14:48:17 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Д.УСМОН: "ҚАБУЛ НАКАРДАМ, КИ ДАР БАРИ САНГАК БИШИНАМ"

Гуфтугӯ бо Давлати Усмон, муовини пешини нахуствазир ва вазири собиқи иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

-Шумо ҳангоми истеъфо додани Раҳмон Набиев дар вазифаи ноиби нахуствазири Тоҷикистон фаъолият мекардед ва шахсан шоҳиди рух додани ин ҳодиса дар 7-уми сентябри соли 1992 дар фурудгоҳи пойтахт будед. Бигӯед, ин ҳодиса чӣ тавр рух дод?

/images/stories/2011/09/06_davlat-usmon-6.9.2011.jpg-Раҳмон Набиев замоне ба сари қудрат омад, ки ҷомеаи Тоҷикистон ду тақсим шуда буд. Бо ин вуҷуд ӯ шахсияте набуд, ки ба ҷониби дигар низ қобили қабул набошад. Аммо Раҳмон Набиев ин фурсатро аз даст дод. Зеро ӯ аз ҳамон тафаккур ва ҷаҳонбинии коммунистӣ берун рафта натавонист. Ё номенклатураи коммунистӣ, ки дар атрофаш ҷамъ шуда буд, ӯро нагузошт ва имкон надод ва ё ин ки тафаккури худаш омода набуд, ки ин ду қисматро як ва ин ду нерӯи аз лиҳози сиёсӣ тақсимшударо ба ҳам оварад. Дар ибтидо нерӯҳои мухолифoн, ки бо номи оппозитсиюн шинохта шуданд, хеле талош карданд, ки Раҳмон Набиевро барои ҷонибдорони худ қобили қабул созанд.

Дар ин маврид метавон хеле зиёд сӯҳбат кард, аммо мехоҳам як таърихеро барои шумо ҳикоят кунам. Тақрибан баъд аз ду ҳафтае, ки муовини нахуствазир дар Ҳукумати Муросои Миллӣ таъйин шудам, ба ҷаноби Набиев занг зада, хоҳиш кардам, ки агар вақт дошта бошад барои чанд лаҳзае маро қабул кунад. Ин вохӯрӣ бо ибтикори шахсии ман сурат гирифт ва баъдан дигар роҳбарони оппозитсиюнро дар ҷараён гузоштам. Рӯзи якшанбеи 19-уми май буд. Соати 10 ба утоқи кории Раҳмон Набиев омадам. Ӯ маро хуб қабул кард. Вохӯрии аввали мо мисли як шиносоӣ буд. Мо бештар талош кардем дар бораи мушкилоти умумие, ки ҷумҳуриро фаро гирифтааст, сӯҳбат кунем.

"КОР ДАСТИ МАНБА НЕ..."

Дар ин мулоқот дар бораи он ҳадафе, ки ба хотири он назди раисиҷумҳур омада будам, сӯҳбат накардам, чун мехостам Раҳмон Набиев омода шавад. Баъд аз гузашти як ҳафта боз телефон кардам. Раҳмон Набиев маро қабул кард. Гуфтам, ки як пешниҳод дорам, агар Шумо қабул дошта бошед. Гуфт, ки бигӯ. Гуфтам Иттиҳоди нерӯҳои мухолифон омодааст бо тамоми нерӯ ва имконоташ аз Шумо дар ин панҷсолае, ки раиси ҷумҳурӣ интихоб шудед, дастгирӣ кунад ва тааҳҳуд мекунад барои панҷ соли баъдӣ, ки агар дубора интихоб шавед ҳамин тарзи муносибат ва ҳамкориро идома диҳад. Мо омодаем дар ин бора бо Шумо тааҳҳуд кунем. Вале биёед Шумо умури давлатро ҷиддан ба даст бигиред, ҳокимиятро мустаҳкам кунед.

Раҳмон Набиев дар посух нигоҳи рамзомезе ба ман андохта як сухани бисёр ҷолиб гуфт: “Давлат, кор дасти манба не”. Ман ҳайрон шудам ва гуфтам чӣ тавр кор дар дасти Шумо нест? Гуфт, ки "пеш аз он ки Шумо муовини нахуствазир таъйин бишавед дар моҳи январ, ман Юлбарс Эгамбердиевро аз кор гирифтам. Ин корро бо ҷаноби Ислом Каримов машварат нокарда анҷом додам. Ҳоло 5 моҳ мешавад, ки ҳарчанд ман телефон мезанам, ҷавоби занги маро намедиҳад. Ман ҳамин қадар раиси ҷумҳур. Ягон коре карда наметавонам”.

Ман омадам ва дар ҷамъи роҳбарони оппозитсиюн ҷаноби Тӯраҷонзодаву Нуриву Ҳимматзодаву раҳматии Тоҳири Абдуҷаббору Шодмон Юсуф мӯҳтавои мулоқот бо Набиевро барояшон баён кардам. Гуфтам, ки ҷаноби Набиев ҳамин тавр мегӯяд, мо бояд дар фикре бошем, ки ҷаноби Набиев бо роҳи қонунӣ аз мақомаш биравад. Дар он ҷо қарор шуд, ки ин шахс метавонад Абдумалик Абдуллоҷонов бошад ва нафари фаъоле, ки аз шимол метавонад феълан Набиевро иваз кунад, Абдуллоҷонов аст. Ҳамин тавр, қарор бар ин шуд, ки сари ин масъала бояд кор кард. Аввалин вохӯрии мо ҳам дар ҷиҳати иҷрои ин амр бо воситаи як нафари мӯътамади Абдуллоҷонов, ки Қурайшхон ном дошт, дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.

ҶАЛАСАИ 15 ВА МАСЪАЛАИ ИСТЕЪФОИ НАБИЕВ

Дар ин мулоқот ману марҳум ҷаноби Нурӣ ҳадафамонро барои онҳо бозгӯ кардем. Дертар вохӯрии мо бо худи Абдумалик Абдуллоҷонов баргузор шуд. Қарор шуд, ки намояндаҳои Хуҷандро ба ин кор омода кунем, то ки дар ҷаласаи порлумон Набиевро маҷбур ба истеъфо кунанд. Агар шумо дар ёд дошта бошед, моҳи августи соли 1992 ҷаласаи 15-уми Шӯрои Олӣ доир шуд ва дар ин ҷаласа мебоист як масъала, масъалаи истеъфои Раҳмон Набиев баррасӣ мекарданд. Ин ҷо бояд як нуктаро ёдовар шавам, ки вақте қисмате аз мардуми Майдони Озодӣ бо силоҳ баргашт, нишонаҳои бурузи ҷанги шаҳрвандӣ баръало мушоҳида мешуд. Хуб, баргардем сари иҷлосияи 15, ки масъалаи истеъфои Набиевро баррасӣ мекард.

Қарор буд бо вакилони Шӯрои Олӣ аз Хуҷанд, ки он замон беш аз 50 дарсадро ташкил медоданд, Абдуллоҷонов сӯҳбат ва қазияро баррасӣ мекард ва вақте ҳамаи онҳо ин масъаларо якдилона қабул мекарданд, баъд мо ҷаласаи порлумонро доир мекардем. Абдуллоҷонов пас аз сӯҳбатҳои як моҳ-думоҳа ба мо иттилоъ дод, ки намояндаҳои Хуҷанд омода ҳастанд. Тавассути Акбаршо Искандаров, ки раиси Шӯрои Олӣ буд ва бо оппозитсиюн робитаи бад надошт ва раёсати Шӯрои Олӣ, ки дар онҷо ҷаноби Тӯраҷонзодаву Соҳибназаров узвият доштанд, тавонистем, ки ҷаласаи 15-и Шӯрои Олиро даъват кунем. Дар рафти ҷаласаи 15-и порлумон бо Нарзулло Дӯстов, ки он вақт дигар ноиби президент набуд, сӯҳбат кардам. Ӯ гуфт, дар ҳукумат кор бидиҳед, омода ҳастам, ба Набиев бифаҳмонам, ки ӯ дигар кишварро идора карда наметавонад, бесалоҳият шудааст.

Гуфт, ки ин ҳамаро ошкоро дар ҷаласа низ мегӯяд. Дуюм нафаре, ки бояд суханронӣ мекард, марҳум Даврон Ашӯров мебуд ва сипас раиси вилояти Ленинобод (Суғди ҳозира) Ҷӯра Шокиров идома медод. Бесалоҳиятӣ ва бекифоятии раисиҷумҳур дар овоз монда мешуд. Дар натиҷа Раҳмон Набиев бояд ба  истеъфо мерафт. Ҷаласаи порлумон шурӯъ ба кор кард ва аввалин шуда Нарзулло Дӯстов сухан кард. Ӯ гуфт, ки Раҳмон Набиев, Шумо дигар салоҳияти идораи кишварро надоред, ҷанг сар шуда истодааст, ба истеъфо равед. Вақте ки Даврон Ашӯров ҳам ба чунин мазмун сухан кард, Раҳмон Набиев, ки  раисиҷумҳур буд, албатта, ҳис кард, ки чизе ҳаст дар пушти ин суханрониҳо. Ба раиси порлумон пешниҳод кард, ки бояд дар кори ҷаласа танаффус эълон шавад. Чун пешниҳод аз тарафи раисиҷумҳур матраҳ шуд, раиси порлумон онро қабул кард.

Вале ҳамин танаффус басанда шуд, ки дар байни вакилон аз Хуҷанд як тафриқа эҷод кунад, чун баъд аз танаффус дигар порлумон аз масъалаи истеъфои Набиев сарфи назар кард. Раҳмон Набиев баъд аз танаффус тарафи ман бо қаҳр нигоҳ карда, дарафтод, ки “ман медонам Шумо чӣ кор карда истодаед” ва албатта ман худамро хеле дур гирифтам ва гуфтам, ки ҳеҷ дахолат надорам. Ба ин тартиб, порлумон қароре қабул кард, ки ду тараф халъи силоҳ шаванд ва як кумиссюне ташкил шуд, ки маро масъули он интихоб карданд. Аммо ин маънои боз бӯҳронитар шудани вазъиятро дошт. Чун дар ин марҳала ниҳодҳои қудратӣ ба тарафҳо тақсим шуда буданд."

ФРОНТИ ХАЛҚӢ

- Он айём  Фронти халқӣ ташкил шуда ва Раҳмон Набиев умедвор буд, ки онҳо ӯро дастгирӣ мекунанд?

-Фронти халқӣ моҳи октябри соли 1992 ташкил ёфта буд, пеш аз ҳамлаи марҳум Сафаралӣ Кенҷаев ба Душанбе. Пеш аз ин Горди худмуҳофизатии Кӯлоб амал мекард.

- Вале дар ҳар сурат Хуҷанд ва Кӯлоб Ҳукумати Муросои Миллиро гӯш намекарданд...

-Дуруст, вале дар ин миён вақте ки мо вохӯриҳои пинҳонӣ доир мекардем, шартҳои Хуҷанду дигарҳоро қабул кардем. Он вақт муҳим Хуҷанд буд, чун ҳукумати сиёсӣ комилан дар дасти мардуми шимол буд. Аксарияти порлумон, Вазорати умури дохиливу Кумитаи амният дар дасти хуҷандиҳо буд.

НАБИЕВ: "ДАВЛАТ, ИН ЧӢ КОРИ КАРДАГИАТ?"

-Раҳмон Набиев вақте дар фурудгоҳ истеъфо дод, ин иттифоқот чӣ гуна сурат гирифт?

-Пас аз он ки бӯҳрон боз ҳам амиқтар рафт, бесалоҳиятии ҳукумати ҷаноби Набиев боз ҳам рӯшантар шуд, ҳамон гуфтушунидҳое қаблан ишора кардам, идома ёфтанд. Дубора масъалаи даъвати иҷлосияи порлумон дар миён омад, зеро танҳо порлумон метавонист бесалоҳиятии раисиҷумҳурро эълон кунад. Намояндаҳои Хуҷанд ҳамагӣ дигар дар Хуҷанд қарор доштанд, дар Душанбе намонда буданд. Онҳо пешниҳод карданд, ки омода ҳастанд, то ҷаласаи порлумон дар Хуҷанд даъват шавад ва дар ҳузури онҳо Раҳмон Набиев ба истеъфо равад. Қарор шуд, ки намояндаҳои Кӯлобу Душанбе ба Хуҷанд раванд.

Ин масъала дар президиуми Шӯрои Олӣ мавриди баҳс қарор гирифт. Ҷаноби Тӯраҷонзода, ки узви раёсат буд аз рафтан ба Хуҷанд худдорӣ намуд ва аз роҳбарони оппозитсиюн ҳам касе ҳозир нашуд, ки биравад. Дар ёд дорам, ки Акбаршоҳ Искандаров, раиси Шӯрои Олӣ ва кафили раисиҷумҳур ба ман занг зад ва наздаш даъват кард. Ман рафтам ва он кас ба ман гуфтанд, ки Шумо бояд ҳамроҳи мо ба Хуҷанд равед. Мо танҳо ҳаминро медонистем, ки мо ҳам ва раиси ҷумҳурӣ ҳам бояд ба Хуҷанд парвоз кунем. Мо як шарт гузоштем. Бигузор раисиҷумҳур бо тайёра (ҳавопаймо)-и худаш биравад, мо худамон бо ҳавопаймои дигар меравем.

Тайёраи раисиҷумҳур ҳам як тайёраи  хурди Як-40 буд, ки дар он 15-20 нафар савор мешуд. Мо гуфтем, раисиҷумҳур ҳамроҳи муҳофизонаш биравад, (чун худи ӯ ва ҳайати муҳофизонаш як ҳавопайморо пур мекарданд) мо бо тайёраи баъдӣ меравем. Раҳмон Набиев дар истироҳатгоҳи Шӯрои вазирон қарор дошту русҳо (фирқаи низомии 201-и Русия) ҳимояташ мекарданд. Онҳо барвақттар ба фурудгоҳ рафта буданд. Тақрибан баъд аз ним соат Акбаршоҳ Искандаров гуфт, ки Раҳмон Набиев аллакай парвоз карду рафт, мо ҳам бояд биравем. Ҳамроҳи Искандаров бо мошини ӯ ба майдони ҳавоӣ омадем. Ин замон аллакай тирпаронӣ ба анҷом расида буд. Вақте мошини мо таваққуф карду ману Акбаршоҳ Искандаров поин шудем, Набиев дар остонаи дари толори пазироии ашхоси расмии фурудгоҳ рост истода буд. Ба тарафи мо гашту гуфт, ки “Давлат, ин чӣ кори кардагиат, ин тараф гузар, тир нарасад.

ТАҲДИДИ МУЛЛО АБДУҒАФФОР ВА ИСМАТИ АВУЛӢ

Ману Искандаров ҳайрон шудем, ки чӣ гап шуда бошад. Дидем, ки яке аз муҳофизони Раҳмон Набиев аз пояш тир хӯрдаасту аз ҷойи ҷароҳат хун меравад. Вақте вориди толор шудем, дидем, ки толор дар муҳосира аст. Исмати авулӣ ва Мулло Абдуғаффор нерӯҳоро фармон медиҳанд. Аммо дар пушти ин нерӯҳо, яъне аз паси онҳо танкҳои русӣ истодаанд. Кӯшиш кардем, бипурсем, ки чӣ ҳодиса  шудааст, аммо касе ба мо эътино ва эътибор намедод. Ҳатто таҳдид ҳам карданд, ки мусаллаҳанд ва касе набояд дахолат бикунад. Ба Раҳмон Набиев гуфтанд, ки танҳо роҳ ҳамин аст, ки ба истеъфо биравӣ. Дар он ҷо Шаҳоб Шарифов, раиси КГБ-и Тоҷикистон ҳам ҳузур дошт. Кӯшиш кард, то ҷилави ин корро бигирад, ӯро ҳам таҳдид карданд. Дигар хомӯш монд. Русҳо ҳам омаданд, фишор оварданд, аммо аз дасташон чизе наомад. Баъд Набиев маҷбур шуд, ки ҳамон ҷо аризаи истеъфои худро нависад.

ДАСТИ КӢ: УЗБАКИСТОН Ё РУСИЯ?

- Ҳодиса мисли як нақшаи пешакӣ тарҳрезишударо мемонад. Чунки аз сафари президент ба Хуҷанд ҳатто раиси Кумитаи амният хабар надоштааст. Танҳо раҳбарони ҳукумати он замону русҳо хабар доштанд. Аммо чаро мухолифон ин корро анҷом доданд?

-Одамоне, ки ин корро анҷом доданд, якеаш дар қайди ҳаёт несту дигарӣ ҳаст. Ман иҷрокунандаҳои ин корро дар назар дорам. Воқеан ҳам ин амали созмони ҷосусӣ буд. Ё Узбакистон ва ё Русия, ки он вақт хеле фаъол буданд. Созмони ҷосусии Тоҷикистон ин ҷо даст надошт. Роҳбарияти мухолифон низ чунин ранг гирифтани корро намехост. Намехостанд, ки Раҳмон Набиев бо ин шева аз кор биравад. Агар онҳо даст медоштанд, ҳеҷ гоҳ кӯшиши ду навбат баргузории ҷаласаи порлумонро намекарданд. Барои мухолифон он замон анҷом додани чунин кор хеле осон, ба масал "ду карат ду" буд. Мухолифон хостори қонунан тағйир додани ҳокимият буданд.

ЧАРО РАҲМОН НАБИЕВ БОЯД ИСТЕЪФО МЕДОД?

-Ба ҳар сурат чаро Раҳмон Набиев бояд истеъфо медод?

Яке аз сабабҳо ҳамин бекифоятиаш буд. Аз ҳамон ибтидо эҳсос мешуд, ки воқеияти рӯзро дарк карда наметавонад. Бо тафаккури шахшудаи худ натавонист пай бубарад, ки дар атроф чӣ тағйироте ҷараён дорад. Ҳеҷ кӯшиш накард, ки бо нерӯҳои сиёсии навпайдо музокира ва ҳамкорӣ кунад ва онҳоро ба худаш наздик созад ва аз онҳо барои пешрафти кори худаш истифода барад. Барои мисол, Ислом Каримов ҳатто бо нерӯҳои мухолифи исломиаш дар марҳалаи аввал, то таҳкими пояҳои давлаташ вориди музокира шуд, ҳарчанд ки дертар онҳоро саркӯб кард.

Аммо, мутаассифона, Раҳмон Набиев ё ин тарзи корро аслан намехост ва ё ба он омода набуд. Ин муносибати ӯ то ташкил шудани Ҳукумати Муросои Миллӣ аллакай маълум буд. Аз ҳамон муҳокимаи порлумонии Муҳаммадайёз Навҷувонов, вазири корҳои дохилӣ, тавассути раиси порлумон, марҳум Кенҷаев маълум шуда буд. Ин аллакай бесалоҳиятии Набиевро исбот мекард, чунки муҳокимаи вазир аз тарафи раиси порлумон номумкин буд. Шӯрои Олӣ чунин салоҳиятро надошт.

АГАР РОҲБАР АЗ ЗИРАКӢ ВА ШУҶОАТ МАҲРУМ БОШАД...

- Яъне Набиев қудратро аз даст дода буд?

-Бале. Рӯз то рӯз қудрат аз дасташ мерафт.

-Ба назар мерасид, ки Раҳмон Набиев худро аз ҳодисаҳо канор мегирифт. Гоҳе худро ба ҳимояти артиши 201-и Русия месупорид ва гоҳе дар пинҳонгоҳи Кумитаи амният паноҳ мебурд. Ба як мушоҳидакори комилан бехаёл табдил шуда буд, на раисиҷумҳур, ки ҳама риштаҳо аз ҷумла  қудратро зери даст дораду муваззаф аст аз вуқӯи чунин ҳодисаҳо пешгирӣ кунад. Оё метавон гуфт, он вақт худи раисиҷумҳур ба як мушкил табдил шуда буд?



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi