03:43:57 03-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

ЗАРИФ АЛИЗОДА: ПРЕЗИДЕНТ БА КОРИ МАН ДАХОЛАТ НАМЕКУНАД

Дар ҳоле, ки базудӣ аз оғози фаъъотияти омбудсмани Тоҷикистон се сол сипарӣ мешавад, Зариф Ализода ваколатдори ҳуқуқи башар дар ин кишвар мусоҳибаи ихтисосие бо Шамсияи Қосим анҷом дод. Дар ин мусоҳиба оқои Ализода ба саволҳои марбут ба шиканҷа, хушунати хонаводагӣ, истифода аз нерӯи кори кудакон ва истиқлоли Омбудсмани Тоҷикистон посух дод.

-Дақиқан сатҳи шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва муассисаҳои бастаи Тоҷикистон то куҷо болост?

Зариф Ализода-Мо соли гузашта як истротежии панҷсоларо муаян кардем, яке аз авлавиятҳо пешгирии шиканҷа аст. Тоҷикистон кунвенсиюн алайҳи шиканҷаро дар соли 1994 қабул кардааст. Соли 2011 соли дуюми фаъолияти мо буд. Яке аз корҳои мо дидани зиндонҳои Суғд ва Душанбе ва боздоштгоҳи вазорати адлия буд. Мехостем шарту шароити зиндагонии ин афродро бинем.

Дар соли гузашта ба мо панҷ ариза дар бораи шиканҷа ворид шуд. Инҳо афроде буданд, ки гӯё дар вақти боздошт шиканҷа шудаанд ва ҳоло маҳбус ҳастанд. аз бас вақти зиёде гузаштааст, ҳоло дигар собит кардани ин мушкил аст. Аммо дар додситонӣ 26 шикоят дар бораи шиканҷа ворид шуда буд ва дар робита ба шиканҷа панҷ маврид парванда боз шуд ва одамон ҷазо диданд.

Ҳоло шиканҷа дар сатҳи давлат матраҳ мешавад. Гурӯҳи корӣ таъсис шудааст, ки барои мубориза бо шиканҷа дар миёни кормандони интизомӣ давраҳо, вохӯриҳо баргузор кунад ва қонунгузорӣ ва конвенсиюни мубориза бо шиканҷаро ба онҳо фаҳмонад. Аз сӯйи дигар ҳоло мувофиқи ин кунвенсиюн қонуне таҳия мешавад, ки тибқи он ба кодекси ҷиноятӣ модаи махсус дар бораи шиканҷа бояд ворид шавад.

-Ин қонун кай қабул мешавад?

-Аз тарафи ҳукумат ба порлумон пешниҳод шудааст ва бояд дар моҳҳои оянда қабул шавад. Ин қонун қабл аз он, ки барои мубориза бо шиканҷа равона шавад, мафҳуми шиканҷаро муъаян месозад. Барои ҳар гуна намуди шиканҷа ҷазои мухталиф пешбинӣ мекунад. Ба чӣ бояд шиканҷа гуфт ва кадом ҳолат шиканҷа маҳсуб намешавад. Ин амр омор дар бораи шиканҷаро барои мо фароҳам хоҳад кард.

Аммо дар ҳоли ҳозир мо бо додситонии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби шартномае дар заминаи мубориза бо шиканҷа ҳамкорӣ мекунем. Назорат мебарем ва метавонем дар якҷоягӣ ҳодисаҳоро таҳқиқ кунем.

-То ҷое мо хабар дорем мушкили аслии давлати Тоҷикистон дар заминаи созишнома бо Салиби Сурх ин аст, ки кормандони Салиби Сурх мехоҳанд, зиндониёнро як ба як ва бидуни огоҳии пешаки бинанд, дуруст? Оё мақомоти мо аз ин бим доранд? Чун агар Салиби Сурх аз пеш гуяд, ки ман фалон рӯз фалон зиндонро мебинам, табиъист, ки маъмурони зиндон омодагӣ мебинанд ва шиканҷаро аслан намешавад ифшо кард?

-Мушкил ин нест, ки онҳо ворид шаванд, ё нашаванд, мақсад ин аст, ки вақте онҳо ворид мешаванд, амнияташон таъмин бошад. Зеро унҷо афроде ҳастанд, ки ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин анҷом додаанд ва ҷазо адо мекунанд. Ҳастанд одамоне, ки ҳукми абад доранд. Бо ин вуҷуд лоиҳаи созишнома таҳия шудааст ва мо дар таҳияи он ширкат кардем. Фикр мекунам, бояд роҳҳои имзои ин созишнома пайдо шавад ва имзо мешавад.

-Мо гузоришҳое дар бораи таҳқиқи мавориди шиканҷа ва марг дар зиндонҳо доштем ва вакилони мудофеъ мегӯянд, ки таҳқиқи ҷиноёт, ки дар муассисаҳои баста сурат гирифтаанд, мушкил, балки номумкин аст. Салоҳияти Шумо иҷоза медиҳад, ки дар ин роҳ миёнҷӣ бошед ва корро осон кунед?

-Дар ин замина мушкилиҳо албата ҳастанд. Вакилони мудофеъ соли гузашта ба мо чор бор муроҷеъат карданд, гуфтанд, ки наметавонанд бо мувакилонашон дидор кунанд. Мо фавран ёрии худро расондем ва онҳо во хӯрданд. Чунин ҳодисаҳо мешаванд, ки ба вакили мудофеъ монеъ мешаванд, то даромада муваккили худро бинад, аммо набояд ин тавр бошад, ҳар гоҳ, ки мо дахолат кардем, масъала ҳали худро ёфтааст.

Дар ҳоли ҳозир мо бояд салоҳият ва сатҳи адвакатураро боло бардорем. Вакилони мудофеъ пароканда ҳастанд - чанд ширкати адвокатӣ фаъъол ҳаст, ки кор мекунанд ва базе вакилони мудофеъ аз ҳеҷ ширкате нестанд, мустақилона кор мекунанд. Яъне онҳо муттаҳид нестанд. Вале дар инҷо низом лозим аст. Бояд онҳо иттифоқ бошанд, сатҳи тахассуси онҳо низ бояд боло бардошта шавад. Агар мо мехоҳем, ки адолат бошад, мо бояд сатҳи ҳимояро боло бардорем.

-Шиканҷа масъалаи муҳим аст, аммо мушкилоти умдатар дар Тоҷикистон ин хушунат алайҳи занон аст, чунки нисфи ҷамъитяти кишвар занон ва духтарон ҳастанд. Вале мо то ҳоло қонуни мубориза бо хушунати хонаводагиро тасвиб накардем. Чаро?

-Солҳои дароз аст, ки ин тарҳи қонун мавриди муҳокимаи шаҳрвандӣ қарор дошт ва ҳоло дар дасти порлумон аст. Фикр мекунам, дар моҳҳои наздик қабул мешавад. Шумо дуруст мегӯед, ки занону кудакон, қишри осебпазири ҷомеъа ҳастанд ва мавриди хушунат қарор мегиранд. Барои ҳамин мо бо кумаки ЮНИСЕФ дар дохили ниҳоди худ як бахши чадид боз хоҳем кард, ки мустақиман дар самти ҳуқуқи занону кудакон фаъъолият бибаранд.

Мо тарҳи қонун дар бораи мубориза бо хушунати хонаводагиро аз аввал тарафдорӣ мекардем. Вале баъзе масъалаҳои молӣ ҳастанд инҷо – яъне ташкили паноҳгоҳҳои реабилитатсионӣ. Аммо ҳукумат ин тарҳро қабул кардагӣ аст ва мо дар моҳҳои наздик ба як натиҷае мерасем. Аз сӯйи дигар дар чанд шӯъбаи вазорати корҳои дохили гурӯҳҳои пилотии назоратӣ дар заминаи хушунати хонаводагӣ ташкил шудаанд ва фаъъолият доранд.

Дар маҳаллаҳо ҳоло мо қабулгоҳи ҷамъиятӣ таъсис додем, яке аз самти фаъъолияташон таблиғи ин аст, ки духтарон барои таҳсил ва занон барои кор ҷалб шаванд. Ин барои боло бурдани маърифатнокӣ муҳим аст. Албатта ин кам ҳаст, бояд бештар кор барем.

-Дар кишварҳои ғарбӣ хушунати хонаводагӣ кам мушоҳида мешавад, аммо қонунҳои онҳо барои мубориза бо хушунати хонаводагӣ хеле сахтгиратр ҳастанд то дар мо. Масалан шавҳари хушунатгарро зиндон мефиристанд ва зану фарзанди ӯ таҳти ҳимояти молии давлат қарор мегирад. Аммо кай Қонуни мо низ аз занҳои тоҷик ҳамин тавр ҳимоят мекунад?

-Албата то ҳадде, ки иқтисоди мо имкон медиҳад, давлат ҳимоят мекунад. Мо наметавонем таваққуъ дошта бошем, ки давлат якбора ҳамаро бо хона таъмин кунад. Ин кори яксола ва нимсола нест, якбора намешавад хушунатро аз байн бурд.

Бояд гуфт, ки нисбат ба мардҳо ҳам хушунат мешавад. Албата мо бояд сатҳи болои маърифатнокиро ба вуҷуд биёрем. Вақте падар ба модар хушунат раво мебинад, ин ба кудакон зарари равонӣ мерасонад. Мо бояд дар ин самт кор кунем.

Тарафи молии масъала хеле муҳим аст. Имрӯз дар хона интернатҳо давлат барои ҳар кудак дар як моҳ 900 сомон масраф мекунад. Ин ғамхории давлат аст. Зина ба зина ба занони хушунатдида ҳам дасти давлат мерасад. Зина ба зина мешавад.

-Агар зани тоҷик дар сурати хушунат аз сӯйи шавҳараш ба додгоҳ шикоят барад, шавҳарашро ба зиндон мефиристанд ва ин зан бо кудакаш бенон мемонад, барои ҳамин зан ҳеҷ вақт алайҳи шавҳараш шикоят намебарад ва хушунатро таҳаммул мекунад. Қонуне, ки бояд тасвиб шавад ин чизҳоро дар назар гирифтааст?

-Аз нигоҳи минталитети худи мо вақте як зан аз шавҳараш ба пулис шикоят мекунад, ин чиз хуб қабул намешавад. Ҳамин гуна тарбия меёбем мо. Ҳатто фарзандон ҳам намехоҳанд, модар алайҳи падар шикоят кунад. Ин чизҳое ҳаст, ки мо бояд бо он мубориза барем. Ин чизҳоро бояд дур кунем. Барои ҳамин ман мегӯям, ки маърифати ҷамъиятро бардоштан лозим аст.

Ҳар шахс бояд худро озод эҳсос кунад ва баробарҳуқуқ бошад. Дар масъалаи лоиҳаи қонуни мубориза бо хушунати хонаводагӣ, ман дар ҷараён ҳастам ва талош мекунам, ки ҳама пешниҳодҳои хуби ҷомеъаи маданӣ дар ин қонун қабул шаванд.

-Дар кишвар омори худкушӣ зиёд аст ва бахше аз ин худкушиҳо ба мавзӯъи хушунати хонаводагӣ рабт мегиранд, вале ончи ки зан ё духтарро ба ин ҳолати руҳӣ расона, таҳқиқ намешавад. Шумо ҳамчун ваколатдори ҳуқуқи инсон дар ин замина чи барнома доред? Яъне барои таҳқиқ шудани ҳодисаҳои худкушӣ ва ҷазо додани афроде, ки одамро ба ин ҳолат мерасонанд чи барнома доред?

-Ин мавзӯъ бештар иҷтимоъӣ аст. Муҳим аст ва ташвишовар аст. Албатта дар муқоиса бо соли 2010 дар соли 2011 худкушӣ камтар шуда, вале ин ҳам ташвишовар аст. Дар ин замина ҷомеъа бештар бояд кор кунад. Дар маҳаллаҳо бояд дар ин замина кор баранд, огоҳ кунанд. Масалан дар дини ислом мумкин нест худкушӣ. Мо тасмим гирифтем, ки дар ин замина дар соли ҷорӣ санҷишҳои худро гузаронем. Аз намояндагиҳои худ дар минтақаҳо истифода барем, ки бубинанд чӣ ҳаст пушти ин ҳодисаҳо.

-Истифода аз кори кӯдакон дар саҳроҳо алайҳи кунвенсиюни байналмилалии ҳуқуқи кудакон аст, аммо дар Тоҷикистон дида мешавад. Агар дар назар бигирем, ки Тоҷикистон як кишвари кишоварзӣ аст, миқёси ин мушкилро метавонем тасаввур кунем. Ваколатдори ҳуқуқи башар дар ин бора чӣ иттилоъ дорад?

-Ҳамин тавр, ки дар боло қайд кардам мо бо ЮНИСЕФ мехоҳем як бахши ҷудогона дар умури занон ва кудакон таъсис диҳем. Мавзӯъи истифода аз нерӯи кудак дар мазореъи кишварзӣ вуҷуд дошт, мо инро манъ кардем, президент дар ин бора санади махсус ба имзо расонид.

-Бале аммо аз кӯдакон мепурсем, ки чаро ба саҳро омдааанд, мегӯянд ки маҷбурӣ нест, онҳо ба модаронашон кумак мекунанд, аммо ҳатто дар ин сурат ҳуқуқи онҳо магар нақз намешавад? Онҳо бояд вақти худро барои таҳсил ва рушди худ сарф кунанд, на зери офтоб дар майдони панба, ки пур аз маводди шимиёӣ аст, кор кунанд.

-Иҷроиши баъзе дастурҳо ва қонунҳо мушкил аст. Аммо бояд худи падарону модарон инро дарк кунанд. Кудакон метавонанд ба модарашон кумак кунанд, вале барои корҳои вазнин, зери 40 дарҷа гармӣ ба кор маҷбур кардани кудак нодуруст аст.

-Оқои Ализода, Наврӯз дар роҳ аст ва мо шунидем, ки мисли соли гузашта қарор аст, 10 000 мактабхон барои иҷрои барномаи консертӣ дар майдони варзишӣ ҷалб шавад. Соли гузашта мо гузориш доштем, ки кудакон ва донишҷӯён маҷбур буданд ба майдон раванд, бархеҳо бемор шуданд, ба бархеҳо пул ваъда карданд, вале надоданд. Оё ин гуна истифода аз нерӯи кудак нақзи ҳуқуқи кудакон нест?

-Албатта ин чизҳо бояд маҷбурӣ набошад, ихтиёрӣ бошад. Ман мефаҳмам, ки маъракаи давлатӣ аст, Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, ва Тоҷикистон ватани Наврӯз аст, ин ифтихор аст, аммо нисбати кудакон бояд шароитҳо фароҳам шаванд - масалан либосҳои гарм, чойи гарм, вақти зиёд онҳоро дар онҷо нигоҳ надоранд. Агар ҷалб мекунанд, бояд маблағ дода шавад, ки ақалан бепул набошад. Ҳадди ақал барои ин ки як чой хуранд. Фарзанди ман донишҷӯ ҳас т ва вай дар соли гузашта ҷалб шуда буд, аммо барои онҳо пул дода буданд, кам албата, аммо бояд ин чиз ҷорӣ шавад.

-Аммо қарор ҳаст, ки имсол Шумо инро таҳти назорат бигиред?

-Мо он қадар корманди зиёд надорем, ки бевосита назорат кунем, аммо мо ин мавзӯъро дар миён мегузорем, матраҳ мекунем.

-Шумо ба раванди иҷрои Қонуни авф назорат кардед. Гуфта мешавад дар ин замина бархеҳо норозӣ буданд, ки қонуни афв нисбати онҳо гӯё татбиқ нашуд. Ва то ҷое мо хабар дорем, хонаводаи Маҳмадрӯзӣ Искандаров низ дар ин замина ба Шумо муроҷеъат карданд.

-Қонуни афви соли гузашта афви васеъро дар бар гирифт. Ҳатто афрди муртакиби ҷиноёти вазнин низ ду солӣ афв шуданд. Нисбати Искандаров низ ду сол кам карда шуд. Аммо баҳси онҳо чизи дигар буд. Онҳо бештар дар масъалаи боздошти Искандаров муроҷеъат карданд. Дар инҷо мақомоти интизомӣ далелҳои хулдро ба созмони миллал пешниҳод кард ва СММ ин далоилро мавриди омӯзиш қарор доданд.

-Дар робита ба иҷрои қонуни афв ба Шумо шикоят зиёд буд?

-Шикоят зиёд набуд, аммо мо бевосита дар ин раванд кумак кардем. Шумо медонед, ки чору ним ҳазор нафар аз зиндон берун омаданд. 17 ҳазор нафар мавриди афв қарор гирифтанд. Он чи ташвишовар аст, ин аст ки онҳо бархеҳо ба озодӣ баромаданд ва боз даст ба ҷиноят заданд. Яъне ин аз он далолат медиҳад, ки онҳо ислоҳ нашуданд. Мо бояд ба Қонуни ҷиноятӣ ислоҳот ворид кунем. Сари мавзӯъи ҷазои олтернативӣ фикр кунем, яъне ба ҷойи ба зиндон фиристодан, ҷарима кунем, ё корҳои ислоҳӣ таъин кунем.

-Теъдоди зиндониён чӣ қадар аст ва барои ҳар зиндонӣ давлат дар моҳ чанд пул масраф мекунад?

-Ман теъдоди зиндониёнро намедонам, аммо хеле кам шуданд. Ҳоло хеле кам шуданд. Дар зиндони занон тақрибан зан намондаст, дар муассисаи бастаи ноболиғон ҳам тақрибан кудак намондаст. Мо бояд бо ҳамаи ин ноболиғон кор кунем, то дар роҳи нодуруст нараванд.

-Аммо барои зиндониён давлат чӣ қадар пул масраф мекунад?

 -Ман инро аниқ гуфта наметавонам. Вале ман ба зиндонҳо рафтам, мебинам, ки давлат ончи имкон дорад истифода мебарад. Қаблан вазъ дигар буд, зиндониён завод доштанд, кор мекарданд, моҳона доштанд, дар зиндон мағоза доштанд барои худашон мехариданд. Пули бақияро дар бонк нигоҳ медоштанд. Аммо имрӯз ончи ман дидам, гурусна нестанд. Шароити санитарӣ муҳаё аст. Оби гарм, оби хунук. Ва ҳоло пас аз афв бояд шароиташон беҳтар шуда бошад.

-Қонун дар бораи Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон аз дигар кишварҳо бо чӣ фарқ мекунад?

-Кори хубе ки мо кардем, ин ки барои таҳияи ин қонун муттахасисони хориҷиро низ ҷалб кардем. Ду маротиба лоиҳаи қонунро иваз кардем. Ва билахира қонуни мо аз қонуни Ваколатдори ҳуқуқи башари бархе аз кишварҳои ҳамсоя беҳтар баромад.

-Аз ҷӣ лиҳоз?

-Мо салоҳиятҳои васеътар дорем. Бидуни монеъа ба зиндонҳо рафта, масъалагузорӣ карда метавонем. Ҳатто агар шахси мансабдор, ки қонунро вайрон кардааст, метавонем мавриди пайгарди қонунӣ қарор диҳем. Бисёр муҳим аст, ки дар мавриди додгоҳҳо ваколатдор ҳуқуқ дорад, бо парвандаҳо ошно шавад ва агар бинад, ки далелҳо кофӣ нестанд ва ё ҳукм нодуруст аст, ё ҷазо вазнин аст, мо ҳақ дорем ба додситонӣ муроҷеъат кунем ва парванда аз нав дида баромада шавад.

Боз як нуктаи муҳим ин аст, ки агар касе дар кори Ваколатдор мудохила мекунад ва ё барои анҷоми фаъъолияташ монеъ мешавад ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад. Дар бисёр давлатҳо инҳо нестанд. Аз нигоҳи шумораи кормандон низ мо бештарем, дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя бештарем ва бо таъсиси бахши нав дар умури кудакон ва занон дар моҳҳои март, қариб 40 нафар мешавем.

-Оё амбудсмен то чи андоза метавонад, мустақилона дар мавриди фаъъолиятҳояш ва ё боз будани гузоришҳояш тасмим бигирад? Масалан шуморо раиси ҷумхур таъйин мекунад, пас оё имкон надорад, ки Шумо мавориди нақзи ҳуқуқи башар тавассути раиси ҷумҳурро, фаразан, нодида бигиред?

-(Механдад) Ман қариб се сол шуд кор мекунам. Ягон кас то ҳоло ба кори ман дахолат накардааст, чи расад ба президент. Масалан мо ахиран ба боздоштгоҳ рафтем. Ман бо худ хабарнигорро гирифтам, намояндаи созмони ғайридавлатиро гирифтам, онҳо хуб қабул карданд. Ҳарчи хостем дидем, онҳо не нагуфтанд. Ин хуб аст, яъне ҳамдигарфаҳмӣ ҳаст ва қолабҳо мешикананд.

-Аммо расонаҳо зиёд аз хомӯш будани Шумо дар қиболи масоили ҳуқуқи башар дар кишвар шикоят мекунанд, чаро?

-Шояд камбуди мо ин аст, ки мо зиёд кор мекунем, вале кам нишон медиҳем. Қаблан сойт надоштем, ҳоло дорем. Аммо ба назарам ваколатдор бояд фаъъолтар бошад дар ибрози назарҳо, бо расонаҳо бештар ҳамкорӣ кунад. Дар соли ҷорӣ мо бо телевизиюн ва родиюи давлатӣ ҳамкорӣ мекунем, ки аз ҳуқуқи инсон бештар гӯем. Дар шабакаи "Ҷаҳоннамо" баҳси ҳуқуқӣ доштем масалан. Бо Родиюи Тоҷикистон ва Родиюи Садои Душанбе қарордод бастем, ки ба мо вақт диҳанд ва баҳсҳои ҳуқуқӣ дошта бошем. Ин албата тибқи барнома аст, аммо берун аз барнома ҳам бояд кор кунем.

-Ба ҳар руй, Амбудсмен аз сӯйи давлат маблағгузорӣ мешавад, чи қадар пул аз буҷет барои фаъъолиятҳои Шумо масраф мешавад?

-Берун аз тарҳҳо мо аз буҷети давлатӣ дар сол тақрибан 700 ҳазор сомонӣ мегирем, аммо шӯъбаҳо дорем, ки аз сӯйи созмонҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ мешаванд. Масалан Сандуқи Сурус, Вазорати Рушди Бритониё, давлатҳои Денборк ва Ҳуланд барои шӯъбаи иттилоъотӣ ва таҳлилӣ ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии мо дар минтақаҳо маблағ медиҳанд. Бахши ҷадид дар умури занон ва кудаконро ЮНИСЕФ қарор аст ду сол маблағгузорӣ кунад. Пас аз муддате инҳо ҳама бояд аз сӯйи давлат маблағгузорӣ шаванд.

-Ташаккур барои сӯҳбат

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi