17:27:36 02-уми Июни 2025 сол

КАБИРӢ: РАМЗИ ТОҶИКИЯТ ВА ИСЛОМИЯТ АЗ БАЙНИ МО РАФТ

Ё худ гузорише аз маросими сӯгвории шаҳид Раббонӣ дар ҲНИТ

Он рӯз Кобул ва тамоми Афғонистон мотам дошт. Аз тамоми гӯшаву канори минтақа ва ҷаҳон барои ба роҳи охир гусел кардани шаҳиди роҳи сулҳ устод Бурҳониддин Раббонӣ, собиқ раисиҷумҳур, раиси Шӯрои Олии сулҳи Афғонистон намояндагони зиёде ба пойтахти ин кишвари ҳамсоя омада буданд. Чаноза рӯзи ҷумъаи 23-уми сентябр дар масҷиди ҷомеъи Арки Қасри раёсати ҷумҳурии Афғонистон баргузор гардид.

/images/stories/2011/09/24_ustod-rabboni_1_24.9.2011.jpgҲомид Карзай шаҳодати Бурҳониддин Раббониро зоъиаи бузурге миллати ислом арзёбӣ кард. Дар маросими хондани ҷаноза аз Тоҷикистон ду ҳайат ширкат варзид. Ҳайати ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳайати ҲНИТ таҳти раҳбарии муовини аввали раиси ҲНИТ Саид Умар Ҳусайнӣ. Дар ҳайати ҳукуматӣ, Эркин Раҳматуллоев-Мушовири давлатии Президенти ҶТ оид ба масоили байналмилалӣ, Саидмукаррам Абдуқодирзода- раиси Маркази исломии ҶТ ва дигарон ширкат варзиданд. Дар худи ҳамин рӯз дар Тоҷикистон дар дафтари марказии ҲНИТ дар шаҳри Душанбе қабл аз намози ҷумъа маросими сӯгвории устоди зиндаёд Бурҳониддини Раббонӣ баргузор гардид.

Саъдуддин Рустамов- яке аз фаъолони ҲНИТ маросимро бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда гуфт, ки имрӯз дар сарзамини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ташшиъи ҷанозаи пайкари мутаҳарри муҷоҳиди кабир, марҳум Бурҳониддин Раббонӣ баргузор мегардад. Мо ҳам дар ин рӯзи ҷумъа дар ин ҷо ҷамъ омадаем то ёду хотираи ин абармарди таърихро пос бидорем.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар суханронии худ иброз дошт, ки талафоте, ки олами ислом ду рӯз қабл дид, ин ҳадди аққал дар даҳ соли ахир назир надошт. Бузургтарин марди сулҳ аз байни мо рафт. Рамзи тоҷикият ва исломият аз байни мо рафт. Шаҳодати эшонро ба ҳама олами ислом, ба хусус ба бародарони форсзабон дар Эрону Афғонистону Тоҷикистон арзи тасаллият мегӯям.

/images/stories/2011/09/24_kabiri_24.9.2011.jpgӮ афзуд: «Устод Раббонӣ нафаре ҳаст, ки барои ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ шиностар аз ҳамсояи ӯст. Ҳатто аз хешу табораш устод Раббонӣ шиностару ошнотар аст. Устод Раббонӣ ҳукми падарӣ ба садҳо ҳазор муҳоҷирӣ тоҷикро дошт. Ва имрӯз ин мусибат барои он муҳоҷирине ҳаст, ки тӯли чанд сол дар меҳмонии устод Раббонӣ буданд ва воқеан устод Раббонӣ дар замоне раҳбарии ин кишвари ҷангзадаро ба дӯш гирифтанд, ки аслан чизе барои тақсим кардан бо дигарон надошт. Вале бо вуҷуди ҳамин ҳам дар пазироии муҳоҷирини мо ҳеҷ камбудие накарданд ва буду набуди кишвари ҷангзадаву қашшоқи худро бо садҳо ҳазор муҳоҷирин тақсим карданд. Ва боз ҳам баъд аз ҳамаи ин хидмат борҳо изҳори таассуф мекарданд, узрхоҳи мекарданд, ки барои миллати тоҷик барои муҳоҷирин коре ба анҷом надоданд». Кабирӣ дар робита бо омилони қ атли устод Раббонӣ гуфт, ки касоне, ки ин кушторро анҷом доданд, ҳадафашон танҳо устод Раббонӣ набуд. Ҳадафашон сулҳ буд, амният, истиқрор буд, ҳадафашон исломи мӯътадил буд. Ин роҳ ҳамин гуна роҳ ҳаст, ки шаҳодат дорад талафот дорад. Устод Раббонӣ ин шаҳодатро ба хотири идомаи роҳашон чашидаанд. Ва охирон ҳарфҳое, ки эшон дар Теҳрон се ё чор рӯз қабл бо ҳам будем дар конфронси байналмилалии «Бедории исломӣ» шояд ки муҳимтарин ҳарфҳои худашонро гуфтанд. Ҳеҷ аз ёдам намеравад лаҳзаҳое, ки раисикунанда таъкид кард, ки вақти эшон ба анҷом расидааст. Як ду бор ба таъкиди рисикунандаи маҷлис аҳамият надоданд.

/images/stories/2011/09/24_odamon_11212.jpgБаъдан хоҳиш карданд, ки барояшон як дақиқаи дигар вақти иловагӣ ҷудо карда шавад то як ҳарфе доранд бигӯянд. Эҳсос мекарданд, ки бояд ин ҳарфро бигӯянд, шояд дигар фурсат нашавад. Гуфтанд, ки «чун ин ҷо ҳафтсад ҳаштсад олими исломӣ нишастаем, магар вақти он нест, ки тасмим бигирем, як фатвои дастаҷамъӣ, як андешаи муштарак ба мардум ин паёмро бифиристем, ки мусалмонкушӣ бо дасти мусалмон хотима дода шавад. Ва дигар мусалмон мусалмонеро накушад. Эшон шояд дарк мекарданд, ки чӣ паёмаде ӯро ба наздикӣ ва аз дасти ҳамдин, ҳаммазҳабу ҳаммаслакаш интизор аст. Ва инро ҳамчун охирин васияти хеш ба олами ислом, ба мусалмонон гуфтанд. Мо сӯҳбатҳои хубу тӯлоние дар ҳошияи ин анҷуман дар Теҳрон доштем. Мо, ки намояндаи вижаро ба Кобул, ба назди эшон барои ширкат кардан дар ин анҷуман фиристода будем, намояндаи мо гуфт, ки эшон мутараддид ҳастанд барои омадан ба Тоҷикистон. Чун барномаҳое, корҳое доранд дар ин ва ё он кишвар, вале дар сӯҳбати мо дар Теҳрон баъд аз он зарурати ин сафар ва аҳамияти онро барои миллати тоҷик барояш шарҳ додем, барои кишвари мо, барои минтақа, эшон гуфтанд, ки иншоаллоҳ баъди бозгашт ба Дубай ҳатман дар тараддуди сафар ба Душанбе хоҳад буд ва дар анҷуман ширкат хоҳад кард. Аслан дар бораи бозгашташон ба Кобул ҳарфе назаданд, сӯҳбате накарданд. Нияташ ҳамин буд, ки аз Теҳрон ба Дубай мераванд ва аз Дубай ба Душанбе. Рӯзи дигар дӯстонам занг заданд, ки устод Раббонӣ шаҳид шуд. Бароям хеле боварнокарданӣ буд. Зеро тибқи фармудаашон ба Кобул бояд барнамегаштанд. Ҷои дигар мерафтанд. Вале баъдан тасдиқ шуд, ки эшон дар Кобул ба шаҳодат расиданд. Худо ҷояшонро ҷаннат кунад, ёдашон ба хайр. Ба бозмондагонашон сабри ҷамил орзумандам. Тасаллияти худро аз номи ҲНИТ, садҳо ҳазор муҳоҷир ва муҷоҳиде, ки устоди марҳум ба онҳо кӯмак расонда буд, ба аҳли хонадон ва ҶИА ва сафорати ҶИА ва ба ҳама ёру дӯстон мерасонам. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун».

 

 

/images/stories/2011/09/24_oriyonfar_24.9.2011.jpgШамсулҳаққи Ориёнфар - вобастаи фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дар ин маросим ширкат варзид, пеш аз ҳама миннатдории хешро аз баргузоркунандагони ин маърака изҳор дошт ва аз ҷумла чунин гуфт: «Шаҳодати устоди бузург устод Раббонӣ на танҳо як зоеъа барои Афғонистон аст, балки як зоеъаи бузург барои наҳзатҳои исломии ҷаҳон аст ва аз даст додани як шахсияти бузург ва мутафаккири ҷаҳонист. Дар Афғонистон устод ягона шахсияте буд, ки меҳвари миллӣ шуда буд. Дар канори ҳеҷ шахсияти дигаре ҳама ақвом ҷамъ намешуданд. Аммо ҳар маҷлисе, ки устод Раббонӣ дар он ҷо мебуд, аз бист қавм ҳам агар нафар мебуд, раҳбар устод Раббонӣ буд. Дигар касеро раҳбар интихоб намекарданд ё бо дигар кассе ба иҷмоъ намерасиданд. Ҳеҷ вақт маҷлие аз ақвом нашудааст, ки раҳбарии ӯ аз устод Раббонӣ набошад. Чунин шахсияте, ки ба чунин меҳварият расида бошад, фақат устод Раббонӣ буд дар Афғонистон. Ва шояд душманҳо аз ҳамин ҳам таваҷҷӯҳ мекарданд, ки даст ба ин тавтиа заданд. Ва аммо дар наҳзатҳои исломӣ ҳам фикр бикунем, шояд мо дар ҷаҳони ислом, дар байни аҳзоби исломӣ, ҳарактҳои исломӣ як мутафаккири бузург дошта бошем. Ё дар мавриди як шахсияти амалӣ, кассе, ки дар ҳаракатҳои амаливу инқилобӣ нақш дошта бошад, дошта бошем. Аммо як кассе, ки ҳардуи аз инро сад дар сад дошта бошад, биср кам дорем. Ва устод Раббонӣ як мутафаккири исломист, як мутафаккири инқилобии ислормист. Олими исломӣ зиёд дорем. Олиме, ки ҳатто дар хидмати истеъмор ҳам ҳаст. Аммо олдиме, ки огоҳна исломӣ муҳаммадӣ, исломи инқилобиро дарк мекунад, биср маҳдуд аст. Устод Раббонӣ чунин шахсияте буданд. Ва касест, ки панҷоҳ соли умраш дар мубориза дар роҳи ислом сарф шудааст. Ин як муборизи мутафаккир, ки панҷоҳ сол дар роҳи ислом мубориза кардааст. Агар фарз кардем чунин муборизе ёфт шавад ҳам фале шахсе, ки панҷоҳ сол таҷрибаи мубориза дошта бошад, ба гумон аст, ки бошад. Барои ҳамин ҳам дар сахттарин ҳолатҳо роҳро мекушуд, аз бунбаст берун мешуд. Чанд вақт пеш як маҷлис буд. Дустон назар медоданд. Билохира яке аз шахсиятҳо гуфт, ки «устод, ҳар тасмимеро, ки худат мегирӣ, ҳамонро бигир, ки мо амал кунем». Дар сахттарин шароит роҳро мекушуд, ки чӣ кор бикунем ва аз бунбаст чӣ қисм бароем. Устод Раббонӣ замоне муборизаро оғоз кард панҷоҳ сол пеш ба сурати амалӣ, ки кассе бовар намекард, ки мо муборизоти исломӣ бикунем ба натиҷа мерасем. Ҳатто дар Афғонистон вазъият қисме омада буд дар як ғафлату хобидагӣ, ки дар муҳити равшвнфикрӣ намоз хондан шарм буд. Намоз кори уламои дин ҳаст. Одам, ки таҳсил карду равшанфикр шуду огоҳ шуд дигар аз ин гапҳо дурр мешавад. Дар ҳолате, ки андешаи сотсиализму марксизми даврони шӯравӣ дар авҷи иқтидор ҳасту наҳзатҳои озодибахши дунёро шӯравии муқтадир аз як тараф ҳимоят мекунад ва аз тарафи дигар дар дунёи либерализму сармоядорӣ шиор ҳамин аст, ки дар ҷаҳон ду нерӯ ҳаст ва чизи дигар вуҷуд надорад. Дар чунин вақте ҳаракати саввумро унвон мекунад. Агарчи ҳаракати саввум, ҳаракати ислом аз тарафи Саид Ҷамолиддин, Саид Қутб, Шариативу дигарон унвон шуда буд. аммо устод Раббонӣ ҳаракатро ба амал табдил медиҳад. Ва ба амал дохил шуда ин назарияро мехоҳад дар зиндагӣ пиёда кунад. Мебинем, ки комилан муваффақ ҳам мешавад. Мову шумо дар ҷаҳони ислом метавоем камтар касеро суроғ кунем, ки тақриба бо ҳамаи қудратҳои дунё рӯ ба рӯ шуда бошад. Паймони Варсов дар баробари наҳзати исломии Афғонистон, дар баробари устод Раббонӣ шикаст хӯрд. Баъд аз он паймони дигар омад. Дар замоне, ки толиб ҷанг мекард мо кати кули дунё мувоҷеҳ будем».

Агар устод имрӯз шаҳид шуд, аммо роҳаш идома дорад. Дар ҳар гӯшае, ки шумо мебинед, шахсиятҳои аз ҳамин ҳаракат бархостааст.

/images/stories/2011/09/24_hasan-rahimpur_24.9.2011.jpgҲасан Раҳимпур, донишманди эронӣ гуфт, ки «набояд тасаллият гуфт бояд табрик гуфт шаҳодати устод Раббониро. Ҳамин тавре, ки қабл аз ӯ мардони олим, мутафаккир ва муҷоҳиди мусалмон дар роҳи иззати ислом ва ҳуқуқи муслимин шаҳид шуданд. Мисли рӯҳи муттаҳари устод Нурӣ, шуҳадои наҳзати исломии Тоҷикистон, шуҳадои истиқлолу озодиву исломхоҳӣ дар Афғонистон ва шуҳадои инқилоби исломӣ дар Ирон ва кулли шуҳадои уммати ислом аз Мисру Тунис, Фаластин, Лубнон, Эрон, Афғонистон ҳама ҷо.

Ҳузури бародарони азизамон арз мекунам, ки оё вақти он нарасидааст, ки бузургони ҷаҳони ислом, уламо, равшанфикрон ва раҳбарони ҷаҳони ислом мушкили ваҳдати уммати исломиро дуруст ҳал кунанд. Дар саду панҷоҳ дусад соли гузашта, ки инглисҳо, фаронсавиҳо, амрикоиҳо, русҳо, коммунистҳо машғули ғорати ҷаҳони ислом шуданд аз шимоли Африқо то Ховари Миёна, то Афғонистон, то Малезӣ ва Индонезӣ ҳама ҷо пои артишҳои истеъморгари ғарбӣ расид, ҳамаи онҳо ба суръат фаҳмиданд ва эълон карданд, ки мо ҳарифи мусалмонон намешавем. Чун то Қуръон байни муслимин ҳаст, чун то суннати расулуллоҳ ҳаст, то он таърихи боаззамати аҳли байти пайғамбар ва аҳсоби пайғамбар ҳаст, то рӯҳи ҷиҳоду шаҳодат аст, бар муслимин намешавад мусаллат шуд. Танҳо роҳи тасаллут ва нуфуз дар байни муслимин ин аст, ки бояд мусалмононро бо дасти худашон ба замин зад ва нобуд кард. Ин тарҳест, ки саду панҷоҳ- дувист сол боз доранд дар ҷаҳони ислом таҳвил мекунанд. Ба гуфтаи донишманди эронӣ зери таъсири ҳамин тавтиъаҳо устод Раббонӣ аз ҷониби ба ном мусулмонҳо кушта мешавад.

Барои гирифтани маълумоти бештаре ба гузориши видеоие, ки аз сӯӣ хабарнигори мо таҳия шуда пешкаши шумо мегардад, муроҷиат намоед.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854