14:08:09 04-уми Июли 2025 сол

ПАЁМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶӢ

 

Варзиш дар ҳаёти инсон,  махсусан барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмӣ ва тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дўстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳо хизмат мекунад. Чанде пеш вобаста ба дурнамо ва инкищофи  соҳа дар мулоқоти худ бо варзишгарони кишвар ибрози ақида намуда будам.

Аз ин рў, зарур мешуморам, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва федератсияҳои варзишӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳои мулоқоти мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд. Итминони комил дорам, ки бо қабул ва иҷро гардидани Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015 ба рушди соҳа такони ҷиддӣ дода мешавад. Зикр намудан бамаврид аст, ки дар шароити равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ халқу миллатҳои соҳибистиқлол бояд симои маънавии миллӣ, аз ҷумла арзишҳои фарҳангиву ахлоқии худро ҳифз карда тавонанд.

Бинобар ин, миллати тоҷик, бахусус ҷавонону наврасони мо низ бояд аз решаҳои тамаддуни қадима, забону фарҳанги миллӣ ва оинҳои давлатдории халқи худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллии тоҷикон саъю талош намоянд. Ин тақозои ҳаёт ва вазифаи ҳар миллати огоҳу соҳибфарҳанг мебошад.

Барои эмин мондан аз таъсири манфии раванди фарогири ҷаҳонишавӣ, ки хоҳу нохоҳ фосилаи замону вақт, сарҳадҳои маънавӣ ва асолати фарҳангии давлатдории миллиро тағйир медиҳад, тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонон инкишоф додан, арзишҳои миллии худро аз таҳдидҳои хатарбори тахрибкориву тундравӣ ҳифз кардан, ваҳдати миллиро таҳким бахшидан, амнияту суботи ҷомеаи кишварро мустаҳкам намудан, сатҳи огоҳии мардум, хусусан ҷавононро баланд бардоштан аз ҷумлаи корҳои доимӣ ва заҳматталаби сиёсати давлатдорӣ ва фарҳангии мо мебошад.

Дар баробари ин, хотирнишон месозам, ки ифтихори миллӣ набояд чашми моро аз пешрафту дастовардҳои ҷаҳони муосир, парвози ақли башарият ва тараққиёти рўзафзуни давлатҳои мутамаддини олам бубандад. Баръакс, мо ҳар қадаре Ватан ва миллатамонро дўст дорем, бояд ба ҳамон андоза кўшиш намоем, ки арзишҳои илмиву фарҳангии умумибашарӣ, дастовардҳои техникиву технологии замонавӣ ва кашфиёту бозёфтҳои навтаринро омўзем ва онҳоро дар ҳаёт татбиқ намоем. Дар айни замон, баробари пазируфтани арзишҳои волои умумибашарӣ мо бояд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо чеҳраву симои хоси худ ворид шуда, чун давлати мутамаддини миллӣ сўи низоми демокративу дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пеш равем.     

Ҳозирини арҷманд!

Дар тамоми кишварҳои мутараққӣ ва ҷомеаи мутамаддин инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў ҷавҳари асосии сиёсати давлатро ташкил медиҳад. Аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзиши олӣ эътироф гардидани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў гувоҳи ин ҳақиқат аст.Вале амалӣ намудани ин ҳадафҳои олӣ бе қонунҳои муосири ҷавобгўи талаботи ҷомеаи демократӣ ва танзимкунандаи фаъолияти бонизоми мақомоти давлатӣ ғайриимкон аст. Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳангоми қабули аввалин Конститутсияи худ ба ҳайси халқи соҳибихтиёр озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон намуда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин низоми мақомоти салоҳиятдорро дар ин самт муайян ва муқаррар намуданд.

Танзими ҳуқуқии тамоми муносибатҳое, ки дар раванди эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба вуҷуд меоянд, яъне таъмини заминаҳои қонунии фаъолияти соҳаҳои гуногуни давлат ва ҳаёти ҷомеа рисолати мақоми олии қонунгузори кишвар мебошад ва ин мақоми ҳокимияти давлатӣ қонунҳои ба меъёрҳои пазируфтаи умумибашарӣ мутобиқ ва ҷавобгўи талаботи ҷомеаи шаҳрвандиро баррасӣ ва қабул менамояд. Қонунҳои қабулшуда, пеш аз ҳама, ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди соҳаи маорифу фарҳанг ва беҳдошти вазъи иқтисодии кишвар, аз ҷумла фазои соҳибкорӣ равона карда шудаанд.

Яке аз унсурҳои муҳими ҷомеаи демократӣ мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ ва амалисозандаи адолати судӣ мебошанд. Фаъолияти судяҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амали норавост.

Ҷиҳати иҷрои талаботи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 24 апрели соли 2010 Барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 таҳия ва тасдиқ гардид.Дар он вобаста ба такмили минбаъдаи сохтори судӣ, таҳкими мустақилият ва масъулияти судҳо, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо, рушди қонунгузории соҳа ва дигар самтҳои фаъолияти мақомоти судӣ тадбирҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд.

Яке аз масъалаҳои муҳими дигаре, ки дар барнома таъкид шудааст, таъмини дастрасии шаҳрвандон ба ёрии ҳуқуқии баландихтисос мебошад. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф зарур аст, ки низоми мавҷудаи адвокатура таҷдиди назар гардида, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва дар навбати аввал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» дар таҳрири нав таҳия ва қабул карда шавад.

Ба Суди конститусионӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ, Шўрои адлия, Вазорати адлия ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ зарур аст, ки ҷиҳати таъмини фаъолияти шаффофу ошкорои судҳо, аз ҷумла баланд бардоштани масъулияти судяҳо ҷиҳати қабули қарорҳои қонуниву асоснок, таъмини иҷрои санадҳои қабулкардаи судӣ, пешгирӣ намудани қонунвайронкунӣ дар фаъолияти судяҳо ва адвокатҳо, аз ҷумла роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ, ки боиси ташвишу нигаронии ҷомеа гардидаанд, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассус ва омодагии касбии судяҳо, махсусан судяҳои ҷавон тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Таъмини риояи талаботи қонун «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» ва баррасии арзу шикоятҳои онҳо аз тарафи мақомоту сохторҳои дахлдори давлатӣ, аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд.Таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, пурзўр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини волоияти қонун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Чунки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба суботу оромии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун вобастагии бевосита дорад.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фароҳам овардани шароити мусоиди манзилию маишии онҳо то имрўз корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, минбаъд низ давра ба давра бунёд намудани шаҳракҳои ҳарбӣ ва манзили зист, аз ҷумла ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, инчунин гузаронидани ислоҳоти сохториро ба нақша гирифтааст. Шароити кунунии амнияти минтақа ва ҷаҳон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишварро водор месозад, ки ба фаъолияти худ тақвият бахшида, корро мутобиқ ба талаботи муосири амниятӣ ва мудофиавӣ ба роҳ монанд.

Роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадоранд, ки ба хотири баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати касбии кормандони худ ҳамарўза чораҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав расонидани фаъолияти худ истифодаи тарзу усулҳои муосири пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткориро ҷорӣ намоянд.Илова бар ин, ба масъалаи омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои қувваҳои Мусаллаҳ диққати махсус зоҳир намуда, пойгоҳҳо ва марказҳои таълимиро, ки дар онҳо мутахассисони низомӣ омода карда мешаванд, бо технологияҳои навини ҳарбӣ ва иттилоотӣ муҷаҳҳаз гардонанд.

Имрўз дар кишвари мо дар бобати мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз проблемаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, тамоми заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкилӣ фароҳам оварда шудаанд. Таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди хеле ҷоннок шудани кори сохтору мақомоти дахлдор, вазъият дар самти     ошкор ва пешгирӣ намудани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳанўз ҳам қонеъкунанда нест.

Аз ин рў, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбутаи кишварро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, ҷиҳати ошкор сохтани гурўҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, дастгир намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони гунаҳкор тамоми имкониятҳоро сафарбар намоянд.

Бори дигар таъкид месозам, ки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, суд ва прокуратура бояд, пеш аз ҳама, ба таъмини амнияти миллӣ, волоияти қонун, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, коррупсия, хариду фурўши одамон ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа равона карда шавад. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, прокуратура ва судҳо бояд бо ахлоқи ҳамида, рафтору кирдор ва ватандўстиву ватанпарастӣ намунаи ибрати дигарон бошанд.

Мутаассифона, ҳолатҳои номатлуби даст ба ҷиноят задани баъзе баъзе кормандони мақомоти зикршуда, аз ҷумла кирдорҳои коррупсионӣ ҳанўз ҳам ҷой доранд, ки ин омил эътибори мақомоти давлатиро коҳиш дода, ба шаъну шарафи кормандони он иснод меорад. Дар робита ба ин, як нуктаро зикр бояд кард, ки доир ба пешгирӣ ва ошкор намудани амалҳои коррупсионӣ аз тарафи давлат тамоми тадбирҳои ҳуқуқиву ташкилӣ роҳандозӣ шудаанд. Ошкор намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соли 2010 2,5 баробар зиёд гардидааст.

Вобаста ба ин, хотирнишон бояд кард, ки Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд саҳми Тоҷикистонро дар иҷрои ўҳдадориҳое, ки аз Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид доир ба мубориза бар зидди коррупсия бармеоянд, мусбат арзёбӣ намудааст. Бо дарназардошти муҳимияти масъала соли гузашта бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия қабул гардида, Шўрои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шуд, ки дар асоси санадҳои зикршуда масъулияти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар соҳаҳои мухталиф ба зиммаи роҳбарони аввали вазорату идораҳо ва мақомоти давлатӣ гузошта шудааст.

Ҳоло зарур аст, ки иҷрои санадҳои мазкур ва дигар чораҳои дар ин самт пешбинигардида сари вақт таъмин карда шавад, то ки натиҷаи онҳо дар ҷомеа эҳсос гардад. Илова бар ин, таъкид месозам, ки дар кори мубориза бо коррупсия ғайр аз мақомоти давлатӣ ҳар як фарди ҷомеа низ бояд саҳмгузор бошад.

Ба хотири ҳалли саривақтиву самараноки масъалаҳои зикргардида роҳбарияти тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат, пурзўр намудани мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, пешгирӣ кардани амалҳои террористиву экстремистӣ, муборизаи беамон бо ҳама гуна ҷинояткорӣ, аз ҷумла амалҳои коррупсионӣ, пеш аз ҳама дар фаъолияти кормандони сохтору мақомоти худ, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, тарбияи кадрҳои баландихтисоси аз лиҳози маънавию ҷисмонӣ обутобёфта, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва зиракии сиёсиву омодагии касбии ҳайати шахсӣ тадбирҳои мунтазам ва муассир андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Бист соли истиқлолияти давлатӣ, ки марҳалаи аз нигоҳи таърих хеле кўтоҳ, вале пур аз ҳаводису рўйдодҳои муҳиму тақдирсози халқи мо мебошад, дар баробари арзёбии ҷиддии гузашта ва имрўзаи мо, инчунин таҳлили мукаммал ва мураттаби татбиқи сиёсати хориҷии кишварро тақозо менамояд. Ва имрўз мо метавонем бо итминон изҳор намоем, ки рисолат ва ҷавҳари ин сиёсат ҳимояи ҳамаҷонибаи манфиатҳои миллӣ, таъмини озодиву истиқлоли мамлакат, амнияту суботи ҷомеа ва кафолати пешрафту тараққии кишвар, ҳамчунин тақвият бахшидан ба ҷойгоҳи хоси Тоҷикистон дар низоми навини равобити  байналмилалӣ ба шумор мерафт.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ