КАБИРӢ: РОҲБАРОНИ ИНОТ СОДДАЛАВҲ НЕ, САМИМӢ БУДАНД
Кабиров Муҳиддин Тилоевич 20 июли соли 1965 дар қишлоқи Қасамдараи ноҳияи Файзободи ҶТ таваллуд шудааст. Соли 1983 техникуми статистикии (омори) ш. Орҷоникидзеободро хатм намуда, дар совхози «Октябр»-и ноҳияи Файзобод иқтисодчӣ шуда кор кардааст.Аз соли 1983 то 1985 дар сафи Артиши Шўравӣ хидмат кард.Солҳои 1985-1987 дар ноҳияи Файзобод иқтисодчӣ шуда фаъолият дошт. Соли 1987 ба факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1992 онро хатм намудааст. Солҳои 1992-1993 ба ҳайси коромӯз дар Ҷумҳурии Яман будааст. Соли 1993 ба академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Руссия дохил шуда, соли 1995 онро хатм намуда, мутахассиси соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ мегардад. Аз соли 1995 то соли 1997 ба ҳайси президенти Маркази фарҳангии «Сино» (ш. Москва) ва муовини директори генералии АОЗТ «Халиф» (ш. Москва) фаъолият намудааст. Соли 1997 ба вазифаи ёрдамчии раиси Комиссияи Оштии Миллӣ таъйин шуда, соли 1999 узви КОМ дар зеркомиссияи оиди масъалаҳои сиёсӣ фаъолият кардааст. Соли 1999 узви Раёсати Олӣ ва муовини раиси ҲНИТ интихоб мешавад ва соли 2003 дар Анҷумани навбатии ҳизб муовини аввали раиси ҲНИТ интихоб шудааст.Соли 2000 як ташкилоти ғайриҳукуматии ҷумҳуриявиеро бо номи Маркази «Диалог» таъсис додааст. Аз соли 2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ интихоб гардидааст. Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, оиладор соҳиби 6 фарзанд.
- Ҳеҷ як сулҳ наметавонад намунаи комил барои тамоми ҷаҳониён бошад, аз он ҷумла сулҳи тоҷикон. Баъзе аз паҳлӯҳои сулҳи тоҷикон метавонад барои дигарон ҳамчун намуна истифода бишавад. Аз ин ҷост, ки ин таҷриба аз тарафи коршиносони байналмилалӣ, марокизи пажӯҳишӣ дар ҳоли омӯхтан аст. Рӯз ба рӯз арзиш ва ҷойгоҳи сулҳи мо чун як таҷрибаи муваффақ болотар меравад, ки бешубҳа боиси ифтихори мо тоҷикистониён ва ба хусус тарафҳои сулҳ аст. Аммо масъалаи онки имрӯз аз як тарафи сулҳ кам гуфта мешавад, ва ё инки қисме аз нафарон бо ҳар василаву баҳона зиндонӣ шуданд ва ё ҳиҷрат карданд ва аз мақомоти сифоиза ронда шудаанд, масъалаи дигар аст. Мо набояд ин ду масъала- яке худи сулҳ ва суботу оромише, ки баъд аз имзои созишнома ба вуҷуд омад ва дигаре пойбандии тарафҳо ба талаботи созишномаи сулҳро ба ҳам омехта кунем. Берун кардани намояндагони оппозисиюн аз қудрат ва ба ҳошия қарор додани тарафи дигари сулҳ масъалае аст, ки ба ахлоқ ва ба фарҳанги сиёсии инсонҳо рабт мегирад, на ба созишнома ва худи раванди сулҳ.
Дуруст аст, аммо ин паҳлӯи масъаларо низ онҳое, ки аз ин таҷриба истифода хоҳанд кард ба назар мегиранд онки бо ин сулҳ танҳо машрӯъияти як тараф ба қудратро барои муддати тӯлонӣ таъмин кард?
-Ҳатман таҷрибаи сулҳи тоҷиконро бо оқибатҳои он хоҳанд омӯхт. Чаро имрӯз дар Афғонистон тарафҳои даргир омода нестанд, ки халъи силоҳ шаванд. Силоҳро бо худ ҳамеша ҳифз мекунанд ва аз нерӯҳои низомии худ ҷудо шуданӣ нестанд, на Толибон ва на ҳеҷ тарафи ҷанги Афғонистон. Зеро эътимод ба якдигар нест ва фикр мекунанд, ки агар шумо аз нерӯ даст кашидед ва эътимоди аз ҳад зиёд ба тарафи дигари сулҳ кардед, эҳтимол дорад, ки дар наздиктарин фурсат шуморо аз қудрат дур мекунанд ва ҷойгоҳи шумо паст хоҳад шуд. Дар сулҳи тоҷикон муҳимтарин омил ҳамин эътимод ва боварӣ буд, ки дар низоъҳои дигар байни тарафҳо эҳсос намешавад. Роҳбарияти ИНОТ бо эътимод ва боварии комил вориди сулҳ гашт ва то ба охир содиқ мондааст. Бисёриҳо имрўз боварии аз ҳад зиёдро ҳамчун содалавҳии роҳбарияти ИНОТ баҳо медиҳанд, ки дуруст нест. Роҳбарияти ИНОТ самимият нишон дод, на соддалавҳӣ ва маъмулан дар чунин ҳолатҳо зиракҳо бурд мекунанд, на самимиҳо.
-Чаро дар нишасту ҷаласаҳои рӯзи сулҳ намояндаи ҷониби дигар масалан ҲНИТ ва шахиятҳои муътабари саҳим дар сулҳ даъват намешаванд?
-Хуб мебуд ин саволро ба масъулини ин чорабиниҳо медодед. Ва онҳо ҷавоб медоданд, ки барои чӣ. Тааҷҷуби мо ҳам дар ҳамин аст, ки дар рӯзҳои ҷашн ва мавзӯъи сулҳ аз таарфи дигар дар расонаҳо камтар ном бурда мешавад, вале дар робита ба ҳодисаҳои шарқи кишвар хеле зиёд ва ба такрор мансубияти як нафарро ба ҳизб ёддовар шуданд. Ин дар аввали кор буд вале дар марҳалаҳои баъдӣ ақли солим ғолиб омад ва пеши роҳи ин равандро каме гирифтанд ва мо шоҳиди он будем, ки дигар талошҳои зиёде барои пайваст додани ин ҳодисаҳо ба ҲНИТ идома пайдо накард.
Фарҳанг ва ахлоқи сиёсии баъзеҳо то ҳаде паст аст, ки ҳатто дар арафа ва рузҳои иди ваҳдат ҳам бо имзои мустаор дар расонаҳои расмии давлатӣ аз сангзанӣ ва кинатузӣ даст намекашанд. Вале, чун мо мутмаин ҳастем ки ин кори як зумра ноогоҳон аз манофеъи миллӣ ва арзишҳои сулҳ мебошад, ки паси шонаҳои роҳбарияти кишвар ва расонаҳои хабарии расмӣ пинҳон гаштаанд ва мо ҳаволаашонро ба Худо мекунем.
-Онки даъват намешавад ба ин маъност, ки ҳамин гуна неру дигар вуҷуд надорад ва вуҷуди он ҳис намешавад?
-Барои мо муҳим он аст, ки мардуми Тоҷикистон ин ҳамаро медонад, шоҳид буд ва дид, ки ҲНИТ ва ба хусус роҳбарияти он бо сарварии устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ заҳматҳои зиёде кашиданд барои ин сулҳ. Билохира миллати мо ба он даст ёфт ва агар касе ном мегирад, даъват мекунад, ё намекунад ин кори шахсии вай аст. Аз ҷойгоҳ ва қадри ҲНИТ ва умуман ҳама касоне, ки дар ин сулҳ даст доштанд як заррае ҳам кам нахоҳад кард. Баръакс миллати мо бисёр адолатпарвар аст ва агар бубинад, ки нисбати касе ноадолатӣ шуда истодааст, баръакс, қалбан боз ба тарафи он майл мекунанд.
Ва ман бисёр мешунавам аз мардум, аз коршиносон ва низ дар ҷаласаҳо пурсида мешавад, ки чаро аз шумо зикр намешавад, даъват намекунанд, чаро вокунише нишон намедиҳед. Вале мавқеи мо ҳамон тавре, ки қаблан буд ҳамон тавр боқӣ мемонад. Мо ин корро барои худо, миллат ва ватан кардем ва агар аз мо зикр шуд, хурсанд мешавем чун ҳама як инсони дигар, вале агар зикр нашуд, ин барои мо чандон муҳим нест. Муҳим он, ки ин сулҳ ба вуҷуд омад ва он барқарор аст. Мо масъулияти худро назди Худо, ватан ва миллат анҷом додем.
-Бархе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ҳукумат аз ҷанги дохилӣ ва сулҳ сӯистифода карда доираи фаъолияти аҳзоби мухолифро ҳарчӣ бештар маҳдуд мекунад.
-ҲНИТ аз он нерӯҳое нест, ки агар ба ӯ майдон ва минбар доданд, рушд хоҳад кард ва агар пеши роҳашро гирифтанд, ё ба таври сунъӣ ӯро ба ҳошия ронданд, заиф хоҳад шуд. Мо як ҳизбе ҳастем, ки реша дар андешаи мардум дорем ва ин ҳизб аз батни ормонҳои мардум берун омадааст. Ва табиати ҳизби мо ҳамчун як ҳизби динӣ он аст, ки ҳарчи бештар болои мо фишор ояд ва ҳарчи бештар талош барои ҳошияронии мо шавад ҳамон қадар ҳизби моро рӯҳияи муқовимат устувортар мешавад ва инро дар таҷриба нишон ҳам додааст. Мо нигарон ҳам нестем, ки аз мо даъват намешавад, ё баромадҳои моро маҳдуд мекунан, васоити ахбор яктарафа баҳо медиҳад, чун майдони фаъолияти мо он расонаҳои расмӣ ва минбарҳои расмӣ нест.
Майдони фаъолияти мо мардум аст, нишастҳои мардумӣ аст ва бевосита бо мардум кор кардан аст. Аз соли 2000-ум ба баъд коршиносон мегӯянд, ки минбари амали ҲНИТ маҳдуд карда шуд ва ба хусус дар чанд соли охир. Магар ин ба маҳбубият ва қабули мардумии мо таъсири мусбат расонид ё манфӣ? Коршиносон мегӯянд, ки дар интихоботи гузашта раъй ҳизби мо бештар аз гузашта буд. Шояд касоне, ки табиати роҳи моро намедонанд ва ё тоза ворид гаштаанд нигарони ин маҳдудкуниҳо бошанд, аммо роҳбарият нигарон нест ва инро табиати роҳи интихобкардаамон медонем.
-Манзурам ин буд, ки ҳукумат имрӯз ҳарос дорад, ки боз муноқишаҳо оғоз нашаванд?
-Ҳар ҳукумат агар ирода надошта бошад, ки озодиҳоро барои мардумаш бидиҳад, баҳона ёфтан барояш душвор нест. Дар бисёре аз кишварҳои собиқ шӯравӣ аслан ҷанге ҳам набуд, вале ҳукуматҳои онҳо ҳам пеши роҳи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои мардумиро бо баҳонаҳои дигар мегиранд. Агар дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ баҳона бошад дар баъзе ҳамсоякишварҳо чӣ? Мушкилиро мо танҳо дар набудани ирода ва талош барои ҳифзи статус-кво мебинем, дигар ҳамааш баҳона аст. Баъдан, таъсири ин "далелҳо" чӣ дар дохил ва чӣ хориҷ аз байн рафта истодаанд. Баъдан оҳиста-оҳиста ин далел чӣ дар хориҷ ва чӣ дар дохили кишвар аз байн рафта истодааст.
Аксари ҳукуматҳои худкома дар Шарқ зери шиори мубориза бо тундгароӣ ё хатари ҷангу бесомониҳо қудратро ба муддати тӯлонӣ нигаҳ медоранд, бехабар аз он, ки аллакай худашон ба омили асосии пайдоиши тундгароӣ ва сар задани бесомониҳо табдил шудаанд. Зиндонҳои Мисру Тунис аз "тундгароён" пур шуда буд ва тамоми оламро аз ин хатар метарсонданд, вале низоми онҳоро ҷавонони таҳсилкарда ва насли интернет сарнагун кард, ки ба ин афсонаҳо дигар бовар надошт. Дар мо ҳам зиёд болои хатари тандгароии исломи ишора мешавад, ҳол он, ки хатар метавонад аз ҷои дигар сар бизанад ва он ҳеҷ рабте ба дин надошта бошад. Аз интернет сар карда то мухлисони варзиш вале, масъулини идеологишуда ва дорои фикри қолабӣ, тавони шинохти воқеиятҳои навро камтар доранд, ки ин нигаронкунанда аст.
-ҲНИТ ба унвони ҳомии арзишҳои исломии мардум амал мекунад ва ҳадафаш низ ҳифзи ин арзишҳо ва эҳёи ин арзишҳост, аммо давлат вақтҳои охир даст ба иқдомоти маҳдудкунанда ба умури дин мезанад. Ба фикри Шумо чаро мавқеъгирии давлат нисбати дин ин то ба ин дараҷа тағйир кард?
-Нияти ҳар касро худаш медонад. Ман наметвонам бигӯям, ки чаро муносибати давлат нисбати дин яксаду ҳаштод дараҷа тағйир хӯрд. Мо танҳо метавонем ҳадс бизанем, тахмин кунем. Ман фикр мекунам, ки баъзе масъулини мо иштибоҳҳои Камол Отатуркро дар Туркия, раҳбарони бархе аз кишварҳои араб, ба вижа иштибоҳҳое, ки хонадони Паҳлавӣ дар Эронро такрор мекунанд. Ҳар миллат дар марҳилаи сохтани давлати миллӣ ҳатман ба суоле рӯ ба рӯ мешавад, ки ин давлати миллиро дар заминаи кадом идеология бисозад? Кадом арзишҳо бояд меҳвари ин давлати миллӣ бошанд? Бисёриҳо дар ин марҳала дар шинохти арзишҳо ва авлавиятбандии онҳи иштибоҳ мекунанд.
Агар тасмим гирифтанд, ки бояд арзишҳои миллӣ меҳварият дошта бошад, ба ҷойи арзишҳои асили миллӣ ба таври сунъӣ даст ба арзишсозӣ мезананд ва ҳарчӣ ба зеҳну завқу салиқаи худашон рост омад, онро ҳамчун арзиши миллӣ болои миллат таҳмил карданӣ мешаванд. Ин иштибоҳи бузурги арзишсозону миллатсозон аст, ки дер ё зуд миллат ин ҳама музахрафоту арзишҳои хасакиро инкор менамояд ва ҳама чизро ба асли хеш бармегардонад. Сохтани давлати миллӣ дар заминаи арзишҳои миллӣ фикри олӣ аст. Вале аввал ин арзишхоро бояд хуб шинохт ва мутмаин буд ки оё аксарияти миллат онро қабул дорад ё не?
Иштибоҳи хонадони Паҳлавӣ дар Эрон, роҳбарияти Миср ва ё Камол Отатурк дар Туркия он буд, ки дар қадами аввал хостанд арзишҳои диниро аз миллӣ ҷудо намоянд ва баъдан ба даъвои худашон, ҳама чизро, аз ҷумла динро ҳам дар хидмати арзишҳои миллӣ қарор бидиҳанд. Бехабар аз он, ки тӯли садсолаҳо дин бо миллат дар ин кишварҳо то ҳаде бо ҳам омезиш ёфтааст, ки ҷудо кардани ин ду аз ҳам имкон надорад ва агар ҷудо ҳам карданд, ноқис хоҳад буд. Сутанмӯҳраи арзиши миллии аксари миллатҳои мусалмон дигар ҳамон арзиши динӣ аст ва талош барои ҷудо кардани ин ду маънии шикастанро дорад. Хонаводаи Паҳлавӣ орзу мекард, то як Эрони пешрафтаву мутамаддину пуриқтидорро бубинад, вале дин дар он нақше надошта бошад.
Билохира, Эрон ба он ҳадаф расида истодааст, вале бо дину бе Паҳлавӣ. Мушкил дар орзуяш набуд, мушкил дар шинохти миллат ва дин буд. Ӯ фикр мекард, ки агар миллати Эронро аз таъсири дин озод кунад, ҳатман ба як Эрони пешрафта даст хоҳад ёфт, вале фикр накард, ки бо ин сиёсати нодурусташ ҳам ҷойгоҳи худро дар ҷомеаи Эрон аз даст медиҳад ва ҳам Эрон дигар мешавад. Ва Эроне, ки тӯли 1400 сол зиндагиаш, фарҳангаш ва буду бошаш бо дин омезиш ёфта буд ва дигар наметавонист динро аз миёни ин мардум ҷудо кард, билохира мардумаш ҳарфи ниҳоии худро зад, пеши роҳи ин сиёсати номақбулро гирифт. Ҳамчуноне, ки имрӯз дар Мисру Тунису Яман гирифта истодаанд.
Ҳамчуноне, ки мардуми Туркия бо роҳи мусолиҳатомез ва ором пеши роҳи сиёсатҳои иштибоҳии Камол Отатуркро гирифт ва мардуми туркро баргардонд ба асли хеш. Дигар мафҳуми миллату динро бо ҳам дар якҷоягӣ дид. Назари мо ин аст, ки мо иштибоҳҳои ин нафаронро такрор карда истодаем ва ҳоло ҳам як талошҳои беҳуда рафта истодааст, ки аввал арзишҳои диниро аз миллӣ ҷудо кард ва марҳалаи дуюм арзишҳои миллиро болотар аз динӣ гузошт ва арзишҳои диниро дар хидмати он, ки ин аслан амалишаванда нест қарор дод. Зеро арзишҳои милливу диниамон бо ҳам омехтаанд. Вақте мегӯем миллат, манзурамон дин ҳаст ва вақте дин мегӯем дар назар дорем миллатро, ки 1400 сол бо мо ҳамқадам буд ва бо мо рушд ёфт.
Назари мо ин аст. Ошкор мегӯям, ки заҳматҳои зиёд мекашанд ин дӯстон, харҷҳои зиёди молӣ ва маънавӣ хоҳанд кард, соатҳои зиёдро паси мизи гирдҳо, конфронсҳо, чопи китобҳо хоҳанд гузаронд, вале оқибаташ ҳеҷ аст. Ҳама гуна талош барои ҷудо кардани андешаи динӣ аз баданаи арзишҳои миллӣ ва фарҳанги миллии мо беҳуда аст ва натиҷа нахоҳад дод. Баръакс ман даъват мекунам, ки ин ҳама вақту соату маблағу заҳматҳоро харҷи он кунем, ки пайванди ин дуро бо ҳам зичтар кунем ва эътироф намоем, ки миллати мо бо арзишҳояш, фарҳангаш, бо андешааш дар заминаи андеша ва арзишҳои дини мубини Ислом ташаккул ёфтааст.
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>