13:19:40 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ЭРОН ЯКЕ АЗ ОТАШНИШОНҲОИ АСОСИИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БУД

Пирӯзии инқилоби Исломии Эрон ба минтақа, ба хусус кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар он вақт дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, таъсири хеле амиқ боқӣ гузошт. Қабл аз ҳама ба он қишру табақаҳои ҷомеа, ки аз таъриху фарҳанги асили худ то рафт дур шуданро дарк карда буданд ва дар паи ислоҳи кор қарор доштанд. Он ки афкори исломхоҳӣ ва истиқлолталабӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баъди ғалабаи Инқилоби Исломии Эрон рушду тараққӣ кард, тавсиъа ёфт, ҳақиқатест мусаллам ва беҷои баҳс.

/images/stories/2012/06/04_01_musohiba_2012.jpgБаъди он ки ин кишварҳо пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 истиқлолияти худро эълон карданд, онҳо кӯшишҳо ба харҷ доданд, ки бо ҶИЭ як навъ муносибатҳои сиёсии иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳасана дошта бошанд. Зеро ҶИЭ аз ҷумлаи аввалин кишварҳое буд, ки истиқлолияти ин мамоликро ба расмият шинохт ва муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард.

Ба хусус мардуми бофарҳангу шарифи Тоҷикистон дар он замон беш аз дигар ҳамсояҳои худ хурсандӣ мекард, ки аввалин кишваре, ки истиқлолияти онҳоро ба расмият шинохт, ин маҳз ҶИЭ буд. Давлате, ки бо он мо таъриху фарҳанг, дини муштарак дорем.

Мутаассифона, истиқлолият барои кишвари мо на танҳо осон ба даст наомад, балки хеле гарон афтод. Душманони миллати мо ва якпорчагии Тоҷикистон болои мардуми ин кишвар ҷанги шаҳрвандиро таҳмил карданд. Дар ҳамин лаҳзаҳои мушкил ҶИЭ аз ҷумлаи он кишварҳое буд, ки барои бо роҳи мусолиматомез ҳаллу фасл кардани қазияи Тоҷикистон, талош меварзид. ҶИЭ аз рӯзҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳар ду ҷониби даргирро ба сулҳу субот даъват мекард.

Бо ҳар ду ҷониб муносибатҳои баробару бародарона дошт. Дар як сӯҳбате, ки бо Сафири мухтор ва фавқулоддаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Муҷтаҳид Шабистарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1992-1997) панҷ сол пеш доштам ӯ ба ман қиссаи ҷолиберо ҳикоя кард, ки овардани онро, агарчи тӯлонӣ ҳам бошад, ба маврид медонам. Муҷтаҳиди Шабистарӣ мегӯяд: «Минтақаи Кӯлоб дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дошт.

Ман аз рӯи сиёсати бо як дид нигоҳ кардан ба ҳамаи тоҷикҳо, чи дар Хуҷанд бошанду чи дар Кӯлобу чи дар Рашту Ҳисору Бадахшон, чи дар ҳизби наҳзати исломӣ бошанду чи дар ҳизби демократ ва чи дар давлат, амал карда, кӯшиши зиёд кардам, ки ба Кӯлоб кӯмак бирасонам. Бо оқои Эмомалии Раҳмон, ки он мавқеъ волии Кӯлоб буданд, тамос гирифтам ва телефонӣ сӯҳбате доштам.

Эшон бар асоси ахборе, ки барояш расида буд (он замон, ахборро бештар аз телевизионҳои Русия ва Ӯзбекистон мегирифтанд), нуқтаи назарашон бар алайҳи мо буд, ки Эрон бар оппозитсия кӯмак кард, силоҳ овард ва ғайраву ҳоказо. Ман ба оқои Раҳмон гуфтам, ки ин гапҳо асоси воқеӣ надоранд, қувваҳое мехоҳанд байни мову шумо душманӣ бияндозанд.

Хулоса, мо ризоият гирифтем, ки барои мардуми Кӯлоб орд бифиристем. Қиссаи фиристодани орд ҳам як достон аст. Бачаҳое, ки дар Душанбе буданд он рӯзҳо тунду тез буданд, ҷавон буданд ва онҳо мамониат карданд. Мо баъди нисфи шаб кормандони худро фиристодем, ордҳоро ба дӯши худашон гирифта бурданд ба аэропорт.

Рӯзи дигар онҳоро тавассути се ҳавопаймо ба Кӯлоб фиристодем. Дар ҳамон замон баъзеҳо кори моро фаҳмидан намехостанд. Ман ба онҳо мефаҳмондам, ки барои ҶИЭ кӯлобӣ ҳам тоҷик аст, оне, ки дар Душанбе, Хуҷанд, Ҳисор ва ё Бадахшон зиндагӣ мекунад, он ҳам тоҷик аст. Онҳо ҳама барои мо як ҳастанд ва аз якдигар фарқ намекунанд.

Баъд аз ин дар Хуҷанд Иҷлосияи Шӯрои Олӣ шуд. Оқои Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданд ва омаданд дар Душанбе мустақар шуданд. Дар рӯзи иди миллии мо он кас бо тамоми кобинааш ба зиёфати мо ташриф оварданд. Дар ҳеҷ ҷои дунё иттифоқ намеафтад, ки ҳамаи кабинаи як давлат ба зиёфати рӯзи миллии як кишвар ташриф биёранд.

/images/stories/2012/06/04_02_musohiba_2012.jpgИн иқдоми оқои Раҳмонов нишонгари он буд, ки онҳо ҳам ба сафири ҶИЭ лутф доранд ва ҳам ба худи ҶИЭ. Ин зиёфат дар бӯстонсарои ҳукуматӣ доир шуда буд. Баъд аз он ,ки як пиёла чой хӯрданд, оқои Раҳмон аз ҷой хеста гуфтанд, ки «ман аз ҷаноби сафири ҶИЭ узр пурсиданӣ ҳастам». Ин шаҳомати ҷаноби оқои Раҳмонро нишон медод. Ҷаноби оқои Раҳмон он сӯҳбати телефониро ба ёд оварда гуфтанд, ки «замоне, ки бо ман гап мезад, ман бо тундӣ бо ӯ сӯҳбат кардам. Баъдан самимияти ин касро дарк кардам. Имрӯз ман аз ин одам узр мепурсам».

Дар ин давра ҶИЭ дар як вақт нисбати Тоҷикистон ду кори хайрро иҷро мекард. Якум тавассути созмонҳои хайрияи худ, минҷумла Кумитаи Имдоди Хумайнӣ, кӯмакҳои башардӯстона мерасонд. Ва ин кӯмакҳо ҳам ба мардуми Тоҷикистон расонда мешуданд ва ҳам ба он иддаъе ки ба Афғонистон паноҳанда шуда буданд. Дар он замоне, ки ҷанг буд ва гуруснагӣ қишри бечораву нодорро таҳдид мекард, ин кори хайр буд, кори савоб буд.

Ва дуввум кори хайре, ки карда шуд, ин мусоидат ба сулҳи Тоҷикистон, миёнҷигари дар истиқрори сулҳу субот ва оштиву ваҳдат дар кишвари ҷангзадаи мо буд. Дар раванди сулҳи байни тоҷикон бисёр кишварҳо ва созмонҳои байналмиллалӣ нақши миёнҷиро бозӣ карданд. Вале гумон мекунам, ки нақшу нуфузи ҶИЭ дар сулҳи байни тоҷикон муассиртар ва муҳимтар будааст. Зеро ҳар ду ҷониби даргир ҳам ҷониби ҳукумат ва ҳам ҷониби мухолифини ҳукумат бо ҶИЭ бо самимияти миёнҷигарии он эътимоди комил доштанд.

Эрон ба қазияи Тоҷикистон аҳамияти вижа медод. Ба мақсади ҳаллу фасли қазияи Тоҷикистон дар сохтори вазорати умури хориҷа ниҳоди махсусеро таъсис доданд, ки роҳбарии онро ба дӯши муовини вазири умури хориҷа ҷаноби оқои Маҳмуди Воизӣ гузоштанд. Дар сӯҳбат бо мо ҷаноби оқои Маҳмуди Воизӣ чунин гуфт:

«Масъалаи Тоҷикистон барои мо бисёр муҳим буд. Бо ҳамин далел мо як ситоде дуруст кардем, як гурӯҳе буд, ки масъулияти иҷроӣ ва пайгирии ҳамаи умурро дар он ман доштам. Зери назари ман як маҷмӯае аз афроде буд, ки дар иртибот бо Тоҷикистон кор мекарданд ва мо ба таври муназзам ба оқои доктор Вилоятӣ ҳам гузориш медодем. Ва он ҷойҳое, ки бояд тасмимияти муҳим мегирифтем, ҷаласа мегузоштем бо оқои Вилоятӣ. Мо тамоми абъоди корро мавриди баррасӣ қарор медодем».

Як мисоли хеле оддӣ ва ҷолиб меорам. Роҳбарон ва ҳайатҳои музокиракунандаи ҷонибҳои даргири Тоҷикистон дар раванди гуфтушунидҳои сулҳ бо ҳам 20 маротиба берун аз кишвар вохӯрданд. 13 маротиба ҳайатҳои музокиракунанда ва 7 маротиба роҳбарони ҷиноҳои даргир. Мулоқот ва гуфтушунидҳо дар ҳафт кишвар:

Эрон, Русия, Афғонистон, Покистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон сурат гирифт. Аз ҳамин 20 дидору гуфтушуниду мулоқотҳои роҳбарони ҷиноҳои даргир ва ҳайатҳои музокиракунанда онҳо 7 маротибааш дар хоки ҶИЭ барпо гардидааст. Роҳбарони ҷиноҳои даргир 2 маротиба дар ин ҷо дидор карданд. Ҳайатҳои музокиракунанда панҷ маротиба.

/images/stories/2012/06/04_03_sulhi-tojikon_2012.jpgДар дидору мулоқотҳои машваратӣ ва гуфтушунидҳое, ки дар ҶИЭ барпо гардиданд ҷонибҳо комёбиҳои назаррасеро дар роҳи сулҳ ба даст оварданд. Барои мисол яке аз муҳимтарин созишномаҳое, ки маъмулан дар ҷангҳо нахуст ба имзо мерасанд, Созишномаи оташбас, 17 сентябри соли 1994 дар Теҳрон ба имзо расида буд. Созишномаи оташбас амалан ба ҷанги тоҷиккушӣ хотима дод. Зеро ин ҷанге буд, ки тоҷик тоҷикро мекушт.

Протокол оиди масоили паноҳандагон низ санади хеле муҳиме буд, ки ҷонибҳо онро ҳам дар Теҳрон дар январи соли 1997 ба имзо расонда буданд. Он солҳо беш аз як миллион нуфуси Тоҷикистон бар асари нооромиҳо Тоҷикистонро тарк карда кӯи ғарибиро маъвои худ қарор дода буданд. Маҳз ҳамин созишнома бозгашти сарбаландона ва бошарафонаи онҳоро бо касби тамоми ҳуқуқҳои шаҳрвандии хеш таъмин намуд.

Вохӯрие, ки дар сатҳи олӣ дар байни Президенти ҷумҳурӣ Эмомалии Раҳмон ва роҳбари мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар Машҳад моҳи феврали соли 1997 барпо шуд, низ қадами ҷиддие дар роҳи истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон буд. Дар ҳамин вохӯрӣ Низомномаи КОМ, ниҳоде ки дар оянда мебоист дар Тоҷикистон бо бунёди сулҳ машғул мешуд, қабул гардид. Ва баъдан ҳам КОМ нақши хеле муҳимеро дар барқарории сулҳу субот бозид.

Дар ҳамин мулоқоти сатҳи олӣ, ки дар Машҳад ба вуқӯъ пайваст, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки дар якҷоягӣ алайҳи терроризм мубориза мебаранд. Ва ин кор ҷомаи амал пӯшид. Ҷузъу томҳои ҳукуматӣ ва оппозитсион худи ҳамон моҳи феврали соли 1997 якҷоя алайҳи дастаи террористии Ризвон ба мубориза пардохтанд. Ин таҷрибаи нодир буд дар сиёсати байналмилалии байни кишварҳо.

Санади дигари муҳиме, ки дар ҶИЭ ба имзо расид, ин Протокол дар бораи кафилони татбиқи Созишномаи умумии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон буд, ки ба он ба ҷуз ҷиноҳои сулҳкунанда инчунин намояндаҳои кишварҳои кафил ва намояндаҳои созмонҳои байналмилалӣ имзо гузоштанд.

Маҳмуди Воизӣ лаҳзаи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштӣ дар Тоҷикистонро, ки 27-уми июни соли 1997 дар Маскав ба вуқӯъ пайваста буд ва имсол тоҷикистониён аз 15-умин солгарди он таҷлил ба амал меоранд, чунин ба ёд меорад: «Ман ҳеҷ аз хотир бароварда наметавонам рӯзи ба имзо расидани Созишномаи сулҳро дар Маскав. Ин лаҳзаҳо яке аз ширинтарин лаҳазоти ин даврони кори дипломатӣ ва кори ҳирфаии ман тӯли 27-28 соли фаъолиятам буд.

Ман ҷиддӣ нишаста будам ва устод Нурӣ ва ҷаноби оқои Эмомалии Раҳмон ба санади сулҳ имзо мегузоштанд. Ман нигоҳ кардам дидам, ки чи қадар вақт гузоштам, чи қадар кор кардам. Як эҳсоси аҷоиб маро фаро гирифт. Таи тамоми ин муддати 28-соли кории дпломатиам он қадар лаззат набурдам, ки он лаҳза бурдам».

Дар барқарории сулҳу субот дар Тоҷикистони азизи мо аз раҳбари муаззами Ҷумҳурии Исломии Ирон оятуллоҳ Хоманаӣ шурӯъ карда тамоми раисони ҷумҳури ин кишвар, ба хусус, Ҳошимии Рафсанҷонӣ, вазири умури хориҷаи ҶИИ Алӣ Акбари Вилоятӣ, муовини ӯ Маҳмуди Воизӣ, сафирони ҶИЭ дар Тоҷикистон ҷаноби оқои Муҷтаҳиди Шабистарӣ, ҷаноби оқои Саид Расули Мӯсавӣ ва дигарон саҳми хеле муҳим ва арзандаи қобили арҷгузорӣ доранд.

Имрӯз дар Тоҷикистони азизи мо таронаи сулҳу оштӣ танинандоз аст. Осори ҷанг торафт аз ҷомеа ва кишвар зудуда мешавад. Мардум барои зиндагии беҳтару хуштаре ҷаҳду ҷидол мекунанд. Албатта дар раванди барқарории хоҷагии халқ, иқтисодиёти кишвар мушкилоти зиёде пеш меоянд. Вале боз ҳам дар ин самт низ дасти кӯмаки ҶИИ-ро мебинем.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ аз он мекунад, ки ҶИИ дар бунёди нақби «Истиқлол», ки ҷанубу шимоли Тоҷикистонро дар чаҳор фасли сол ба ҳам пайваст ва бунёди нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2, ки дар ҳалли мушкилоти камчинии нерӯи барқ мусоидат мекунад, ба мо бародарвор дасти кӯмаки хешро дароз кард.

Мардуми Тоҷикистон умедворанд, ки ҳамкориҳои иқтисодиву сиёсӣ, равобити илмиву фарҳангии мо дар оянда низ бештару хубтар инкишофу тараққӣ мекунанд.

Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi