19:28:41 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РАҲНАМО: ОЛИМОН АЗ МАВҚЕИ СИЁСАТМАДОРОНАШОН ДАР ХИҶОЛАТАНД

Вале фазое, ки дар атрофи равобит бо Русия ва  боздошту аз Русия ихроҷ кардани муҳоҷирини тоҷик ба вуҷуд омада буд, ба ман  таъсири зиёдтар аз ин Форум гузошт. То ҳадде кӯшиши ман ҳам ҳамин буд, ки аз  фурсат истифода бурда ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамчун як ҳамватан, ҳамчун як намояндаи Тоҷикистон, ба маънои мардумии ин калима, ба тариқи истифода аз дипломатияи мардумӣ, муносибатҳое, ки дар доираи ин форум буданд, таваҷҷӯҳи доираҳои солимфикрро ба воқеияти ин масъала, ба пушти масъала бештар ҷалб кунам.

- Андешаи мардуми мазҳабӣ ва илмиву фарҳангиро оиди ин қазия чи унна дарёфтед?

-Чизи бисёр муҳиме, ки ман барои худам дарёфтам ин буд, ки андешаи ҷомеъаи фарҳангии Русия, андешаи доираҳои илмӣ, шахсиятҳои академикиву илмӣ, муҳаққиқон, аҳли матбуоти Русия, аҳли доираҳои динии Русия чи мусалмон, чи масеҳӣ ба он андозае ки дар матбуот мо мавқеи баъзе доираҳои миллигаро ва сиёсатмадорони ифротиро мебинем, ба он андоза нисбати тоҷикон бадбинона ва нисбати муносибатҳо бо Тоҷикистон инчунин густохона набуд.

Балки аксари касоне, ки дар маҷлисҳо, маҳфилҳо сӯҳбат мекарданд, ҳам бо мо бевосита сӯҳбат мекарданд, таъкид ба ин мекарданд, ки бояд ба ин густохӣ нисбати ҳамдигар муносибат нашавад, Хусусан унн эҳсос мекардам, ки баъзе рӯшанфикрону зиёиён, фарҳангиёну олимони Русия ҳатто аз ин мавқее, ки нирӯҳои миллигаро ва сиёсатмадорони кишварашон гирифтанд, то ҳатто дар хиҷолат буданд. Онҳо мегуфтанд, ки як захираи чанд даҳсолаву чандсадсола дӯстиро, ба и н осонӣ як шарики стратегиро аз даст додан аз рӯи хиради сиёсӣ нест. Ва инро дар бисёр маҳфилҳои таҳлиливу илмӣ зикр мекарданд.

-Оё онҳо сабаби чунин ранг гирифтани қазияро шарҳ намедоданд?

-Дар ин бора низ мегуфтанд. Мегуфтанд, ки Русия дар остонаи як интихоботи Думаи давлатӣ қарор дорад. Гурӯҳҳои муайяни сиёсӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳои мушаххас мехоҳанд карта ё масъалаи муҳоҷирин тоҷикро дар интихоботи худ ба манфиати худ истифода кунанд ва дар ин фазои интихоботи ҳар унна, ки дар ин масъала мавқеъашро шадидтар мекунад уммедвор аст, ки овозҳои зиёдтари интихобкунандагонро мегирад. Барои ҳамин ҳам метавон гуфт, ки муҳоҷирини тоҷик аз як тараф қурбонии муборизаи пешазинтихоботӣ дар Русия шуда истодаанд. Ин ҳам масъалаи хеле муҳим буд.

-Хуб, ба фикри онҳо ин бӯҳрон чӣ гуна метавонад ҳал шавад, ки на бар зарари бештари Тоҷикистон бошаду на бар зарари Русия?

/images/stories/2011/11/21_migrant-pulice_21112011.jpg-Такрор мекунам, ки ҷомеъаи илмиву фарҳангӣ ва динии Русия ва дар ин рӯзҳои охир ҳатто доираҳои сиёсӣ аз ин коре, ки шуд то ҳадде дар ҳолати ногувор худро ҳис мекунанд. Вале он мавқее, ки Русия дар минтақаву ҷаҳон дорад, ба онҳо иҷозат намедиҳад, ки онҳо ба суръат аз ин ботлоқ ва ё худ аз ин коре, ки пеш оварданд, бароянд. Барои ҳамин фикр мекунам, ки онҳо ягон роҳҳои аз ин қазия шарофатмандона хориҷ шуданро ҷустуҷӯ доранд. Пешбинии ман ин аст, ки шояд ин бӯҳрон амиқтар нашавад, балки ба тариқе гузарад.

- Шумо дар робита бо ин қазия дар Форум сухане чанд низ гуфтед?

-Бале. Дар чаҳочӯбаи ин Форум конференсияи илмии «Ҳодисаҳои ахири ҷаҳони ислом ва сиёсатҳои Русия дар қиболи онҳо» сурат гирифт, ки доираи васеъи муҳаққиқони машҳури Русия аз институтҳои илмии Акдемияи Илмҳои Русия ва дигар Донишгоҳҳои Русия ширкат доштанд ва ҳамчунин Шӯрои Уламои Русия ё худ Муфтиёти Русия низ.

Дар ин конференсия ҳамагон таъкид мекарданд, ки Русия бояд муносибатҳои худро бо ҷаҳони ислом ва мусалмонон беҳбуд бахшад ва таъкид мекарданд, ки дар қазияҳои мисли Миср, Либия, Сурия ва дигар кишварҳои араб мавқеъаш бояд чӣ гуна бошад. Аз ҷумла муфтиёни минтақаҳои гуногуни Русия (дар Русия, Шӯрои уламо не, Шӯрои муфтиён фаъолият мекунад) бо сардории шайх Равил Ғайнуддин, ки раиси Шӯрои Муфтиёни Русия ҳаст, бар зарурати ҳамдилӣ бо мусалмонони ҷаҳон ва ҳамкориҳо бо онҳо таъкид мекарданд.

Вале эҳсос кардам, ки қазияи Тоҷикистон ва муҳоҷирини тоҷик сарфи назар мешуд. Барои ҳамин ҳам дар баромади худ як муроҷиатномаи махсусеро ҳамчун мавқеи шаҳрвандии худ он ҷо эрод кардам ва гуфтам, ки дар ҳоле, ки мо дар ҳамин меҳмонхонаи «Золотое кольцо» ду рӯз боз дар бораи ҷаҳони ислом, муносибати Русия бо ҷаҳони ислом сӯҳбат мекунем, дар ҳамин чанд метр дуртар аз мо, дар бисёр боздоштгоҳҳо муҳоҷирини тоҷик боздошт мешаванд ва барои хориҷ кардан аз ҳудуди Русия омода карда мешаванд.

Маъракаи зидди муҳоҷирини тоҷик дар матбуоти Русия ба роҳ андохта шудааст. Магар Тоҷикистон ҷаҳони ислом нест? Чаро дар бораи беҳбуди равобит бо Мисру Либияву Сурия чунин сӯҳбатҳои ҷиддӣ мешаванд, вале дар бораи проблемаҳои муносибати Русия бо шарики стратегиаш Тоҷикистон не? Гӯё Тоҷикистон ҷаҳони ислом набошад.

Ба онҳо гуфтам, ки он намозгузороне, ки шумо аз онҳо ифтихор мекунед, аксари онҳо муҳоҷирини тоҷику ӯзбеку қирғизанд, ки ба масҷидҳои шумо мерезанду шумо ифтихор доред, ки масҷидҳоятон пур шудаанд. Инҳо намозгзорони масҷидҳои шумо, инҳо ҳамэмонони шумоянд. Чаро садои шахсиятҳои динии Русия дар ин росто шунида намешавад?

Мӯҳтавои муроҷиатам ин буд, ки садои мухотабони ман ҳамчун доираҳои солимфикр бояд дар ин масъала шунида шавад. Чаро мо ба Шӯрои муфтиёни Русия чунин муроҷиат кардем? Зеро аввалан мусалмонон дар Русия як ақаллияти бисёр бузург ва бонуфуз ҳастанд, ки теъдоди онҳо аз 20 миллион болотар дар оморҳо ҳисоб мешавад.

Дуввум ин ки худи раҳбарони динии Русия бо давлати Русия, бо мақомоти Русия, бо шахсиятҳои сиёсиву давлатии Русия робитаҳои зиёд доранд. Саввум, ин ки дар фазои кишварҳои ИДМ инҳо як нерӯи фаъол ҳастанд ва онҳо метавонанд аз нуфузи худ дар ақлонитар ва инсонитар шудани муносибатҳо кӯмак кунанд.

-Оё ба ин гуфтаҳои Шумо мухотабонатон вокунише нишон доданд?

-Хушбахтона, ҳатто дар ҳамон сатҳи сӯҳбати расмӣ садри маҷлис, муовини Шӯрои муфтиёти Русия гуфт, ки мо муроҷиати шуморо шунидем мо кӯшиш мекунем, ки мӯҳтавои онро ба мақомот  бирасонем. Ва дар декларатсия ё худ эъломияи Форум навишта шуд, ки Шӯрои муфтиёти Русия масъалаи муҳоҷирини мусалмонро ҳамчун яке аз масъалаҳо мавриди назар гирад.

/images/stories/2011/11/21_forumi-musalmonho_21112011.jpg

-Тибқи маълумотҳое, ки дар даст дорем, дар ҳамин Форум идеяи таъсиси Шӯрои Муфтиёти кишварҳои ИДМ баён шудааст. Дар ин бора фикри Шумо чӣ ҳаст?

-Дар ҳақиқат, Раиси Шӯрои муфтиёни Русия шайх Равил Ғайнуддин, шахсияти бисёр шинохтаи сиёсиву ҷамъиятии Русия пешниҳод кард, ки Шӯрои Муфтиёти кишварҳои ИДМ таъсис ёбад. Ин андеша аз сӯи муфтиёти Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва баъзе ҷумҳуриҳои қафқозии Русия дастгирӣ ёфт.

-Намояндаи Тоҷикистон чӣ гуфт?

- Худи муфтии Тоҷикистон дар ин чорабинӣ ҳузур надоштанд. Ёвари он кас бародар Сулаймон гуфтанд, ки тарафи Тоҷикистон баъди баррасии ин масъала дар Шӯрои Уламои Маркази Исломии Тоҷикистон ба ин суол посух хоҳанд дод.

-Ба фикри шахсии Шумо таъсиси чунин як ниҳод оё ба манфиати ҷомеъаи диндорон ва умуман ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ мебуд?

ӯрои муфтиёти ИДМ як андешаи дар кулл хуб аст. Ин метавонад ба он равандҳои умумии ҳамгароӣ дар фазои кишварҳои ИДМ мусоидат кунад. Мусулмонони ҳамаи ин кишварҳо як навъ ба хатари нуфузи мазҳабҳо, равияҳо ва идеологияҳои гуногуни сиёсӣ ва динии ғайрисуннатӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

Агар Шӯрои уламои ин кишварҳо тавонанд, ки дар ин самт ҳамоҳанг кор кунанд, фикр мекунам, натиҷаи хубе дар пешгирии ин хатарҳо хоҳанд дошт. Албатта ба он шарте, ки дар ҳайати Шӯрои Муфтиёти ИДМ уламои бонуфузи ғайрирасмии ин кишварҳо низ шомил бошанд.

-Ташаккур барои сӯҳбат

Мусоҳиб Султони Ҳамад, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi