19:37:28 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Дастоварди бузурги миллат

Рӯзи ҷумъаи гузашта (09.02.2018) Пешвои Миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе дар назди сохтмончиён суханронӣ карда, ин иншоотро бо тарҳи худ дар Осиёи Марказӣ нодир номид, ки бояд садсолаҳо ба насли оянда хизмат расонад.

1 peshvoi-millat 556

Барои бунёди ин макони муқаддас 12 гектар замин ҷудо шудааст. Танҳо масоҳати зербинои масҷид 3 гектарро ташкил медиҳад. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан дар он дар як вақт то 150 000 нафар намозгузор ибодат карда метавонанд. Ба ғайр аз бинои намозхонӣ дар он боз  китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо ба ниёзмандони ин даргоҳи муқаддас хидмат мекунанд. Масҷидро чаҳор манораи баландиаш 75-метра ва 24 гумбази хурду калон оро хоҳанд дод.

Бале, воқеан, ин иншооти нахустин нест, ки раҳбари давлат санги таҳдобашро дар замони соҳибистиқлолӣ ба он мақсад гузошт, ки  баъди ба марҳилаи баҳрабардорӣ расидан он дар тӯли садҳо сол ба даҳҳо насли ояндаи миллат хидмат намояд. Чандинто чунин иншооти бузург аллакай мавриди истифодабарӣ қарор гирифтаанд. Дар ин ҷо танҳо аз чанд иншооте ном мебарем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ сохта шудаанду дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву фарҳангии имрӯзу фардои кишвар нақши муҳимеро мебозанду Худо хоҳад, садсолаҳо дар оянда низ хоҳанд бозид. Инҳо:

  1. Нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон», ки шимоли кишварро бо марказу ҷануби он дар  дар чор фасли сол пайваст карданд.
  2. Шоҳроҳи мошингарди Кӯлобу Хоруғ. Ин иншоот иртиботи доимиро бо Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон, ки як қисмати бисёр азиму муҳими Ватани азизамон мебошад, таъмин кардааст.
  3. Роҳи оҳани Душанбе- Кӯлоб
  4. Нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда»-1, «Сангтӯда-2»
  5. Маҷмааи ёдгориву таърихии Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе.
  6. Қасри Миллат.
  7. Китобхонаи Миллӣ.
  8. Қасри «Наврӯз»
  9. Бинои вазорати корҳои хориҷии ҶТ
  10. Осорхонаи миллӣ.

qasri-millat-56892121

Ин феҳристи иншооти муҳимро мешавад боз идома диҳем. Ҳар кадоме аз ин иншоот, дар ҳақиқат, аз рӯи нишондодҳои хеш, на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон ҳам камсобиқа ва нодиранд. Барои мисол бинои Қасри Миллат дар як назарсанҷие, ки чанде пеш дар хориҷ аз кишвар сурат гирифта буд, аз рӯи хусусиятҳои ҷолиби худ дар байни биноҳои кории руасои кишварҳои дунё баъди Қасри Сафеди ИМА, ҷои дуввумро касб карда буд. Он чиро, ки дар боло зикр кардам, иншоотеанд, ки дар сурати аз онҳо оқилона истифода бурдан, онҳоро дуруст ва хуб нигоҳубин кардан, онҳо садсолаҳо ба ин миллат хидмат мекунанд, садсолаҳо объектҳои ҷаҳонгардӣ ва мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳонгардони хориҷӣ қарор хоҳанд дошт ва ба мардуми ин сарзамин хидмати арзанда хоҳанд кард. Чандин иншооти  боз ҳам муҳимтару азимтар дар кишвари мо дар ҳоли бунёданд. Ва ҳамаи ин таҳти раҳбарии  Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамагӣ дар тӯли 25 сол сохта шудаанд. Тамоми халқи дунё медонад, ки  аз ин 25-соли соҳибистиқлолӣ тақрибан  8 соли он дар талоши барқарории сулҳу оштии миллӣ дар кишвар сарф шуд. Зеро бе хомӯш кардани оташи ҷанги бародаркуш, ки болои ин миллат таҳмил гардид, обод кардани Ватан кори имконнопазире буд. Вале  ба хотири бақои миллат, ҳифз кардани давлатдории тоҷикон, якпорчагии марзу буми он, раҳбари давлат тавонист, ки мухолифони ҳукуматро ба сари мизи музокироти сулҳ бинишонад, фикру андешаи онҳоро бишунавад ва коре кунад, ки сулҳу оштӣ дар ин сарзамин истиқрор гардад. Ва ин сулҳ замина шуд, асос шуд барои бунёдкориҳои оянда, ки мо имрӯз шоҳидашон ҳастем. Оё дар ҷаҳон ҳастанд кишварҳое, ки дар зарфи 25 сол чунин дастовардҳое ба мисли дастовардҳои давлати мо дошта бошанд? Бале, ҳастанд. Ва шояд кам ҳам  набошанд. Вале мо нахуст бояд дур наравем, чунин кишварҳоро дар атрофи худамон биҷӯем, ба  ҳамсоякишварҳои худамон назар афканем. Ба хусус, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистону Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Ду кишваре, ки вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо ҳамеша ба ҳаёти иқтисодиву сиёсии давлати мо сахт таъсиргузор буданд ва таъсиргузор ҳастанд.

kohi-navruz 355552

Имсол 45 сол мешавад, ки дар Афғонистони ҳамсоя пайваста ба замин хуни инсон мерезад.  Ҳабдаҳуми июли соли 1973 Муҳаммад Довуд, сарвазири ин кишвар даст ба табодулоти давлатӣ зад ва шоҳи вақти Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳро, ки  амакбачааш мешуд, ҳангоми дар табобат дар хориҷ аз кишвар буданаш, аз тахт барканор кард. Табаддулоти давлатӣ бе хунрезӣ сурат гирифт. Вале кутаҳандешии раҳбарони давлату фирефтаи бегонагону бозичаи дасти онҳо шудани мухолифони давлат кишварро ба хоку хун кашид. Инак, 45 сол аст, ки дар Афғонистон ҳар рӯз даҳҳо нафар кушта мешаванд, садҳо тифл бепадар, бемодар, даҳҳо зан бева мегарданд, мардум бехонаву дар, муҳоҷири кишварҳои дуру наздик мешаванд. Зимоми давлатдорӣ дар ин давра дар Афғонистон дар дасти 10 нафар раҳбари давлат буд. Афғонистон дар тӯли 45 сол 10 сарвари давлатро дид. Дар  сари қудрат ҳам ҷумҳурихоҳ буд, ҳам коммунист, ҳам демократ, ҳам  халқӣ, ҳам парчамӣ, ҳам исломӣ, ҳам раҳбаре, ки аз сӯи шӯравии абарқудрат пуштибонӣ мешуд, ҳам муллое, ки аз сӯи кишварҳои исломӣ дастгирӣ меёфт, ҳам раҳбаре, ки аз сӯи Амрико ҳимоя мегардид ва ҳоло  ҳам ҳимоя мешавад, вале касе аз онҳо натавонист ва то имрӯз наметавонад, ки оташи ҷангро дар Афғонистон хомӯш созад, сулҳу суботро барқарор кунад. Мардуми бар асари ҷангҳо муҳоҷиршударо ба Ватан баргардонад, хонаву дарашонро бозпас бидиҳад. Баръакс, Афғонистон на танҳо барои худи афғонҳо, балки барои мардуми тамоми ҷаҳон ба як манбаи хатар табдил гардид. Абарқудратҳо онро ба маркази террористони ҷаҳон мубаддал сохтанд. Оё дар чунин вазъ мешавад ҷоеро обод кард? Масҷиде сохт, вақте, ки дар масҷидҳо одамонро метарконанд? Албатта не. Дар он давраҳое, ки дар Афғонистон Иттиҳоди Шӯравӣ тасаллут дошт, баъзе иншоотҳо, аз қабили заводи нон дар Кобул, корхонаи нассоҷӣ дар Ҷабалуссироҷ ва ғайраву ҳоказо бунёд гардиданд, вале баъдҳо тангназарон онҳоро «сохти дасти кофирон» гуфта тахриб намуданд. Ба гуфтаи дӯстони афғонӣ «америкоиҳо дар Афғонистон ҳатто агар кулбае бисозанд, танҳо ба хотири ҳифозати худу фароғати худ месозанд». Роҳҳоро барои танкаҳову БТР-ҳои худ асфалтпӯш кардаанд. Яъне Афғонистони ҳамсоя чи тавре, ки дар соли 1992 барои Тоҷикистони соҳибистиқлол як манбаи хатар маҳсуб мешуд ва мушкилоти зиёд эҷод кард, ҳамчунин имрӯз ҳам ҳамин гуна манбаи хатар боқӣ мондааст.

Дар муқоиса бо Афғонистон ҳамсояи дигари мо Ҷумҳурии Ӯзбекистон тӯли 25 сол вазъияти сиёсиву иқтисодии хуб дошт. Раҳбарии он аз соли 1989, ҳанӯз  аз ду сол қабл аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, то сентябри соли 2016, яъне 27 сол ба дӯши як нафар- Ислом Каримов буд. Бале, Ислом Каримов бар хилофи раҳбарони қаблии Тоҷикистони мо шодравонҳо Қаҳҳор Маҳкамов ва Раҳмон Набиев нагузошт, ки кишвараш ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шавад. Албатта пешгирӣ кардани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвараш як хидмати хеле бузурги Ислом Каримов буд. Вале бо вуҷуди доштани имкониятҳои хуби иқтисодиву иҷтимоӣ, чӣ тавре, ки имрӯзҳо, баъди вафоти ӯ шореҳони сиёсии кишвараш ва муфассирони байналмилалӣ мегӯянд, аз ин сулҳу субот ба хотири рушду тараққии Ӯзбекистон ба таври бояду шояд истифода нашудааст. Муаллифи ин сатрҳо тақрибан чил рӯз баъди вафоти Ислом Каримов моҳи октябри соли 2016 як сафари якҳафтаина ба Ӯзбекистон доштам. Дар тӯли ин муддат вилоятҳои Сурхондарё, Қашқадарё, Самарқанду Бухороро дидам. Бояд рӯйи рост бигӯям, ки он ободиву хуррамиҳоеро, ки имрӯз қариб дар ҳар як шаҳру ноҳияҳоии вилоятҳои мо мебинед, ман дар шаҳру навоҳии ин вилоятҳо надидам. Манзилҳои истиқоматии мардуми деҳоти имрӯзи Ӯзбекистон хонаҳои истиқоматии солҳои 80-уми асри гузаштаи деҳоти моро ба хотир меоранд. Роҳҳои мошингард қариб дар ҳама шаҳру навоҳии ин вилоятҳо харобу таъмирталаб буданд. Нақлиёти мусофирбарро ҳанӯз ҳам асосан автобусҳо ва мошинҳои сабукрави таъмирталаби даврони шӯравӣ ташкил медоданд. Албатта буданд мошинҳои мусофирбари истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи дунё, вале дар қиёс бо шаҳру навоҳии Тоҷикистон онҳоро дар он ҷо хеле кам мебинед. Дар ҳамин ҳол ҳангоми мулоқотҳо бархе аз ҳамсуҳбатҳои мо, ки  ахиран ба Тоҷикистон сафарҳо карда будаанд, иқрор мекарданд, ки дар муқоиса бо Ӯзбекистон Тоҷикистон вақтҳои охир хеле тараққӣ кардааст, пойтахташ зебо шудааст, шоҳроҳҳояш ҷавобгӯйи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ гардидаанд. Вале мо аз хидмати Ислом Каримов ба мардуми Ӯзбекистон, мегуфтанд онҳо, хурсанду розием. Ҳамин як хидматаш, ки намонд дар Ӯзбекистон ҷанги шаҳрвандӣ шавад, барои мо бас аст, бо ибрози қаноатмандӣ мегуфтанд ҳамсуҳбатҳои мо. Бале, Ислом Каримов агарчӣ кишварашро  ба он тарзе, ки мардумаш интизор доштанд, обод накарда бошад ҳам, вале мардуми Ӯзбекистон аз ӯ хурсанду розиянд. Вале мардуми Тоҷикистон аз корҳое, ки ин роҳбари давлати ҳамсоя нисбати Тоҷикистон ва халқи он кардааст, ҳеҷ гоҳ хурсанду розӣ буда наметавонад. Дар ин мақола дар бораи нақши Ислом Каримов дар шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон чизе намегӯям. Танҳо аз он корҳои нохуби Ислом Каримов ёдовар мешавам, ки баъди барқарор шудани сулҳу оштӣ дар Ватани азизи мо даст ба татбиқи онҳо задааст. Дар замоне, ки кишвари мо аз камбуди барқ танқисӣ мекашид, аввал қиммати содироти гази табииро баланд кард ва баъдан содироти онро тамоман қатъ намуд. Чандин корхонаҳои бузурги саноатии мо, ки бо гази табиӣ фаъолият доштанд, аз ин кори раҳбари Ӯзбекистон зарарҳои ҷиддӣ диданд. Дар бораи зарари мардуми оддӣ аз манъи содироти газ ҳоҷати гап ҳам нест. Мухолифати шадиди ин кишвар дар сатҳи байналмилалӣ бо бунёди НБО Роғун ва дар ин иртибот пиёда кардани таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи давлати мо. Манъи ҳаракати қатораҳое, ки тавассути ҳудуди Ӯзбекистон барои НБО Роғун масолеҳ ва таҷҳизот меоварданд. Бо ин мақсадҳо тахриб кардани роҳи оҳан дар самти Тирмиз- Хатлон. Бастани даҳҳо гузаргоҳҳои марзӣ, майнкорӣ кардани минтақаҳои марзии байни ду кишвар, ки боиси марги даҳҳо нафар мардуми бегуноҳ ва талаф ёфтани садҳо сар чорвои одамон шуд. Ҷорӣ кардани раводид миёни ду давлат. Дар дохили кишвар иҷозат додани буду боши  мухолифони мусаллаҳи ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии полковники исёнгар Маҳмуд Худойбердиев. Ҳуҷуми нирӯҳои мусаллаҳи Маҳмуд Худойбердиев дар соли 1998 аз ҳудуди Ӯзбекистон ба шимоли кишвари мо, ки боиси марги даҳхо нафар мардуми бегуноҳ ва ба яғмо рафтани амволи мардуму давлат гардид. Феҳристи чунин корҳои носазои Ислом Каримовро алайҳи мардуму давлати мо метавонем давом бидиҳем, вале, ба фикри банда, ҳамин ҳам кифоя ҳаст бигӯем, ки Ислом Каримов дар замони дар сари қудрат буданаш як ҷанги хомӯшеро, ҷанги эълоннашудаеро бар зидди давлати мо, мардуми мо ба роҳ андохта буд… Шукри Парвардигор, ки бо ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯ ба беҳбудӣ оварданд. Дар ин кори нек саҳми сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон хеле калон аст. Ширкати Президентамон дар ҷанозаи Ислом Каримов, бо вуҷуди он корҳои носазои марҳум  алайҳи давлати мо ва халқи Тоҷикистон, таъсири хуби равонӣ ҳам дар мардуми Ӯзбекистон ва ҳам дар раҳбарияти он боқӣ гузошт. Ҳамин иқдоми инсонгароёнаи раҳбари давлати мо заминаи хуберо барои беҳ шудани муносибатҳои ин ду кишвари бародар баъди сари Каримов, муҳайё сохт.

kitobkhonai-milli-5871256565

Бо овардани мисоли Афғонистону мисоли Ӯзбекистон банда чӣ гуфтаниям?

Бо овардани ин ду мисол мехоҳам хонандаҳои ман ду нуктаи муҳимро дарк кунанд. Якум бифаҳманд, ки Афғонистону Ӯзбекистон ду давлати бузурги ҳамсояамон, ки аз ҷиҳати масоҳату аҳоливу канданиҳои фоиднокашон аз мо хеле бузургтару бештару бойтаранд, дар зарфи 25 соли охир он дастовардҳои сиёсиву фарҳангиву иқтисодиеро, ки мо дар ин давра ба даст овардем, надоранд. Ва он заминаеро, ки дар оянда рушди бемайлони ин кишварҳоро таъмин кунад, мисли давлати мо, онҳо ҳанӯз нагузоштаанд. Ин нуктаро, ки хонандаҳоям дарк карданд, боз ба худ савол бидиҳанд, ки чаро Афғонистону Ӯзбекистон натавонистанду мо тавонистем? Чаро? Охир имкониятҳои моддии ин кишварҳо аз ҳар ҷиҳат аз кишвари мо дида бештар буданд. Масалан, ба Афғонистон қариб ҳамаи абарқудратҳои дунё кӯмак карданд ва карда истодаанд. Абарқуратҳову кишварҳои исломӣ тамоми сохтҳои давлатдориро дар ин ҷо таҷриба карда диданд. Беҳтарин сиёсатмадорҳоро дар ин кишвар дар сари қудрат шинонданд. Чаро  дар Афғонистон сулҳу оромӣ намешавад? Чаро дар Ӯзбекистон бо доштани имкониятҳои васеъ, аз сар нагузаронидани ҷанги шаҳрвандӣ, доштани таҷрибадортарин сиёсатмадори замони шӯравӣ дар сари қудрат боз ҳам ин кишвар пеш нарафт, тараққӣ накард? Чаро дар мо  оташи ҷанги бародаркуш хомӯш, сулҳу субот барқарор карда шуд, иқтисодиёт пеш рафт, мамлакат ободу хуррам гардид? Чаро?  Посухи ин саволи хеле муҳимро мо дар мақолаи пурмазмун ва илман асосноки доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи Илмҳои ҶТ Саймӯмин Ятимов «Субъекти сиёсӣ ва амнияти миллӣ», ки ба наздикӣ дар маҷаллаи «Илм ва ҷомеъа» ба нашр расидааст, пайдо мекунем. Аз ин мақолаи пурмуҳтаво танҳо як иқтибос меорам: «Шахсиятҳои бузурги миллӣ на танҳо бисёре аз иштибоҳоти дар тӯли таърих бо сабабҳои гуногун ҷойдоштаро ислоҳ мекунанд, аз замони худ беҳтарин дастовардҳо ва шоистагиҳо (эътибор, шаън, қадру қимат, манзалат) - и умумимиллиро ба мерос мегузоранд, балки барои на кам аз сад соли оянда шароити муфиди рушди миллиро муҳайё месозанд.

Шахсияти бузурги миллӣ дастоварди бузурги миллат аст. Таҷрибаи инсонӣ ва таҳлили он шаҳодат медиҳад, ки тақдири одамизод (ҷамъият) ҳам, мисли раванди зуҳуроти табиат, дар маҷмӯъ, ниҳоят мушкилфаҳм ва баъзан пешгӯинашаванда аст. Шахсиятҳои бузурге, ки барои миллати хеш таърихофарин ҳастанд, дар сад, дусад, панҷсад сол ва ё зиёда аз он, як маротиба рӯи саҳна меоянд. Онҳо кореро анҷом медиҳанд, ки каси дигар даҳсолаҳо, садсолаҳо ба субут расонида наметавонист… Барои миллати тоҷик чунин Шахсият баъд аз ҳазор сол насиб гаштааст…». Ва ин Шахсият Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст.

Дуюм, бо овардани мисоли Афғонистону Ӯзбекистон мехоҳам хонандаҳоям бифаҳманд, ки  маҳз ҳамин ду кишвари ҳамсоя бо сабабҳои акнун ба ҳама маълум, ба гунае садди пешрафту тараққиёти аз ин бештари мамлакати мо шуданд, агарчи хидмати бузурги роҳбарони вақти Афғонистон, шодравонҳо профессор Бурҳониддин Раббонӣ ва сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъудро дар барқарории сулҳу оштӣ дар кишвари мо албатта нодида наметавон гирифт. Дар ҳамин ҳол дар сурати барқарор шудани сулҳу субот дар Афғонистон ва таҳким ёфтани робитаҳои иқтисодиву сиёсӣ, фарҳангиву илмӣ бо Афғонистону Ӯзбекистон давлати мо бо он заминае, ки имрӯз дорад, боз ҳам хубтару бештар  ва тезтар тараққӣ хоҳад кард, рӯзгори мардум боз ҳам беҳтар хоҳад шуд. Албатта шарти муҳим он аст, ки мардуми кишвар, аҳзоби сиёсии он, ҷомеъаи маданӣ ҳама аз як гиребон сар бароранду сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлатро дастгирӣ кунанд, ҳушёрии сиёсиро ҳамеша дар мадди назар дошта бошанд ва ба фитнаву дасисаҳои душманон, ки ҳамеша дар каминанд, фирефта нашаванд…

Бовар дорам, садсолаҳо мегузаранду наслҳои ояндаи миллати азизамон бо ишора ба он иншоотҳои азиме, ки дар боло номбар шуданд ва дигар иншооте, ки ҳамин шабу рӯз дар чор гӯшаи Ватани азизамон  дар ҳоли бунёд ҳастанд, ба якдигар бо ифтихор хоҳанд гуфт: «Ин биноҳои таърихӣ дар замони дар сари қудрат будани Қаҳрамони Миллат Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудаанд».

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi