19:50:45 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ЭЪТИРОЗИ ВАЗОРАТИ ХОРИҶАИ ТОҶИКИСТОН БА СУХАНОНИ ЖИРИНОВСКИЙ

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар вокуниш ба суханрониҳои Владимир Жириновский дар мавриди ҳаводиси ҷанги дохилӣ дар ин кишвар ёддоште интишор додааст. Дар ин ёддошт Вазорати хориҷаи Тоҷикистон изҳороти раҳбари ҳизби либерол-демукроти Русияро дар бораи Тоҷикистон "беасос" ва "хусуматомез" хондааст.

Давлат НазриВладимир Жириновский, раҳбари ҳизби либерол-демукроти Русия ва номзад ба раёсати ҷумҳурии ин кишвар, ки бо мавзеъгириҳои миллигароёнааш шӯҳрат дорад, дар барномаи телевизиюнии мавсум ба "Душанбеи ростгӯйӣ" (Честный понедельник) дар телевизиюни НТВ-и Русия гуфт, ки "русҳо дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатли ом шуданд".

Дар санади Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мехонем: "Публисисти (рӯзноманигори) рус Егор Холмогоров ва раҳбари ҳизби либерол-демукроти Русия Владимир Жириновский бо изҳороти беасос дар бораи гӯё ҳолатҳои мавҷудаи қатли оми аҳолии руси Тоҷикистон дар оғози солҳои 90-ум баромад карданд. Онҳо инчунин ба хотири қатъ намудани ҷалби қувваи кории беруна ба Русия, хусусан аз Тоҷикистон, сухан карданд."

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон исрор мекунад, ки барои бори нахуст нест, ки сиёсатмадорони рус дар мавриди Тоҷикистон чунин "изҳороти беасос" паҳн мекунанд. Дар ин санад мехонем: "Бояд ёдовар шуд, ки дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мухолифат байни гурӯҳҳои тоҷик сурат мегирифт ва “қатли оми аҳолии рус” ҳеҷ гоҳ вуҷуд надошт."

Давлат Назрӣ, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи 2 феврал дар нишасте матбуъотӣ гуфт: "Шояд баъзе ҷиноятҳо содир мешуданд (рух медод), аммо дар ин ҷанг бештар тоҷикон ранҷ кашиданд, то ягон миллати дигар."

Вазорати хориҷа дар баёнияи худ меафзояд: "Дар ин робита, мо аз чунин изҳороти беисботи ин ходимони Федератсияи Русия дар таъаҷҷуб буда, доир ба адами вокуниши муносиб ва раддияи расмӣ аз ҷониби ҳукумати Русия перомуни изҳороти хусуматомез нисбат ба миллати тоҷик, нашр ва пахши он дар расонаҳо ибрози таассуф мекунем."

Масъулони вазорат ҳамчунин ибрози умедворӣ кардаанд, ки расонаҳои русӣ аз нашри чунин "изҳороти беасос" ва аз барангехтани ихтилофоти қавмию миллӣ дар оянда худдорӣ кунанд. Оқои Назрӣ мегӯяд, ки сокинони Русия озод ҳастанд, ки дар мавриди ин ё он кишвар назари инфиродии худро баён кунанд, аммо изҳороти сиёсатмадорони матраҳ дар бораи як кишвари дигар, бахусус муттаҳам кардани як кишвар ба "қатли ом" бояд хеле санҷида бошад.

Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки назароти сиёсатмадорони рус дар бораи муҳоҷират яке аз мавзӯъоти ҳассос барои шаҳрвандони Русия буда ва номзадҳо ба симати раёсати ҷумҳурӣ талош доранд бо истифода аз ҳассосияти ин мавзӯъ барои худ орои сокинони бештареро ҷалб кунанд.

Аммо чунин назароте дар бораи Тоҷикистон ва муҳоҷирони тоҷик қабл аз оғози рақобатҳои интихоботӣ дар Русия низ садо медоданд. Оқои Жириновский дар гузашта низ алайҳи муҳоҷирони тоҷик суханоне дар малои умумӣ иброз дошта ва хашми ҷомеъаи Тоҷикистонро барангехтааст.

Бисёриҳо дар Тоҷикистон ӯро "душмани миллати тоҷик", "нажодпараст" ва "савдоӣ" мехонанд, ки ҳарфҳояшро "бояд нодида гирифт." Бархе ҳам ӯро ба таҳрики гурӯҳҳои нажодпараст, аз ҷумла тоссарон, алайҳи муҳоҷирони тоҷик муттаҳам мекунанд.

Ба ин тартиб, пешниҳодҳое барои роҳандозии низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Русия бо баҳонаҳое мухталиф, монанди "афзоиши қочоқи маводди мухаддир аз Тоҷикистон ба Русия", ё "интиқоли бемориҳои мусрӣ аз тавассути муҳоҷирони тоҷик" гаҳ-гоҳе дар расонаҳои Русия матраҳ шудаанд ва коршиносон ин амрро аз анвоъи фишори Маскав бар Душанбе унвон мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои содиркунандаи нерӯи корӣ ба Русия буда, ҳудуди як милюн сокини мустаъид ба кори ин кишвар дар Русия кор ва зиндагӣ мекунанд. Пуле ки ин муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон ҳамасола ирсол мекунанд, манбаъи асосии даромад барои бахши умдае аз хонаводаҳо маҳсуб мешавад.

Бино ба иттилоъи Бонки Ҷаҳонӣ, дар соли 2011 муҳоҷирони тоҷик ба Тоҷикистон ҳудуди 2.7 милёрд дулор ирсол кардаанд. Аммо коршиносон ҳадс мезананд, ки бо шумули он маблағе, ки тавассути бонк мунтақил нашуда, балки муҳоҷирон ҳамроҳи худ овардаанд, ин маблағ эҳтимолан ба чаҳор милёрд дулор расидааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi