03:04:11 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КМИР: Интихоботи оянда тамоман дигар хел хоҳад гузашт

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ҷаласаи нахустин барномаи амалашро барои баргузории интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2015 қабул кард.

markazi-intikhobot-6655656

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи 8 декабр ҳангоми баррасии барномаи амал бо 13 узви комиссия, гуфт, аз интихоботи парлумонии соли 2010 то ба имрӯз қонунгузории кишвар барои баргузории як интихоботи шаффоф такмил шудааст.

Солҳои 2012 ва 2014 дар пайи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон, як қатор пешниҳодҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва аҳзоби сиёсии кишвар аз ҷониби Комиссия ва парлумони Тоҷикистон қабул шуданд.

5 декабр ин комиссия эълон карда буд, ки интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон рӯзи 1 марти соли 2015 баргузор мешавад. Дар ин рӯз намояндагони маҷлисҳои вилояти Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ низ дар раъйгирии умумимардумӣ интихоб хоҳанд шуд. Интихоботи вакилони Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон 27 марти соли 2015 муайян шудааст.

Аз Абдуманнон Додозода, раиси Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон нахуст хоҳиш кардем, ки ин тағйиру иловаҳо дар Қонуни интихоботи Маҷлиси Олиро шарҳ диҳад:

abdumannon-dodoev-658956Абдуманнон Додозода: Соли 2012 ин тағйирот ба амал омад, ки донистани забони давлатӣ барои ҳамаи номзадҳо ҳатмӣ эълон шуд. Соли 2010 чунин набуд. Соли 2014 тағйироти зиёд ба вуҷуд омад. Бар пояи пешниҳодҳои САҲА ва аҳзоби сиёсӣ, ки мегуфтанд, аъзои аҳзоб дар кори комиссияҳои ҳавзаҳо ва қитъаҳои интихоботӣ ширкат кунанд, чунин тағйир ба вуҷуд омад: ба ин комиссияҳо танҳо сохторҳои маҳаллии аҳзоби сиёсӣ метавонанд намоянда пешниҳод кунанд, на дастгоҳи марказии онҳо. Агар ҳизб дар шаҳр, ноҳия ё вилоят созмонҳои маҳаллӣ дорад, танҳо ҳамон созмон ҳуқуқ дорад, намоянда пешниҳод кунад.

-Гаравпулии интихоботӣ аз ҳаҷми 200 нишондоди маоши ҳадди ақал ба 100 поён омад, яъне 8 ҳазор сомонӣ буд, ҳоло 4 ҳазор сомонӣ шуд. Аммо дар бораи баргардонидани он низ гуфтугӯҳо зиёд буданд...

-Ин яке аз ду пешниҳоди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) буд ва қабул шуд. Дар масъалаи баргардонидани гаравпулӣ дар гузашта чунин буд, ки номзад агар интихоб намешуд, ҳатто 49 дарсад раъй мегирифт, ин маблағро гирифта наметавонист, ба ҳисоби будҷа мерафт. Ҳоло агар номзад 10 дарсади раъйро ба даст орад, ҳамон 4 ҳазор сомониро гашта мегирад. Пешниҳоди дуюми ҲНИТ, ки қабул шуд, ин буд, ки мегуфтанд, протоколҳо дар участкаҳои интихоботӣ бо қалам пур карда мешаванд. Ман чор сол боз дар КМИРТ кор мекунам, ин ҳолатро надидаам, аммо ҳамин тавр мегуфтанд. Аз ин хотир, бар асоси тағйироти нав протоколҳо акнун бо қалами худкори ранга, ё авторучка пур карда мешаванд.

-Дар мақоми номзадҳо ҳам тағйире ҳаст?

-Бале, дар масъалаи гирифтани номзадӣ бо дархости САҲА як тағйирот ворид шуд. Дар гузашта номзад ҳуқуқ дошт, ки ҳар вақте хоҳад номзадиашро бозпас гирад, аз сабқат берун шавад. Акнун қонун муайян кард, ки ин ҳуқуқро то 7 рӯзи қабл аз интихобот дорад, аз ин баъд не.

-Дар интихоботҳои қаблӣ дар бораи дахолати мақомоти маҳаллии ҳукумат зиёд сӯҳбат мешуд, ки ба нафъи Ҳизби халқӣ - демократӣ ҳангоми интихобот кор мекунанд. Оё дар ин интихобот истифодаи, ба истилоҳ, захираҳои маъмурӣ маҳдуд шудааст?

-Дар ин бора ҳам тағйирот ба амал омад. Дигар дар кори ташвиқу тарғиби номзадҳо кормандони мақомоти маҳаллии ҳукумат умуман ҷалб карда намешаванд. Гӯё дар гузашта чунин будааст, ки намояндагони ҳукумат мулоқоти намояндагони аҳзоб бо мардумро ташкил мекарданд. Ин гуна маворид гӯё ба чашм мерасид, аммо ҳоло дар қонун омадааст, ки маъракаҳои таблиғу ташвиқро танҳо худи комиссияҳои ҳавзавӣ ташкил мекунанд ва намояндагони ҳукумат ҳақ надоранд, ки дар онҳо иштирок карда, раисӣ кунанд.

-Раъйдиҳандагон ба таври пешина раъй медиҳанд, ё дар ин робита низ навигариҳо ҳастанд?

-Мешавад гуфт, ки дар ин робита тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд омадааст. Дар гузашта, мардум вақте варақаҳои раъйро ба даст мегирифтанд, дар онҳо рӯйхати номзадҳо ва аҳзоб навишта шуда буданд. Шахс номи ҳар касеро, ки мехост, хат мезад. Акнун чунин нест. Аввал, номи касеро хат намезанад, балки дар баробари интихобаш – ҳизб ё номзад як хонача ҳаст, ки даруни он рамзи “ҷамъ (+)” – ро мегузорад, яъне рамзи мусбат. Чаро хат задан гирифта шуд? Аввал, ин, ки хат задани номи инсон ё ҳизб то ҷое аз одоб берун аст. Дуввум, ҳангоми таблиғот ин ҳол сӯистифода шуд. Масалан, мешунидем, ки намояндагони ҲНИТ ҳангоми таблиғи ташвиқи худ мегуфтаанд, агар номи “ислом” - ро дар матни номи ҳизб хат занӣ, “убол аст ё кофир мешавӣ”. Дуюм, бар иловаи номи номзадҳо ва ҳизбҳо дар варақа як гузинаи дигар “Бар муқобили ҳама” илова шуд. Интихобкунанда қаблан ин гуна раъй дода наметавонист ё ин гуна раъйро бо хат задани ҳамаи гузинаҳо  баён мекард.

-Раъйи “муқобили ҳама” чӣ тавр, ҳамчун бетараф, ҳисоб карда мешавад? Масалан, агар дар ягон ҳавза бар зидди аҳзоб ё номзад 55 дарсад раъйи муқобил диҳанд, интихобот аз дигар гузаронида мешавад?

-Қонун мегӯяд, ҳар касе аз 50 дарсад раъйи бештарро гирифт, баранда мешавад. Дар ҳоли, масалан, 55 дарсад раъйи муқобил гирифтани ҳама интихобот аз нав баргузор мешавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi