17:55:05 01-уми Июли 2025 сол

ВАҲҲОБ ВОҲИДОВ: "СССР-РО ХОИНҲО ВАЙРОН КАРДАНД" - Qismati 1

 

"МО ОВОЗ НАДОШТЕМ"

Барои мисол, ман ҳамчун котиби Кумитаи марказӣ узви бюрои КМ, ки масъалаи Тоҷикистонро ҳал мекард, овоз надоштам, моро гӯш намекарданд. Дар худи мақомоти марказии Тоҷикистон ҳам барои мисол Лучинский Петр Кириллович котиби дуюми ҲК, раиси КГБ-и Тоҷикистон В. Петкел, прокурори генералӣ  Г. Михайлин рус буданд. Дигар чӣ кор ҳам мекардӣ? Вақте Салоҳиддин Ҳасанов, котиби якуми вилояти Кӯлобро ҳабс карданд, ману Ғоибназар Паллаев дар пайи иҷрои супориши роҳбарият бо ҳадафи ташкил кардани вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб қарор доштем. Рӯзи шанбе буд, ки Қаҳҳор Маҳкамов телефон карда гуфт, ки зуд баргардед.

Мо гуфтем, Қаҳҳор Маҳкамович ҳанӯз масъалаҳоро то ба охир нарасонидаем. Маҷбур шудем ҳамаи роҳбарони навоҳӣ ва вилоятро ҷамъ ва дар бораи ташкил кардани вилояти Хатлон сӯҳбат кардему соати даҳ бо ҳавопаймои ҳукуматӣ баргаштем ба Душанбе. Ҳасанов моро гусел карда ба кабинеташ меравад, ки ӯро ҳабс мекунанд. Аммо ҳабскунандаҳо кӣ? Ҷонишини прокурори генералӣ - рус, намоянда аз Кумитаи бехатарӣ - рус, ҷонишини прокурори вилояти Кӯлоб - рус аз тарафи КМ-и ҲКТ Сухов мудири шӯъбаи корҳои ташкилии КМ, ки ӯ ҳам дар ҷараёни дастгиркунии Ҳасанов ширкат доштааст.

Ӯро рӯзи бозор ба Душанбе оварданд ва бюрои КМ пешниҳод кард, ки аз ваколати депутатиаш маҳрум созанд ва дар охир ба зиндон равонааш карданд. Касе чизе нагуфт. Дар бюрои КМ ҳам моро намонданд, чизе бигӯем, лозим нест гуфтанд. Гуфтанд: “Пусть доложит Михайлин, что он вор". Михайлин баромад карду гуфт: "Да, он вор". Онҳо ҳамин тавр ҳам карданд, ки ӯ дузд асту ину он аст. Дедов як ҳуҷҷатро овард, ки мебоист Шӯрои олӣ мутобиқи он қарори худро иттихоз карда ва ваколати Ҳасановро қатъ созад. Бисёриҳо то ба имрӯз нафаҳмидаанд, ки мо дар зери ниқоби Русия кор мекардем. Ин камбудии якуми давлати Шӯравӣ буд.

ХАТНАСУРИ ПИНҲОНӢ

Дуюм, ин мушкилии муносибат бо дин. Ҳатто дар ин соҳа мушкилӣ то ба ҳадде расид, ки Ҷаббор Расулов ҳам хандида мегӯяд, ки кадом мусулмон бе тӯйи суннатӣ зиндагонӣ мекунад. Худи ман тӯйи суннатии ягона писарамро надонистам, ки чи гуна баргузор шудааст. Дар вақти дамгирӣ, моҳи август назди падару модари ман волидони завҷаам меоянду хатнатӯйи ӯро барпо мекунанд, ки аз он мо хабардор не. Баъд аз як сол мебинам, ки вай хатна шудааст. Ё масалан гӯручӯбкунии майит. Мувофиқи дини Ислом бояд ҷаноза хониву баъд гӯр кунӣ. Мардум маросими мотами худро дар панҷи саҳар анҷом медод, ки касе нафаҳмаду хабар нарасад. Дар шаҳри Хуҷанд ягон маротиба соати ҳашт гӯручӯб намешуд, соати панҷи саҳар мешуд. Садои тоҷиконро касе ба эътибор намегирифт.

ДАР БОРАИ НАВРӮЗ ВА СССР

-Ба анъанаву урфу русуму одати мардум эҳтиром гузошта намешуд?

-Эҳтиром намегузоштанд, аммо мардум аз онҳо дур ва бегона нашуд. Барпо намудани иди Наврӯз ҳам мушкилиҳо эҷод кард. Бори аввал дар бюрои Комитети марказӣ тахминан охири солҳои 70-ум Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Осимӣ ва дигар олимону забоншиносон омада як маҷлисе ҳам оростанд. Он ҷо гуфтанд, ки Наврӯз иди мусулмонон аст, аммо он ба дини Ислом ҳеҷ рабте надорад. Расулов баъд гуфт, ки хайр, майлаш набошад, бинависед дар газетаҳо бо чанд забон, забони тоҷикиву русиву англисиву узбакӣ эълон диҳед. Ба ҷаҳон эълон кунед гуфт.

Гуфт на фақат мо дар чунин вазъем, дар Узбакистону Қирғизистону Туркманистону Қазоқистону Қафқоз ва ҳатто дар худи Тотористону Бошқирдистон ҳам ҳамин тавр аст. Мо аз боло вобаста ҳастем,онҳо моро гӯш намекунанд, бинависед, исбот кунед. Баъд онҳо маслиҳат карда бо ҳамроҳии шоири машҳури Доғистон Расул Ғамзатов, нависандаи машҳури қирғиз Чингиз Айтматов якбора ба ҳуҷум гузаштанд. Дар дохил низ ташкил кардем, ки шоирону нависандагон дар ин бора бештар бинависанд. Аз ҳамон соли 1978-ум инҷониб ҷашн гирифтани иди Наврӯз шурӯъ шуд.

-Ба чанд забон ва ба кадом хотир?

-Ба он хотир, ки то ҷаҳон аз зери идеологияи рус қарор доштани моро бифаҳмад. Ба ғайр аз ин, тамоми сӯҳбатҳо дар сатҳи болоӣ ҳатто дар шаҳру ноҳияҳо низ сӯҳбатҳо бо забони русӣ баргузор мешуд. Агар касе забони модарии худ - тоҷикиро дар сатҳи аъло медонисту аз русӣ чандон балад набошад, ӯро ба кор қабул намекарданд. Ин ҷо намешавад, ки роҳбарони кишварҳои Шӯравиро ба тарсуӣ муттаҳам кард, чунки ҳама аз марказ вобаста буданд ё ҳамин тавр ва дар чунин шароит кор мекунӣ ё меравӣ аз вазифа.

СИЁСАТИ ИҚТИСОДИИ ШӮРАВӢ

-Сиёсати иқтисодии СССР сиёсати нақшаӣ буд, барои ҳар панҷ сол он тарҳрезӣ мешуд. Аз он ки бештари ин нақшаҳо дар рӯи коғаз мемонданд, мегуфтанд, ки СССР аз лиҳози сиёсӣ шикаст нахӯрад ҳам, вале иқтисодиёти он оқибат сарашро хоҳад хӯрд. Фикри Шумо дар ин бора, ки оё воқеан сиёсати иқтисодии СССР нодуруст ба роҳ монда шуда буд?

-Аз нуқтаи назари иқтисодӣ сиёсати иқтисодии давлатии СССР ба ақидаи ман дуруст буд. Барои чӣ? Якум, барои, масалан, боло бурдани иқтисодиёти Тоҷикистон ин сиёсати иқтисодӣ бисёр муфид буд. Дуюм, мо ду буҷет доштем. Буҷети РСС Тоҷикистон, барои мисол солҳои 1988-90 дувуним миллиард сӯм буд. Ин рақам баробар ба 3,2-3,5 миллиард доллар аст. Аз ин зиёдтар боз буҷети СССР барои Тоҷикистон буд. Аз соли 1971 то соли 1992 беш аз 200 ҳазор гектар замини нав аз худ карда шуд. Сохтмони заводи алюминиюми тоҷик, ГЭС-и Норак ва дигар иншооти бузург аз ҳисоби буҷаи СССР сохта мешуданд. Барои чунин объектҳо аз буҷаи Тоҷикистон як тин ҳам ҷудо карда намешуд.

Мо фақат бо қувваи корӣ таъмин мекардем. Ғайр аз ин, дар тамоми СССР системаи ягонаи истифодаи қувваи барқу об амал мекард. Дар соҳаи кишоварзӣ бошад, РСС Тоҷикистон ҳар сол аз ҳисоби буҷаи СССР З ҳазору 500 трактор, 2 ҳазору 500 мошини боркаш, то 500 мошин барои мутахассисон, то 200 увазик меомад барои роҳбарони колхозу совхозҳо, барои системаи комплекси агросаноатии Тоҷикистон. Мо тахмин 170-200 номгӯи таҷҳизоту маҳсулотро дар рӯйхати умумии Госплани СССР ва Госагропроми СССР медаровардем, ки ин барои Тоҷикистон хеле судманд буд.

АММО ЯККАЗИРОАТИ ПАХТА

-Манзурам ин буд, ки оё мо дар баробари сиёсати иқтисодии кишварҳои ғарбӣ дар маҷмӯъ истодагариву рақобат карда метавонистем?

-Албатта. Барои он  ки давлати ягона буд ва маблағҳои калон барои пешрафту тараққиёти иқтисодиёт аз ҳисоби буҷаи СССР ҷудо карда мешуданд. Ин манфиати муштарак дошт. Система чунон буд, ки мисол мо пахта кишт ва истеҳсол мекардем ва барои ин маблағгузории хуб ва кофӣ сурат мегирифт. Давлат онро худ мехарид. Харидор намекофтед. Ман масъули ҳамин соҳа будам. Он вақт 22 корхонаи коркарди пахта фаъолият мекард. Ҳар сол моҳи июн ман бояд 250 тонна нахи пахта аз рӯи нақшаи умумӣ ба корхонаҳои шаҳрҳои Иванов, Ярослав ва низ Белорус мефиристодам. Агар 258 тонна бифиристам, яъне нақшаро 101,5 фоиз иҷро кардам. Назорат ва иҷрои кор мутамаркиз буд.

Мо бошем, мисол аз ҳамин 300-350 ҳазор тонна нахи пахтаи истеҳсолшаванда 15-20 ҳазорашро барои истеҳсоли маҳсулоти худи Тоҷикистон мегузоштем ва 270 000-и онро аз рӯи нақшаи Госплани СССР ба корхонаҳои саноатии коркарди пахта аз кишвраҳои соҳили Балтик сар карда то Белорусу Украинаву Русия мефиристодем, ки аз давлати СССР берун намебаромад. Мо дар навбати худ ҳар сол аз рӯи нақшаи умумӣ 30 ҳазор тонна гӯшт, 270 ҳазор тонна маҳсулоти ширӣ, 600 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ, 250 ҳазор тонна  сӯзишвории дизелӣ ва 150 ҳазор тонна бензин  мегирифтем. Боз маҳсулоти иловагӣ ба ними нарх оварда мешуд, ки ин як навъ ёрӣ ба соҳаи кишоварзӣ буд.

ОЁ ХУҶАНДИҲО ФАҚАТ ШИМОЛРО ОБОД КАРДАНД?

-Баъзеҳо бар он назаранд, ки дар давоми давлатдории  Тоҷикистони Шӯравӣ, ки ҳукумат ба дасти хуҷандиҳо буд, онҳо кӯшиш карданд, ки бештар вилояту шаҳрҳои шимоли Тоҷикистонро обод созанд. Оё ин баҳогузории дуруст аст?

-Вақте вилояти Хатлон ташкил мешуд, чунин саволҳо он ҷо низ дода шуданд. Якум, ин қисмати зиёди Роҳи абрешим аз вилояти Суғд мегузашт. Дуюм, роҳи оҳан ҳанӯз аз соли 1896 ба ноҳияи Нов (Спитамени ҳозира) ва ноҳияи Ҷаббор Расулову шаҳрҳои Чкаловску Конибодому Хуҷанд кашида шуданд. Ин роҳ 200 километрро ташкил дода, дар он асосан русҳо хидмат мекарданд. Ҳанӯз дар солҳои 1907-1909 дар Хуҷанду Конибодом мактабҳои русӣ ба фаъолият оғоз карданд. Ғайр аз ин, ҷавонон дар шаҳрҳои Бокуву Тошканду вилоятҳои Русия таҳсилу кор ва хизмат низ мекарданд. Бинобар ин корхонаҳои аввалин ҳам аз ҳисоби он, ки он ҷо кадрҳои маҳаллии омода ба кор дорад ва кадрҳои рус ба минтақаи ҷануб омаданашон душвортар буд, қисмати шимоли кишвар нисбатан пешрафт кард.

Танҳо соли 1929 роҳи оҳан то ба шаҳри Душанбе оварда шуд ва ин табиист, ки он тараф бештар тараққӣ кард. Ба ҷуз ин, дар ҷануби кишвар ба ғайр аз маҳсулоти  ғалладона чизе истеҳсол намешуд. Пахтакорӣ соли 1932, пас аз ба истифода додани канали Вахш шурӯъ шуд. Ба минтақаи Кӯлоб умуман роҳ набуд. Ба ин чизҳо аҳамият додан лозим. Бинобар ин, ин гап дуруст аст, ки минтақаи шимоли Тоҷикистон бештар рушд ёфт. Ғайр аз ин, бе кадри маҳаллӣ чӣ тавр мешавад чизе сохт. Мисол, мо хостем, ки сехи истеҳсоли гилемро дар ноҳияи Данғара созем бо роҳбарии Адолат Раҳмонова, собиқ котиби якуми кумитаи ноҳиявии ҳизб, шахси бисёр мӯътабар. Ташкил ҳам кардем. Духтарон аз Хуҷанд омада корро шурӯъ карда чанд моҳе истеҳсолро ба роҳ монданд. Онҳо рафтанду сех баста шуд. Кадр набуд, охир.

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 25.08.2011 11:36
Лекин дар давоми ин бист 20-сол аҳоли дигар ба сохтори нав одат карданд. Дигар парвои онро надоранд, ки талаву тороч мекунад.
Ва давлатдорон ва бойхо парвои синфи КОРГАРУ ДЕҲҚОН надоранд !
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ