ДОДСИТОНИ КУЛЛ: ДАР РОБИТА БА АТОВУЛЛО ПОСУХ НАГИРИФТАЕМ
Додситони кулли Тоҷикистон зимни матраҳ кардани масоили истирдоди зиндониёни тоҷикистонӣ аз Русия гуфт дар мавриди истирдоди Додоҷони Атовулло рӯзноманигори мунтақиди давлат аз ҷониби ниҳодҳои Русия посух дарёфт накардааст.
Шерхон Салимзода дар нишасти хабарии рӯзи сешанбеи 12 апрел гуфт, ки дар хориҷ аз ин кишвар, беш аз панҷ ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки даст ба ҷароими мухталиф заданд, зиндонӣ ҳастанд.
Додситони кулли Тоҷикистон ҳамчунин мегӯяд, ки дар бораи боздошт ва истирдоди Додоҷони Атовулло, ки худро раҳбари ҷунбиши мухолифи "Ватандор" муаррифӣ мекунад, онҳо ба Русия дархост фиристодаанд, вале вай меафзояд, ки то ҳол ҷониби Русия ба ин дархости онҳо посух надодааст. Оқои Салимзода меафзояд, ки “Додоҷони Атовулло ҳоло дар пайгарди қонунӣ қарор дорад.”
Ин дар ҳолест, ки бар асоси бархе гузоришҳо чанде қабл як масъул аз ҷумлаи ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ба Русия рафта ва аз додситонии он кишвар дархости кумак барои боздошти оқои Атовулло кардаанд, аммо мақомоти Русия ин дархостро радд кардаанд.
Мақомоти Тоҷикистон аз муддатҳо қабл барои боздошт ва истирдоди Додоҷони Атовулло талош мекунанд ва боздошти Додоҷони Атовулло ҳануз дар даврони раҳбарияти Бобохон Бобоҷонов ба унвони додситони кулли ин кишвар матраҳ буд.
Бобохон Бобоҷонов дар яке аз нишастҳо ин ниҳод, дар моҳи январи соли 2009 гуфта буд, ки Додоҷони Атовулло мавриди пайгарди қонунӣ қарор дорад. Ҳамчунин дар соли 2008 низ Додситонии кулли Тоҷикистон аз мақомоти рус боздошт ва истирдоди Додоҷони Атовулло ба Тоҷикистонро дархост карда буд.
Вале оқои Атовулло Русияро ба қасди Урупо тарк кард. Додситонии Русия баъдан эълом кард, ки барои боздошти оқои Атовулло ҳеҷ далеле дар ихтиёр надорад. Соли 2001 маъмурони интизомии Русия бо дархости мақомоти Тоҷикистон оқои Атовуллоро дар шаҳри Маскав боздошт ва пас аз муддате раҳо карда буданд. Он замон низ мавзӯъи истирдоди оқои Атовулло ба Тоҷикистон матраҳ буд.
Вале дар пайи тақозои созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ва талошҳои бархе аз мақомоти кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла вазоратҳои хориҷии Олмон, Фаронса ва Омрико, оқои Атовулло баъд аз панҷ рӯзи боздошт аз зиндон дар Русия озод шуд буд.
Агарчи мақомоти Тоҷикистон мегӯянд ифттиоҳи парвандаи ҷиноӣ барои Додоҷони Атовулло ба фаъолиятҳои рӯзноманигорӣ ва сиёсии ӯ рабте надорад, аммо оқои Атовулло муддаъӣ аст, ки ӯ ба далели дидгоҳҳои интиқодии худ алайҳи давлати Тоҷикистон таҳти пайгарди қонунӣ қарор гирифтааст.
Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки аксари атбоъи зиндонии Тоҷикистон дар зиндонҳои Русия ҳастанд ва дар се моҳи ахир барои истирдоди 35 нафар аз Русия ба Тоҷикистон мадорики лозима омода шудааст.
Оқои Салмизода мегӯяд, ки аксари шаҳрвандони тоҷик барои қочоқи маводди мухаддир дар Русия зиндонӣ ҳастанд ва истирдоди сокинони тоҷик ба ватан танҳо бо мулоҳизоти дифоъ аз ҳуқуқҳои шаҳрвандии онҳо будааст. Оқои Салимзода мегӯяд қарор аст бештари шаҳрвандони зиндонии Тоҷикистон дар Русия, ба тадриҷ ба ватан бозгардонида шаванд.
Ҳамчунин ба гуфтаи додситони кулли Тоҷикистон, додгоҳ дар Маскав ба дархости ниҳоди онҳо барои истирдоди Низомхон Ҷӯраев, раиси қаблии корхонаи кимёии шаҳри Исфара, ки дар Тоҷикистон вайро барои сирқати амволи давлатӣ, таъсиси гурӯҳҳои ҷинояткор ва сарпечӣ аз пардохти молиёт муттаҳам мекунанд, посухи мусбӣ додааст.
Би-Би-Си
Шарҳҳо
RSS Обуна