20:33:22 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПАНҶ МАЪМУРИ ДОДСИТОНИИ ГАРАВГОН ДАР ХОРУҒ ОЗОД ШУДААНД

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, ки панҷ тан аз кормандони ин ниҳод, ки аз сӯйи афроди мусаллаҳ дар Бадахшон гаравгон гирифта шуда буданд, озод шудаанд. Хабаргузории расмии "Ховар" аз қавли манобеъи додситонии кул дар ин бора иттилоъ дода, вале тафсилоти чигунагии озод шудани онҳоро ироа накардааст.

/images/stories/2012/07/28_shahri-khorugh-280912.jpgДар иттилоъияе, ки Додситонии кулли Тоҷикистон пештар интишор дод, омада буд, ки панҷ тан аз маъмурони ин ниҳод аз сӯйи афроди мусаллаҳи мухолифи давлат дар шаҳри Хоруғ, маркази устони Бадахшон, гаравгон гирифта шудаанд. Ба гуфтаи манобеъи додситонӣ, ин ҳодиса шаби 24 июл, тақрибан дар соъати 3:30, қабл аз оғози амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ иттифоқ уфтодааст. Аммо замони озодии маъмурони гаравгоншуда ва ин ки онҳо таҳти чи шароите озод шудаанд, мушаххас нест.

"Сипари зинда"

Дар иттилоъияи муфассале, ки Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи шанбеи 28 июл интишор дод, омадааст, ки се рӯз боз дар шаҳри Хоруғ оташбас идома дорад. Дар ин муддат ҳарчанд мақомоти интизомӣ аз афроди мусаллаҳ тақозои супурдани аслиҳаро кардаанд, вале ин афрод "шартҳои оташбасро вайрон намуда" ва шаби 27 июл ба мақарри нерӯҳои интизомӣ ҳамла кардаанд, ки дар натиҷа як нафар захмӣ шудааст.

Тибқи иддаъои мақомоти додситонӣ, афроди мусаллаҳ дар Хоруғ "барои ҳимояи худ аз занон ва мӯйсафедон ҳамчун сипари зинда истифода мекунанд, ки ин амр кори мақомоти интизомиро барои дастгир кардани онҳо душвор гардондааст."

Дар айни ҳол, гуфта мешавад, ки макони зисти ду гурӯҳи мусаллаҳ ба раҳбарии Маҳмадбоқиров ва Имомназаров ва шумори зиёде аз аъзои онҳо ва ҳамчунин қисме аз аъзои гурӯҳи вобаста ба Айёмбеков аз ҷониби нерӯҳои давлатӣ "безарар" гардонда шудаанд.

Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи Додситонии кулли Тоҷикистон, 30 нафар аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳ "безарар (кушта)" шудаанд, 36 нафар ҳам захмӣ ва панҷ табаъаи афғон ҳам боздошт шудаанд.

Мақомоти додситонӣ омори талафот дар миёни нерӯҳои давлатӣ дар амалиёти Хоруғро ҳамакнун 17 нафар ва захмиёнро 40 нафар эълом кардаанд. Пештар онҳо аз кушта шудани 12 нерӯи давлатӣ ва 30 шӯришӣ хабар дода буданд.

Ба гуфтаи мақомот, танҳо як фарди ғайринизомӣ, марди 58-солае, ки дар ҳамсоягии Имомназар Имомназаров, яке аз раҳбарони шӯришиёни Хоруғ, зиндагӣ мекард, кушта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки манобеъи маҳаллӣ шумори талафот дар миёни ғайринизомиёнро бамаротиб бештар аз арқоми расмӣ медонанд ва мегӯянд, ки бештари онҳо тавассути тактирандозҳои вобаста ба нерӯҳои давлатӣ кушта шудаанд, ҳарчанд таъйиди ин хабар душвор аст.

Додситонӣ ибрози умедворӣ карда, ки амалиёт дар Бадахшон базудӣ анҷом хоҳад шуд, вале нагуфта, ки нерӯҳои давлатӣ кай Хоруғро тарк мекунанд. Вале давлат боздошти афроди мазнун дар қатли женерол Назаровро қотеъона пайгирӣ хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ки бо Би-би-сӣ тамос гирифтанд, комюнҳо ва зиреҳпӯшҳои низомӣ ҳамчунон ба самти шаҳри Хоруғ дар ҳаракат ҳастанд.

Манобеъи маҳаллӣ ҳамчунин мегӯянд, ки рӯзи шанбе чархболҳо бар фарози шаҳри Хоруғ дубора ба парвоз даромадаанд ва гӯё дар ду маҳал, дар Шоҳдара, ки зодгоҳи Толиб Айёмбеков, ва Бойня, яке аз маҳаллоти шаҳри Хоруғ, чатрбозон фурӯд омадаанд.

"Аслиҳаи пинҳон"

Додситонии кулли Тоҷикистон дар иттилоъияи худ тафсилоти бештаре аз ҳодисаи қатли Абдулло Назаров, раиси бахши амният дар Бадахшон, дар рӯзи 21 июл интишор додааст. Тибқи ин иттилоъия, як гурӯҳи мусаллаҳ, ки иборат аз 15-20 нафар буда ва "аъзои гурӯҳи ҷинояткори Толибек Айёмбеков" хонда мешаванд, рӯзи 21 июл, соъати 17:30 дар маҳаллаи Наводаки шаҳри Хоруғ ба худрави Абдулло Назаров ҳамла кардааст.

Ин афрод бо "расондани ҷароҳатҳои зиёд дар қисми косахонаи сар ва қафаси сина, ханҷар задан ба дили ӯ ба таври ваҳшиёна" ӯро ба қатл расондаанд ва се маъмури амниятӣ ва як ронандаро лату кӯб кардаанд. Ҳамчунин, онҳо се адад аслиҳаро низ бо худ бурдаанд.

Ба гуфтаи мақомҳои додситонӣ, қатли Абдулло Назаров дар пайи тавқифи як комюни ҳомили маводди қочоқии танбоку дар шаҳри Кӯлоб дар моҳи июни гузашта, ки ба Толиб Айёмбеков мутаъаллиқ дониста шуда, тавассути афроди вобаста ба ӯ сурат гирифтааст.

Додситонӣ мегӯяд гурӯҳҳои вобаста ба чаҳор тан аз фармондеҳони собиқи мухолифон, Толиббек Айёмбеков, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Имомназар Имомназаров ва Ёдгор Маҳмадасламов, ки пас аз ҷанги дохилии солҳои 1992-97 бахше аз аслиҳаи худро ба давлат супурда ва "қисмати дигареро пинҳон карда" буданд, дар ин ҳодиса даст доранд.

Ин дар ҳолест, ки ду тан аз ин афрод, Айёмбеков ва Маҳмадбоқиров, баъд аз анҷоми ҷанги дохилӣ ба нерӯҳои давлатӣ пайваста ва дар сохторҳои низомию интизомӣ фаъъолият мекарданд. Пас ин суол матраҳ мешавад, ки чаро ин афрод то ба ҳол боздошт ва муҷозот нашудаанд?

Додситонӣ мегӯяд, ки ин "чаҳор гурӯҳи ҷинояткор" дар солҳои 2000 то 2012 ҷавонони маҳаллиро дар атрофи худ ҷамъ карда ва ба ҷароими сангине, назири роҳзаниву одамкушӣ, ба ҳам задани назми умумӣ, қочоқи маҳсулоти танбоку, муқовимати мусаллаҳона бо мақомоти давлатӣ ва саркашӣ аз пардохти молиёт, даст задаанд.

Дар маҷмӯъ, ин афрод ба иртикоби 20 ҷурм муттаҳам шудаанд, вале ба гуфтаи мақомот бисёре аз ҷароиме, ки онҳо муртакиб шудаанд, аслан сабт нашудааст, зеро мардум аз онон метарсиданд.

Барои таҳқиқи қатли женерол Абдулло Назаров ва ҷароиме, ки ба гуфтаи давлат, гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат дар устони Бадахшон аз соли 2006 ба ин сӯ муртакиб шудаанд, гурӯҳе барои бозрасӣ ва таҳқиқ таъсис ёфтааст.

"Лату кӯби қозӣ ва додситонҳо"

Додситонии Тоҷикистон гурӯҳҳои шӯришӣ дар Хоруғро ба муъомила ва қочоқи маводди мухаддир, сангҳои қиматӣ ва ҳатто "хариду фурӯши" (қочоқи) одамон ва ё ҳимоят аз афроде, ки дар чунин ҷароиме даст доранд, муттаҳам кардааст.

Дар иттилоъияи додситонӣ омадааст: "23 июли соли 2006 байни гурӯҳҳои Маҳмадбокиров ва Айёмбеков дар кӯчаи марказии шаҳри Хоруғ тирпаронӣ сурат мегирад, ки дар рафти он шаҳрванд Додихудоева М.А. захмдор шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад."

Аз ин иттилоъия чунин бармеояд, ки дар моҳи августи соли 2006 пулис талош кардааст оқои Маҳмадбоқировро боздошт кунад, вале ӯ ба ҳамроҳии гурӯҳҳои дигар ба кормандони пулис муқовимати мусаллаҳона нишон додааст.

Ҳамчунин, додситонӣ аз ҳамлаи гурӯҳе иборат аз 30-35 нафар аз афроди мусаллаҳ ба маъмурони додситонӣ дар ноҳияи Роштқалъа дар моҳи марти соли 2008 хабар додааст. Он замон маъмурони додситонӣ дар ин маҳал ба бозрасии "корхонаҳои таҳти сарпарастии Айёмбеков, ки андоз (молиёт) намесупориданд" машғул будаанд.

Додситонӣ гурӯҳҳои вобаста ба Айёмбековро дар ҳамла ба додгоҳ ва латӯ кӯби қозию додрасҳо ва кормандони додситонии маҳаллӣ дар Хоруғ дар моҳи июли соли 2011 низ муттаҳам кардааст:

"Садомшоев Э. рӯзи 10 июли соли 2011... гурӯҳи ҷавонон иборат аз 40-45 нафар ҷамъ намуда, ба бинои додгоҳи вилоят ҳуҷум намуда, ду муовини раиси додгоҳ ва се додрасро лату кӯб намудаанд... Аз ин ҷо баромада ба назди бинои додситонии вилоят рафта, додситони вилоят ва чаҳор нафар кормандони онро лату кӯб менамоянд."

Ба навиштаи мақомҳои додситонии Тоҷикистон, ин амр аз зиндонӣ шудан ва маҳкумияти оқои Садомшоев монеъ шудааст. Додситонӣ мегӯяд, ки омилони чаҳор мавриди қочоқи занону духтарон дар вилоят "бо таъсири ин гурӯҳҳо" то ба ҳол ошкор карда нашудаанд. Ин дар ҳолест, ки се тан аз онҳо, аз ҷумла як духтари ноболиғ, то кунун нопадид будаанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi