18:04:27 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

ТАЪСИРИ ИНТИХОБОТИ РУСИЯ БА РАВОБИТ БО ТОҶИКИСТОН

Иддае аз коршиносон ва раҳбарони аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки пирӯзии Валдимир Путин дар интихоботи феълии раёсати ҷумҳурии Русия ба манфиъати тамоми кишварҳои мустақилли ҳамсуд будааст. Аз сӯйи дигар, бархе аз онон Владимир Путинро “меросхӯри харобкунандагони иттиҳоди Шӯравӣ” номиданд ва гуфтанд, ки дар даврони раҳбарии қаблии вай Русия ва шуракои он кишвар бештар бо ноҳамвориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ мувоҷеҳ буданд.

putinҲамчунин чунин ақида низ вуҷуд дошт, ки Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон собиқаи ҳамкориҳои тӯлоние дар гузашта доштаанд ва аз ин рӯ интихоботи ҷадиди раёсати ҷумҳурии Русия ба равобити Тоҷикистон бо он кишвар таъсироти ҷиддие нахоҳад дошт. Ҳарчанд ба ақидаи бисёре аз ҷавонони тоҷик барои онҳо фарқи бузурге надоштааст, ки кадоме аз номзадҳо дар ин интихобот пирӯз мешуданд.

Ҷавонон мегуфтанд, ки бештар алоқаманди он ҳастанд, ки раҳбари ҷадиди Русия барои ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик имкони кор дар он кишварро фароҳам кунад, то онҳо битавонанд хонаводаҳои худ дар Тоҷикистонро бихӯронанд.

Раҳмон Ӯлмасов, муъовини раиси Донишгоҳи муштараки тоҷикӣ-русии (исловёнии) Тоҷикистон

Нахуст ин ки сиёсати берунии Владимир Путин ба мо ошно аст ва мо медонем, ки вай дар сиёсат бо кишварҳои минтақа ҳамчунин Тоҷикистон чи авлавиятҳоро дорад. Барои мо, тоҷикистониён, омадани Путин ин маъниро дорад, ки ҳамкориҳо бо Русия идома хоҳанд дошт. Шахсан ман умедворам, ки тавофуқи замони раҳбарияти Путин миёни Русия ва Тоҷикистон ба даст омада, яъне тавофуқ барои сармоягузории ду милёрд дулор ба иқтисоди Тоҷикистон ва ба вижа бунёди нерӯгоҳи Роғун, дар давраи севвуми раҳбарияти вай дубора азсар гирифта шавад.

Дар замони Дмитрий Медведев ин тавофуқ ба бутаи фаромӯшӣ супурда шуд ва агар он замон ин тарҳ иҷро мешуд, барои иқтисоди Тоҷикистон ин амр хеле судманд буд. Масъалаи муҳоҷират ва беҳбуди вазъи муҳоҷирони Тоҷик дар Русия бештар ба кишвари худамон рабт дорад ва ба раҳбарияти Русия камтар бастагӣ дорад.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби куммунисти Тоҷикистон

Ман фикр мекунам, ки Владимир Путин меросхӯри раҳбарони Русия аст, ки дар фурӯпошии Шӯравӣ нақш доштанд ва аз ин рӯ ба ақидаи ман аз интихоби вай на барои Русия ва на барои Тоҷикистон ҳеч суде нахоҳад буд.

Владимир Путин дар давоми ҳокимияти худ дар гузашта ба Тоҷикистон ваъдаҳои зиёде дод. Аз ҷумла сармоягузорӣ барои бозсозии корхонаи олюминиюми ТАЛКО ва нерӯгоҳи Роғунро ҳам ваъда дод, ки сармоягузорӣ мекунад. Вале ин як бозии сиёсӣ бо Тоҷикистон буд ва ҳамагон ин бозиро дарк карданд.

Оқои Путин дар он замон ин ваъдаҳояшро иҷро накард ва фикр накунам, ки дар давраи севвуми раҳбарияташ ин корҳоро иҷро кунад. Тоҷикистон набояд танҳо мунтазири ҳамкориҳо бо Русия бошад. Ин кишвар бояд бо кишварҳои дигар, аз ҷумлаи Эрон, Чин, Покистон ва Ҳинд ҳамкориҳои иқтисодиашро рушд диҳад. Шояд Владимр Путин ин бор иқдомоте барои ҳамкорӣ намояд, вале баъид медонам, ки ҳамкориҳои вай бо Тоҷикистон хеле судманд бошанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Аввал ин, ки ҳамагон ба он бовар буданд, ки Владимир Путин дар ин интихобот пирӯз хоҳад шуд, ҳарчанд бархеҳо ҳадс мезаданд, ки давраи дигари интихобот низ дар он кишвар доир мешавад, вале тавре, ки мебинем, оқои Путин ғолиб шуд. Ҳарчанд дар ҷараёни интихобот дар он кишвар ба тақаллуботе роҳ дода шуд.

Агар дар мавриди муносиботи ду кишвари Русия ва Тоҷикистон дар оянда бигӯем, ба назарам таҳавуллоти зиёде дар ин равобит нахоҳад буд, зеро оқоён Путин ва Раҳмон аз муддатҳо қабл ҳамдигарро мешиносанд ва медонанд, ки дар кадом бахш ҳамкорӣ кунанд ва масоили ду ҷонибаро чи тавр ҳалл кунанд.

Ва агар сармоягузории ваъда додаи Русия ба Тоҷикистонро дар назар бигирем, сармоягузорӣ иқтисодиёт аст ва кишваре, ки ба манфиъати худ дар сармоягузорӣ бовар дошта бошад, ҳатман сармоягузор дар иқтисоди кишвари хориҷӣ саромояашро ворид мекунад.

Ба назари ман дар оянда сармоягузории Русия дар иқтисоди Тоҷикистон тамоюли башарӣ ва ё сиёсӣ хоҳад дошт. Ҳарчанд қазияи халабонҳо дар муносиботи миёни Русия ва Тоҷикистон каме сардӣ ворид кард, вале ин сардӣ чандон таъсири манфие ба сиёсати ҳар ду кишварҳо надошт.

Пирӯзии номзадҳои дигар дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия барои Тоҷикистон судманд набуд, зеро Тоҷикистон бо сиёсати ин номзадҳо ошно набуд ва дар барномаҳои онҳо пупулисм (мардумбоварӣ) зиёд буд, ки сабаби аслии бохташон шуд.

Албатта бисёреҳо аз сиёсати сахтгиронаи оқои Путин дар қиболи дифоъ аз манофеъи кишвараш дар хориҷа хушнуд нестанд, вале пирӯзии Владимир Путин натанҳо ба суди Русия, балки ба суди кишварҳои дигари мустақили ҳамсуд аст.

Ҷумъахон Қосимов, устоди донишгоҳ

Русия барои Тоҷикистон, яке аз кишварҳои муҳимм аст, зеро дар он кишвар муҳоҷирони зиёди мо кор мекунанд. Мо ҳам ҷонибдор будем, ки Владимр Путин пирӯз шавад, зеро вай ҷонибдори кишвари мо буд ва дар гузашта дар даврони раҳбарии вай муносиботи мухталиф, аз ҷумла иқтисодӣ ва фарҳангии кишварамон бо Русия хуб буд ва Путин муҳоҷирони моро дастгирӣ мекард. Ман фикр намекунам, ки дар Русия нооромиҳо сар мезананд, чунки умедворам, ки ҷонибдорони Путин, ки теъдодашон бештар аз дигарон аст, аз ин кор ҷилавгирӣ мекунанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi