ИСКАНДАРОВ: "БА ДАВЛАТУ ВАТАНАМ ХИЁНАТ НАКАРДААМ" - Акбаршо Искандаров 3
"ГУФТАМ, ВАЗИФА НАМЕГИРАМ..."
-Чӣ гуна ба шумо вазифаи сафирӣ пешниҳод шуд. Аслан ягон вазифаи дигар ҳам пешниҳод карда буданд?
Ба ман пешниҳод карданд, ки вазири кишоварзӣ бишав ва боз вазифаҳои дигар. Сипас, ба вазифаи Комитети равобити байналмилалии иқтисодӣ пешниҳод намуданд, ки дар иҷлосия ҷангу ҷангҷол шуд, дар атрофи ин пешниҳод. Гуфтам, ки ягон вазифа намегирам, даркор нест, вазифа дорам. Баъд аз анҷоми иҷлосия Раҳмонов хоҳиш кард, ки бо ҳамроҳи Қ.Қоимдодов, ки муовини раиси Шӯрои олӣ интихоб шуда буд, ба Душанбе рафта барояш кӯмак кунам. Чун дар аввал чанд муддат роҳбарияти нав ба Душанбе наомада буд. Раҳмонов супориш доданд, ки муҳофизонам ҳамроҳи ман биистанд. Аз он ҷо ки омадам модарам гузашта шуданд.
Ман то чили он кас дар Дарвоз истодам. Хостанд, ки дар Бадахшон раиси нав интихоб кунанд, ки бадахшониҳо гуфтанд, не мо раис дорем. Маро аз ин ҷо бурданд ва боз дар он ҷо вазифаамро ба сифати раиси Шӯрои вакилони халқи Бадахшон давом додам. Сонитар Раҳмонов даъват карду гуфт, ки вазъиятро мефаҳмед, биёед, дар кадом давлате, ки мехоҳед мо шуморо сафир таъйин кунем. Гуфтам, ба ягон давлати капиталистӣ набошад, ба ягон давлатҳои худамон (манзурам Шӯравии пешин) бошад, беҳтар.
Баъд Туркманистонро пешниҳод карданду розӣ шудам чун Туркменбоширо низ пештар мешинохтам ва дар ҷаласаҳо бо ӯ мулоқотҳо ҳам доштам. Дигар рафтам ба вилоят, ки як бор не, ду маротиба сессия гузарониданд, аммо вакилон маро ҷавоб надоданд. Худам илтимосашон кардам, ки мухолифат накунанд. Ман гуфтам, ки агар ҳозир наравам масъалаи таъмин кардани маводди ғизоӣ аз ҷумла орд душвор мешавад. Баъд худатон мегӯед, ки Искандаров ин ҷост ба хотири ӯ мо гурусна мондем. Ба ин тартиб сафир шудам.
-Шумо бо хоҳиши худ аз кор рафтед ва ё гуфтанд, ки дигар бас аст, биравед?
-Вақте ман аз Қазоқистон баргашта омадам, як сол бекор истодам. Мӯҳлати сафир дар як давлат чор ё панҷ сол аст. Ин як тартибу қоидаи кори дипломатӣ аст, ки дар мо ҳанӯз роиҷ нашудааст. Дар мо ин масъаларо худи раисиҷумҳур маълум мекунад. 7 сол дар он ҷо кор кардам, дигар басанда буд. 8 сол дар Туркманистон сафир будам. Ҳамчунин, 4 сол дар Муғулистон. Ман дар ин фикр, ки то мурдан дар вазифа бимонам, ҳеҷ гоҳ набудам ва нестам. Як сол бекор истодам, баъд маро даъват карданд ва гуфтанд, ки ба сифати сафир барои супоришҳои махсус дар вазорати умури хориҷӣ кор кунам.
Рафтам, як соли дигар дар он вазифа кор кардам. Аммо дидам, ки дар вазорати корҳои хориҷӣ барои ҳузури ман ягон зарурат нест. Аммо ман бекор истода наметавонам. Баъд ба вазир муроҷиат кардам ва аз вазъи саломатиам ҳам гуфтам, ки он қадар хуб набуд. Ман доктори улуми сиёсатшиносиам. Дар ягон Донишгоҳ ду соат дарс мегирам, зиндагиам мегузарад. Ҳамин тавр ҳоло бо розигии роҳбарияти вазорати умури хориҷӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ифои вазифа дорам.
Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»- << Қаблӣ
- Баъдӣ