Ҳ.САЙФУЛЛОҲЗОДА: АГАР ТАМОМИ РОҲҲОИ ФАЪОЛИЯТ БАСТА ШАВАНД ҲАМ…
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сардабири нашрияи "Наҷот" ва узви Раёсати олии ҲНИТ субҳи 7-уми феврал дар роҳ ба сӯйи идораи ҳафтанома, тақрибан дар наздикиҳои манзили худ дучори ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт. Ӯро дар ҳолати беҳушӣ ба беморхонаи "Қарияи Боло" оварданд.
Чанд муддат таҳти муоинаи пизишкон қарор дошт. Аммо ҳодисаи ҳамлаи афроди номаълум ба ҷони як нафар сухангӯ ва қаламкаш сару садоҳои мухталифро ба бор овард. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ва роҳбарияти ин ҳизб ин ҳодисаро маҳкум карда, аз мақомот расидагии оҷилӣ ба ин қазияро талаб карданд. Ниҳоят эълон шуд, ки дар иртибот ба ин ҳодиса аз сӯйи мақомоти тафтишотӣ парванда боз шудааст. Чун вазъи саломатии Сайфуллоҳзода беҳбуд ёфтааст, мо бо эшон як сӯҳбате ороста, дар аввал аз расидагии мақомот пурсидем, ки то куҷо дар кушодани асрори ин ҳамла пешрафт кардаанд.
- Бале, дар мавриди қазияи банда аз тарафи додситонии ноҳияи Сино ва гумон мекунам, бо ризоияти Додситонии кулл парванда боз шудааст. Дар оғоз шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳия ин қазияро пайгирӣ мекард, аммо онҳо чандон муваффақ нашуданд ва ба натиҷае ҳам расида натавонистанд. Муфтаттише, ки аз сӯйи прокуратураи ноҳияи Сино ба ин кор муаззаф шуда ва чанд рӯзи пеш бо ман саволу ҷавоб кард, гуфт, он чизе ки дар даст доштанд, яъне он чанд баёнот дар заминаи сӯҳбати ҳамсояҳоро ба додситонӣ супоридаанд. Ва ин муфаттиш баъди анҷоми пурсиши навбатӣ ва анҷоми таҳияи ҳуҷҷатҳои лозим суол кард, ки чӣ дархосте дорам.
Ман дархост кардам, ки дар аввал бояд он ҳуҷра ва ё хонае, ки даруни он ин ҳодиса рух дод, маълум карда шавад, ки дар ихтиёри кист. Ва дигар чун хонаи мазкур солҳои зиёд баста буд, чӣ тавр ва чаро маҳз дар ҳамон соате, ки ҳодиса ба вуқӯъ пайваст, кушода шуд? Баъди чанд рӯз яке аз муфаттишон ҳамроҳи нозири минтақавӣ ба назди ман омаду гуфт, ки «дархости аввали шумо маълум шуд». Яъне “хонае, ки ин ҷиноят рӯй дод, ба яке аз маскунини бино («дом»)- и рақами 10 (бинои дар шафати бинои мо қарордошта) тааллуқ дорад ва ӯ корманди яке аз ниҳодҳои ҳукуматист.
Аммо мо натавонистем, ки аз вай баёнот гирем, чун ӯ дар сафари хидматӣ дар Хоруғ қарор доштааст.” Пештар ҳам ман медонистам, ки соҳиби ин хона ҳамон нафар аст. Вале барои ман тасдиқи расмии мақомот зарур буд. Ба ҳар сурат, ин як манзили якутоқа дар васати ду бинои ҳамшафат воқеъ буд, ки аз чандин вақт ба ин сӯ истифода намешуд ва дару тирезаашро ҳам қуфл зада буданд. Бо таваҷҷӯҳ ба тарзи баста будани ин хонаи тахмин кардан мумкин аст, ки ба ин кор ҷинояткорон аз ҷавоне истифода кардаанд.
Зеро панҷара ва ё тирезаи он хонаро, ки дар баландии қобили мулоҳиза ҷойгир аст, танҳо афроди ҷавон метавонад бикушоянд ва вориди хона шаванд. Чун хона, тавре худи муфаттишон гуфтанд, аз дохил баста будааст, на тавассути қулф. Таҳлили банда ин аст, ки ҷинояткорон аз кадом нафаре истифода карда, дари ин хонаро пешакӣ кушодаанд. Албатта, ин хулоса ва таҳлили шахсии ман аст, ки чунин кор метавонад сурат гирифта бошад.
Вале масъаларо бояд аз нигоҳи тафтишотӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти зирабт маълум карда шавад. Аз ҷумла, асрори ин хонаро маълум кунанд, ки чаро он муддати мадиде дар дасти як корманди ниҳоди ҳукуматӣ бо дари баста буд ва маҳз дар он рӯз дараш боз шудааст? Аҷобат дар он аст, ки вақте дафъатан барои муайян кардани ҷузъиёти масъала ба ҷойи ҳодиса омадаанд, дари хонаро баста дидаанд.
- Бархеҳо сару садо пароканданд, ки ин кор ҷанбаҳои хусусиву иҷтимоӣ дорад. Ва то ҷое огоҳ ҳастем, дар ифтитоҳи парванда худи Шумо мустақим ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардаед...
- Вақте дар беморхона будаму кормандони умури дохила омада пурсиш мекарданд, фикр мекардам, ки ин пурсишҳо дар доираи парвандае сурат мегиранд. Вале баъдан аз сӯҳбат бо масъулини ҳизб фаҳмидам, ки ҳеҷ парвандае дар иртибот ба ҳодисаи мазкур боз нашудааст. Аз ин рӯ, зарур донистем, ки расман парванда боз ва қазия пайгирӣ шавад. Ва унвонии раҳбарияти шӯъбаи корҳои дохилӣ ва додситонии ноҳияи Сино ариза ирсол кардем. Вақте бо имзои банда ин аснодро ба милиса мебаранд, чун ҳанӯз дар беморхона будам, намояндаи пулис мегӯяд: чӣ зарурат дорад ариза, мо нав аз назди ҳамин одам омадем ва ӯро пурсидем ва мо парванда дорем.
«Зарурати қабул кардани аризаро надорем» гуфтаанд ва аризаро нагирифтанд. Аммо аризаи дигарро дар прокуратураи ноҳия қабул кардаанд, агарчи дар аввал чунин як майле зоҳир накардаанд. Баъдтар, вақте муфаттиши пулис назди ман омад, гуфт, ки ин навбат бо дастури прокурор омадааст. Ва гуфт, ки саволу ҷавоби ӯ бо ман бо дастури додситон сурат мегирад, на аз ҷониби милиса. Аз ӯ пурсидам: тафтишоте, ки Шумо пештар гузаронидед, чӣ шуд, хатм шуд? Гуфт: бале, акнун қазияро прокуратура давом медиҳад.
- Мегӯянд, раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ низ аз прокурори генералӣ тақозо кардаст, ки қазия ба таври расмӣ пайгирӣ шавад…
- Бале, дар як ҷамъомад раиси ҳизб аз додситони кулл чунин хоҳиш кардааст. Ҷаноби Салимзода гуфтаанд, ки «агар зарур бошад, парванда мекушоем». Вале худи онҳо бо ташаббуси худ ҳеҷ як кадом парвандае накушоданд. Ва Кабирӣ ҳам гуфтааст, ки «хуб аст, парванда бошад ва ҳар чизе ки Шумо маълум кунед, онро қабул дорем». Воқеан, дар атрофи ҳодисаи сӯхтор дар ибодатгоҳи наҳзат ҳар гуна сару садоҳо буданд, вале чун ниҳодҳои интизомӣ иллатро расиши ноқил гуфтанд, қабул кардем. Ва дар иртибот ба ин қазия ҳам ҳар чизе, ки бигӯянд, қабул дорем, ҳатто агар бигӯянд, ки дар роҳ Сайфуллозода ба девор бархӯрд ва ё пешпо хӯрду ба замин афтиду сараш лат хӯрдааст. Яъне манзур ин аст, ки бояд ниҳодҳои ҳифзи қонун ҳарфи худро дар робита ба ин қазия бигӯянд.
-Яъне қазия хусусӣ ва ё маишӣ набуд?
-Дар аввал, чӣ хеле дар беморхона иттилоъ ёфтам, тамоми наздикону хешовандони маро таҳти пурсиш қарор додаанд. Ҳатто як хоҳарзодаи маро бисёр фишор овардаанд, ки «шумо худатон ин корро кардаед, ҳеҷ каси дигар ин ҷо гунаҳкор нест». Ман ба муфаттиш гуфтам: оне ки бо наздикони ман чунин муомила кардааст, кори ӯ айни ҷиноят аст.
Бале, тамоми паҳлӯҳои зиндагии банда мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд, ҳатто қарздор будани ман аз касе. Вале дар ниҳоят чизе дар ин заминаҳо наёфтаанд. Бори охир, ки сӯҳбати банда бо мақомоти тафтишотӣ дар беморхона сурат гирифт, дар атрофи сӯҳбатҳои матбуотӣ буд. Агар ин ҳодиса вобаста ба зиндагии хонаводагӣ мебуд, чаро ман расман ариза навиштаму дархости таҳқиқ ва хостори боз кардани парванда шудам?
- Чаро таваҷҷӯҳи хориҷиҳо ба қазияи Шумо бештар шуд?
- Дуруст гуфтед, ки созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатӣ дар мавриди ин қазия таваҷҷӯҳи зиёд доштанд ва изҳоротҳо нашр карданд. Барои банда, ки соҳиби мақоми баланде дар ҳизб нестам, ин ҳама аз як сӯ ҷойи ифтихор ва аз сӯйи дигар як навъи дастгирии маънавист. Бахусус изҳоротҳое, ки аз тарафи сафорати ИМА, намояндагиҳои САҲА ва Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон ва вокуниши ёвари вазири хориҷаи ИМА Роберт Блейк, ки тавассути расонаҳо низ пахш шуд, аз лиҳози равонӣ ба ман кӯмак карданд.
Онҳо дар ин изҳоротҳо ошкоршавии ин қазия ва огоҳ кардани ҷомеаро аз натиҷаи он талаб кардаанд, ки гумон мекунам, ба ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон бетаъсир нахоҳад буд. Дар беморхона намояндаи САҲА дар Тоҷикистон, мушовири сиёсии сафорати Амрико ба аёдати банда омаданд ва намояндаи Иттиҳодияи Аврупо тавассути телефон аз аҳволи ман пурсон шудааст. Ва ахиран, сафири Амрико дар Тоҷикистон ба манзили банда ташриф оварда аз қазия наздиктар огоҳ шуд.
Баъдан огаҳӣ пайдо кардам, ки ин қазия дар сӯҳбати миёни намояндагони ИА ва вазири умури хориҷа Ҳамрохон Зарифӣ матраҳ шудааст. Ва то ҷое огоҳ шудам, намояндаи Вазорати умури хориҷа аз қавли Вазорати умури дохила гуфтааст, ки гумонбар ҳаст, вале ҳоло касе боздошт нашудааст. Чанд рӯз пеш гурӯҳе аз намояндагони Иттиҳодияи Аврупо, ки ба Душанбе омада буданд, бо роҳбарияти ҲНИТ низ дидору мулоқот доштанд.
Ва дар ин мулоқот ҳам ҳодисаи бо ман рухдода матраҳ буд ва як масъули баландпояи Иттиҳоди Аврупо ва намояндаи ин иттиҳод дар Тоҷикистон гуфтанд, ки онҳо масъаларо бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар миён гузошта, ҳалли сареъи онро тақозо кардаанд. Ин ҳама баёнгари онанд, ки ин созмонҳо ва аз ҷумла, Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби ҳамкориҳояш бо кишвари мо масъалаи ҳимоят аз ҳуқуқуи башар ва риояти онро дар баробари авлавиятҳои худ қарор медиҳад.
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>