07:19:38 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ШАРҲИ ВКХ ҶТ ДАР БОРАИ ШИНОСНОМАҲОИ БИОМЕТРӢ

Вобаста ба ҷорӣ намудани шиносномаҳои дорои маълумоти электронии (шиносномаҳои биометрии) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде қабл АМИТ «Ховар», Агентии иттилоотии «Азия-плюс» ва ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо саволҳои гуногун ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда буданд. Аз рўи моҳияти масъала шарҳи муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмонова пешкаш карда мешавад:

 

Чуноне, ки қаблан иттилоъ дода будем, аз 1 феврали соли 2010 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти гирифтани шиносномаҳои дорои барандаи маълумоти электронӣ, яъне шиносномаҳои биометриро пайдо хоҳанд намуд.

 

Зарурати ҷорӢ намудани

шиносномаҳои биометрӢ

Ҷорӣ намудани шиносномаҳои биометрӣ тақозои замон ва талаботи ҷомеаи ҷаҳонист, ки тавассути Ташкилоти байналмиллалии авиатсияи гражданӣ таҷассум ёфтааст. Соли 2002 дар шаҳри Орлеани Нав Созишномае ба имзо расид, ки тибқи он, биометрия ҳамчун воситаи асосии муайянкунандаи шахсият эътироф шуд. Давлатҳои аъзои Созишнома ўҳдадорӣ гирифтанд, ки дар кишварҳояшон то моҳи апрели соли 2010 шиносномаҳои биометриро ҷорӣ менамоянд. Аз миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ Туркманистону Қазоқистон аллакай ба додани шиносномаҳои биометрӣ оғоз намуданд.

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ин масъала бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои барандаи маълумоти электронӣ мебошанд», ба танзим дароварда шудааст. Маҳз дар ҳамин ҳуҷҷат ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуда буд, ки то 1 январи соли 2010 масъалаи ба аҳолӣ додани шиносномаҳои биометриро ҳаллу фасл намояд. Аз рўзи интишори Фармони зикршуда 1 сол сипарӣ гашт. Дар ин муддат Вазорати корҳои хориҷӣ корҳои назаррасеро ба сомон расонид ва дар натиҷа тасмим гирифта шуд, ки додани шиносномаҳои биометрӣ аз 1 феврали соли 2010 оғоз гардад.

 

Тартиби додани шиносномаҳо

Тартиби додани шиносномаҳои биометрӣ бо Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷӣ, ки дорои барандаи маълумоти электронӣ мебошанд ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шудааст.

 

Тибқи ин ҳуҷҷат, шаҳрвандон чун пештара, ҳарчанд тартиби дохилии барасмиятдарории он дигар ҳам бошад, шиносномаҳои хориҷиашонро (биометриро) чӣ аз Вазорати корҳои хориҷӣ ва чӣ аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ гирифта метавонанд.

 

Аз Вазорати корҳои хориҷӣ кормандони мақомот, муассиса, корхона ва ташкилотҳои давлатӣ, кормандони шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликият, донишҷўёне, ки дар хориҷа таҳсил менамоянд, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - истиқоматкунандагони доимӣ дар давлатҳои хориҷа ва ғ. шиноснома мегиранд.

 

Дигар шаҳрвандон тавассути шўъбаҳои шиносномадиҳии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ соҳиби шиноснома мешаванд.

 

Тартиби гирифтани шиносномаи биометрӣ дар кадом мақомоте, ки набошад, чунин аст: шаҳрванд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ (нусхаи аслии шиносномаи дохилӣ, анкетаҳо ва маълумотномаҳои зарурӣ) ба яке аз шўъбаҳои маълумотҷамъкунӣ шахсан ҳозир мешавад. Корманди шўъба, вобаста ба мақсади ташриф (гирифтани шиносномаи аввал, дубора, барои кўдаки ноболиғ, ба ҷои шиносномаи гумшуда ё корношоям шудани он ва ғ.) бо муштарӣ саволу ҷавоб мекунад, ки дар шакли электронӣ дар компютер сабт карда мешавад. Баъди саволу ҷавоб, акси соҳиби шиноснома ва изи ангуштони ў дар шакли рақамӣ гирифта мешаванд. Аз ин лаҳза, коркарди автоматикии маълумот дар маъхази ягонаи маълумот оғоз гардида, баъди гузаштани мўҳлати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, шаҳрванд шиносномаашро аз шўъбаи дархосткардааш дастрас мекунад.

 

То давраи оғози додани шиносномаҳои биометрӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 5 шўъбаи ҷамъ намудани маълумоти биометрӣ (шўъбаҳои шиносномадиҳӣ) кушода мешаванд. Яке дар раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ барои муштариёни Вазорати корҳои хориҷӣ бо 2 оператор, яке дар бинои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе бо 4 оператор, 3 шўъбаи дигар дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қўрғонтеппа ва Хоруғ (дар биноҳои Хадамоти муҳоҷират) бо 2 операторӣ дар ҳар кадоме аз онҳо.

 

Бояд зикр намуд, ки тамоми шиносномаҳои биометрии Тоҷикистон дар як ҷо – шўъбаи персонализатсияи шиносномаҳои биометрии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон персонализатсия, яъне чоп карда мешаванд. Тартиби он чунин аст, ки агар шаҳрванд барои гирифтани шиносномаи биометрӣ дар шўъбаи маълумотҷамъкунии биометрии шаҳри Хоруғ ё Хуҷанд арз карда бошад, маълумоти ҷамъшудаи рақамии шаҳрванд, тавассути хати махсуси алоқа ба маркази персонализатсияи шиносномаҳои биометрӣ ирсол карда мешавад. Сипас, Вазорати корҳои хориҷӣ онро персонализатсия (чоп) карда, шиносномаи тайёрро барои супоридан ба соҳибаш ба шўъбаи маълумотҷамъкунии дархосткарда (мисол, Хуҷанд ё Хоруғ) мефиристад.

 

МӮҳлати амали шиносномаҳо

Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии биометрӣ ба мўҳлати 10 сол ва шиносномаҳои хориҷии биометрии дипломатӣ ва хизматӣ ба мўҳлати 5 сол дода мешаванд. Албатта, мўҳлати шиносномаҳои биометрии дипломатӣ ва хизматӣ маҳдуд шуда метавонад, ки ба давраи ваколати соҳиби ин шиносномаҳо дар хизмати давлатӣ вобастагӣ дорад. Масалан, ҳангоми дархости вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мўҳлати ваколаташ 2 сол боқист, шиносномаи навъи дахлдор ба мўҳлати боқимондаи ваколат дода мешавад ва ғ.

 

Саволе ба миён омада метавонад, ки оё дар давоми 10 сол варақҳои шиноснома пур намешаванд? Барои пешгирии ин шумораи саҳифаҳои шиносномаҳои биометрӣ 48 адад муқаррар карда шудааст.

 

Масъалаи дигар - шиносномаҳои биометрии шахсони ноболиғи то 16 сола мебошад. Тибқи талаботи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ ба шахс бояд аз лаҳзаи таваллуд ҳангоми сафари хориҷӣ шиносномаи дахлдор омода карда шавад. Аён аст, ки симои кўдаки ноболиғ тез-тез дигаргун мешавад. Бинобар ин, мўҳлати амали шиносномаҳои биометрии кўдакони ноболиғи то 16 сола, вобаста ба синну солашон аз 3 то 5 солро ташкил хоҳад дод.

 

Вижагиҳои шиносномаҳо

Чуноне дар боло зикр гардид, ҳамаи намудҳои шиносномаҳои хориҷӣ (дипломатӣ, хидматӣ ва умумишаҳрвандӣ) биометрӣ, яъне дорои барандаи маълумоти электронӣ хоҳанд шуд. Дар дохили ҳамаи шиносномаҳои биометрӣ микрочип бо мавҷгир (антенна) мавҷуд аст, ки дар он маълумоти биометрӣ (маълумоти шиносномавии шаҳрванд), акси рақамӣ ва изи ангуштон ҷойгир карда мешаванд.

 

Дар  робита ба ин як нуктаро махсусан бояд қайд кард. Дар байни аҳолӣ овозае паҳн гардидааст, ки гўё дар шиносномаҳои биометрӣ изи ангуштон ҷойгир карда мешавад ва амнияти индивидуалии ҳар фард зери хатари аксбардории ғайриқонунии маълумоти биометрӣ қарор дорад. Бояд зикр намуд, ки чунин овозаҳо воқеият надоранд. Микрочипе, ки дар дохили шиносномаи биометрӣ ҷойгир аст, бо калиди махсус (дар шакли барнома) ҳимоя шудааст. Ҳар як шиноснома калиди индивидуалии худро дорад, ки онро танҳо мақомоти давлатии чопкардаи шиноснома хонда метавонад.

 

Аз рўзи судури шиносномаҳои биометрӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ҷомеаи ҷаҳониро расман огоҳ мекунад, ки дар ҷумҳурӣ шиносномаҳои биометрӣ дода мешаванд ва дар ин робита сертификати онро ба ҳар як давлат ирсол медорад. Сертификати номбурда танҳо ба мақомоти расмии кишварҳои хориҷӣ дода мешавад.

 

Бо истифода аз сертификати номбурда, мақомоти расмии кишварҳои хориҷӣ имконият пайдо мекунанд, ки танҳо маълумоти шиносномавӣ (ному насаб, соли таваллуд, мўҳлати шиноснома ва ғ.) ва акси рақамии соҳиби шиносномаро бихонанд. Дар масъалаи хондани акси ангушт бошад, ин имконият танҳо дар асоси дуҷониба ва танҳо бо шартномаҳои байнидавлатӣ сурат мегирад, ки бе ризоияти намояндагони комилҳуқуқи шаҳрвандон – вакилони Парлумони кишвар ғайриимкон хоҳад буд.

 

Пардохти маблағ барои шиносномаҳо

Масъалаи муайян намудани маблағи шиносномаҳои биометрӣ ба ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошад. Вобаста ба ин масъала, лоиҳаи қарори дахлдори Ҳукумат таҳия гардида, ба баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол карда шудааст. Тибқи лоиҳа, нархи шиносномаи дипломатии биометрӣ 125 доллари ИМА, хизматии биометрӣ 100 доллари ИМА ва умумишаҳрвандии хориҷии биометрӣ 75 доллари ИМА муқаррар шудааст. Шиносномаҳои биометрии кўдакони ноболиғи то 16 сола 25 доллари ИМА муқаррар шудааст.

 

МӮҳлати амали шиносномаҳои қаблӢ

Шиносномаҳои дипломатӣ, хидматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷии амалкунанда дар қатори шиносномаҳои биометрӣ амал хоҳанд кард. Ин аз он сабаб аст, ки амалан дар як вақт таъмин намудани тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шиносномаҳои биометрӣ имкон надорад. Панҷ шўъбаи маълумотҷамъкунӣ (шиносномадиҳӣ), ки дар марказҳои вилоятҳо ташкил карда мешаванд, имконияти қонеъ намудани талаботи тамоми аҳолиро надоранд.

 

Яъне, гирифтани шиносномаи хориҷии биометрӣ на маҷбурӣ, балки дар шакли ихтиёрӣ ва интихобӣ ба роҳ монда мешавад. Он аввалан ба шаҳрвандоне дода хоҳад шуд, ки азми сафари хориҷиро ба давлатҳои Европаву Америка ва Осиё доранд ва сипас ба он шаҳрвандоне, ки хоҳиши гирифтани онро доранд. Ҳамин тариқ, ҷорӣ намудани шиносномаҳои биометрӣ давра ба давра сурат мегирад ва оқибат вақте мерасад, ки ҷумҳурӣ пурра ба ин намуди шиносномаҳо хоҳад гузашт.

 

То оғози додани шиносномаҳои хориҷии биометрӣ рўзҳои бошумор мондааст. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо вобаста ба шиносномаҳои хориҷии биометрӣ, шаҳрвандон метавонанд онҳоро ба почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. равона кунанд. Ҷавобҳо дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ www.mfa.tj ва воситаҳои ахбори омма ба табъ хоҳанд расид.

 

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi