09:59:51 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДУШАНБЕ ДАР ОСТОНАИ НИШАСТИ ЧОРГОНА

Ҳафтаи равон Душанбе мизбони нишасту мулоқотҳои чорҷонибаи раҳбарони Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Русия хоҳад буд. Ин дидору гуфтугӯҳо бо сафари расмии Осиф Алии Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон, аз 28 июл оғоз мешавад. 

Ва баъди як рӯз Ҳомид Карзай ва баъди он ҳам Дмитрий Медведев ба ҷамъи ҳамтоёни худ хоҳанд пайваст. Аммо ин мулоқот ва нишастҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки аз як сӯ авзоъ дар минтақаи Покистону Афғонистон дучори ваҳомат шудаву аз сӯи дигар ҳам осоре аз ин ноамнӣ дар Тоҷикистон низ зоҳир шудааст. Даргириҳои шарқи Тоҷикистон ва ду таркиши ахир дар шаҳри Душанберо коршиносон ношӣ аз ҳамин ноамниҳо медонанд. 

Мулоқоти сарони чор кишвари Тоҷикистону Афғонистон ва Покистону Русия дар шаҳри Душанбе дар пасманзари авзои ба ҳар ҳол нигаронкунандаи минтақа баргузор мешавад. Ташдиди амалиёт алайҳи Толибон ва дигар гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ дар Покистон ва дар айни ҳол густариши доманаи ноамниҳо аз ҷануб ба шимолу шарқи Афғонистон дар марзи Тоҷикистон нигарониҳои амниятиро ба бор овардааст. 

Аз ҷониби дигар даргириҳо дар шарқи Тоҷикистон, боздошти, ба гуфтаи мақомот, азъои Ҳаракати Исломии Узбакистон, ки гуё қасди роҳандозии инфиҷор ва ноамниро доштаанд, вале бо вуҷуди ин боздоштҳо вуёуи ду таркиши ахир дар шаҳри Душанбе гумони нуфуз кардани гурӯҳҳои тундрав ва ифротиро аз Покистон ва Афғонистон ба фаросӯи Ому бештар тақвият мекунад. 

Бо ин вуҷуд мақомоти Тоҷикистон итминони хотир медиҳанд, ки таҳаввулоти ахир ҳеҷ ихлоле ба барномаҳои сафар ва мулоқотҳои сарони чор кишвар дар Душанбе нахоҳад дошт. Ва вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз доир шудани мулоқотҳои чорҷонибаи сарони Покистон, Афғонистон ва Русияву Тоҷикистон хабар дод. 

Нахустин дидори Зардорӣ 
ва умедҳо ба сармояи покистонӣ

Ин диду боздидҳо бо сафари расмии Осиф Алии Зардорӣ, раисиҷумҳурии Покистон, ба Тоҷикистон аз сешанбеи 28 июл шурӯъ хоҳад шуд. Ва дар ниҳоят Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, низ ба ҷамъи сарон дар Душанбе дар рузи севвуми мулоқотҳо хоҳад пайваст. Муҳимтарин сафар дар ин миён ба далели сатҳи расмӣ доштанаш пазироӣ аз Осиф Алии Зардорист. 

Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, гуфт, албатта авзои феълӣ ба гунае нест, ки ба густариш ва равнақи муносиботи ду тараф ба сурати бунёдӣ мусоидат кунад, вале ба ҳар ҳол миёни ду тараф равобити хубе барқарор аст ва талошҳо бар ин замина идома дорад.

Сухангӯи вазорати умури хориҷӣ афзуд, ки заминаи ҳуқуқии муносиботи Тоҷикистон бо Покистон фароҳам аст ва то кунун 22 санад миёни ҷонибҳо ба имзо расидааст. Ба гуфтаи оғои Назрӣ, зимни боздиди раисиҷумҳурии Покистон аз Тоҷикистон имзои ду санади дигар дар назар аст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин умедворанд, ки Покистон билохира ба сурати амалӣ ба сармоягузории тарҳҳои энержӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистон ҷалб шавад. Чун Покистон аз харидорони умдаи нерӯи барқи Тоҷикистон унвон мешавад ва то кунун чандин санад дар мавриди сохтмони хати интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Покистон низ ба имзо расидааст. 

Аз ҷумла солҳост, ки аз Покистон низ ба ҳайси яке аз сармоягузорони эҳтимолӣ ва тавонманди ниругоҳи Роғуни Тоҷикистон ёдоварӣ мешавад. Ва ба гумони ғолиб, боз ҳам ин масъалаҳо мавзӯъи аслии баҳсу гуфтугузорҳои ҳади ақал дуҷониба хоҳад буд.

Мавзуи калидӣ - амнияти минтақа

Аммо Қосими Бекмуҳаммад таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, бо таҳдидҳое, ки минтақа ахиран ба он рӯбарӯ шудааст, ва авзои ҳоким дар се кишвари минтақа Покистон, Афғонистон ва таъсири он дар Тоҷикистон ба сарони ин кишварҳо фурсат ва маҷоли камтари баҳс рӯи ин масоилро хоҳад дод ва таваҷҷӯҳи аслӣ рӯи боз ҳам масоили амниятӣ хоҳад буд. Зеро то барқарории амният ва суббот дар минтақа ин барномаҳо ҳамчунон рӯи қоғаз хоҳанд буд. 

Албатта мунсаҷим кардани талошҳо барои мубориза бо гурӯҳҳои тундрав ва террорист дар минтақа ҳаққи ҳукуматҳо ва сарони ин кишварҳост. Аммо суоли дигар ин аст, ки бозовардани субот ва мубориза ба гурӯҳҳои тундрав дар минтақа то куҷо дар тавони ин кишварҳо мебошад ва оё ин сарон ба худи худ, то имкони тасмимгирӣ дар мавриди ҳалли масоиле аз ин қабилро доранд. 

Саъдии Юсуфӣ, таҳлигари дигар, мегӯяд, барои посух гуфтан ба ин чолишҳо ба таҳияи як стратегияи дигари байнулмилалӣ, ки битавонад ҳамаи ҷонибҳоро қаноат бидиҳад зарурат аст. Ва бозовардани суббот ба минтақа аз тавони ин чор кишвар ба танҳоӣ хориҷ мебошад. 

Ба ҳар ҳол, бо вуҷуди талошҳои Тоҷикистон ва ташвиқи ҷомеаи байнулмилал барои мусоидат ба бозсозии Афғонистон, муносибатҳои Тоҷикистон бо Афғонистон ва Покистон баъди суқути режими Толибон низ густориши чандоне пайдо накардааст. 

Ҳаҷми тиҷорати миёни Тоҷикистон бо Афғонистон бештар аз сад миллион доллар ва гардиши мол бо Покистон ҳудуди се миллион долларро ташкил додааст, ки хеле андак мебошад. Ва адами суботи устувор дар ин ду кишвар, ба гуфтаи коршиносон, иллати аслии густариши қобили мулоҳиза пайдо накардани муносиботи тиҷорӣ ва иқтисодии миёни кишварҳо мебошад.

Аз ҷониби дигар, Покистону Афғонистон ҳукуматҳое шарики Ғарб доранд ва Тоҷикистон ба гунаи суннатӣ ҳамсӯди Маскав мебошад. Ва ҷолиб ин аст, ки дар нишасти Душанбе Покистони ниёзманд ба нерӯи барқи Тоҷикистон, Русияи ҳарис ба назорати манобеи энержии минтақа ва Тоҷикистони гирифтори бӯҳрону соҳиби сарчашмаҳо ба чӣ тавофуқе даст хоҳанд ёфт. Албатта агар чунин тавофуқе имкон дошта бошад.

Раҳматкарими Давлат, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi