02:35:34 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳафиз Бобоёров: "ҲНИТ мисли ДИИШ мулҳиду кофар меҷӯяд"

Баҳсе миёни раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва намояндагони Академияи илмҳои Тоҷикистон бори дигар масъалаи ҳастии як ҳизби диниро дар Тоҷикистон матраҳ намуд.

hafiz-boboyorov 5645789856МаҳфилиҶаҳони андеша”- и Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии назди Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки бо изҳори назарҳои хос ва нашри мақолаҳо дар мавзӯъҳои мазҳабӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон маъруфт аст, ахиран дигарбора дар сархати ахбори расонаҳоқарор гирифт. Пажӯҳишгарони ин марказ дар вокуниш ба интиқоди Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз кори олимони Фарҳангистони улум, ин ҳизбро ба гурӯҳҳои террористӣ ва Давлати Исломии Ироқу Шом ё ДИИШ шабеҳ донистанд. Ба гуфтаи онҳо, хатари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳам аз хатари ин гурӯҳҳои тундрав кам нест.

Дар робита ба ин баҳсҳо ва умуман мавзуъ ва маҳфилҳои маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии назди Академияи илмҳо бо раҳбари он, доктори илмҳои фалсафаҲафиз Бобоёров сӯҳбат доштем. Нахуст аз ӯ пурсидем, ки ба кадом далел ҲНИТ-ро шабеҳи созмони террористӣ ва ё гурӯҳи ДИИШ медонанд, дар ҳоле ки ин ҳизби расман сабтиномшудаи Тоҷикистон ва ягона ҳизби исломӣ дар Осиёи Марказӣ умдатан мояи ситоиш аз сиёсатҳои Тоҷикистон аст? Пас чӣ хатароте аз фаъолияти ин ҳизб ба назари ӯ мавриди сӯҳбат аст?

Ҳафиз Бобоёров: "Аз номи Худо ва мусалмонон истифода бурдан ин худ як хатар аст. Ба мардум гузориш додан, ки гӯё мо тавҳин ба Худову ислом кардаем, ин чӣ маъно дорад? Дар ин изҳорот мо гуфтем, ки муроҷиати мо дар мақолаҳо ба Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аст, на ба диндорону онҳое ки ба Худо бовар доранд. Мо аслан ба эътиқоду бовармандии мардум кор надорем. Ҳар вақте, ки дар бораи ин ҳизб як интиқоде мекунем, ҳамеша мегӯянд, ки шумо мусалмононро дар назар доред. Дигар ин, ки солҳои охир мебинем, Ҳизби Наҳзат фақат аз он танқид мекунад, ки чаро ҷомеаи мо имкони чодар пӯшидану аз 18-сола поин ба масҷид рафтанро надоранд. Магар ба ғайр аз ин мо мушкилоти дигар надорем, чаро барномаи рӯшане надоранд, то пешниҳод кунанд. Мо, масалан, консепсияи рушди миллии Тоҷикистонро ба ҳукумат пешниҳод кардем ва дар айни ҳол ҳукуматро ҳам танқид мекунем. Яъне мо зархариди ягон гурӯҳ нестем ва ҳукуматӣҳам нестем. Ва касе ба ин ҳизб ҳақ надодааст, ки дар Маскав ба муҳоҷирон дар бораи мо маълумоти нодуруст пахш кунад, ки гӯё навори, ба истилоҳ, модари тоҷикро мо пахш кардаем. Далел биёранд, марҳамат. Дигар ин, ки мақолаҳое, ки мо навиштаем, мустаор нест, ҳамаи он бо номи аслии мо нашр мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки онҳо мехоҳанд, як ошӯбе дар ҷомеа барпо кунанд."

-Ба ҳар ҳол аъзои маҳфили Шумо, бар инанд, ки мазҳаб омили рукуди ҷомеа аст. Чаро чунин фикр мекунед, оё мазҳабӣ шудани ҷомеа ба рушди Тоҷикистон чӣ халал овард?

-На мазҳаб, балки сиёсӣ кардани мазҳаб боиси рукуди ҷомеа мешавад. Яъне мо ба ҷои баҳси мушкилоти сиёсиву иқтисодии худ, баҳси мазҳабро пеш меорем ва мегӯем, занон бояд сатр кунанд ё накунанд ё ришро чӣ тавр монанд. Дар амри маъруф, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, занонро таҳқир мекунанд, ки ин ҳама ҷомеаи моро ба сӯйи инқилоби исломӣ таҳрик медиҳад. Ба ҷои ҳалли мушкилот, гурӯҳи маҳдуде бо номи Наҳзатӣ пайдо шудааст, ки мехоҳанд, бо истифода аз эҳсоси мазҳабии мардум сари қудрат биёянд. Як гурӯҳро кофир эълон кардану аз номи Худо истифода бурдан, ҳама нишонаи ҳамин аст. Аксарияти мардум ҳамеша ба Худо бовар доранд ва шояд ҳамин ҳам боиси субот бошад, ки мардум ба як қувваи табиӣ бовар доранд.

-Аммо назари худи Шумо ба манъи сатрпӯшиву ришгузорӣ ва ба масҷид роҳ наёфтани то 18-солаҳо чист?

-Тасмими ҳукумат дуруст аст, масалан дар Фаронса баҳси зиёд шуд, муддати ним сол масъалаи ҳиҷобро омӯхтанд ва ба хулоса расиданд, ки пеши роҳи он бояд гирифта шавад. Ба ду далел, чун ҳиҷоб масъалаи сиёсӣ ва идеологӣ аст ва гурӯҳҳое дар пушт меистанд, ки бонуҳоро таҳрик медиҳанд, ҳиҷоб пӯшанд ва дар зеҳнияти мардум ноамнӣ ва як навъ тарқишу ҷудоӣ пайдо мешавад. Дар ҷомеаи мо ҳам масъалаи ҳиҷоб ва ба масҷид роҳ наёфтани афроди аз 18-сола поин сиёсӣ аст. Таҳқиқоти равоншиносӣҳам нишон медиҳад, ки аксарияти терористҳо то 18-сола ҳастанд. Зеҳнияти онҳоро иваз кардан осон аст. То солҳои наздик масҷидҳои мо марказҳои омӯзишӣ ва омода кардани ҷавонон ба ҷиҳод буд. Охирин мақолаи Наҳзатиҳо бо номи “Фалсафаи ҳикмати шаҳодат ва ҷиҳод” чӣ маънӣ дошт? Ин ҳама ҷомеаро ба куҷо мебаранд. Мо бояд ин масъалаҳоро таҳлил кунем ва ҷомеаро аз ин хатарҳо огоҳ намоем.

-Шумо мегӯед, марказ ба гурӯҳе тааллуқ надорад, ҳукуматӣҳам нестед, аслан ҳадафи марказ чӣ аст? Идеяи таъсисёбии он аз куҷо сар зад ва оё мавзӯъҳои Шумо бештар ба дину мазҳаб равона шудаанд?

-Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ якуми июни соли ҷорӣ таъсис ёфт. Баҳсҳои мо бо рӯҳониён ба таъсиси ин марказ сабаб шуд. Соли 2013 баъди нашри китоби “Ҷаҳонбинии Оянда” онҳо моро таҳвину таҳқири зиёд карданд ва мо ба хулоса расидем, ки ҷомеа ба самти хатарнок раҳсипор аст ва мо, маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба раёсати Академияи илмҳо муроҷиат кардем, ки чунин марказ таъсис диҳем ва маъалаҳои худро аз роҳи илмӣҳал кунем. Ин хатаре, ки мо ба худ пазируфтаем, ҳеҷ гоҳ бо роҳи фармоишӣ амалӣ намешавад. На фақат наҳзат, мақомоти дигарро ҳам мо танқид мекунем.

-Дақиқан, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ Шуморо ба он муттаҳам медонад, ки маоши давлатро мегиред ва ҳеҷ кори илмии судовар барои ин кишвар анҷом намедиҳед. Оё шумо чӣ пажӯҳишҳои илмӣ анҷом медиҳед ва онҳо то куҷо муҳиманд барои рушди кишвар ва ҷомеа?

-Бо ҳама эҳтиром ба ҷаноби Кабирӣ мегӯям, ки на танҳо мо худи онҳоҳам аз андози мардум зиндагӣ мекунанд ва набояд бо паҳн кардани маълумоти нодуруст боиси ноамнии ҷомеа гарданд. Аксарияти кормандони марказ, ки 12 нафаранд дар донишгоҳҳои кишвар дарс мегӯянд, кору мақолаҳои зиёди илмӣ дорем, дар солҳои охир ман рисолаи илмии худро дар Олмон ҳимоя кардам дар нашриёти ин кишвар аз чоп баромад. Табиати кори илм ончуноне нест, ки наҳзатиҳо тассавур мекунанд. Мақолаи илми кӣ чоп шуд, 5-10 соли дигар лозим аст то он амалӣ шавад. Мо ба ҳукумат пешниҳодҳои зиёд кардаем, охирин пешниҳодамон ин буд, ки бунёди рушди илму маориф таъсис дода шавад ва аз ҳисоби на фақат буҷа, балки сарчашмаҳои мухталиф ба омӯзгор маош таъин шавад, то мақоми омӯзгор дубора боло равад.

-Ба ҳар ҳол, андешаҳои мазҳабии Шумо ва дигар аъзои маҳфилиҶаҳони андеша” вокунишҳои зиёдро ба миён меоранд ва шояд аксарият ҳам мехоҳанд дар бораи шахсияти Шумо ва ҳамтоёнатон бештар бидонанд. Мешавад, ки бигӯед, дар кадом хонавода бузург шудед ва ба дину мазҳабе пайравӣ доред?

-Масъала ин тавр нест, ки мо мазҳаббезор бошем. Ин нодуруст расонидани масъала ба ҷомеа ҳаст. Агар дар нисбати шахсияти худам бигӯям, дар Варзоб, дар оилаи мусалмон таваллуд шудаам. Тамоми аҳли хонаводаам мусалмонанд. Дар хонае, ки ман зиндагӣ мекунам ҷойнамоз ҳаст барои хешовандон. Ҳар нафаре, ки меояд барои онҳо тамоми шароити намозгузорӣ фароҳам аст. Ман нисбати ягон нафар динситезӣ накардаам ва мо мехоҳем, ки ҷомеаи дунявие бисозем, ки ҳар як инсон новобаста ба диндориву бединӣ, ҳуқуқи баробар дошта бошад, эҳсоси ноамнӣ ва хатар накунад. Мо аъзои марказ, шояд на ҳама, аммо як гурӯҳ ба истилоҳ атеист ҳастем, вале ин маъное надорад, ки мо зидди диндорон мубориза мебарем. Мо ба ин боварем, ки яке аз сабабҳои шикасти Иттиҳоди Шӯравӣҳам мубориза бар зидди дин буд, вале мо мегӯем, ки дин ҷойи худро дорад ва илм ҷойи худро. Ҳоло мулло дар тамоми мавзӯъ, ҳатто масоили гигиенаи занҳо ва муносибати зану шавҳар сӯҳбат мекунад, дар бораи обу ҳаво пешгӯйӣ мекунад. Мо муқобили бархӯрд ва истифодаи дин дар ҷойи нодуруст ҳастем.

-Барои назарҳоятон, ки ғолибан хилофи назари дигарон аст, боре гурӯҳ ё нафаре сари Шумо фишор овардааст? Ва аз гуфтани чунин ҳарфҳо ҳарос надоред?

-Аслан тарс чизе аз эҳсосоти фитрии иснон аст. Буданд мавридҳое, ки эҳсоси фишор ва таҳқирҳои рӯйи рост шудем. Кофиру мулҳидамон гуфтанд зиёд ва яке аз сабабҳои ба ДИИШ монанд кардани Ҳизби наҳзат ҳам ҳамин аст, ки нафароне аз Наҳзат гуфтанд инҳо кофиранду мулҳиданд, вақте аз нуқтаи назари дин мебинӣҷазои кофиру мулҳид чӣ аст? Ин аллакай то таъсис ёфтани марказ, баъди нашри китоби «Ҷаҳонбинии Оянда» сар шуд. Зиёда аз 5 ҳазор тавҳину дашному таҳқир кардан ва як мартаба бо мо нанишастанду напурсиданд, ки манзури шумо чӣ аст?

-Дар зимн Комил Бекзода, аз фаъолони маҳфили Шумо ҳоло куҷоянд. Сару садоҳо буд, ки тарки Душанбе кардаанд?

-Дар ҳақиқат як дафъа гуфта буданд, мехоҳанд ба Ванҷ баргарданд, аммо ҳоло дар Душанбе ҳастанд ва корманди илмии маркази мо ҳастанд.

-Дар маркази Шумо аслан киҳо ширкат мекунанд. Диндорон ҳам ҳастанд?

амаҳаққи ширкат доранд. Дар як маҳфили мо 70 дар сади рӯҳониён ширкат карданд, аммо баъди нашри китоби “Ҷаҳонбинии Оянда” онҳо аслан моро дигар таҳаммул намекунанд ва бо мо сӯҳбат кардан ҳам намехоҳанд. Маҳфили навбатии мо дар мавзӯи занон аст ва Гулнора Амиршоева, сармуҳарири “Вечерный Душанбе” гузориш медиҳад. Дар маҷмӯъ маҳфилу гузоришҳои мо дар гузашта ва имрӯз ҳам дар масоили динситезӣ нестанд. Масоили илмӣ ва актуалӣҳастанд.

Ҳофиз Бобоёров доктори илмҳои фалсафа, соли 1974 дар ноҳияи Варзоб таввалуд шуда, дар мактаби рақами 11-уми ин ноҳия таҳсил кардааст. Соли 1997 Донишгоҳи Милии Тоҷикистонро бо ихтисоси адабиётшинос ё филолог хатм кардааст. Аз соли 1998 то 2001 дар унвонҷӯи шӯъбаи ҷомеашиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон будааст. Соли 2001 то 2006 дар Пажӯҳишгоҳи фалсафа фаъолият кардааст. Аз соли 2006 дар дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи Бонни Олмон таҳсил карда, соли 2011 кори доктории худро ҳимоя кардааст. То соли 2014 дар Пажӯҳишгоҳи фалсафа кор мекардааст ва сар аз соли 2014 дар Маркази омӯзиши равандҳои муосир фаъолият дорад. Оиладор соҳиби ду фарзанд аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi