23:03:28 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТОҶИКҲОИ ӮЗБЕКИСТОН: ҶАҲИШ БА СӮИ ҲОКИМИЯТ

Хабарнигори «Мавҷи Олмон» Анатолий Тарантсев мақолае навиштааст бо номи «Тоҷикҳои Ӯзбекистон: ҷаҳиш ба сӯи ҳокимият». Худо медонад, ки ҳадафи аслии ӯ аз рӯи коғаз овардани ин сатрҳо чӣ аст. Андохтани фитнаи навбатӣ байни тоҷикҳову ӯзбекҳо ё дифоъ аз манофеи қонунии Тоҷикҳо? Ё ӯ метавонад даъво кунад, ки танҳо ҳақиқати ҳолро тасвир кардаасту мехоҳад, ки худи хонанда хулоса барорад. Ӯ аз ҷумла менависад:

«Ба ҳамагон маълум аст, ки асоси давлатдории Осиёи Минаро анъанаҳои ҳазорсолаҳои давлатдории эронӣ ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, форсҳо аз замонҳои қадим дар ҳокимияти олии давлатҳои Осиёи Миёна агар аксариятро ташкил надиҳанд ҳам, ҳадди ақал қисми ба назар намоён ва бонуфузи сохторҳои ҳокимиятиро ташкил медоданд. Масалан, дар аввалҳои асри ХХ тоҷикҳои Бухоро қисми калон ва бо нуфузи амалдорони амирро ташкил медоданд».

Вале на танҳо асоси давлатдории Осиёи Миёнаро анъанаҳои давлатдории эронӣ ташкил медоданд, балки аз аввал дар ин сарзамини бостонӣ, ки номаш Эронвиҷу Вароруд ва ё Хуросони Бузург будааст, давлатҳои эронӣ ба вуҷуд омадаанд, ки бузургтаринашон давлати миллии тоҷикону эронитаборони Сомониҳо будааст. Баъди шикаст хӯрдани он ҳам анъанаҳои давлатдории ин сулола то оғози асри ХХ идома ёфтаву забони расмии давлтаҳои минбаъда форсии дарӣ ва ё тоҷикӣ будааст. 

Ҳарчанд дар сари қудрат намояндагони ақвоми дигар будаанд, ин давлатҳоро ғайритоҷикӣ номидан нашояд. Зеро ба кадом халқ тааллуқ доштани ин ё он давлатро забони дар он қаламрав ҳукмрон муайян мекунад. Аз садаи IХ то аввалҳои асри ХХ, яъне то таъсиси Иттиҳоди Шӯравию табартақсим шудани Осиёи Миёна забони расмии ин минтақаи бузург форсӣ будааст, ки баъдан бо сабабҳои сиёсӣ номи тоҷикиро гирифтааст.

Ҷаноби А. Тарантсев дар идомаи мақолааш менигарад: «Аз ҳамин сабаб боиси тааҷҷуб нест, ки дар замони муосир ҳам тоҷикҳо қисми муҳими дастгоҳи амалдорони Ӯзбекистонро ташкил медоданд. Ҳатто дар замони шӯравӣ ҳам ин анъанаро шикастан муяссар нашудааст. Дар Ӯзбекистони шӯравӣ ва посошӯравӣ асосан тоҷикҳо ва эрониҳои маҳаллӣ бартарӣ доштанду доранд.

Бо вуҷуди муносибатҳои мураккаби байниҳамдигарии Ӯзбекистону Тоҷикистон тоҷикҳо худро дар Ӯзбекистон хеле бофароғат ҳис мекунанд. дар ин нақши сардори давлат Ислом Каримов, ки нажодаш эронӣ ва ё тоҷик аст, хеле калон мебошад. Баъзеҳо мегӯянд, ки баромади ӯ яҳудии бухороист. Вале ин аз эҳсосот бештар чизи дигаре нест. 

Ҳарчанд И. Каримов ба қавми самарқандӣ тааллуқ надорад, ин минтақа барои ӯ аҳмияти махсусро касб мекунад. Вилояти Самарқанд аз ҷониби буҷаи давлатӣ саховатмандона маблағгузорӣ карда мешавад ва аҳолии тоҷики Самарқанд аз ҷиҳати моддӣ аз осудаҳолтаринҳо ба ҳисоб меравад.

Бо вуҷуди он ки миллати асосӣ ба шумор намераванд, тоҷикҳо дар ин мамлакат давлати хурдеро мемонанд, ки онро метавон ба институти худидоракунии ҷамъиятии Тоҷикистон ба унвони «авлод» соҳиби кулли комплекси таъминкунандаи зиндагӣ механизмҳои дохилҳудудии иқтисодӣ, маънавию фарҳангӣ, идеологӣ ва ҳукуматӣ мебошанд».

Агар кас аз зиндагии воқеӣ ва мавқеи имрӯзаи тоҷикони Ӯзбекистон бехабар бошад, аз навиштаҳои Анатолий Тарантсев хулоса мебарорад, ки онҳо дар ин кишвар ҳокимони мутлақанд ва аз ҳамаи ҳуқуқҳо баҳраваранду фарҳангу забонашон дар айни авҷи камолоту шукуфоӣ қарор доранд. Вале воқеъият гувоҳӣ медиҳад, ки дар Ӯзбекистони имрӯза аз тоҷик халқи беҳуқуқтаре вуҷуд надорад. 

Тибқи маълумотҳои ғайрирасмӣ, шумораи онҳо дар ин кишвар бештар аз даҳ миллион аст, вале дар омори расмӣ ин адад тақрибан як миллионро ташкил медиҳад. Ҳамин як миллион ҳам аз ҳуқуқҳои асосии худ-таҳсил ба забони модариву рушди фарҳанги анъанаҳои худ маҳрум аст. Дар шаҳрҳои асосии тоҷикнишин, марказҳои тамаддуни тамоми мардуми форсизабон Самарқанду Бухоро қариб, ки мактаби тоҷикӣ боқӣ намондааст. 

Ҳарчанд, ки имрӯз ҳам дар кӯчаву бозорҳои ин шаҳрҳои бостонӣ асосан забони форсӣ (тоҷикӣ) садо медиҳад. Вале аз эҳтимол дур нест, ки ин шаҳрҳоро ҳам тақдири шаҳри дигари бостони Осиёи Миёна-Тошканд насиб хоҳад шуд. Устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ дар китоби худ «Хуросон аст ин ҷой» овардаанд, ки аҳолии Тошканд тақрибан 250 сол пеш форсигӯй буданд ва бо мурури замон зери таъсири туркҳо забонашон ӯзбекӣ шудааст. 

Кӣ кафолат дода метавонад, ки бидуни таҳсил бо забони модарӣ, бидуни мавҷудоти рӯзномаву маҷалла, радиё ва телевизиони тоҷикӣ мардуми Самарқанду Бухоро ва тоҷикҳои минтақаҳои дигари Ӯзбекистон туркзабон нахоҳанд шуд. Пас дар бораи кадом бартарии тоҷикҳову эрониҳои маҳаллӣ дар Ӯзбекистон сухан рондан мумкин аст?

Пасон Анатолий Тарантсев як қатор амалдорони Ӯзбекистонро номбар кардааст, ки ба қавли ӯ тоҷиканд.

«Айни замон тоҷикҳо, ки қисми зиёдашон дар шиносномаҳояшон ӯзбек навишта шудаанд, дар ҷумҳурӣ мансабҳои калидиро ишғол мекунанд. инҳо вазири умури дохила Матлубов Баҳодур, вазири умури хориҷа ва муовинҳои вай Норов Владимир, Солеҳбоев Аскар ва Кароматов Ҳамидулло, котиби шӯрои амният Атоев Мурод, мушовири давлатии раисҷумҳур Султон Хайриддин ва дигарҳо мебошанд. Ғайр аз вазифаҳои баланд ин одамҳо соҳиби захираҳои муҳими молиявӣ низ мебошанд. Масалан, котиби Шӯрои амният Атоев М. электроэнергетика, саноати ангиштро зери назорати худ гирифтааст ва инчунин дар тамоми ҷумҳурӣ соҳиби шабакаи тарабхонаҳои пивофурӯшӣ мебошад, муовини вазири умури хориҷӣ Солеҳбоев А. амалан пурра соҳаи дорусозии Ӯзбекистонро зери назорат дорад, вазири умури дохила Б. Матлубов ҷинояткории муташаккил ва аз тариқи он бахши металлургияро назорат мекунад. Ғайр аз ин Б. Матлубов, вазири умури хориҷа В. Норов ва М. Атоеви дар боло номбаршуда дар корхонаи алюминии Тоҷикистон саҳмия доранд».

Ӯ боз менависад: «Бо ақидаи коршиносон вақтҳои охир мавқеи намояндагони миллати тоҷик дар Ӯзбекистон ба дараҷаи сифатан нав баромадааст. Тоҷик Атоев М.И. фишангҳои пурқуввати идоракуниро ба дасти худ гирифтааст. Ҳамаи масъалаҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ, харид ва фурӯши яроқи аслиҳа, масъалаҳои кадрии сохторҳои қудратӣ ва ҳокимияти иҷроия, ВАО дар ихтиёри ӯ қарор доранд. 

Тибқи баъзе овозаҳо вай мехоҳад, ки Сардори хадомоти махсуси Ӯзбекистон (Хадомоти амнияти миллӣ)-сохтори хеле бонуфузи давлат шавад. Албатта, чунин як вазъият наметавонад тавваҷҷӯҳи ҷониби Душанберо ба худ ҷалб накунад. Чанде пеш писари М. Атоевро барои кор ба намояндагии корхонаи алюминии Тоҷикистон дар Маскав даъват намуданд.

Ба қарибӣ Атоев М. дар маркази тиҷоратии бошукӯҳи «Инхонел» тӯйи арӯсии ҷиянаш Сайёра Атоеваро ташкил кард, ки бо писари яке аз амалдорони баландпояи ширкати ҳавоии «Тоҷик Эйр» хонадор шудааст…Ба қавли шоҳидҳо дар ин тантана ба ифтихори шаҳрҳои Самарқанду Бухоро -«..заминҳои азалии тоҷикон»- нӯшбодҳои зиёде садо додаанд. Худи тӯй пурра тибқи анъанаҳои тоҷикӣ доир гардидааст».

Аз навиштаҳои А. Тарантсев чунин бармеояд, ки имрӯз дар Ӯзбекистон тоҷикҳо ҳукмронанду аз дасташон ҳама кор меояд ва рӯзҳои наздик ҳамаи ҳуқуқҳои халқашонро дар ин сарзамин барқарор мекунанд. Вале хестед, ки хобатон! Ҳамаи он ашхоси роҳбаре, ки А. Тарантсев номбар кардааст, тоҷик набуданду нестанд. 

Дар муқоиса бо онҳо амир Олимхон садҳо бор бештар тоҷик буд. Зеро ба форсӣ шеър мегуфту забони давлатдориаш форсӣ (тоҷикӣ) буд. Фарзандону пайвандонаш имрӯз ҳам ба форсӣ сӯҳбат мекунанд. агар ашхоси номбаршудаи амалдор тоҷик мебуданд, муносибатҳои байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳоли имрӯзааш қарор намедошт ва марзбонҳову кормандони сохторҳои қудратии Ӯзбекистон нисбати мусофирони Тоҷикистон ин қадар таҳқирро раво намедиданд. 

Вале Худоро шукр, ки мардуми оддии аз сиёсат дури тоҷику ӯзбек имрӯз чӣ дар Ӯзбекистону чӣ дар Тоҷикистон ба мисли фарзандони як падару як модар зиндагӣ мекунанд ва муносибатҳои ояндаи ин ду кишвари ҳамҷаворро ҳамин омил муайян хоҳад кард. Зеро роҳбарон меоянду мераванд, вале халқ абадист.

Ҳафтаномаи «Дунё»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi