ҲАМРОХОН ЗАРИФӢ: ХОКИ ТОҶИКИСТОН РОЙГОН НЕСТ
Вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ки ин кишвар ва Русия дар заминаи ҳамкориҳои марзбонӣ мувофиқа карда, аммо дар заминаи истифода аз фурудгоҳи “Айнӣ” ба тавофуқ нарасидаанд.
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, дар робита ба ин саволи Би-би-сӣ, ки музокироти миёни Тоҷикистон ва Русия дар заминаи истифодаи фурӯдгоҳи "Айнӣ" тавассути нерӯҳои низомии Русия бо чӣ анҷомид гуфт: "Агар касе дар хориҷи кишвар фикр кунад, ки пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикстон ройгон аст, мо чунин ҷавоб дорем - Хоки Тоҷикистон сармояи бобоии вазири хориҷа ё дифоъ нест. Вай арзиш дорад. Бояд барои он музд пардохт шавад."
Ҳамрохон Зарифӣ гуфт, ки музокироти коршиносони Тоҷикистону Русия тибқи усули “созандагӣ ва бидуни шитобу эҳсосот” идома дорад ва Вазорати хориҷа ҳамеша ба раҳбари давлати Тоҷикистон аз натоиҷи он гузориш медиҳад.
Зимнан, соли 2008 дар шаҳри Сочии Руссия Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди истифодаи муштаракаи фурӯдгоҳи "Айнӣ" аз ҷониби нерӯҳои ҳавоии Русия тавофуқи муқаддамотӣ имзо карда, аммо сипас музокирот дар бораи шароити истифода аз фурӯдгоҳ оғоз шуд. Гуфта мешавад, Русия шароити Тоҷикистон дар заминаи пардохти ҳаққи истифода аз фурӯдгоҳро қабул надорад.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Русия фурудгоҳи "Айнӣ"-ро аз мусассисоти муҳими истротежик хонда ва гуфтаанд, ки аз ин фурӯдгоҳ дар ҳимояти кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъии кишварҳои ҳамсуд аз ҳамалоти берунӣ истифода хоҳад кард. Аммо оқои Зарифӣ исрор кард, ки Русияро лозим аст барои пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон ва истифода аз фурудгоҳи низомии “Айнӣ” ба ин кишвар музд пардохт кунад.
Фурӯдгоҳи низомии Айнӣ, дар 25 килуметрии ҷанубу ғарби шаҳри Душанбе воқеъ буда, дар даврони шӯравӣ дар ин ҷо корхонаи тармими чархболҳо фаъолият доштааст. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ва ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон таҷҳизоти фаннии ин фурӯдгоҳ хароб ва ғайри қобили истифода шуда буд.
Тайи чанд соли ахир мутахассисони Ҳинд ва Тоҷикистон бо сармояи 22 милюн дулории Ҳинд фурудгоҳро бозсозӣ ва бо таҷҳизоти мудерни ҳавонавардию навигатсионӣ муҷаҳҳаз кардаанд. Фурӯдгоҳи низомии "Айнӣ" дар моҳи августи соли гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки бонди ҳавоии 3200 метрӣ дорад ва ҳама гуна ҳавопаймоҳои бузург метавонанд аз он истифода кунанд.
"Мавзӯъи марз" ҳалли худро пайдо кард
Аз сӯйи дигар, масъулони Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфтанд, ки музокироти миёни ҳайъатҳои Русия ва Тоҷикистон дар масоили марзӣ поён ёфта ва дар назар аст, дар ҷараёни дидори Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия аз Тоҷикистон дар авоили моҳи сентябри соли ҷорӣ дар ин замина санади ҳуқуқӣ имзо шавад.
Тибқи иттилоъи манобеъи ин вазорат, ҷонибҳо дар мавриди куллияи масоили мавриди баҳс ба тавофуқ расидаанд. Бар асоси ин тавофуқ гурӯҳи кучаки мушовирону коршиносони нерӯҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон фаъолият хоҳанд кард. Мавзӯъи бозгашти марзбонони рус ба марзҳои ҷанубии Тоҷикистон дар музокирот матраҳ нашудааст.
Зимнан, бар асоси мувофиқатномаи ҳамкориҳо дар масоили марзбонӣ, ки дар соли 2004 миёни Тоҷикистон ва Русия имзо шуда буд, муроқибати марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон аз нерӯҳои марзбони Русия ба марзбонони тоҷик вогузор шуда буд. Ба ин тартиб, то нимаи соли 2005 куллияи воҳидҳои марзбонии Русия аз марзҳои ҷанубии Тоҷикистон ихроҷ шуда ва танҳо гурӯҳи мушовирони марзбонии Русия дар ин кишвар боқӣ монданд.
Би-Би-Си