16:00:41 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29        

АМНИЯТ – НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ, БА ҚАДРАШ БИРАСЕМ

Мафҳуми амният дар адабиёти расмӣ – ҳолати муҳофизати ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа ва давлат аз таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ, маънидод шудааст. Амниятро ҳамчунин суботу оромӣ ва осудагии зиндагӣ арзёбӣ мекунанд.

вахдати миллиВақте мӯътақид бошӣ, ки амният таъмин аст, шабҳо бо аҳли оила осуда сар ба болин мегузорӣ, пагоҳӣ бо дили пур ба кор меравӣ, ба кӯча мебароӣ, ниҳоят ба меҳмонию шабнишинӣ меравӣ. Агар амнияту сулҳу субот пойдор бошад, ҳатто дар кӯчаҳои шаҳр чеҳраҳои мардумро нишот фаро мегирад. Ҳолати нобоварӣ ва хавфи мабодо рӯҳияи ононро тарк мекунад.

Ҷойивазкунии фаслҳои солро бараъло ҳис мекунӣ ва ниҳоят, баҳорро мунтазир мешавӣ. Агар амният таъмин набошад, ҷойи ҳамаи эҳсосоти дар боло зикргардидаро танҳо тарсу ваҳм ва яъсу навмедӣ фаро мегирад. Инсон орзу карданро фаромӯш месозад ва танҳо фикри ҳамин лаҳзаву ҳамин соатро мекунаду халос.

Тағйироти динамикии вазъияти сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар ва мавқеи байналмиллалии он ба вазъи ҳаёти рӯзмарраи қишри асосии аҳолӣ таъсири амиқи худро мегузорад. Бо иваз шудани вазъи маъмулии ҳаёти инсон тасаввурот оид ба амният, бехатарӣ ва субот ҳамчун ҳиссиёти марбут ба ҳолатҳои марҳилаҳои гуногуни инсон вобаста мегардад.

Бештари таҳлилгарон тафсири бехатариро ҳамчун ҳолати шуури ҷамъиятӣ донистаанд, зеро он барои қаноатманд гардонидани талаботҳои табиӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон имкониятҳои воқеӣ фароҳам оварда, барои эътимод ба фардо ҳамчун асос хоҳад буд.

Амнияти ҳар як давлати мустақил, ҳатто кишвари мутараққӣ наметавонад аз таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ орӣ бошад. Ҳатман қувваҳои иртиҷоӣ, зуҳуроти номатлубе ба миён меоянд, ки боиси латма ворид овардан ба амнияти ҳар кишваре мегарданд. Агарчанде барои фазои ором, барои пешгирӣ аз ҳама гуна падидаҳои ҷангзо, сохторҳои қудратӣ масъул бошанд ҳам, вале ҳар як фарди ҷомеа, бахусус ҷавонон бояд ба хотири оромии кишвараш ҳушёрии сиёсиро аз даст надода,  мубориза барад.

Мутаассифона, имрӯз ҷавононе ёфт мешаванд, ки  ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ҳамроҳ шуда, зери таъсири ақоиди  «Ҳизб-ут-таҳрир», салафия, таблиғ, «Байат», «Ансоруллоҳ» ва ғайраҳо қарор мегиранд, дар натиҷа чандин нафарони дигарро низ аз ҷумлаи ҷавонон ба гумроҳӣ мебаранд. Баъзеи аз онҳо баъди ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ аъзо шудан, ба хориҷи кишвар рафта, дар ҷангҳо иштирок карда, шаҳид ҳам мешаванд.

Ҳол он ки аксарияти чунин ҷавонон моҳҳову солҳо аз хизмати Модар-Ватан саркашӣ карда,  чунин роҳҳои фоҷиаборро интихоб мекунанд. Муҳофизати Ватан – қарзи шаҳрвандӣ ва манфиатҳои ҳаётии ҳар як сокини ҷумҳурӣ мебошад. Дар замони осоишта саркашӣ аз хизмат камолӣ бемаърифатӣ ва бемасъулиятии ҷавонон мебошад. Маҳз пешгирӣ кардан аз чунин падидаҳои иртиҷоӣ, ки амнияти кишварро халалдор месозанд, вазифаи ҷонии ҳар як фарди ҷамъият мебошад.

Ҳузури қувваҳои иртиҷоӣ тӯли солиёни дароз кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя Давлати исломии Афғонистонро аз вартаи ҷанг раҳо шудан намегузорад. Ҳар рӯз дар натиҷаи сӯиқасдҳову террор дар баробари абармардони сиёсӣ, чандин нафарони бегуноҳ низ аз аҳолии осоиштаи ин кишвар ҷон месупоранд. Мардуми Афғонистон амнияту осоиштагӣ ва сулҳу суботро орзу мекунанд. Барои онҳо амният яке аз неъматҳои бебаҳо ва бемисли дунявӣ арзёбӣ мегардад.

Дар бораи вазъи дохилии кишвари Афғонистон сухан ронда, наметавон андешаҳои пайғамбаронаи устоди зиндаёд Бурҳониддин Раббониро дар ин бора фаромӯш сохт, ки дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфта буд:

«…барои ҳама дар Тоҷикистон имрӯз ҳифзи амният зарур аст. Ман аз тамоми мардуми Тоҷикистон хоҳиш дорам, ки амниятро ҳамчун як ваҷибаи динӣ ва вазифаи шаръии худ ҳифз кунанд. Замон замони сода нест, ман аз тариқҳои гуногун иттилоъ мегирам, ки бисёр нируҳо дар хориҷ оромӣ, истиқрор ва суботи Тоҷикистонро намехоҳанд. Плонҳо доранд, ки ин кишвар ноором бошад, зеро роҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як фарди истиқлолталаб аст, фикри тобеъият надорад...».

Дар ҳақиқат, устод Раббонӣ, ки оромии Афғонистон орзуи ҳамешагии ӯ буд, набзи замонаро дуруст дарк намуда, ҳамчун сиёсатмадори варзида барои суботи минтақа чунин таҳлилу хулосаи оқилонаро бароварда буд.

Барқарории амният барои мардум зарур аст, зеро ҳифзи ҷон, номусу ақл бо туфайли амният амалӣ хоҳад шуд. Зери мафҳуми амният ояндаи дурахшон, идомаи неки зиндагӣ, орзуву омолҳои башарият, саодатмандию нишот нуҳуфта аст. Шоири ширинкалом Лоиқ Шералӣ беҳуда вожаи «амният»-ро чунин баҳогузорӣ накардааст:

Гӯш кун, дилдодаи муштоқ, ин савту суруд,

Баҳри амният садои хеш боло мекунад.

Ҷойи тиру теғ баҳри ҳифзи сулҳи ҷовидон,

Шеъри ҳассос, савту нӯшин сайри дунё мекунад.

Модоме ки амният неъмати бебаҳост, пас бояд ҳар яки мо дар пойдории он ҳиссаи худро гузошта, аз вуҷуди он дар кишвари осоиштаамон сипосгузор бошем.

Зиёвуддини Авлиёпур



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi