоро чӣ гуна мебинед?

-Дар ҷомеа бояд ақл доварӣ кунад, на гурӯҳ, на яроқ, на зӯроварӣ. Бадтарин чиз ин бетарафӣ ва тамошобин будан дар чунин вазъият аст. Мардум дарк карданд, ки тамоми ин солҳо бетарафӣ карданд, тамошобинӣ карданд, ба ҳамин рӯз расидем. Агар ҳар шахс ба тинҷиву оромии ҷамъият саҳм гузорад, корҳо ба хубӣ меанҷомад.  Мардуми шаҳр таи 17 сол дар азоб буданд. Аз соли 1997 то соли 2012 аз тири автомат дар вилоят 37 кас кушта шудааст.

Вале бояд гӯям, ки дар муқоиса бо даврони шӯравӣ, ҳоло хеле масъалаҳои коммуникатсионӣ ҳал шудаанд. Мо ҳоло ба ҳамаи чаҳор шабакаи телевизиони Тоҷикистонро тамошо мекунем, ҳафт ширкати мобилӣ 95 % ҳудуди Бадахшонро бо телефони мобил таъмин кардаанд, дар давоми 10 сол 360 объект бо маблағгузории 2,5 миллион сомонӣ сохта шуд. Бадахшон хеле обод шуд. Лекин як садои нооромӣ ҷалби сармояро ба Бадахшон кам кард.

-Дар рӯзҳои амалиёт аммо дар даҳони баъзе мухолифони хуну хунрезӣ дар Бадахшон  даъват ба ҷудоихоҳӣ ё сепаратизм баланд шуд ва баъзеҳо тарсиданд, гуфтанд, ки Бадахшон дар муддати 20 соли охир шояд ки аз чашми Душанбе чунон дур мондааст, ки ҳукумати Раҳмон дар ғафлат монд ва аз ҳамин сабаб ҳам ин ҳодисаҳо рӯй дод.

-Ин қадар кӯмаке, ки дар солҳои истиқлолият дар Бадахшон ворид шуд, вилоят дар давоми сад сол надида буд. Дар мардуми оддӣ калимаи сепаратизм аслан нест, ин калима дар даҳони баъзе сиёсатмадорон, манфиатҷӯён ва мансабпарастон аст. Забони тоҷикие, ки аз даҳони талабаи синфи 5 Бадахшон мешунавӣ, дар минтақаи дигари Тоҷикистон намешунавӣ. Дар давоми 15 сол роҳбари давлат 45 маротиба ба Бадахшон омадааст.

-Зимнан, шумо аз назари ахлоқӣ ба сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон дар охири моҳи август чӣ баҳо медиҳед? Дар шароите, ки чунин ноамнӣ, дилозурдагӣ, хушунат буд, раисиҷумҳурӣ меравад ва ҷашн мегирад.

-Ҳанӯз омадани ҷаноби олӣ аниқ нест. Аммо омадани вай як дилпурии мардум мешавад, агар ҷаноби олӣ биёяд, бисёр хуб мешавад ва ӯ нуқтаи охирро дар ин ҳама мегузорад. Чун соли 2008 ҳамингуна нофаҳмиҳо буданд. Чӣ хел ин 100 нафар аз номи 45 ҳазор аҳолӣ гап мезананд? Ҳаминҳо бо маводи мухаддир даст доштанд.

Ақаллан як меҳмонхона барои мардум сохтанд? Онҳо худро ҳомӣ мегӯянд, аммо чаро вақте ҳодисаҳо сар шуд, зану кӯдаконро пешандоз карданд. Масалан, рӯзи шанбе митинг шуд, Боқир гуфт, ки мо ҷанг мекунем, то ҳозир кӯдакони мо ҷанг карданд. Ҳоло мо нав ҷангро сар мекунем.

-Шояд баъзе мунаққидон гӯянд, ки шумо панҷ соли охир раҳбарии ин вилоятро ба ӯҳда доред, чаро натавонистед онҳоро безарар кунед, аз фаъолияти ғайриқонунии онҳо ҷилавгирӣ накардед?

-Ин ҷо сохторҳои қудратии маҳаллӣ суст кор карданд. Ислоҳи вазъ аз дасти онҳо пурра наомад, ҷиноят паи ҷиноят содир шудан гирифт. Ҳукумати марказ ҳам маҷбур мешавад барои ба эътидол овардани як гӯшаи давлат баъзе чораҳоро бубинад. Лекин ягон роҳи дигар набуд. Ҳама дар ташвиш будем. Ҷиноятро содир карданд, яроқро, гунаҳгоронро насупорданд, дар даруни мардум пинҳон шуданд. Пас ҳукумат чӣ кор кунад?

Хиромон Бақозода, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi