01:33:27 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҶУНБИШЕ, КИ ОРЗУИ ҲОКИМИЯТРО ДОРАД

Солҳои охир дар фазои иттилоотии минтақаи Осиё Марказӣ ҷанг алайҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли авҷ аст. Душманони миллат тавассути васоити ахбори омма дар мавзӯъҳои гуногун, чун гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муҳоҷирати меҳнатӣ, масоили сарҳадӣ ва ғайраҳо маводҳои зиёдеро ба табъ расонида, бо ин роҳ мехоханд авзои иттилоотиро дар ҷумҳурӣ ноором созанд. Дар баробари ин ҳар гуна ҳаракатҳои номаълуми сиёсӣ, ки аксаран на аъзои муайян доранду на барномаи дуруст, гоҳу бегоҳ бо пахши маводҳои бемантиқ аз мавҷудияти хеш маълум карда меистанд.

junbishi milliҶунбишу ҳаракатҳои бекас. Чанде қабл ҷунбише бо номи «БАС!» дар сомонаҳои маъмулии интернетӣ бо шиорҳои хандаоваре пайдо шуда буд. Ин ҳаракат, ки мавқеи худро ҳамчун меҳанпараст намоиш медод, на аз ватанпарастию на аз сиёсат бӯе ҳам надошт. Дастандаркорони ин ҷунбиши беҳаракату бекас, бинобар сатҳи пасти саводи сиёсии хеш ҳатто номгузорӣ ва самтнокии «БАС!»-ро чунон хом арзёбӣ намуда буданд, ки ба он ҳатто 2% аҳолӣ эътино накард.

Созмондиҳандагони ҳаракати мазкур мехостанд бо даъватҳои худ ҷавонони Тоҷикистонро ба бозиҳои сиёсӣ ҷалб намуда, суботи кишварро халалдор созанд, вале тирашон ба хок хӯрд. Барои воқеият додан созмондиҳандагони ҳаракатҳои ҳангомасоз, ки ба ҷуз орзуи ҳокимият, дигар ба чизе сарфаҳм намераванд, ҳаракати дигареро таҳти унвони Ҷунбиши миллӣ фикр карда баромаданд. Ҳамчунин ҷунбиши бекасу кӯй, бидуни ҷойи муайян, танҳо бо мақсади ба даст овардани ҳокимият.

Агар ба барномарезии ҳаракати мазкур назар афканем, мебинем, ки дар он ба ҷуз сафсатта, чизи дигаре нест. Ҳадафу нақшаҳои беасос, ноҷо, хому бесаводона (дар бораи хатоҳои имлоӣ гуфта намегузарем), аз чеҳраи «фарзандони раҳдур»-и Ватан, ки дар хориҷи кишвар, зиндагии пурдабдабаро ихтиёр карда, аз дур лофи ватандорию ватандӯстӣ мезананд, гувоҳӣ медиҳанд. Инсоне, ки дар лаҳзаҳои душвор ватанро тарк намуда, баҳри ободии он заррае ҳиссагузор нест, чӣ тавр аз фосилаҳои зиёд лофи ватандорӣ мезанад? Чунин инсонро на ватандӯст, балки ватанфурӯш номидан лозим аст.

Созмондиҳандагони чунин ҷунбишҳои бемантиқ нафароне мебошанд, ки нанги ҷанги бародаркушро аллакай аз ёдҳо фаромӯш сохтаанд. Маҳз чунин буздилони гурезпо замоне фирефтаи душманони миллат гардида, мардумро «аз хоби гарон» хезонда буданд, маҳз чунин истихдомшудагони хадамотҳои махсуси кишварҳои хориҷӣ замоне нақшаи куштани бародарони хешро мекашиданд, маҳз чунин инсонҳо фарзандони барӯманди миллатамонро аз байн бурда буданд. Имрӯз бӯйи хунро аз машоми худ дур дида, боз пайи бозиҳои сиёсӣ гардидаанд.

Барномаҳои хаёлӣ. Ҷунбиши мазкур оид ба сохтори ҳақиқатан демокративу дунявӣ ва иқтисоди озоду одил дар Тоҷикистон сухан ронда, бидуни равшанӣ андохтан ба самти мазкур, ваъдаҳои хушку холӣ медиҳад. Заифии худро нишон дода, барои дастгирӣ аз чунин барномаи хоми худ, ҳизбу ҳаракатҳои дигарро низ даъват менамояд.

Шояд созмондиҳандагони ҶМТ дар мамлакатҳои хориҷӣ гашта, худро нобиға ва мардуми дар ватанмондаро гӯлу нодон меҳисобанд. Барои собит сохтани ин ақида, ба яке аз ҷузъҳои барномаи ин ҷунбиш назар меафканед: «Маоши ҳадди аққал ва нафақаи бознишастагон соли 2014 баробар ба 300 доллар мешавад ва муаллимон, духтурон ва кормандони пулис баробар бо вакилони Маҷлиси Олӣ моҳонаи 500 доллар мегиранд.

Бо баланд бурдани маоши корӣ қонунҳои зиддифасодӣ дар кишвар шадидтар карда мешаванд, ҷаримаҳои молӣ бештар мегарданд, иҷрои онҳо нисбати ҳар нафари ришва гирифта ё дода татбиқ мешавад ва даромад аз ҳисоби онҳо ба буҷаи ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Яъне, маоши соли 2014 аз соли 2012 ҳудуди 10 мароба бештар мешавад».

«Нияти нек ними давлат» гуфтаанд, лекин харҷи ин барномаи ваъдагӣ аз кисаи кӣ бошад? Аз кадом буҷа ва чӣ маблағе ин ҷунбиш маошро то ин дараҷа баланд мебардошта бошад? Дар шароити имрӯзаи иқтисодии минтақа чунин «чарбухоббиниҳо»-ро ақли солим таъбир карда наметавонад.

Агар хоҷагони хориҷиашон ваъда дода бошанд, аҷаб не, дар сурати ғайр, ҶМТ маҷбур аст ба қочоқ машғул шавад, то барномаи мазкурро роҳандозӣ созад. Дар бораи дигар «чормағзҳои пуч», ки мехоҳанд ба домани ҳамватанонамон андозанд, ҳоҷати гап ҳам нест.

Шиори «Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор»-ро интихоб намуда, ташкилкунандагони ҷунбиши мазкур бехабаранд, ки ба онҳо бештар мисраи якуми ин байт рост меояд, на мисраи дуюм: «Пароканда лашкар наояд ба кор!». Бале, ин ҷунбиши парокандаи ҳангомаҷӯ дар ягон ҳолат на ба дарди миллат мехӯраду на ба дарди Ватан!

Торномаву рӯзномаҳои фирефташуда. Вазифаи асосии ҳар намуди васоити ахбори омма – ин инъикоси саривақтии иттилоот мебошад. Он расонаи хабарие, ки иттилооти саҳеҳ дорад, дар байни дигар матбуоти даврӣ соҳиби нуфузи махсус буда, дорои хонандагони ҳамешагии худ ҳастанд ва сафи онҳо рӯз ба рӯз меафзояд.

Дар чопи маводи марбут ба ҳаракатҳову ҷунбишҳои навтаъсис, ки характери ҳангоматалабӣ доранд, низ ҳар расона дорои мавқеи худ мебошад. Вақте ман нашри чунин ахборро дар сомонаҳои <Asia Plus>, <katalog.tj>, <toptj.com> дидам, чандон ҳайрон нашудам, зеро дар ин торномаҳо хабарҳои гуногунро мутолиа кардаам.

Вале нисбат ба рӯзномаи «Нигоҳ» мавқеи банда хоса буд ва ҳаст. Ин рӯзномаро чун инъикосгари танҳо масоили сиёсию-иҷтимоӣ ва фарҳангию таърихӣ мешиносам. Нашри чунин сафсатта обрӯю эътибори рӯзномаи «Нигоҳ»-ро бениҳоят коста мегардонад, гарчанде мавқеи С. Дӯстов нисбат ба ҶМТ чунин будааст: «Ҳоло ба ҷуз аз “Ватандор” гуфта намешавад, ки дар пушти онҳо кӣ меистад.

Ҳоло мо намедонем, ки чӣ қадар нерӯ дар атрофи ин ҳаракатҳои сиёсӣ ҷамъ мешаванд. Вале нуктаи муҳим он аст, ки дар Тоҷикистон замина барои фаъолиятҳои сиёсӣ ва чунин хостаҳои онҳо вуҷуд дорад, ки ин норизогии шадиди мардум аз ҳукумат ва роҳбарияти феълии мамлакат аст.” Модоме ки мавзӯъ норавшан аст, оё месазад, ки дар рӯзномаи бонуфузи «Нигоҳ» чунин бофтаҳоро ҷой дод?

Хулоса. Ба таваҷҷӯҳи фирефташудагони бофтаҳои ҷунбиши нав расониданиам, ки гарчанде мутмаинам, баъди се моҳ низ хабари тозае оид ба ин ҳаракат нахоҳем шунид, вале дар ҳар сурат мунтазир бошанд. Ба гумонам, мисли ҳаракати «Ватандор» ин ҷунбиш низ бекасу кӯй аст, ё агар бошад ҳам шояд ҳамон нафарест, ки ба худ тахаллуси Ватандори Беватанро гирифтааст. Хуб мебуд агар онҳо ба ҷои аз дур беҳуда гуфтанҳо, дар ободии кишвар саҳми худро мегузоштанд.

Толиби Сафар



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi