08:16:45 04-уми Июли 2025 сол

ПАЁМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶӢ

 

ҳукумат бо мақсади беҳтар намудани вазъи саломатии аҳолӣ ҳамасола маблағғузории соҳаро афзоиш медиҳад, ки он дар даҳ соли охир  20 маротиба афзудааст. Дар баробари ин, дар соҳаи тандурустии кишвар зиёда аз 31 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ амалӣ мегардад. Масъалаи омода кардани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои мубрами рўз мебошад.

Шумораи табибон имрўз дар кишвар 14 500 нафарро ташкил медиҳад. Аммо дар маҳалҳо тибқи талаботи меъёрҳои муқарраршуда қариб 10 ҳазор табиб намерасад. Аз ин рў, ба Вазорати тандурустӣ супориш дода мешавад, ки амалигардонии “Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020”- ро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, иҷрои онро дар мўҳлати муайянгардида таъмин намояд.

Таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ яке аз проблемаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ мебошад, ки масъалаҳои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ ва муассисаҳои тиббӣ бо оби нўшокии босифат, таъмири шабакаҳои обу корези шаҳру ноҳияҳо, назорати сифати маводи ғизоӣ, молҳои мавриди истифодаи ҳамагонӣ ва масолеҳи сохтмонии воридшавандаро фаро мегирад.

Аз ин рў, зарур аст, ки Вазорати тандурустӣ, Агентии “Тоҷикстандарт”, Хадамоти гумрук ва дигар сохторҳои дахлдор масъалаҳои зикргардидаро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Солҳои охир дар муассисаҳои тандурустии кишвар бо истифода аз технологияи муосир намудҳои нави ташхису табобат мавриди истифода қарор дода шуданд ва ин имкон фароҳам овард, ки шумораи эҳтиёҷмандон барои табобат дар  хориҷи кишвар то 70 фоиз коҳиш ёбад.

Сарфи назар аз тадбирҳои андешидашуда, вазъи соҳа, сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббӣ ҳанўз ҳам беҳбудиро талаб менамояд. Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳа, беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ, танзими хизматрасонии тиббию санитарӣ аз тарафи муассисаҳои тандурустии кишвар, беҳтару дастрас будани он ба мардум, хусусан ба гурўҳҳои камбизоати аҳолӣ Вазорати тандурустиро лозим аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо чораҳои саривақтӣ ва судманд андешида, татбиқи онҳоро таъмин намояд.

Ҳозирини гиромӣ!

Яке аз рукнҳои асосии пойдорӣ ва суботи ҷомеаи давлати соҳибистиқлол ин таъмини сатҳ ва сифати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад. Бо ин мақсад санадҳои муҳимтарини меъёрии ҳуқуқӣ доир ба  танзими муносибатҳои меҳнатӣ, беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ, зиёд намудани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат, маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендияҳо қабул гардида,  мавриди амал қарор гирифтаанд.

Дар ин самт дар се соли оянда музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ –маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва илм ду баробар, аз ҷумла аз 1 сентябри соли ҷорӣ ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад. ҳамзамон дар доираи ислоҳоти музди меҳнат ва гузаштан ба ҷадвали ягонаи тарифӣ андозаи маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин нафақа низ зиёд мегардад.

Бо ин мақсад Вазорати молия вазифадор карда мешавад, ки дар доираи буҷети тасдиқгардидаи имсола маблағгузории онро таъмин намуда, ҳангоми таҳияи буҷети солҳои оянда барои амалӣ намудани ин супориш маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд. Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди пешбурди сиёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ташаккул додани се ҷанбаи асосии муносибатҳои меҳнатӣ, яъне мусоидат ба таъмини аҳолии қобили меҳнат бо шуғли муносиб, танзими воқеии муносибатҳои байни корфармою корманд ва баланд бардоштани музди меҳнат эътибори ҷиддӣ медиҳад.

Бо мақсади  бо ҷои кори муносиб таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат тавассути барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, имрўз вазъият дар бозори меҳнат рў ба беҳбудӣ ниҳодааст. Дар давоми 10 соли охир қариб 1 миллион ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд. Бо мақсади мусоидати ҳарчи бештар ба аҳолӣ барои омўзиши касбу ихтисосҳои дар бозори меҳнат талаботдошта ҳукумат дар муддати кўтоҳ шабакаи марказҳои таълими калонсолонро ташкил намуд, ки имрўз ин муассисаҳо аз рўи 48 касбу ихтисоси ҷавобгўи стандартҳои байналмилалӣ мутахассисонро тайёр мекунанд. Тавассути чунин марказҳо дар 10 соли охир 70 ҳазор шаҳрвандони бекор аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ соҳиби касбу кор гардиданд.

Барои тақвияти бештари шуғли аҳолӣ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба фаро гирифтани хатмкунандагони ин муассисаҳои таълимӣ, бахусус табақаи осебпазири ҷомеа - ятимон, фарзандони оилаҳои камбизоат, маъюбон ва дигарон бо шуғли доимӣ мунтазам чораҷўӣ намоянд. Бояд таъкид сохт, ки дар доираи барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба зиёда аз 20 ҳазор  шаҳрвандони бекор барои ташкили  фаъолияти инфиродии меҳнатӣ  дар ҳаҷми 27 миллион сомонӣ қарзҳои хурди имтиёзнок дода шудаанд, ки ин яке аз тадбирҳои муҳими сиёсати давлат дар самти паст намудани шиддати бекорӣ мебошад.

Дар баробари татбиқи ин чорабиниҳо  давлат кўшиш ба харҷ медиҳад, ки ба шаҳрвандони муваққатан бекормонда кафолати иҷтимоиро таъмин созад. Ин аст, ки дар ин муддат ба 242 ҳазор нафар аз буҷети давлат ба мўҳлати то 6 моҳ кўмакпулӣ барои бекорӣ пардохта шудааст. Гурўҳи аз ҳама осебпазир ва ниёзманди кўмаку дастгирӣ кўдакони ятим ва бесаробон мебошанд. Айни замон дар кишвар 84 мактаб-интернат фаъолият менамояд, ки нисбат ба замони то истиқлолият 43 адад зиёд гардида, шумораи хонандагонашон ба 8300 нафар мерасад. Аз ин теъдод 2000 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Ҳамасола маблағгузории ин муассисаҳо зиёд гардида, дар онҳо шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Вобаста ба ин, пешниҳод мегардад, ки тарзи фарзандхонӣ содда карда шуда, ба шахсоне, ки мехоҳанд чунин кўдаконро ба фарзандӣ қабул намоянд, имконияти мусоид фароҳам оварда шавад.

Итминон дорам, ки дар кишвари мо шаҳрвандони баномус хеле зиёданд ва мехоҳанд ин  амали хайрро анҷом дода, кўдакони ятиму бепарасторро мисли фарзандонашон ба камол расонанд.Ба Вазорати маориф, дигар вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои таълимӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дастгирӣ, сарпарастӣ ва таълиму тарбияи ятимону бепарасторон ҳамаи шароити заруриро муҳайё карда, барои идомаи таҳсили онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии кишвар ва хориҷа мусоидат намуда, баъди хатми ин зинаҳои таҳсилот онҳоро бо ҷойи кор таъмин намоянд.

Аз солҳои аввали истиқлолият проблемаи беҳдошти шароити занон ҳамеша дар маркази таваҷҷўҳи ҳукумат қарор дорад. Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ҳамчунин қарори ҳукумат аз соли 2010 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» барои баланд бардоштани мақому манзалати зан дар  бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд. Иштироки занони кишвар дар корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт назаррас буда, 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ ё 6 ҳазор нафар аз ҳисоби занон мебошанд.

Дар муассисаҳои таълимии кишвар қариб 110 ҳазор нафар омўзгорон кор мекунанд, ки аз онҳо 70 фоизашонро занон ташкил намуда, барои пешрафти ҷомеа нақши муҳим мегузоранд.Тайи солҳои 1997-2010 тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар зиёда аз даҳ ҳазор ҷавонон ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки аз ин теъдод 7500 нафарашон духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кўҳистон мебошанд. Бо вуҷуди амалӣ гардидани як қатор тадбирҳои судманд дар ҳаёти занон то ба ҳол мушкилоту масоили зиёд ҷой доранд. Нарасидани ҷойҳои корӣ, аз ҷумла камшумор будани корхонаҳое, ки бештар ба фаъолияти занон ниёз доранд, дар ҳамаи минтақаҳои кишвар эҳсос мешавад.

Набудани инфаструктураи зарурӣ ба занон имконият намедиҳад, ки онҳо соҳиби ихтисос ва касбу кор шаванд. ҳамаи инро ҳукумат ба эътибор гирифта, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои муассир андешида истодааст. Барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон аз соли 2006 то имрўз 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағ аз тариқи грантҳои Президентӣ ҷудо гардидааст. ҳукумати кишвар тасмим гирифтааст, ки минбаъд ҳаҷми маблағҳои грантиро зиёд намуда, ба ин васила шумораи занону духтарони соҳибкорро афзун намояд.

Нақш ва иштироки ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳанг назаррас мебошад. Дар баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти ҳукумат муқаррар гардида, ҳоло он тавассути қабули барномаҳои миёнамўҳлати соҳавӣ татбиқ шуда истодааст. Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дўши онҳо гузошта шудааст. ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандўстӣ кўшишу талош намояд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ