18:10:01 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЧАРО ИРОН БОМБАИ АТОМӢ НАСОЗАД?

Аҳмади Мӯсавӣ барои «Рӯзгор»

Терроризми сиёсии Амрико ва «ёбани-Исроил»

Таҳдидҳои Амрико ва Исроил алайҳи Ирон сол аз сол вусъати тоза касб мекунад. Он ҳам ба хотири даст кашидани Ирон аз истифодаи нерӯйи атом дар кадом шакле ки набошад, ҳатто агар барои соҳаи иҷтимоӣ низ бошад. Хоса ҳамин тавр ҳам ҳаст. 

/images/stories/2011/12/06_president-ir_61211.jpgТо ҷое, ки ҷаҳон иттилоъ дорад, Ирон то ҳанӯз нерӯйи атомро сирф барои хоҷагии мардумаш истифода бурдааст. Камтарин ишора ба яроқи ҳастаӣ сохтани ин мамлакат мавҷуд нест. Бинобар ин тамоман имкон надорад, ки ду мамлакати ба маънои томаш қотил, бе ягон асос даст ба зулму тааддии як мамлакати дигар занад. Пас ин ду,  бар такя ба созишномаи паҳн накардани яроқи қатли ом амал мекунанд? Дар ин бора поинтар ҳадс мезанем.

Дар ҳар сурат, тирамоҳи имсол Исроил- падари маънавии Амрико, маротибаи 5 -ум дар ду соли ахир таҳдид ба ҳуҷум бар хоки Ирон кард. Бо вуҷуди он, ки таҳдидҳои ин ду мамлакати муғриз хандаовар ва аблаҳона ба назар мерасанд, аммо ба андешаи банда дар ин замина 2 суоле бояд бе посух намонад: кӣ ба ин ду иҷоза медиҳад, ки бе ягон далели шайъӣ ин ҳама таҳдидҳоро бар алайҳи як мамлакати дигар раво бинанд?

Кай ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус созмонҳои байналмилалӣ ба ин ҳама бедодгариҳои ин ду писари саркашу нохалафи одамизод баҳои ҳуқуқӣ медиҳанд? Лашкаркашиҳои беасоси Амрико ба Ироқу Афғонистон ва Исроил ба Фаластин дар назар аст. Бар асари ин ҳамалот ҳазорҳо нафар мардуми бегуноҳ кушта, садҳо ҳазор захмӣ ва миллионҳо нафар бехонумон гаштаанд. Инсоният ҳайратзада гаштааст, ки наход сазои ҷиноёти содиркардаи ин мамолик ба қиёмат монад. То ҳанӯз сиёсати ҷангҷӯёнаи падар-Буш ва писар-Буш дар Амрико ва генерали қотил Ариел Шарон дар Исроил дастури амали Обама ва Натаняҳу аст.

Ҳамакнун дасти тааддӣ сӯйи кишвари тараққикарда ва осоиштаи Ирон дароз кардаанд. Он ҳам ба хотири истифода накардани нерӯйи атом. Аблаҳиро бубинед, ки замоне Амрико худ ба Ирон реактори атомӣ тақдим кард ва боз бар алайҳи сиёсати атомии Ирон шӯридааст. Дар ҳоле, ки дар созишномаи паҳн накардани яроқи қатли ом беш аз 100 мамлакати ҷаҳон имзо гузоштаанду гӯё ҳамаи онҳо гулу гумроҳанду фақат Амрико ва Исроил, ки дасташон то оринҷ пур аз хуни мардуми бегуноҳ аст, ба ҳайси ҳомии башар садо баланд кардаанд.

Гӯиё аҳриман на онҳо, балки Ҷумҳурии Исломии Ирон аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки шиори Ирон «рехтани хуни ба ғайри ҳақ ҳаром аст» мебошад. Башарият шоҳид аст, ки то ин замон Ирон ба болои касе теғ накашидааст. Шояд ҳамин хатои тақдирсози Ирон бошад! Шояд беҳтар буд, ки яроқи ҳастаӣ месохт ва аз итмоми сохтмони он эълом медошт? Таҷрибаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки роҳи ягонаи таъмини мувозинати сиёсии ҷаҳон ҳамин аст. 

Ба ибораи маъмули русӣ «ҷавоби сарнайзаро бо сарнайза бояд дод.» Аммо оне, ки Ирони исломӣ дар талоши фаъолгардонии ураниум ҳаст ҳақиқати маҳз аст. Ҳадафи Ирон аз фаъолгардонии ураниум чист? Ҳосил кардани сузишворӣ барои Нерӯгоҳи Атомии Бушаҳр ва ё сохтмони бомбаи атомӣ? Аммо дар ин бора поинтар сӯҳбат мекунем. Ҳамакнун дар бораи таърихчаи сиёсати атомии Ирон чанд сухан гуфтан бамаврид аст.

Амрико дар сарчашмаи сиёсати атомии Ирон  

/images/stories/2011/12/06_iran_61211.jpgСиёсати атомии Ирон соли 1967 бо кумаки худи Амрико оғоз шуд. Ҳамон сол Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба шоҳи ҳамонвақтаи Ирон Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ як реактори ядроӣ бо нерӯйи 5 МВт тақдим кард. Баъди ин Олмон, Фаронса, Чин ва Руссия дар риштаи истифодаи нерӯйи атом барои некуаҳволии мардум бо Ирон ҳамкориҳои муфид доштанд.

Мутахассисон хуб медонанд, барои ҳосил кардани сӯзишвории нерӯгоҳи атомӣ ҳамагӣ ураниумро то ба 20%, аммо барои сохтани бомби атомӣ онро то ба 75% фаъол гардонидан лозим. Бубинед, ки Амрико хуб медонад, ки дар Ирон то ба имрӯз ураниумро ҳамагӣ то ба 4-5% фаъол мегардонанду бас, он ҳам барои омода сохтани сузишвории нерӯгоҳ, вале Амрико ва падари маънавиаш, атрофи ин ҳангомаи садфоиза барпо кардаанд.

Фақат барои тарсонидани Ирон ва ба таки бинии ин мамлакат кашонидани мушакҳои «замин-замин»-аш бо баҳонаи дарёфти яроқи қатли ом ҳамроҳ бо падари пираш Исроил ба Ироқ лашкар кашида, хуни мардуми бегуноҳро рехтанд. Президенти кишвар Саддом Ҳусайнро бераҳмона ва ваҳшиёна ба дор овехтанд.

Албатта рехтани хуни як диктатори бераҳм гуноҳи азим нест, аммо бе исботи гуноҳи мақтул ба дор овехтани ӯ рехтани хуни ноҳақ гуноҳест нобахшиданӣ. Гузашта аз ин, мебоист аъмоли диктатор дар додгоҳи байналмилалӣ муҳокима мешуд, на дар утоқҳои кории тангу шубҳабарангези муфаттишони яҳудитабори муғризи Амрико. 

Хуллас ҳамагӣ баъди як соли бо кӯмаки Амрико атомдор шудани Ирон ин мамлакат ба мувофиқаномаи паҳн накардани нерӯйи атомӣ имзо гузошт. Танҳо баъди ин Шоҳ Паҳлавӣ пай бурд, ки ба доми саҳюнизм, ё чӣ гунае, ки дар Қуръон хитоб мешавад «Ёбани» Исроил афтидааст. Оҷилан соли 1970 аз имзои худ даст кашид. Ҳам ҳамон сол иброз дошт, ки Ирон пештар аз дигар мамолики ҳамтояш соҳиби бомбаи атомӣ мешавад. Инсоният ҳадс мезанад агар шоҳи Ирон аз табори шоҳони Каёнии дар «Шоҳнома» ёдрасшуда мебуд ва ба ваъдааш қоим мемонд имрӯз Ирон дучори тундравиҳои саҳюнистон намешуд, аммо…

Руссия аҳдшиканӣ мекунад

Аз он замон то ба имрӯз Ирон ду маротибаи дигар ба санади паҳннагаштани яроқи ҳастаӣ имзо гузошт, аммо баъди гузоштани шарту шурути худ, ки ҳамвора аз тарафи Амрико шикаста мешаванд, аз он берун шудааст. Гузоштани имзо ба ин санад худ бозгӯйи ҳамон ҳақиқатест, ки Амрико намехоҳад барои худ дар ҷаҳон рақиби баробар ва ё ҳамтое дошта бошад. Агар чанд мамлакати дигар бо шумули Руссия, Чин, Фаронса, Покистон ва Ҳиндустон бомбаи атомӣ намедоштанд бар асари ҷабри Амрико рӯзи инсоният сиёҳ мешуд.

Исботи ин фикр партоби ду бомбаи атомӣ аст ба ҷазираҳои Хиросима ва Нагасакии Ҷопон дар соли 1945. Он замон мамлакати дигар бомби атомӣ надошт. Амрико ва дар шахси ӯ саҳюнистон аз вазъият истифода бурда ин корро карданд. Баъзеҳо гумон мекунанд Руссиё дар ҷодаи атом шарики содиқи Ирон аст. Аммо коршиносони огоҳ хуб медонанд, ки Руссия ба ягон мамлакат шарики содиқ набуд.

Соли 1992 байни Руссия ва Ирон мувофиқа баҳри истифодаи нерӯйи атом барои фаъолияти осоишта имзо шуд. Он ҳам ба хотири забонкӯтоҳ кардани рақиби таърихиаш Амрико. Дигар дар куртаи Амрико кайк даромад. Аз он замон то ба ин ҷониб ба қавле лаҷоми ин мамлакат дар дасти Руссия зад. Ҳамвора унвонии ин ду мамлакат дасиса мекунад, тӯҳмат мезанад. Аммо дар маҷмӯъ кори назаррасеро ба анҷом расонида наметавонад. Соли 1995 Руссия бо Ирон созишнома оиди сохта ба итмом расонидани қисмати аввали нерӯгоҳи Бушаҳр имзо карданд.

Аммо дар асл кор дигаргуна буд. Руссия баҳри ба даст овардани манфиатҳои худ ба ин кор даст зад на барои кумак ба як мамлакати мазлум. Маҳз бо ин сабаб  сохтмони ин нерӯгоҳ солиёни зиёд идома дошт ва то ҳанӯз ба таври дуруст ба истифода дода нашудааст. Маълум аст барои чӣ. Ба андешаи коршиносон Руссия дар якҷоягӣ бо маблағгузории Ирони пурқудрат имкон дошт дар 4 сол нерӯгоҳро пурра сохта ба истифода диҳад.

Аммо баъди ин лаҷоми ҳам Амрико ва ҳам зимоми умури сиёсати Иронро аз даст медод. Дар ин миён, Амрико кӯшиши тамоми дунёро бар алайҳи Ирон шӯронидан дошт. Мамолики муттаҳами зердасти худро маҷбур мекард ҳама гуна таҳримҳои имконпазирро бар алайҳи Ирон раҳандозӣ кунад. Бехабар аз он, ки Ирон моли Худованд аст ва Ӯ худ нигаҳбони ин мамлакат аст. Шояд бар ин сабаб буд, ки Ирон анқариб ҳама ашёи ҳаётан муҳимро аз анвоъи ғизоӣ сар карда, то мошин ва мошинолоти гуногун худ истеҳсол мекард ва истифода мебурд. Яъне ба гунае иммунитет дар қиболи таҳримҳои ноҷавонмардонаи Амрико пайдо кард.

Чун муғриз дид, ки дигар таҳримҳо фоида надоранд бо таҳоҷумҳои яроқнок даст ба даҳшатафканӣ зад. Таҳдиди навбатии Исроил тирамоҳи имсол идомаи ҳамон даҳшатафканӣ аст. Вокуниши Ирон ба ин таҳдидҳо ҳамон шуд, ки  роҳбари инқилоби Ирон ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар як маросими савганёдкунии низомиёни Ирон рӯзи 18 ноябр гуфта буд: «Ҳар касе, ки андешаи таҷовуз ба ҳарими Ҷумҳурии Исломии Иронро дорад бояд омодаи рӯёрӯйӣ бо посухи маҳкам ва пӯлодини миллат ва нерӯҳои мусаллаҳи Ирон бошад.»

Президенти Ирон Маҳмуд Аҳмадинажод низ тайи як боздидаш аз нерӯгоҳи Бушаҳр иброз дошт: «Мардуми Ирон аз ин ба баъд низ дар роҳи пурра ба даст омадани истифодаи осоиштаи нерӯйи атомӣ гом хоҳад гузошт. Мамолики Ғарб гумон мекунанд бо мардуми пастфитрати бемаданият сари кор доранд. Мо бошем тавассути олимони худ тасмим дорем дар сартосари Ирон нерӯгоҳхои атомӣ бо иқтидори 20 000 МГВТ бисозем. Забони аврупоиён нидои асрҳои миёна аст. Онҳо дар таҳти таъсири хаёлоти ҳаракати мустамликадории худ қарор доранд. Аммо мардуми мо назди ин разилоне, ки аз номи тамоми ҷаҳон ҳадс мезананд сар хам нахоҳад кард.» То ҳанӯз мавқеи Ирон дар ин маврид тағир наёфтааст.

Биёед бубинем, ки дар чунин вазъияти муқовимат Руссия то кадом андоза шарики стратегии Ирон боқӣ мондааст.

Моҳи июни соли 2003 Исроил таҳти тарс аз Ирон ба маблағи 319 миллион доллар аз Амрико 5 000 бомби идорашаванда, ки 500 ададаш бомбҳои лазерии GBU-28 барои нобуд кардани мавзеъҳои зеризаминӣ буд харидорӣ кард. Ин бомбҳоро дертар дар сари мардуми Ироқ мавриди санҷиш қарор дод. Баъди ин шурӯъ аз моҳи феврали соли 2004 аз Амрико ба Исроил 102 тайёраи қиркунанда, ки ба онҳо зарфи сӯзишвории иловагӣ насб шуда буд, ки то Ирон ва бозгашт ба Исроил сӯзишворӣ басанда бошад, фиристод. Он замон ҷаҳониён мутмаин буданд, ки ин бор муғризон ба Ирон ҳуҷум мекунанд. Аммо боз дилу гурда накарданд.

Чунки Амрико хуб медонист Ирон Ироқи аз дасти Шӯравӣ макидашуда ва харобу хазонгашта нест. Амрико дар он давра тавонист чанд муттаҳами дигарро ҷиҳати ҷорӣ сохтани таҳримҳои иқтисодӣ сӯйи худ кашонад. Маҳз дар ҳамин марҳила Руссия аз рақиби таърихиаш сахт тарсида ба ҷонибдории Ирон садо баланд накард. Гузашта аз ин, тавофуқоти қаблиро дар мавриди аз ҷониби Ирон харида шудани 570 адад танки Т-72С, 1000 БМП, яроқи зидди объектҳои ҳавоӣ, қисмҳои эҳтиётӣ барои тайёраҳои ҷангии МИГ-29, Су24МК, киштиҳои зериобии 877ЭКМ «Варшавянка», 422 танки Т72С,413БМП-2 ва комплекси артиллерии С-200-ро бекор кард.

Бо ин ҳама Амрико хуб дарк мекард, ки соли 1980 Ирон аслиҳаи дурусте надошт, аммо дар қиболи ҷангиёни Ироқ, ки бо аслиҳаи навтарини Шӯравӣ ва Амрико мусаллаҳ буданд, истодагарӣ карда тавониста буд.

(Идома дорад)


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi