Ҳ.САЙФУЛЛОҲЗОДА: АГАР ТАМОМИ РОҲҲОИ ФАЪОЛИЯТ БАСТА ШАВАНД ҲАМ…
- Дар солҳои 2008-2009 иртиботи давлатдорон бо диндорон то дараҷае пешрафт кард. Масалан, дар Соли бузургдошти Имоми Аъзам чунин сару садоҳое паҳн шуданд, ки дигар ҳукумат ба истилоҳ силоҳ ва абзору асбоби ҲНИТ-ро гирифт ва ҳатто интизориҳо мерафт, ки ҷаноби президент рӯзе дар масҷиди бузурге имоматӣ ҳам мекунад ва дигар зарурат барои ҲНИТ намондааст. Аммо имрӯз баръакс, мегӯянд, ки ин ивазшавӣ дар пайи омадани чанде дар ниҳодҳои марбут ба дин аст. Шумо чӣ мегӯед?
- Ман аз посух додан ба қисмати ахири суол оғоз мекунам. Воқеан, дар тасмимгириҳои алоҳида онҳое, ки дар мақомоти марбута, аз ҷумла дар Кумитаи дин, Маркази исломӣ ва Вазорати маориф масъулиятҳои асосиро дар даст доранд, таъсир мегузоранд. Инҳо фазосозандаи чунин тасмимҳо ҳастанд. Яъне инҳоянд, ки мегӯянд, муҳити динӣ чӣ гуна аст ва ину он рӯҳонӣ чӣ касест ва чаро ҲНИТ масоили диниро дунболагирӣ мекунад. Инҳо масоилро аз дидгоҳи худ таҳлил ва матраҳ мекунанд ва аз инҷост, ки тасмимҳо тавре гирифта мешаванд, ки хилофи вазъияти соли 2008-2009 аст.
Албатта, ман баъид медонам, ки як рӯз Эмомалӣ Раҳмон ба сифати имом зуҳур мекунад, вале чунин пешгӯиҳо ҳоло ҳам ҷой доранд. Ҳатто фикрҳое буданд, ки Тоҷикистон рӯзе ҷумҳурии исломӣ мешаваду бисёриҳо бехабар мемонанд. Ва вақте ки Соли Имоми Аъзам эълон шуду симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид, гуфтанд, ки ҳамаи корҳоро ҷиҳати рушди Ислом ва арзишҳои исломӣ давлат карда истодааст, пас, чӣ зарурат аст ба мавҷудияти ҲНИТ? Яъне доираҳои алоҳида ҲНИТ-ро танҳо марбути масоили динӣ меҳисобанд. Онро чун созмони сиёсӣ намехостанд бубинанд, аз ин хотир мегуфтанд, ки чун давлат худ умури диниро низ дар даст гирифта ва дар ин самт пешрафтҳое ҳам мекунад, дигар ҲНИТ даркор нест.
Имрӯз, воқеан, мо баръакси корҳои солҳои 2008 ва 2009-ро мебинем ва аз он иқдомоте, ки гӯё бо мусоидати давлат дин густариш пайдо карда буд ва мардум ҳам чунин интизоротро аз давлат дошт, мисле ки сахт пушаймонанд. Ва омадем дубора ба вартаи динситезӣ, бахусус динситезии аслӣ. Бубинед, вазири маориф гуфтааст, барои он “Маърифати исломӣ”-ро аз мактаб берун кардем, ки нафаре ёфт нашуд, то китоби дарсӣ нависад.
Ин далелест, ки ҳатто як муаллими одӣ бовар надорад. Вақте масҷидҳо баста ва донишҷӯён аз хориҷ ҷабран оварда мешаванду иштироки наврасону навҷавонҳо дар намози ҷамоати масҷид манъ мегардад, омӯзонидани “Маърифати исломӣ” дар мактабҳо метавонист саволҳоеро ба вуҷуд оварад. Аз ин рӯ, беҳтар он аст, ки аз барномаи таълимӣ ин дарсро берун бикашанд. То масали «як бому ду ҳаво» ба хотир наояд. Имрӯз мехоҳанд динситезиро ба рағ ми хостаҳои ҷомеа ривоҷ диҳанд, ки ин роҳ шикасти мутлақ дар пеши рӯ дорад.
- Шояд шиору даъватҳои “Нест бод Ислом»-и Фронти халқӣ зинда мешаванд?
-Мутаассифона, бале. Он замон тавассути ҳамин гуна шиорҳо бархеҳо вориди саҳна шуданд ва дар ҳукумат ҷойи по низ пайдо карданд. Банда ба ин фикрам, ки дар ҳукумат афроди солимфикр низ хеле зиёданд, вале тасмимгирӣ дар дасти онҳо нест.
- Фикр мекунед, динситезӣ аз дохил маншаъ мегирад ва ё аз хориҷ таҳрик мешавад?
- Ман бар ин назарам, ки ҳеҷ чизе бе ҷанбаи дохилӣ наметавонад густариш ёбад. Агар дар дохил замина вуҷуд надошта бошад, аз берун наметавонанд коре бикунанд. Бале, дар сатҳи байналмилалӣ муносибат бо Ислом чандон мунсифона нест. Воқеаҳое, ки дар кишварҳои арабӣ сурат гирифтаанд, инро собит мекунанд, ки дигар фарқе надорад, ки чӣ касе дар сари низом аст: шоҳ, президент, диктатор ё дигаре.
Мушкили мардум мушкили иҷтимоист. Ба ин хотир агар ниёзи иҷтимоии мардум бароварда нашавад ва ё нодида гирифта шавад, ҳатман ҳаводисеро интизор бояд буд. Асли мушкил ҳеҷ гоҳ ҷанбаи хориҷӣ дошта наметавонад. Инҳо ҳама аз дохил пайдо мешаванд, вале доираҳои хориҷӣ аз ин гуна мушкилот истифода карда метавонанд. Аз ин рӯ, динситезии ба вуҷудомада дар Тоҷикистон аслу асоси дохилӣ дорад.
- Ҳоло талошҳо бар ин нигаронида шудаанд, ки ҲНИТ дар доираи як ҳизб фаъолият кунад. Яъне ба ин маъно, ки аз номи он калимаи «исломӣ» ҳазф шавад, чун Ислом дини ҳамаи мардуми тоҷик аст ва то ҷое фаҳмидем, ҳамин гуна пешниҳодҳоро ба роҳбарият додаанд, ки бояд ҲНИТ аз номи Ислом сухан накунад ва худро дифоъкунандаи Ислом муаррифӣ накунад. Оё ин имкон дорад?
- Албатта, маълум аст, ки фаъолияти ҲНИТ аз доираи як ҳизби муқаррарӣ берун аст. Ҳамчун як ҳизби сиёсӣ чаҳорчӯбаи фаъолияти он муайян аст, вале ҲНИТ бо назардошти рисолат ва характери худ наметавонад, ки дар нисбати арзишҳои исломӣ ва ниёзҳои ақидатии мардум мавқеъгирӣ накунад. Хушбахтии ҲНИТ ҳам дар ин аст, ки майдони фаъолияташ фарох аст, он ҳам бо риояи чаҳорчӯбаи қонун. Яъне ҳамаи низоми ҷомеаро дунболагирӣ мекунад: иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ.
Вале бархӯрди он нисбат ба ҳамаи масоил заминаи ақидатӣ дорад, ки он ҳам Исломи ноби муҳаммадист. Агар мо ба асли Ислом ворид шавем, ин ҳамаро дар таркибу дохили он мебинем. Наметавон гуфт, ки ислом танҳо ҷанбаи ахлоқӣ дораду ба дигар масоил онро рабт надиҳед. Ислом дар тӯли зиндагии беш аз ҳазорсолаи башарият ошкор кардааст, ки ба ҳама соҳот ҳарфу назари худро дорад. Аммо ин ки ҳизб танҳо дар доираи сиёсӣ амал кунад ва номаш низ дигар шавад, ин фикрҳо қаблан низ буданд.
Ҳанӯз аз солҳои 1999-2000 ҷой доранд. Ва баъдан солҳои 2003-2004 ҳам пайдо шуданд. Қабл аз реҳлати устод Нурӣ. Агар дар аввал мо мегуфтанд, ки бигзор ин калима дар таркиби номи ҳизб бошад, вале баъдан афкоре низ роҳандозӣ карданд, ки дар номи ҳизб набояд номи ислом ҷой дошта бошад. Ин гуна бархӯрд, яъне бошаду набошади номи ислом дар ҳизб ду маротиба пайдо шуда буд. Ҳукумат дар аввал ҳавасманд набуд, ки калимаи ислом аз номи ҳизб хориҷ шавад.
Бо ҳамин ном дар сатҳи байналмилал муаррифӣ шудаем ва мавҷудияти ин ҳизб дар сатҳи байналмилал барои ҳукумат ҳам муфид аст. Яъне Тоҷикистон танҳо давлате аст, ки созмони сиёсиеро бо номи Наҳзати исломӣ дорад. Ин боиси ифтихори мост, албатта. Вале дар дохил боз ҳам афкоре ҷой дошт, ки мавҷудияти ҳизбро барои марҳалаи муайян медонистанд. Ҳукумат дар самтгириҳои сиёсати хориҷии хеш инро хуб истифода кард, бо олами ғарб ва шарқ ба ҳар маъное.
Акнун сару садоҳое дар ин маврид аз нав баланд мешаванд, ҳатто хабарнигоре низ ба мақомоти ҲНИТ тавсия ва ё дархост пеш меорад, ки бояд ки номи исломро аз ҳизб берун кард. Дар ҳама интихобтҳое, ки иштирок кардем, афродеро таёр мекарданд, то бигӯянд, шумо чӣ ҳақ доред, ки аз номи ислом гап мезанед. Мефаҳмонем, ки мо аз номи ислом гап намезанем, мо як гурӯҳе ҳастем сиёсӣ ва дар заминаи ақидаи исломӣ ташаккулёфта.
Даъвои инро надорем, ки ислом монополияи ҳизби мост. Ислом моли миллати мусалмон аст. Ҳеҷ миллати алоҳидае, на тоҷик, на араб, на эрониву афғон ва на турку дигару дигар ин ҳақро надорад, ки бигӯяд ислом аз они онҳост. Ва ман, ё ки як дигар намояндаи ҳизб агар дар саҳнаи сиёсӣ ширкат мекунем, ба хотири он аст, ки ҷойгоҳи хешро дар дигар аҳзоби сиёсӣ намебинем. Даъво ва ҳаққи монополия кардани тамоми исломро надорем. Мо ҳар гуна афкоре, ки дар ҷомеа вуҷуд дорад, онро эътироф мекунем.
Воқеан, бояд эътироф кард, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳама мусалмонанд бо ҳар бардоште ва ҳар фаҳме. Устод Нурӣ, ҷояш ҷаннат бошад, ҳанӯз дар соли 1998 гуфта буд, ки мо бояд иқрор бошем, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон мусалмони коммунист ҳам ҳасту демократ ҳам, мусалмони миллатгаро ҳам ҳасту дунявӣ ҳам. Пас дигарҳо низ иқрор бояд бошанд, ки мусалмоне низ ҳаст бо ақидаи исломӣ. Яъне ҳар гуна қишре дар ҷомеа вуҷуд дорад ва ҳеҷ кас ҳаққе надорад, ки мавҷудияти яке аз ин қишрро нодида бигирад ва ё инкор кунад. Агар онҳо мегӯянд, ки мо вуҷуд дорем, пас иқрор бояд бошад ки ман ё нафари дигаре ҳамчун як шахси сиёсӣ дар заминаи ақидаи исломӣ ҳаққи мавҷудият дорем.
Дар як сӯҳбате аз номи мақоми ҲНИТ хондам, ки гуфтааст, агар имрӯз ҲНИТ баста шавад мо даъвоҳои дигаре мекунем ва то суд ва дигар ҷоҳо меравем, вале агар роҳи ҳал пайдо нашуд ва чорае намонд, меравем ба ҳизби ҳокиму ҳизби сосиал-демократ. Инро қабул надорам. Ин ҳарфҳо чандон мантиқӣ нестанд.
Ҳарфи гӯянда ва ё сохташуда аз ҷониби нашрия будани онро дақиқ намедонам. Вале агар ин гуна ҳарфҳо гуфта шуда бошанд, ормон, ғоя ва ҳадафмандии ҲНИТ-ро зери савол қарор додан аст. Яъне гуфтанист, ки мо ҳам сохтем ҳамин хел як ҳизбе ва ба гуфти бародари коршинос, ки дар боло ишора рафт, хуб мебуд агар ҲНИТ намебуд, мерафтем ба ҳизби дигар. Агар тамоми масири фаъолият баста шавад ҳам, қадами хешро ба ҳизби дигар нахоҳам гузошт.
Мусоҳиб Абдуқаюми Қаюмзод
- << Қаблӣ
- Баъдӣ