15:18:02 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

ҲАМЛА БА ЭРОН НУҚТАИ КУЛМИНАТСИОНИИ ҶАНГИ ЧАҲОРУМИ ҶАҲОНӢ ХОҲАД БУД

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»

Ҷанги ҷаҳонии саввум кай оғоз шуда буд ва кай ба анҷом расид?

Ахиран бархе аз расонаҳои хабарии хориҷиву дохилӣ бо такя ба баъзе манобеи иттилоотии ниҳодҳои ҳарбии кишварҳои хориҷӣ санаи 25-уми декабри соли 2011-ро санаи ҳамлаи низомии ИМА ва Исроил болои давлати Эрон гуфтаанд. Дар ин робита санаи 25-уми декабрро, ки дар ин рӯз иди масеҳиёни католик таҷлил мешавад, оғози ҷанги ҷаҳонии саввум номидаанд. Аммо бархе бар ин ақидаанд, ки ин ҳамлаи эҳтимолӣ на оғози ҷанги ҷаҳонии саввум, балки нуқтаи кулминатсионии ҷанги ҷаҳонии чаҳорум хоҳад буд, ки инак беш аз 10 сол аст, ки идома дорад.

/images/stories/2011/12/24_propaganda_1_2011.jpgБа назари ин таҳлилгарону коршиносон ва сиёсатмадорони кишварҳои мухталиф ҷанги ҷаҳонии саввум дақиқан 5-уми марти соли 1946 бо маърӯзаи зиддисоветии Сарвазири вақти Британияи Кабир Уинстон Черчилл дар шаҳри Фултон алайҳи ҷаҳони сотсиализм ва СССР оғоз шуда дақиқан бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва системаи сотсиалистӣ дар моҳи декабри соли 1991, яъне бо ғалабаи ҷаҳони Ғарб ба анҷом расидааст.

11-уми сентябри 2011 санаи оғози ҷанги чаҳоруми ҷаҳонӣ

Соли 1994 китоби собиқ сарвари хадамоти ҷосусии Фаронса Александр де Маранш «Ҷанги ҷаҳонии чорум» дар аксари кишварҳои Ғарб ба нашр расид. Дар ин китобаш нафари аввали хадамоти ҷосусии Фаронса ду хабари моҳиятан такондиҳандаро изҳор кардааст. Якум хабар додааст, ки ҷанги ҷаҳонии саввум ба вуқӯъ пайваст ва он бо ғалабаи кишварҳои ғарбӣ ва фурӯпошии «душмани башарият» ҷаҳони сотсиалиазм ва Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ба анҷом расид. Ва хабари такондиҳандаи дуввум ин буд, ки ба гуфтаи ӯ кишварҳои Ғарбӣ таҳти роҳбарии ИМА акнун ба ҷанги чаҳоруми ҷаҳонӣ анқариб ворид мешаванд.

Ҷанги чаҳоруми ҷаҳонӣ зидди кишварҳои , ба таъбири ӯ, худкомаи исломӣ хоҳад буд ва ин ҷанг солҳои наздик ба таври густурда алайҳи мамолике ҳамчун Ироқ, Либиё, Сурия, Эрон ва ғайраву ҳоказо сурат хоҳад гирифт. Баъдҳо бархе таҳлилгарони низомиву сиёсӣ бо тасдиқи гуфтаҳои ин разведкачии рақами яки ҳамаи давру замонҳои Фаронса, ки замоне ҳам ягона мушовири хориҷии Президенти ИМА Рейган будааст, гуфтаанд, ки ҷанги чаҳоруми ҷаҳонӣ алайҳи кишварҳои исломӣ рӯзи 11-уми сентябри соли 2011 бо ҳамлаи террористӣ ба баландтарин манораҳои Амрико оғоз шудааст.

Дар бораи ин ҳамла ва фурӯпошии ин биноҳои баландошёнаи Ню Йорк на танҳо дар кишварҳои исломӣ, балки дар худи давлатҳои ғарбӣ ҳам фикру андешаҳои зидду нақиз зиёданд. Бисёре аз таҳлилгарон дар анҷом гирифтани чунин як ҳамалоте аз сӯи террористони Бен Лодан шакку тардид доранд. Онро кори дасти хадамоти махсуси худи ИМА медонанд. Худи Бен Лодан ҳам дар рӯзҳои аввал дар ин кор даст доштани пайравонашро такзиб карда буд.

«Ҷанги салибиро эълон мекунам, касе бо мо нест, душмани мост»

/images/stories/2011/12/24_propaganda_3_2011.jpgВале суханони дар лаҳзаҳои аввали ин ҳодиса баён кардаи Президенти ИМА Ҷорҷ Буши хурдро дунё фаромӯш нахоҳад кард, ки гуфта буд: «ҷанги салибиро эълон мекунам, касе бо мо нест, душмани мост». Ҳарчанд муддате пас котиби матбуотии Ҷорҷ Буши хурдӣ суханони ӯро ба дигар маънӣ шарҳ дод, вале кор аз кор гузашта буд.

Дунё фаҳмид, ки ИМА ва Ғарб ҷанги наверо алайҳи мусалмонон ба роҳ монданианд. Амрико номи ин ҷангро агар «Мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ» ҳам гузошта бошад, вале мақсади асосии ин ҷанг аз чи иборат аст, ба ҳама аён шуд. Афғонистон, Ироқ, Либиё яке паси дигаре тасарруф шуданд. Сурияро низ ин қисмат имрӯзу пагоҳ интизор аст. Оё акнун навбати Эрон расид?

Нишонаҳои омодагӣ ба ин ҷанг вуҷуд доранд?

Дар ин авохир доман задан ба ихтилофҳои шиъаву суннӣ дар минтақа, махсусан дар Ироқ, Покистон, Афғонистон ва ҳатто баъзе ҳаракатҳое, ки дар ин самт дар Тоҷикистон чанд рӯз пеш сурат гирифтанд, тасодуфӣ набуданд ва ба дурустии фарзияи сурат гирифтани ҳамлаи эҳтимолӣ болои Эрон далолат мекунанд. Аз назари коршиносон ин доманзаданҳо ба ихтилофҳои шиъаву суннӣ ба он хотир аст то фардо вақте, ки ҳамла болои Эрон сурат гирифт, роҳ ба сӯӣ ваҳдати исломӣ дар муқобила бо ин душмани эмонии мусалмонони тамоми ҷаҳон баста бошад.

Аз Покистону Ироқ хориҷ шудани низомиёни амрикоӣ ҳам асосан ба ин хотир буд, ки дар сурати оғози ҷанг бо Эрон пойгоҳҳои низомии Амрико бештар аз дар дигар ҷойҳо дар ин кишварҳо осебпазир мебуданд. Ба ҳамин хотир ҳам дар ин сафари ахираш ба Афғонистон ноиби Президенти ИМА Ҷо Байден толибонро, ҳамон толибонеро, ки аз қудрат дур сохтанду даҳ сол боз ба муқобилашон муборизаи беамон мебаранд, қариб ки дӯсти Амрико номид. Гуфт, ки «ИМА бо толибон мушкил надорад».

Оқибатҳои ин ҷанги эҳтимолӣ чӣ хоҳад буд?

/images/stories/2011/12/24_propaganda_2_2011.jpgХуб, ҷанги эҳтимолии ИМА ва Исроил алайҳи Эрон чӣ оқибатҳо дар пай дорад?Аввал бояд гуфт, ки Эрон на Афғонистон ҳасту на Ироқу на Либиёву дигару дигар. Ҷумҳурии Исломии Эрон аз рӯзҳои мавҷудияташ алайҳи таҷовузи душманони беруна, ба хусус Ироқе, ки он замонҳо ҳам Иттифоқи Советӣ ва ҳам ҷаҳони Ғарб пуштибониаш мекардаанд, ҳашт сол яккаву танҳо ҷангид ва дар ин ҷанг пирӯз баромад. Имрӯз Эрон пурқудраттарин артишро дар минтақа дорад, ки бо силоҳу муҳимот ва техникаи ҳозиразамони пешрафта муҷаҳҳазанд.

Бе ягон шикасту рехт поин кардани пешрафтатарин ҳавопаймои иктишофии бесарнишини Амрико, ки бисёр сиррӣ буда ҳамагӣ ду сол пеш дар истифода қарор гирифтааст, далели он аст, ки мутахассисини соҳаи кампютерӣ дар Эрон дар ин самт хеле пеш рафтаанд. Агар мутахассисини соҳаи кампютерии артиши Эрон тавонистанд, ки ба мағз ё хотираи электронии ин тайёраи бесарнишини аз ҷиҳати фаннӣ пешрафта дар ҳаво тасаллут пайдо кунанд ва онро дар таҳти фармони худ қарор бидиҳанд, пас мешавад ҳадс зад, ки чунин корро имкон дорад, ки бо ракетаҳои болдор, ки низ хотираи электронӣ доранд ва амрикоиҳо маъмулан дар ҷангҳои худ аз онҳо истифода мебаранд, ба роҳ монанд.

Яъне онҳоро низ таҳти фармони хеш биёранду ба ҷои даркорӣ бифиристанд. Шояд гапҳои ман ба назари касе фантастика ё худ тахаёюлоти бадеӣ намояд. Вале аз сӯи мутахассисини эронӣ масдуд шудани пахши барномаҳои бахши форсии шабакаи телевизионии Би Би Си барои Эрон, ки аз тариқи маҳвора, пахш мегардиданд ва дар як муддати кӯтоҳ барои муштариёни эронӣ масдуд шудани дастрасӣ ба саҳифаи сафорати маҷозии ИМА барои Эрон, ки дар Интернет кушода шуда буд, ин ҳама баёнгари онанд, ки Эрон дар самти технологияи компютерӣ ва барномасозӣ  хеле пеш рафтааст ва инро нодида гирифтан камоли кӯтаҳназарист.

Эрониён ватандӯстдортар аз дигаронанд

Баъдан эрониҳо Ватани хешро дар дунё аз ҳама бештар дӯст медоранд. Ин ҳиссиётро ба онҳо дар ҳазор соли охир «Шоҳнома»-и безавол таълим додааст:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Эрониҳо дар Амрико панҷ миллион муҳоҷир доранд. Бо вуҷуди он ки бархе аз онҳо  норизоияту ранҷишҳое аз ҳукуматдорони кунунии хеш доранд, вале Эронро дӯст медоранд ва намехоҳанд, ки ба пои Эрон хоре халад. Инро мактуби фарҳангиёну зиёиёни эронии муқими ИМА бори дигар исбот намуд. Онҳо аз роҳбарони ИМА ва ҷаҳон талаб карданд, ки қазияи Эронро бо зӯри силоҳ ҳал накунанд. Ҳаргиз ба Эрон ҳамлаи низомӣ набаранд. Дар сурати ба Эрон ҳамла бурдани Амрико оё онҳо ором буда метавонанд? Панҷ миллион нафар шаҳрванди ноором дар дохили як кишвар чӣ маънӣ дорад?

Ҷаҳони боқӣ низ ҷонибдори Эрон хоҳад буд

Дар арсаи байналмилалӣ ҳам Эрон дӯстону хайрхоҳони зиёд дорад. Президенти Туркия Абдулло Гул ҳамлаи эҳтимолӣ болои Эронро девонагӣ номид. Ҳомид Карзай мукарраран эълон медорад, ки ӯ намегузорад хоки Афғонстон барои ҳамла болои кишвари саввум истифода шавад. Роҳбари давлати Ҷумҳурии Мардумии Чин бошад рӯи рост гуфт, ки дар сурати анҷом гирифтани ҳамла болои Эрон кишвараш ба ҷанг ворид шуда аз Эрон пуштибонӣ хоҳад кард.

Русия ҳам дар ин ҷанг ҷонибдори шикасти Амрико хоҳад шуд. Яъне оғози ҷанги ИМА бо Эрон шурӯъи заволи Амрико ҳамчун кишвари тайи 20 соли ахир абарқудрати яккатоз хоҳад буд, чизеро ки пеш аз ҳама ҳамин Чину ҳамин Русия мехоҳанд.

Аз ҳама муҳимаш ин ҳамла ба Эрон бовари мардуми мусалмони ҷаҳонро ба он нуқтаи назар, ки ҷаҳони Ғарб таҳти роҳбарии ИМА алайҳи мусалмонон ва кишварҳои муҳими исломӣ даҳ сол боз ҷанги салибӣ мебарад, қавитар хоҳад кард. Вокунишҳо ба ин амр дар ҷаҳони ислом ғайриқобили пешбинӣ хоҳанд буд, ки албатта бар зарари суботу оромӣ дар тамоми сайёраи замин хоҳад буд.

Ҷаҳон ба марҳилаи боз ҳам хатарноктар барои Замин ворид мешавад. Барои ҳамин ҳам боварии кас намеояд, ки Амрико ба ин амали ҳам барои худ ва ҳам барои ҷаҳон муҳлик иқдом намояд. Рӯзи ҷашни мазҳабии католикони ҷаҳонро ба рӯзи сиёҳи башарият табдил бидиҳад.

Дар охир гуфтанием, ки аз ин пеш ҳам дар расонаҳои хабарии ҷаҳон ба хамин монанд санаҳои «дақиқи» ҳамлаи ИМА ва Исроил болои Эрон борҳо эълон шуда буданд. Сад шукри Худо, ки ҳамаи онҳо дурӯғ баромаданд.

Худо кунад, ки ин хабар ҳам чун хабарҳои ҳамсони қаблӣ такзиб шавад.

Худоё, бандаҳоятро ба роҳи рост ҳидоят кун, омин ё Раббалъоламин.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi