20:31:48 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 30 31    

СУХАНЕ ЧАНД ДАР ХОШИЯИ «ПАЁМИ» ОЯТУЛЛОҲ СОФИИ ГУЛПОЯГОНЙ

Аввалан бояд қайд кард, ки дар сомонаи Интернетии www.ozodi.org (03.08.2011с.) навиштаҳои Оятуллоҳ Софии Гулпоягонӣ нашр шудааст, ки ин паём набуда, балки ситезу эътироз аст ва ба хотири эҷоди падидаҳои ғаразноки моҷароангези сиёсӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон иншо шудааст.

/images/stories/2011/08/06_andesha_6.8.2011.jpgХонандаи закӣ ба хубӣ дарк менамояд, ки «паёми» эшон ғараз буда, мақсадҳои ниҳонии худро дорад ва аз ҷониби гурӯҳҳои тундрави моҷароҷӯи дохил ва ё хориҷи Тоҷикистон, ки якпорчагии миллати тоҷик,  сулҳу ваҳдат ва суботи ҷомеаи моро чашми дидан надоранд, тарҳрезӣ шудааст. Хуб, мусаллам аст, ки оғои Оятуллоҳ супориши гурӯҳҳои манфиатхоҳро иҷро намудааст ва мазмуну мундариҷаи «паёми» ӯ аз ин ҳолат шаҳодат медиҳад. Баъдан, агар бодиққат ба навиштаҳои Гулпоягонии «азиз» назар афканем, зуҳуроти ангезиши  низоъҳои мазҳабӣ ва диниро эҳсос менамоем.

Эшон мақомоти Тоҷикистонро дар манъи ҳиҷоб муттаҳам менамояд. Интиқоди Оятуллоҳ Софии Гулпоягонӣ аз қонуни манъи ҳиҷоб дар Тоҷикистон дар ҳоле аст, ки қонуне ба таври расмӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Танҳо Вазорати маориф барои ба низом даровардани сару либоси хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ Низомнома қабул намуда, сару либоси ягонаро барои толибилмони макотиби миёнаву олӣ ҷорӣ намудааст. Бояд қайд намуд, ки ин Низомнома на танҳо ҳиҷобро, балки сару либоси нимбараҳнаи аврупоиро низ манъ кардааст.

Ҳамзамон, дар бораи мусулмонони кишварро низ зери фишор қарор додани мақомоти давлатӣ ҷаноби Гулпоягонӣ бо таассуфи зиёд суханронӣ менамояд. Дар ҳамин радиф ба оғои Оятуллоҳ Софии Гулпоягонӣ гуфтаниам, ки аввал «гиребони худро бӯй карда», баъд хулоса барорад. Дар Тоҷикистон Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» амал менамояд ва тибқи ҳамин қонун эътиқод ба дин озод аст, ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ метавонад озодона ба ин ё он дин эътиқод дошта бошад.

Шумо ҷаноби Оятуллоҳ бо ин «паёми» бебунёдатон мехоҳед, «Обро лой намуда, моҳӣ ба даст оред»? На, «Бори каҷ ба манзил намерасад» гуфтаанд, Шумо ба ин мақсади зишти худ ҳеҷ гоҳ нахоҳед расид. Озодӣ ва эътиқоди динию мазҳабие, ки дар Тоҷикистон мавҷуд аст, дар бисёр кишварҳои исломии ҷаҳон вуҷуд надошт ва имрӯз ҳам вуҷуд надорад. Аз ин ҳол, Гулпоягонии «мӯҳтарам», «кӯри худу бинои дигарон» нашавед, ки рӯзе Шуморо чоҳ пеш меояд. 

Инчунин, Оятуллоҳ оид ба қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» баён намудааст, ки бо қабули ин қонун ҳузури ҷавонон дар масҷидҳо мамнӯъ мегардад ва мисле ки айнан ҳамин гуна эътироз дар Тоҷикистон танҳо аз ҷониби Тураҷонзода ва боз чанд тан аз ҳамммаслаконаш гуфта шуда буд.

Гулпоягонии «меҳрубон» ба Шумо ва хоҷагонатон маълум бод, ки  ин қонун бо пешниҳоду дастгирии аксарияти кулли мардуми Тоҷикистон қабул шудааст ва зиёда аз 6 моҳ дар муҳокимаи умумихалқӣ қарор дошт. Танҳо чанд тан рӯҳониёни мутаассиб, ба монанди Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, ки Шуморо хоҷа хондаанду Шумо бо илтиҷои бепоёни эшон ин сатрҳоро баён намудаед, ба муқобили ин қонун то имрӯз овоз баланд менамоянд.

Зеро дилсӯзии Тураҷонзода ва оҳу нолаи ӯ асрор дорад. Асрор ҳамин аст, ки агар шумораи ҷавонон дар масҷид кам шавад, миқдори маблағҳои бедарди миён ва даромади муфт ҳам барои Тураҷонзодаҳо кам мешавад. Агар масъала ҳамин тавр набошад, пас чаро Тураҷонзодаҳо ба ғайр аз масъалаи ташрифи наврасону ҷавонон ба масҷид, ба дигар бобҳои ин қонун эрод намегиранд? Ба ғайр аз ҷустани норасоӣ ва камбудӣ барои пурра ва комилтар гардидани ин қонун дар рӯзҳои муҳокимаи он андешаҳои худро иброз надоштанд?

Барои ҳамин ҳам, ҷаноби Оятуллоҳ, ба Шумо ва Тураҷонзодаҳо маълум бод, ки тоҷикон худоро бо дил мешиносанд, на бо сухан. Мазмун ва мундариҷаи  Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» ва мақсади ниҳоии қабули ин қонун тарбияи фарзанди солим барои фардои ҷомеа аст, ки низ аз фармудаҳои худост.

Дар поёни «паёми» худ Оятуллоҳ аз давлатҳои исломӣ ва Созмони конфронси исломӣ хостааст, ки дар ин иртибот иқдомоти давлати Тоҷикистонро маҳкум карда ва ба ҳокимони ин кишвар  ҳушдор диҳанд. Оид ба ҳамин нуқтаи назари Гулпоягонии «дӯст» ва ҳамзабони «гиромиқадр» гуфтаниам, ки вақте соли 2005 дар ҷаласаи Созмони Милали Муттаҳид ҷониби Тоҷикистон аз ислом пуштибонӣ намуда, оиди масъалаи ба терроризм ва экстремизм муносибат надоштани ислом овоз баланд карда буд, Шумо, куҷо будед ва чаро садои Шумо шунида намешуд. Аз ин бар меояд, ки андешаҳои Шумо бебунёд, ғаразнок, иғвоангез ва моҷароҷӯёна мебошад.

Оғои Оятуллоҳ Гулпоягонӣ, ки бисёр дар номгузории мардуми тоҷик таассуф мехуред, хоҳишмандем дигар ба ин мавзуъ барнагардед. Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон беҳтарин ишора ба номгузории форсӣ-тоҷикӣ намуда ва мо номҳои Каён, Ораш, Дориюш, Сипеҳр, Зол, Фирдавс, Шопур, Шоҳин ва амсоли онҳоро аз номҳои арабӣ афзалтар медонем, зеро ки мо аввалан Ориёием! Зинда бод Ориёи БУЗУРГ!!!

Мақсади мо тоҷикон бунёди ҷомеаи демократӣ ва эҳёи давлати миллӣ аст. Ва мо ин таҷрибаро дорем, давлати Сомониён нишонаи арҷгузорӣ ба миллат ва сохти давлатдорӣ аст. Халқи тоҷик эътиқоду боварие, ки ба дини ислом дорад, самимӣ ва аз сидқи дил аст. Мо мисли Шумо исломро бо сиёсат омехта намегардонем ва барои амалӣ намудани манфиатҳои сиёсӣ ва миллии худ аз ислом истифода нахоҳем кард. Ислом ва боварӣ ба худованд эътиқоди тоҷикон буд, ҳаст ва мемонад!

Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Акобир,

аз маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе



Шарҳҳо   

 
0 #21 Guest 13.08.2011 12:11
фақат бояд гуфт ончи дар озоди баён шуда аст, сонсуршуда аст, ғаразнок аст, чавсози шуда аст мазиятҳо нодида гирифташуда,муш килот барчаста шуда аст,алфози муҳаррик зиёд зикр шуда аст,ончи дар баёни гулпойгони аст комилан мунакис нагардида аст, ин амал бо инсофи инсони аст ман ин суханро бар асоси ончи айни баёни гулпойгони дар баъзе аз расонаҳои муҳими ирон сабт шудаат мегуям
 
 
0 #20 Guest 09.08.2011 15:56
Ба "Рузгор"! Оё зарурате барои интишори чунин дуруг буд? Шумо низ лагандбардору дуруггу будаед, хайфи шумо! Дигар харгиз нахохам инчо будан...
 
 
0 #19 Guest 09.08.2011 15:53
...шарм аз Худо намедори барои ин суханхои дуругинат? Мурданат бех, хочи нашуда мур, ту муртади худоноошно!
 
 
0 #18 Guest 08.08.2011 09:34
Садкаи номи Хочи шави. Агар номхои араби маъкул набошад, пас номатро иваз намо
 
 
0 #17 Guest 07.08.2011 21:32
Аз тагйири ном одам дигар намешавад, аммо алайхи шариъат ва ислом икдом намудан хатарнок аст.

Адабгохи мухаббат нозу шухи барнамедорад
Чу шабнам сар ба мехри ашк меболад нигох он чо.
 
 
0 #16 Guest 07.08.2011 13:47
В Душанбе в пятницу прошел круглый стол на тему «Обращение граждан, как путь участия в государственных делах».
По словам председателя НАНСМИТ Нуриддина Каршибоева, игнорирование обращений граждан, бюрократическая волокита при рассмотрении их жалоб и писем заставляют людей обращаться в СМИ. Ряд участников круглого стола заявили о том, что в Таджикистане наблюдается дефицит доверия населения к власти. По их мнению, причины этого кроются, прежде всего, в неэффективности и чрезмерной закрытости властной системы.
 
 
0 #15 Guest 07.08.2011 13:45
При том, что неправомерный отказ в рассмотрении обращений граждан, принятие необоснованного противоречащего закону решения, нарушение причин сроков рассмотрения обращений или нарушение законодательств а об обращениях граждан несет за собой административну ю или уголовную ответственность . По мнению участников, в результате игнорирования запросов граждан, последние зачастую не могут получить от государства своевременную и качественную защиту. И при они не имеют возможности воздействовать на проводимую государством политику. Вместе с тем, государство сталкивается с отсутствием эффективного механизма «обратной связи», что мешает своевременно корректировать политическую линию.
 
 
0 #14 Guest 07.08.2011 12:54
Аввалу Охир Худо ва бо мадади ин бародарони Исломиямон Эронихо ки тамоми пешравихо ва иктисодиёти моро ба гардан гирифта-анд кумак мекунанд ва дастгирихои шоёнае доранд агарна ??? !!! Рост гуфт Хабаргузории «Форс» ҳамкори бо Эрон бояд дар авлавияти дар дарачаи аввал-и сиёсати хоричии Точикистон қарор дошта бошад.
Иншоаллох,
 
 
0 #13 Guest 07.08.2011 12:46
Рост мегуяд Оятуллоҳ Софии Гулпоягони Олиму мутафакири Мо, чой дорад ин хама ерод-хои ин Олим , чи мо кур ва кар хастем-ми бо ин конунхои бединию Секулори (яъне безори ва дури тамоман аз дин яъне Ислом) чи лапша на уши вешать кардестай ха эй Ту ай Ҳочи Неъматуллоҳи Акобир, аз маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе. зархариду хушомад гую ва пайрави зардушт асти чи (ориёй) а Мо Точикон не Мо хама 99% фоизамон Мусалмон бо Дини Силом хастем !
 
 
0 #12 Guest 06.08.2011 15:36
Шумо "Ҳоҷӣ" рози хастед, ки фарзанд ё набераи шумо баъд аз 18-солаги ба масчид равад? То 18 солаги ки харому халолро нашиносад, эхтироми волидайнро надонад, дар рухияи хайвоният монанди кишвархои Гарб тарбият ёбад? То 18-солаги масчид наравад Шумо волидайне ки аз кучаи илми шариат нагузаштаед чи гуна тарбия мекунед фарзандонатонро дар рухияи дини?
То 18-нарасида марг ба сурогаш ояд холи У чи мешавад дар назди Худо?
Аз Худо тарсед, барои тухмат нисбати як мусалмон!
Худованд боз хама дилхои Шуморо аз кинаю адовату бадбини нисбати мусалмонон дар ин мохи муборак пок гардонад. Омин
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi