06:15:36 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДУШАНБЕВУ ТОШКАНД БА МУНОСИБАТҲОИ ДӮСТОНА НИЁЗ ДОРАНД

Мушкили қазияи газ, ки чанде қабл сокинони ба бунбастҳои пай дар пай дучоромадаи Тоҷикистонро ноором сохта буд, сари вақт роҳи ҳалли худро ёфта, дар дили мардум оид ба муносибатҳои неки минбаъдаи байни Тоҷикистону Ӯзбекистон тухми умедвориро корид.

uzbakistan - tajikistanБа ғайр аз ин дар сомонаи «Азия-Плюс» хабари гармӣ афтидан дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекситон низ, гувоҳи муносибатҳои ояндадори ин ду кишвари ҳамсоя хоҳад буд. Ба иттилои хабарнигори сомонаи мазкур - «Дар моҳи феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии ду давлат оид ба масъалаҳои демаркатсия ва делимитатсияи сарҳади давлатӣ баргузор хоҳад гашт».

Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик роҳи оҳани тахрибгардидаи Ғалаба – Амузанг, ки зиёда аз 200 вагон бори соҳибкорони тоҷикистонӣ дар он банд афтодаанд, таъмир карда шавад. Албатта, чунин иқдомҳо барои беҳбудии муносибатҳои ду кишвар аҳамияти хоса доранд. Мутаассифона, солҳои охир муносибатҳои байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки аз қадим бо ҳам дӯсту ҳамсоя буда, дорои фарҳанги ягона ва расму оини муштарак ҳастанд, каме сардӣ афтид.

Сабаби асосӣ ба мувофиқа наомадани ду ҷониб, ин мушкилоти обӣ-энергетикӣ мебошад, ки барои Тоҷикистон ҳалли он чун обу ҳаво зарур аст. Сохтмони иншооти стратегие, ки бинобар баҳси доманадори минтақавӣ ба дарозо кашида шудааст, на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои Ӯзбекистон ҳам манфиатҳои зиёде хоҳад дод.

Вале бинобар нодида гирифтани тараққиёту пешравии кишварҳои минтақа баъзе гурӯҳҳои нотавонбин ба ҷои пуштибонӣ аз он, баръакс дасисаҷӯӣ мекунанд. Душманони ин ду миллат зиёданд ва ҳамаи онҳо кӯшиш мекунанд, ки байни Тоҷикистону Ӯзбекистон иғво андохта, муносибатҳои онҳоро хароб созанд.

Тавре ки яке аз кормандони собиқи ВКХ Ӯзбекистон Алишер Таксанов, ки имрӯз дар яке аз кишварҳои Аврупо ба сар мебарад, қайд мекунад, барои ба эътидол овардани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳеҷ миёнҷие кӯшиш ба харҷ намедиҳад. Ин маънои онро дорад, ки хусумати байни ду давлати ҳамсояро дар сатҳи расмӣ касе ба эътибор намегирад, зеро кишварҳои узви ИДМ дорои манфиатҳои сиёсии худ мебошанд. Ӯ дуруст қайд кардааст, ки миёнҷиҳои беруна бояд дар васеъ гардонидани тиҷорат ва маблағгузорӣ ҳамчун кафил баромад кунанд, ки ин ба рушди минбаъдаи соҳаи иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард.

Дар масъалаи бунёди Роғун ман андешаҳои Алишер Таксановро оид ба мавқеи Тошканд пурра дастгирӣ мекунам. Роғун лоиҳаест, ки новобаста ба монеаҳо як рӯз не, як рӯз албатта бино хоҳад шуд ва ҷониби Тошканд бошад, бояд дар бунёди ин иншооти бузург саҳмгузор мебуд.

Дар ҳақиқат, барои Ӯзбекистон ба ҷои монеа эҷод кардан, оё беҳтар нест, ки дар ин сохтмон иштирок карда, манфиат ба даст оварад. Ло ақал, чӣ тавре ки Таксанов пешниҳод мекунад, қисмате аз саҳмияҳои Роғунро харидорӣ карда, дар танзими ҳавзаҳои обӣ ва маблағҳои энергетикӣ иштирок кардан, беҳтарин мавқеъ барои Тошканд хоҳад буд. Дар ин бора намояндаи порлумони Аврупоӣ С. Стивенсон низ чунин қайд намуда буд:

«Мавқеи Ӯзбекистон дар хусуси муқобилият ба бунёди неругоҳи барқӣ-обии Роғун комилан норавшан аст. Ҳол он ки баъди анҷоми ин иншооти бузург, Ӯзбекистон метавонад қувваи барқро аз Тоҷикистон бо н архи арзон харидорӣ намуда, аз ин ҳисоб истифодаи нафту гозро дар дохили кишвараш кам карда, онро ба хориҷи кишвар фурӯшад…».

Қобили қайд аст, ки кишвари Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди обӣ мебошад, ки истифодаи он на танҳо ба тамоми ҷумҳурӣ, балки барои ҳамаи кишварҳои поёноб низ басанда аст. Бинобар ин ҳам дар сохтани барномаҳои пуриқтидор хуб мебуд, агар кишварҳои минтақа худ иқдом карда, дар асоси маслиҳатҳову машваратҳои якдигар пайи роҳандозии онҳо мегардиданд. Маҳз ҳангоми ба чунин барномаҳо ҷой додани душманони беруна, кишварҳои минтақа аз манфиат дур гашта, ҷониби мухолиф бурд хоҳад кард.

Аммо дар масъалаи тақсимоти минтақавӣ бошад, ҷониби Тоҷикистон даъвои чизеро надорад. Тавре ки баъзе коршиносони умумри сиёсии минтақа даъвои Самарқанду Бухороро ба миллати тоҷик нисбат додаанд, дар шароити имрӯза чандон воқеияте надорад. Албатта, замоне шароити саёҳат кардан барои шаҳрвандон дастрас буду ҳамагон аз шаҳрҳои қадимии Осиёи Миёна чун Самарқанду Бухоро дидан мекарданд, имрӯз чунин сафарҳо барои мо дастнорас буда, шояд тамошои шаҳрҳои қадимии Самарқанду Бухоро ҳамчун орзуе дар дили мардум боқӣ монда бошад.

Бо вуҷуди фишорҳову кӯшишҳои бегонагон аз ҳар ҷониб, ки дар муносибатҳои сарди Тоҷикистону Ӯзбекистон манфиатдоранд, ман ба сиёсатҳои оқилонаи сарони ин ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов қойил мешавам. Маҳз тобоварӣ ва бардошт дар муқобили зарбаҳои иттилоотӣ аз дохилу хориҷ ва аз ҷониби душманони берунаву дохилии манфиатхоҳ ин ду роҳбарро водор сохтаанд, ки дар ваҳдату ягонагии миллаташон устувор монда, рисолати давлату давлатдориро ба ҷо оранд. Умедворем, ки ин ду кишвари ҳамҷавор баҳри ба даст овардани манфиатҳои милливу давлатӣ сари тавофуқ расида, тариқи муносиботи мусолиматомез ба ҳадафҳои ояндасоз хоҳанд расид.

Шокирҷон Рустамов



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi