14:22:20 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Вокунишҳо аз Душанбе ба қатли раҳбари "Гурӯҳи 24"

То ҳол мақомоти давлатии Тоҷикистон дар мавриди куштори УмаралӣҚувватов - раҳбари "Гурӯҳи 24" дар Истамбул изҳорот надода, нагуфтаанд, оё ин қазияро таҳқиқ хоҳанд кард ё не. Ба гуфтаи як масъули Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки нахост, аз ӯ ном бурда шавад, тарафи Тоҷикистон интизори гузориши расмии мақомоти Туркия аст.

umarali-quvvatov_6523124545.jpgМуҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар суҳбат ба мо куштори УмаралӣҚуватовро маҳкум кард ва афзуд ин як амали иғвогарона аст ва бо ин васила нишон дода мешавад, ки фаъолони сиёсии оппозитсионӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ таҳти хатар қарор доранд. Аз сӯи дигар гуфт ӯ "ин як навъ кӯшиши бесубот нишон додани кишварҳои пасошуравӣ мебошад."

Ба ақидаи ҷаноби Кабирӣ, ҳукуматҳое, ки дар ин робита ангушти ишора сӯйи онҳо дароз мешавад, "бояд бо истифода аз ҳамаи имкониятҳои худ нишон диҳанд, ки дар чунин рӯйдодҳо даст надоранд ва гумонҳоро аз сари худ дур кунанд."

Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфт, "Борис Немтсов ҳарчанд барои ҳамаи ҷомеаи Русия мақбул набуд, вале куштораш як майдони дигари эътирозҳоро ба вуҷуд овард. Мисли ҳамин, куштори УмаралӣҚувватов ҳам ҳадафмандона аст. Ӯ ягон сарвазир ва ё мақомдор набуд, аз обрӯву нуфузи хос дар Тоҷикистон бархӯрдор набуд, вале ҳамчун мухолиф баромад мекард ва ба ин шакл кушта шуданаш шояд норозигиҳоро ба вуҷуд орад."

Ҷаноби Шабдолов дар идома аз вуҷуди нерӯҳое дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ҳадафашон, ба гуфтаи ӯ, ноором кардани ҷомеа аст ва бо чунин кушторҳо ҷомеаро таҳрик медиҳанд ва ба иғво мекашанд.

Раҳматулло Зоиров – раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, "куштори УмаралӣҚувватов ҳодисаи тасодуфӣ набуд". Ӯ субҳи 6 март дар сӯҳбат бо мо афзуд, "азбаски УмаралӣҚувватов як сиёсатмадор буд, марги ӯ моро низ дар ташвиш андохтааст. Вале куштори ӯ тасодуфӣ набуд. Онро аз қабл тарҳрезӣ кардаанд ва ҳарфу ҳиҷои он бештар аз он аст, ки тасаввур мешавад."

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик, кушта шудани УмаралӣҚувватовро "бисёр ҳодисаи нангин ва даҳшатзо" хонда, бо қатли Борис Немтсов дар Русия муқоиса кардааст. Ӯ мегӯяд, "Немтсов як рӯз пеш аз гирдиҳамоии эълоншуда ва Қувватов пас аз эълони натиҷаҳои бо ном интихобот кушта шуданд. Акнун тахминзаниҳо дар Тоҷикистон пеш меоянд: террори Қувватов ба манфиати кист?"

Ин таҳлилгари тоҷик меафзояд, "фаромӯш намекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон ду бор барои истирдоди Қувватов муваффақ нашуд. Ҳоло сухан дар бораи куштор ва он ҳам дар як кишвари демократӣ меравад. Агарҳукумати Тоҷикистон чунин "дасти дароз" дорад, пас, воқеан ҷои тарс аст. Агар фармоишгарон онҳоеанд, ки ба эҳсосоти мардум пас аз бо ном интихобот бозӣ мекунанд, ҷои андешаи тӯлонист... Агар хукумат мавқеашро маълум намекунад, худро ба гунаи ҳукумате муаррифӣ мекунад, ки дигар тоқати озодандешиву мухолифинро надорад ва болотар аз ин аз ҳама, ҳатто аз нерӯ ва шахсиятҳои камнуфуз метарсад." 

Дар ҳамин ҳол, бархе аз тарафдорону пайравони УмаралӣҚувватов дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз куштори раҳбари худ шадидан изҳори нигаронӣ карда, ангушти иттиҳомашонро ба сӯи ҳукумати Тоҷикистон дароз кардаанд. 

Аммо Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳур, мегӯяд, "бо вуҷуди он ки УмаралӣҚувватов дар хориҷ ба сиёҳ кардани Тоҷикистон машғул буд, аммо ҳукумат дар куштори ӯ манфиатдор нест". "Қувватов дар хориҷи Тоҷикистон, дар Туркия, кушта шудааст ва тамоми фаъолияти сиёсӣ ва иқтисодии ӯ низ дар берун аз ватан буд. Бино бар ин, ҳеч зарурате набуд, ки мақомоти Тоҷикистон нисбат ба ӯ сӯиқасд анҷом диҳад,"-гуфт Сайфулло Сафаров.

Дар идома Сафаров гуфт, эҳтимол куштори УмаралӣҚувватов на ба фаъолиятҳои сиёсӣ, балки фаъолиятҳои тиҷорияш рабт дошта бошад.

УмаралӣҚувватов, ки дар гузашта яке аз шарикони тиҷоратии атрофиёни раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд ва тайи чаҳор соли охир раҳбарии мухолифи "Гурӯҳи 24"-ро бар уӯда дошт, шаби 5 ба 6 март дар шари Истамбули Туркия ҳадафи тири як фарди ношинос қарор гирифта, ҷон бохтааст. Мақомоти Туркия тасдиқ карданд, УмаралӣҚувватов дар минтақаи Фотеҳи шаҳри Истамбул бо истифода аз силоҳи оташфишон кушта шудааст.

Қувватов дар охирҳои соли гузашта ҳамроҳи тарафдораш дар Истамбул боздошт шуда, аммо баъди бештар аз як моҳ озод шуда буд. Худи ӯ гуфта буд, мақомоти Истамбул ӯ ва ҳамроҳонашро барои надоштани қайд боздошт кардаанд. Он вақт вазорати умури дохилии Тоҷикистон асноди УмаралӣҚувватовро ба Туркия фиристода, истирдоди ӯро талаб карда буд. Мақомот гуфтанд, ӯ ба сирқати пул, гаравгонирӣ ва ташкили "Гурӯҳи 24", ки бар асоси қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон созмони экстремистӣ аст, муттаҳам мешавад.

Бино ба бархе аз маълумоти дигар дар ин байн чанд бор ба Қувватов таҳдидиқатл шудааст. Таҳдиди аввал аз ҷониби нафаре садо дода буд, ки худро “шаҳрванди Тоҷикистон ва ҷонибдори сулҳу оромӣ” муаррифӣ мекард, аммо таҳдиди дуввум аз ҷониби Абу Холиди Кӯлобӣ, ҷангии тоҷике, ки мегӯяд, дар Сурия меҷангад, садо додааст, ки Қувватовро дар сӯистифода аз ислом муттаҳам медонист.

Дар шабакаи радиои интернетии “Зелло”, ки ба минбари сӯҳбатҳои ин мухолифи ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфта буд, нафаре занг зада, “поёни умрашро кутоҳ унвон мекунад”.

Ин нафар, ки аз худ ном намебарад, вале ҳангоми сӯҳбат бештар аз мавқеи ҳукумати Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунад, дар аввали сӯҳбат ба Қувватов пешниҳоди вохӯрӣ дар Туркияро мекунад, аммо ин пешниҳод рад карда мешавад. Аммо ин ҳамсӯҳбати Қувватов бо таъкид мегӯяд, ҳатман бо ӯ дар Туркия во хоҳад хӯрд. Ин мард, ки бо як лаҳҷаи олуда бо калимаҳои русӣ сӯҳбат мекунад, марги Қувватовро хеле наздик унвон мекунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi