03:55:48 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
29 30 31      

СИТОИШ АЗ ИСЛОҲОТ ДАР ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон имсол дар раддабандии “Пешбурди тиҷорат” 12 зина болотар рафта, исмаш дар радифи 10 кишвари пешсаф дар арсаи ислоҳот омадааст. Аммо ин гузориш оё то куҷо баёнгари воқеъиятҳоест, ки дар майдони тиҷорати Тоҷикистон мегузаранд?

Таъкиди аслии гузориши имсолаи “Пешбурди тиҷорат” (аз интишороти Бонки ҷаҳонӣ ва Иттиҳодияи байналмилалии молӣ) ба ҳамин нукта аст, ки алорағми бӯҳрони аз поёни ҷанги дуввуми ҷаҳон ба ин сӯ бадтарин 70 дарсади кишварҳои мавриди назар аз роҳи ислоҳот барнагаштаанд, балки баръакс ҳаҷми ислоҳоти иқтисодӣ баъд аз ҳамлаи бӯҳрон то 20 дарсади дигар афзудааст. Имсол низ Сингапуру Зеландияи нав ва Ҳонгконгу Амрико беҳтарин кишварҳо барои пешбурди тиҷорат шинохта шуданд. 

Дар зинаҳои поёнии ин раддабандӣ имсол ҳам селае аз кишварҳои африқоӣ омадаанд. Аммо дар феҳрасти 10 кишвари ислоҳталаб низ дар мақоми аввал як кишвари африқоӣ ва он ҳам Руандаи фақир ва ҷангзадаро мебинем. Дар ин даҳгонаи ислоҳталабон исми ду кишвари Осиёи Марказӣ - Қирғизистону Тоҷикистон низ омадааст. 


КОМЁБИИ ТОҶИКИСТОН?

Тоҷикистон дар раддабандии умумии Бонки ҷаҳонӣ ва Иттиҳодияи байналмилалии молӣ имсол 12 зина болотар рафта, дар байни 183 кишвар дар мақоми 152-ум меояд. 

Светлана Баҳовуддинова, яке аз муаллифони ин гузориш дар Иттиҳодияи байналмилалии молӣ, дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ин пешрафтҳоро, ки ба маҳзи ислоҳоти тайи як соли охир дар 5 риштаи умда – шурӯъ ва хатми тиҷорат, дарёфти хатти муҷаввизи сохтмон, сабти молу мулк, дарёфти қарз ва ҳимояти сармоя – анҷомдодаи Душанбе ба даст омадааст, албатта, метавон як дастоварди муҳим хонд. 

Вай гуфт: “Биёед, вазъиятро дар муқоиса бубинем. Соле пеш Тоҷикистон дар мақоми 164-ум буд, имсол – дар мақоми 152, яъне 12 зина болотар. Ин натиҷаи ба қадри кофӣ назаррас аст. Дар ин як соли охир дар Тоҷикистон 5 ислоҳоти умда анҷом шуд, ки низ ба беҳтар шудани эътибори кишвар мусоидат кард. Яъне як тамойюли хеле мусбате, аз як ҷониб, дар амри беҳтар шудани эътибори Тоҷикистон ва аз ҷониби дигар, дар амри ба сурати умум беҳтар шудани фазои тиҷорат дар он кишвар мушоҳида мешавад. Ин аст, ки Тоҷикистон барои нахустин бор шомили даҳгонаи беҳтарин кишварҳои ислоҳталаби ҷаҳон шуд.”

Хонуми Баҳовуддинова ба хусус аз тасмими Душанбе ҷиҳати таъсиси “Равзанаи ягона” барои сабти номи ширкатҳои ҷадид тавсиф кард ва гуфт, “Равзанаи ягона” имкон дод, ки раванди сабти номи муассисаҳои тиҷорӣ назар ба гузашта хеле содда шуда, фурсати ба маротиб камтарро бигирад. 


ИСЛОҲОТИ НОКОФӢ

Иқтисодшиноси тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров низ мегӯяд, ҳарчанд эҷоди “Равзанаи ягона” мушкили соҳибкоронро хеле осон кард, бояд акнун гомҳое бардошт, ки пешрафтҳои Душанберо дар роҳи пуштибонӣ аз тиҷорат, ба хусус аз тиҷорати хурду миёна тақвият кунад. Ҳоҷимуҳаммад Умаров аз ҷумла ба истилоҳ “террори андоз” ва фишори беш аз ҳадди соъир ниҳодҳои назоратӣ ва адами мурооти мораторийи дусолаи аз ҷониби ҳукумат эълоншуда бар тафтиши фаъолияти тиҷорати хурду миёнаро аз мавонеъи умдае номид, ки майдони тиҷоратро барои соҳибкорон дар Тоҷикистон танг мекунад. 

Монеаи умдаи дигар, ба эътиқоди ӯ, таваҷҷӯҳи беш аз ҳадди давлатдорон ба тиҷорати соҳибкорони, ба истилоҳ, “худӣ” ва гузоштани саддҳои чинӣ барои тоҷирони барои онҳо бегона ва аз майдони тиҷоратҳои бузург решакан кардани чунин бегонаҳост. 

Профессор Умаров меафзояд, ин ҳама мушкилот ва мавонеъ дар Тоҷикистон аз як сарчашма об мехӯрад, ки фасод аст. Гузориши солонаи “Пешбурди тиҷорат” мегӯяд, ки Тоҷикистон бо вуҷуди муваффақиятҳои як соли охираш дар байни 14 кишвари пасошӯравии раддабандишуда ҳамчунон дар мақоми охирин аст. 

Душанбе ҳарчанд дар раддабандии умумӣ 12 зина пештар рафтааст, дар бархе риштаҳо, масалан қимати ҳаққи муҷаввизи сохтмон, ҳанӯз дар зинаҳои поёнии ҷадвали Бонки ҷаҳонӣ ва Иттиҳодияи байналмилалии молӣ боқӣ мемонад. 

Светлана Баҳовуддинова аз Иттиҳодияи байналмилалии молӣ мегӯяд, барои Душанбе муҳим идомаи ҳаракат аз масири ислоҳот аст, ки роҳашро ба сӯи зинаҳои боз ҳам баландтар дар раддабандии онҳо ҳамвор кунад: “Албатта, майдони кор ҳанӯз бузург аст. Дар бисёр риштаҳо Тоҷикистон ҳамчунон дар зинаҳои поён қарор дошта, мӯҳтоҷи ислоҳоти ҷиддист. Ва дар чунин шароит муҳим ин аст, ки бо чизи бадастомада қаноат наварзанд ва ҳаракатро ба сӯи пеш дар солҳои оянда ҳам идома диҳанд.”


ФАСОД - МУШКИЛИ АСОСӢ

Светлана Баҳовуддинова, яке аз муаллифони гузориши солонаи “Пешбурди тиҷорат- 2010” низ фасодро як мушкили умда дар роҳи рушди тиҷорат дар Тоҷикистон эътироф мекунад, вале мегӯяд, таҳқиқоти Бонки ҷаҳониву Иттиҳодияи байналмилалии молӣ аслан ба заминаҳои ҳуқуқии фаъолиятҳои тиҷорӣ ва мониаҳои мавҷудаи қонунӣ барои пешбурди чунин фаъолиятҳо мепардозад, на ба омилҳоее, чун фасоду ришва.

Аммо ба бовари хонум Баҳовуддинова, худи таъсиси “Равзанаи ягона” дар Тоҷикистон нафақат коҳиши теъдоди идороти лозим барои сабти номи ширкатҳоро дар пай дорад, балки соҳибкор ба ҷойи дастикам 10 дасти тамаъе, ки аз идороти мухталиф дар ивази мӯҳру имзо ба сӯяш дароз мешуд, аз ин ба баъд танҳо ба як ё ду мансабдор пора хоҳад дод. Порае, ки то ҳол ба ҳайси як василаи муҳими пешрафт ва барори кор дар майдони тиҷорати Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Мирзои Салимпур, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi