15:59:59 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 27 28
29 30          

ЁДЕ АЗ ПЕШВОЁН ВА РАҲБАРОНИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН

/images/stories/2012/03/22_giromidoshti-ustod-22312.jpg

Дар маҳфили гиромидоште, ки ба муносибати зодрӯзи асосгузори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шодравон Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва ёдбуди яке аз роҳбарони умдаи он худораҳматӣ Муҳаммадшарифи Ҳимматзода дар қароргоҳи марказии ҲНИТ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба ғайр аз аъзо ва алоқамандони ҲНИТ инчунин вакили мардумии Маҷлиси Намояндагони МОТ Сӯҳроб Шарифов, намояндагони аҳзоби сиёсии дар кишвар фаъолияткунанда, бархе аз дипломатҳои сафоратҳонаҳои мамолики хориҷии мустақар дар пойтахт, зиёиёни эҷодкор ва ғайра ширкат варзиданд. Маҳфилро бо қироати оёте чанд аз Қуръони азимушшаън фарзанди устод Нурӣ, қорӣ Ҳусайни Нурӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Сипас Мавлавӣ Абдулҳай, як тан аз собиқадорони ҲНИТ, дар бораи талошҳои устодон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшарифи Ҳимматзода дар замони шӯравӣ барои бедор кардани афкори худшиносиву Худошиносии мардум чанд сухан гуфта асосан аз он ибрози нигаронӣ кард, ки «дар марҳилаи кунунӣ як навъ бархӯрди носолимеро алайҳи наҳзати исломии Тоҷикистон ва умуман уламои дин дар ҷомеъаи имрӯза ба мушоҳида гирифтааст».

Мӯҳтавои суханронии ӯ ҳамин буд, ки «дар тӯли таърих борҳо исбот шудааст, ки дину давлат бе ҳамдигар наметавонанд пеш бираванд, рушду инкишоф бикунанд. Дин ва давлат шабеҳи обу хоканд. Чуноне, ки танҳо тавассути об намешавад чизеро бунёд кард ҳамон гуна танҳо бо хок кореро намешавад ба самар расонд. Ободиву пешрафт дар ваҳдати обу хок аст. Аз ин рӯ ба гуфтаи ӯ онҳое, ки зимоми қудратро дар даст доранд, бояд бо аъзои ҲНИТ низ , ки тибқи Сарқонуни кишвар дар чаҳорчӯбаи қонунҳои ҷорӣ фаъолият мекунанд, чун дигар аҳзоб муносибати хайрхоҳона дошта бошанд».

/images/stories/2012/03/22_rashid-ghani-abdullo-22312.jpgСиёсатшинос Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ суханронии хешро асосан ба мавзӯи «Хизмати Сайид Абдуллоҳи Нурӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол бахшид». Ӯ аз ҳафт хизмати устод Нурӣ барои Тоҷикистон ёдовар шуд ва онҳоро шарҳу эзоҳ дод. Ба гуфтаи ӯ «нахустин хизмати шоистаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ барои Тоҷикистони мустақил зери як ливои сиёсӣ овардани тарафдорони тамоюлоти гуногун ҳам дар худи ҳизб ва ҳам дар ҷунбиши мухолифони вақт буд. Хизмати дуввуми шоистаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ барои Тоҷикистони мустақил гирифтани пеши роҳи истифодабарии ҷониби мухолифин аз тарафи бегонагон буд.

Мо имрӯз ба хубӣ мушоҳида карда метавонем, ки чи тавр бегонагон аз падидае, ки хелеҳо онро бедории ислом меноманд, ба нафъи худ истифода мебаранд. Хизмати саввуми шоистаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба Тоҷикистони мустақил ворид намудани ИНОТ ба гуфтушунид ё худ музокироти сулҳи тоҷикон буд. Дарёфти сулҳ аз дидгоҳи стратегии Саид Абдуллоҳи Нурӣ, азҷумла вазифаи аввалиндараҷаи фаъолияти ҳизбии ӯ буд. Хизмати чоруми шоистаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ барои Тоҷикистони мустақил ба ҳам пайвастани ақидаи наҳзати исломӣ бо ғояи наҳзати миллии Тоҷикистон буд.

Бидуни пайвастани ин ду ғоя дарёфти сулҳ зери шубҳа қарор мегирифт. На ҳамаи тоҷикон ҳаводорон ва пайравони ҳизби наҳзати исломиии Тоҷикистон буданду ҳастанд, вале ҳамаи тоҷикон сарфи назар аз алоқамандии сиёсӣ ва ақидатиашон наҳзати миллӣ ва рушди кишвари хешро мехоҳанд. Хизмати панҷуми шоистаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар назди Тоҷикистони мустақил таъмин намудани устувории рағбати ҷониби мухолифин барои бо муваффақият анҷом ёфтани музокироти сулҳи тоҷикон ва бад ин минвол то ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштӣ дар кишвар расондани музокирот буд.

Хизмати шашум ва басо шоистаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар назди Тоҷикистони мустақил ба ҳайси раиси КОМ таъмин намудану татбиқи амалии бахши аксари Созишномаи сулҳ буд. Дуруст аст, ки на ҳамаи созишҳо амалӣ гаштанд, вале он ҳам дуруст аст, ки ҳатто дар сурати нопурра амалӣ гаштани созишҳои сулҳ якпорчагии Тоҷикистон барқарор шуд ва хатари аз байн рафтани ҷумҳурӣ ҳамчун як кишвари мустақил бартараф карда шуд. Ин чунин маъно дорад, ки Тоҷикистони имрӯза, азҷумла самараи кӯшишу талошҳои Саид Абдуллоҳи Нурӣ низ мебошад. Хизмати ҳафтуми шоистаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ барои Тоҷикистони мустақил ба ҷумҳурӣ, ба ҷомеъаи он ба мерос мондани худи ҲНИТ мебошад»- гуфт сиёсатшиноси мустақили тоҷик Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ.

Саид Иброҳими Назар, мушовири Раиси ҲНИТ, дар суханрони худ бештар сари масъалаи «Мактаби устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ» таваққуф намуд. Ӯ азҷумла иброз дошт, ки «мактаби устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ аз ибтидо то интиҳо мактаби омӯзанда, арзишманд ва соҳиби ибтикор мебошад. Устоди азиз воқеан муҷаддид ва муслиҳи асри 20 ва ибтидои асри 21 буданд. Агарчанде истилоҳҳои мазкурро гоҳе тафсири гуногун мекунанд ва баъзе дӯстони мо хеле кӯшиш ҳам кардаанд ва заҳмат кашидаанд то исбот намоянд, ки ин вожаҳо ба шахсияти устод Нурӣ ва мактаби ӯ мувофиқ нестанд.

Далелаш ҳам ин аст, ки гӯё устод мисли дигар муҷаддидон ва муслиҳон китобҳои зиёде нанавиштаанд ва гӯё беинсофӣ мебуд агар устодро муҷаддид ва ё муслиҳ мегӯем. Аммо ба назари банда ниҳояти беинсофӣ мебуд агар заҳматҳо ва дарку мавқеъшиносии устод ва олим ба замона будани ӯро сарфи назар намоем. Хидматеро, ки устод барои мардуми тоҷик ва минтақа намудаанд, набинем. Чунки устоди марҳум воқеан муҷаддид ва муслиҳе буд, ки дар шароити тор ва зулму истибдоди коммунистӣ чароғи маърифати худшиносӣ ва Хадошиносиро рушан кард ва минбаъд дар ҳама марҳилаҳо пешво ва раҳнамои рӯшандилони минтақа буданд.

Агарчанде қабл аз устод Нурӣ бузургоне чун Мавлавӣ Муҳаммадҷони Қуқандӣ, домулло Абдурашид ва чанде дигарон ба таълим ва тадрис даст зада буданд. Ва устоди марҳум ҳам аз ҷумлаи шогирдон ва тарбиятёфтагони мадрасаи эшон ба ҳисоб мераванд. Аммо фаъолияти онҳо ба таълим ва тадриси илмҳои хосе марбут буд. Бо вуҷуде, ки ин бузургон хидмати шоиста барои ин минтақа, хусусан тоҷикон намудаанд, устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ин таълимотро бо вижагиҳо ва ҳадафҳои навини мувофиқ ба замон ва шароити мавҷуда такмил дод ва ба мактаби хосе табдил дод.

Мактаби устод Нурӣ фақат мадрасае набуд, ки бо таълим ва омӯзиши чанд масоиле маҳдуд бошад, балки дар сояи таълимоти динӣ масоили шахсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии мардумро шомил мебошад. Устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ танҳо муллое набуд, ки мисли аксари муллоҳо ба таълиму тарбияи масоили динӣ машғул бошад, дар ҳоле, ки беҳтарин мулло, беҳтарин донишманди улуми динӣ буд. Устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ танҳо сиёсатмадоре набуд, ки мисли аксари сиёсатмадорон сиёсат барои ӯ ҳадаф ва ё ба мансаб расидан ҳама чиз бошад. Сиёсат барои устоди марҳум танҳо васила буд, на ҳадаф. Ӯ пуштибон ва амаликунандаи сиёсати пок ва ботақво буд».

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, сиёсатмадори маъруфи кишвар, раҳбари ҳайати мухолифин дар гуфтушунидҳои сулҳи тоҷикон дар ин маҳфил суханронӣ намуда аз он ибрози таассуф кард, ки шодравонҳо Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, ки шаҳид ҳастанд, дар вақти дар ҳаёт буданашон ба таври бояду шояд қадрдонӣ нашуданд. Вале агар мо хоҳем, ки арвоҳи онҳо аз мо хурсанд шаванд, роҳашонро дар амал бояд идома дод на дар сухан.

Воқеан ҳам имтиҳонҳои сахт ва сангине дар пеш ҳаст. Барои ҳар наҳзатӣ дигар наҳзатӣ будан ягон авлавияту ягон мақом нест. Наҳзатӣ будан зери таъқиб мондан аст. Наҳзатӣ будан ба фишорҳо таҳаммул кардан аст. Умуман болои ҳар як шахсияти исломӣ чунин имтиҳонҳо, фишорҳо меоянд. Зеро ҳар ояти қуръонӣ ҳаст, ки ҳар инсонро ба қадри имонаш Худо имтиҳонаш мекунад. Бинобар ин содиқ мондан дар ҳамин роҳ ин хурсанд кардани ёди гузаштагон мешавад, Устодонро аз худ хурсанд мекунем. Дар ин марҳилаи ҳассосе, ки кишвар аз сар мегузаронад, дасисаҳои зиёде алайҳи исломи зинда, исломи воқеӣ, исломи сиёсӣ ҳаст, бояд сабр кунем.

Сабр дар ислом маънои таслим шудан нест. Шумо инро фаҳмед. Сабр ба маънои таҳаммул кардан аст. Фишор меоранд, таҳаммул мекунем, иншоаллоҳ пирӯз мешавем. Дар чаҳорчӯбаи қонун, аз қонун баромадан лозим нест. Ҳеҷ вақт, ҳеҷ вақт барои ноормии кишвар набояд нирӯҳои исломӣ гумонбар шаванд. Набояд ба нирӯҳои исломӣ бигӯянд, ки шумо кишварро ноором мекунед. Чуноне, ки соли 1992 ин тӯҳматро ба мо зада буданд. Бояд кӯшиш кунем, ки ҳаргиз ин кор нашавад.

Аммо дар доираи қонунҳои мавҷуда бояд ҳуқуқи худро талаб кунем, зиндагии беҳтарро барои худ талаб кунем, озодиҳои бештарро барои худ талаб кунем, то ки дар масоили дину диёнатдориямон, дар масоили фарҳанги исломиямон, дар масоили таълими фарзандонамон ба фарҳанги исломӣ ва таълимоти исломӣ бояд мо он озодиҳоеро дошта бошем, ки қонуни асосии Тоҷикистон ба мо додаст ва меъёрҳои байналмилалӣ таъйин кардаасту Тоҷикистон онҳоро қабул кардааст. Бояд мо инҳоро талаб кунем. Ва дар доираи ҳамин талабҳоямон агар пеш равем, иншоаллоҳ роҳи устод Нуриву устод Ҳимматзодаро давомдода ҳисоб мешавем ва иншоаллоҳ арвоҳи онҳо аз мо хурсанд мешаванд ва пеш аз ҳама Худоро аз худ хурсанд мекунем».

Ҷалолиддин Маҳмудов, раиси ҲНИТ дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ дар суханронии худ асосан сари масъалаи фишоре, ки ахиран болои хонадони бародарон Тӯраҷонзодаҳо омадааст, ҳарф зад. Ӯ аз ҷумла чунин гуфт: «Чун ин минбар минбари ворисони як тарафи сулҳ ҳаст ва устод Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки яке аз шахсиятҳои бузурги сулҳ ҳастанд, роҳбари музокироти як тарафи сулҳ буданд, мо се –чор рӯз пеш барои даъват кардани эшон ба ин ҷаласа ба хонаи он кас рафтем. Як ҳоле дар атрофи ин бузургмарду дар атрофи қишлоқи ӯ дидем.

Аз ин минбар ман хоҳиш мекунам, ки ба ҳамаи мақомот паёми мо бирасад, ки ин шахсият шахсияти оддие нест, ки ин қадар фалокату ин қадар проблема ба сараш биёранд. Дар атрофи хонаашон аз ҳамаи тараф пост монда шудааст. Ҳар як бегонаро аз мошинаш то худаш бо сад таҳдиду таҳқир тафтиш мекунанд, ки «Куҷо меравӣ? Чӣ кор мерай?». Ин шахсият, касоне, ки намедонанд бидонанд, касоне, ки медонанд барояшон тазаккур шавад, ки роҳбари музокироти як тарафи сулҳ буданд.

Шахси дуввуми сулҳ аз ҷониби нирӯҳои оппозитсион буданд. Шахси якум, раҳбар устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ буд, шахси дуввум, ки роҳбари ҳайати музокиракунандаи мухолифин буд, ҳамин устод буданд. Ва намешавад, ки як тарафи сулҳ қаҳрамони миллат бошад, як тарафи сулҳ ҳамаи ифтихоротро дошта бошад. Иншоаллоҳ, ин паём дар арафаи 27-уми июн, ки рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳаст, ба гӯши ҳама раҳбарон ва дастандаркорон бирасад, ки ин шахсиятро ба ҳамон фарҳанге, ки мегӯем бузургонро баъд аз вафоташон эҳтиром мекунем, дар зиндагиашон ҳам эҳтиром кунанд. Ва иншоаллоҳ миллат ба қадри ин бузургон мерасад. Чи тавре, ки қаблан хоҳарамон гуфтанд, иншоаллоҳ, инҳо қаҳрамонҳои миллати ояндаанд».

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар хатми ҷаласа аз ташриф овардани меҳмонон ибрози ташаккурӣ намуда ҳузури онҳоро дар ин ҷаласаи мӯҳташам хайра мақдам гуфт. Раиси ҲНИТ дар баробари ёд овардан аз хидмати устодон бахши аъзами суханронии худро ба мавзӯи вазъияти имрӯзаи ҲНИТ ва ҷумҳурӣ бахшид.

Ӯ азҷумла аз санаде, ки чанде пеш дар расонаҳои хориҷӣ чоп шуда дар он аз тасмими ҳукумат дар бораи фишор овардан болои ҲНИТ, аъзо ва алоқамандони он сухан мерафт, ёдовар шуд: «Хуб, агар мо аз ҳад зиёд хушбовар бошем, ки ҳеҷ санаде набудааст ва ҳеҷ ҷаласае ҳам баргузор нашудааст…, ҳол он ки аксари коршиносон дигар шакке надоранд дар он, вале воқеиятҳои атрофи ҳизби мо ба мо баъзе чизҳоро мегӯянд…». Дар ин робита Муҳиддин Кабирӣ мисолҳои мушаххас овард:

«Дирӯз ду бародари раштӣ гуфтанд, ки раиси ҷамоат шахсан рафта аъзои ҲНИТ-ро рӯйхат карда истодааст ва талаб карда истодааст, ки аз ҳизб бароянд. Ин дигар дар як ҷомеъаест, ки мо сулҳ кардем ва санадҳо ба имзо расондем, раҳбарият дорем, созишнома дорем, санади ҳамдигарбахшӣ дорем. Наҳзатӣ будан, яъне чӣ, дигар гумонбаршуда ба ягон ҷиноят аст, ки бояд ҳатман назорат аз болои ӯ сахт бошад?.. Рӯзи сешанбе баъди ҷаласа дар Қӯрғонтеппа бо ҳамроҳии бародарону дӯстон зиёрати домулло Муҳаммадии қумсангирӣ рафтем. Вале чӣ зарурат дорад, ки аз қафои мо дар мошинҳои сиёҳшиша мераванд ва то дари хонаи домулло моро назорат мекунанд ва рақамҳои мошини моро навишта мегиранд, фарзандони эшонро мепурсанд, ки чаро инҳо ба хонаи шумо омаданд?».

Муҳиддин Кабирӣ дар суханронии худ инчунин дар бораи яккақутбии сиёсати ҷаҳонӣ сухан ронда онро сабаби тамоми бадбахтиҳое, ки ҳам дар сиёсати геополитикӣ ва ҳам иқтисоди ҷаҳонӣ дар 20 соли ахир дар ҷаҳон ба вуқӯъ пайвастааанд, ҳисобид. «Дар дохили Тоҷикистон ҳам имрӯз дар сиёсат мо яккақутбиро мушоҳида мекунем. Вале мо агарчи зидди яккақутбӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ бошем, аммо дар дохили кишвар талабгори яккақутбӣ дар давлатдорӣ ҳастем. Аммо яккақутбие, ки дар он инсоф бошад, адолат бошад, ҳаққи дигарон помол нашавад, заҳматҳои дигарон нодида гирифта нашаванд»,- афзуд Кабирӣ.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi