Дастури Э.Раҳмон барои берун овардани тоҷикон аз Яман
Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама сафоратхона ва консулгариҳои Тоҷикистон дар кишварҳои арабӣ хостааст, барои берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман тамоми талоши худро бикунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 27 март ба намояндагиҳои кишвар дар Саудӣ, Иморот, Қатар ва Кувайту Миср дастур додааст, барои берун овардани тоҷикон аз Яман чора андешанд. Мақомоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, ин тасмим ба дунболи "шиддат гирифтани вазъи сиёсию ҳарбӣ" дар Яман гирифта шудааст.
Ба иттилои масъулони ин ниҳод, "намояндагиҳои дипломатию консулии Тоҷикистон дар кишварҳои арабӣ вазифадор шудаанд, бо истифода аз имкониятҳои дастрас барои таъмини амнияти шаҳрвандони мо дар Яман ва баровардани онҳо аз ин кишвар чораҳои зарурӣ андешанд ва бо ниҳодҳои дахлдор ҳамкории лозимро анҷом диҳанд."
Бо мақомоти Русия низ, ки аксари шаҳрвандони Тоҷикистон бар асоси қарордод бо ширкатҳои ин кишвар дар минтақаҳои мухталифи Яман қарор доранд, ҳамкорӣ ва тамосҳои лозим идома доштааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, аксари шаҳрвандони кишвар бидуни мувофиқа бо онҳо ба Яман рафта, теъдодашон ҳанӯз дақиқ нест.
Пештар аз ин, Абдулфайз Атоӣ - сардори департементи иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, 27 март ба мо гуфт, "ҳоло сафири мо дар Қатар дар ин замина талош ба харҷ медиҳад ва имкон дорад, бо ёрии мақомот ва ширкатҳои Русия шаҳрвандон ба ҷойҳои амнтар интиқол дода шаванд".
Оқои Атоӣ афзуд, ҳанӯз як моҳ пеш аз шаҳрвандони кишвар дар Яман, ки аксарашон пизишк буда, аз тариқи ширкатҳои русӣ ба он ҷо рафтаанд, хостаанд ба ватан бозгарданд, "аммо онҳо иқдом накарданд".
Субҳи 27 март бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар пойтахти Яман машғули кору зиндагиянд, аз мақомоти кишвар хостанд, онҳоро ҳарчӣ зудтар аз Санъо берун оранд. Онҳо мегӯянд, дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Саудия ва муттаҳидонаш алайҳи шӯришиёни шиаи ҳусӣ дар пойтахти Яман ҳаёташон зери хатар аст ва дар ин ҳолат ниёз ба кумак доранд.
Шаҳноза, як табиби тоҷик, ки ҳамроҳи хоҳар ва ду духтарчааш дар Санъо ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекунад, 27 март дар сӯҳбат бо мо гуфт, тамоми шабро бо бедорхобӣ паси сар кардаанд."Ҳоло субҳ дамид ва кӯдакон аз хастагӣ хоб рафтанд. Аммо тамоми шаб аз тарси он ки бо мо чӣ хоҳад шуд, хобамон набурд,"-гуфт ӯ.
Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, эҳтимол бо ёрии Русия шаҳрвандони кишварро аз Яман берун хоҳанд кашид, вале Шаҳноза мегӯяд, "дар ин ҷо шаҳрвандони Русия хеле кам мондаанд ва маълум нест, оё Маскав барои берун овардани онҳо ҳавопаймо хоҳад фиристод ваё на. Гузашта аз ин, роҳҳо баста ва бино ба хабарҳо фурудгоҳи Санъо низ хароб шудааст."
Мусоҳиби мо афзуд, ба ҳисоби ӯ камаш сад табиби тоҷик дар пойтахти Яман машғули коранд ва ҳамаи онҳо мисли ӯ ва хоҳару духтаронаш дар вазъияти вазнине қарор доранд. Қаблан гуфта мешуд, дар Яман тақрибан 70 табиб аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва бо аҳли хонаводаҳояшон шумори ҷамъияти тоҷикон дар Яман ба бештар аз 200 нафар мерасад.
Манучеҳр Абдуев, тоҷике, ки аз ширкати “Здравэкспорт”-и Русия дар Яман намояндагӣ мекунад, дар як тамоси телефонӣ ба мо гуфт, аз атрофи Санъо, пойтахти Яман садои тир ба гӯш мерасад, вале дохили пойтахт ором аст. Ширкате, ки Абдуев аз он намояндагӣ мекунад, пизишкони тоҷикро ба Яман мебарад. Ӯ гуфт: "Интизори бозгашт ҳастем. Рӯзона садои тир кам ба гӯш мерасад, вале шаб садо зиёд аст. Мо ҳоламон хуб аст ва бо намояндагони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва намояндагони сафорат дар Дубай ва Қатар дар тамос ҳастем. Гуфтанд, шароити бозгашт фароҳам карда мешавад."
Як пизишки дигари тоҷик, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, гуфт, ширкате, ки тавассути он ба Яман роҳ ёфтааст, аз онҳо хоста, ки дар манзилҳои худ нишаста, мантазир бошанд. "Лекин дар ин ҷо бо одамони мо кор надоранд. Инҳо тоҷиконро бисёр эҳтиром мекунанд. Кордор намешаванд,"-гуфт ӯ.
Муҳаммадшафеъ Каримов, табиби тоҷик, ки шаш сол боз ҳамроҳи оилааш дар Албедаи Яман фаъолият дорад, гуфт, дар ҳоли ҳозир минтақаи онҳо дар муқоиса ба пойтахт ва атрофи он хеле оромтар аст: "Гирду гӯшаи мо хеле беҳтар ва оромтар аст. Вазнин нест, бомбаборон нест. Вале бояд гӯям, ки вазъият ба ҳар ҳол дар қиёс ба солҳои пеш фарқ мекунад. Ҳарчанд гаштугузор кардан мумкин аст, аммо одамон хеле каманд."
Бозгашт ба мавзӯи Яман дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки Гулрухсор Рофиева, як табиби тоҷик, баъд аз чор моҳи боздошташ ба дасти гурӯҳе дар ин кишвар бо талошҳои Душанбеву Санъо озод шуда, сипас ба ватан баргашт.
Ҳавопаймоҳои Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш рӯзи панҷшанбе нерӯҳои чирикии қабилаи шиаҳои ҳусиро ҳадафи ҳамла қарор доданд. Матбуоти Саудӣ навиштанд, ин кишвар зидди шӯришиёни шиаи ҳусӣ 100 ҳавопаймои ҷангӣ, 150 ҳазор сарбоз ва нерӯҳои дарёии худро сафарбар кардааст.
Ҳусиҳо, ки таҳти ҳимояти Эрон қарор доранд, тайи моҳҳои охир қисматҳои бузурге аз Яман, бо шумули пойтахташ, Санъоро тасарруф карда, раиси ин ҷумҳурӣ Мансур Ҳодиро маҷбур ба тарки пойтахт карданд.
Лигаи Араб, ки 35 кишвари арабиро муттаҳид мекунад, аз амалиёти таҳти раҳбарии Арабистони Саудӣ алайҳи шиаҳои ҳусӣ дар Яман пурра пуштибонӣ кард. Амрико низ аз забони вазири умури хориҷааш Ҷон Керрӣ аз иқдоми низомӣ дар ин кишвари арабӣҳимоят намудааст.
Аммо Эрон хостори қатъи зуди амалиётҳо дар Яман шуда, гуфтааст, барои таҳти назорат гирифтани бӯҳрони ин кишвар тамоми талошҳои лозимро хоҳад кард. ИСНО, хабаргузории донишҷӯёни Эрон аз қавли вазири умури хориҷаи ин кишвар Муҳаммадҷавод Зариф навиштааст, ӯҳамлаҳои таҳти раҳбарии Саудияро "алайҳи истиқлоли Яман" медонад.
«Озодӣ»