06:27:54 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Вокуниш ба суханони муфтӣ: 'Ҳаққи эътироз аз ҳуқуқи бунёдини башар аст'

Раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар Ислом ҳар гуна талош барои барангехтани мардум алайҳи раҳбарони давлат ва ноором сохтани ҷомеъаю ваҳдат гуноҳи кабира ё бузург маҳсуб мешавад.

_saidmukarram-5775.jpgСаидмукаррами Абдулқодирзода рӯзи ҷумъаи 26 сентябр дар хутбаи намози ҷумъа ба фатвои Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон дар ин замина ишора кард, ки рӯзи гузашта дар ҷаласаи ин шӯро тасвиб шудааст.

Оқои Абдуқодирзода аз мусалмонон даъват кард, ки "аз иртибот ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ватанию хориҷӣ, воситаҳои ахбори омма (расонаҳо) ва гурӯҳу аҳзобе, ки мақсадашон барҳам задани амну суботи ҷомеъа ва ваҳдати миллӣ мебошад," худдорӣ кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, ин аъмол "гуноҳи кабира ва азим" буда, ҳар нафаре, ки ин кирдорҳоро муртакиб мешавад, "ба ғазаби Худо гирифтор шуда, рӯзи қиёмат мустаҳиққи азоби дарднок мегардад."

Раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон гуфт, ки маҳз эҷоди фитна дар бархе аз кишварҳои мусалмон мунҷар ба рехтани хуни ноҳақ шуда ва он кишварҳоро ба даргирию харобиҳо кашидааст.

Ӯ гуфт: "Масалан, дар Либӣ. Дар оғози низоъҳо дар Либӣ дар кунферонсе ширкат доштам. Нархи 45 литр бензин як дулор буд, маъорифу беҳдошт ройгон буд. Як гурӯҳҷавонони тундрав кишварро ба низоъ кашида ва раҳбари давлатро ваҳшиёна куштанд. Ҳоло ин кишвар ба доми бало кашида шуда ва ин мардум аз кардаи худ пушаймон ҳастанд."

Ба эътиқоди Саидмукаррами Абдулқодирзода, “ҳатто сухани ҳақ, ки дар пушташ иродаи ботил дорад, метавонад ба ҳамдигарфаҳмию ваҳдат дар ҷомеъа латма ворид кунад."

Вай таъкид кард, “амал кардан ба фатвои Шӯрои уламои исломӣ барои ҳама мусалмони ҷомеъа ҳатмӣ аст.”

Дар ҳамин ҳол, Сайидумар Ҳусайнӣ, муъовини аввали раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), ҳизби умдаи мухолифи давлати Тоҷикистон, фатвои Шӯрои уламои исломиро нодуруст хонд.

Оқои Ҳусайнӣ гуфт: “Ин фатво барои кишвари исломӣ ва низоми исломӣ, ки бар асоси фармудаҳои Худою паёмбар амал мекунанд, дуруст аст. Яъне, дар ин кишварҳо алайҳи амир ё раҳбари давлат қиём кардан аз нигоҳи шариъати ислом гуноҳ ва мамнӯъ аст.”

Аммо ба гуфтаи ӯ, низоми давлати Тоҷикистон, ки тибқи Қонуни асосӣ "дунявӣ" ё ғайримаҳзабӣ аст, додани чунин фатво нодуруст буда, ин давлат на бар асоси фатвои муллоҳо, балки тибқи Қонуни асосӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ фаъъолият мекунад.

Ҳамзамон, масъулони ин ҳизб ибрози нигаронӣ карданд, ки мумкин аст аз ин фатво алайҳи фаъъолони ҲНИТ, ки мукарраран аз аъмоли нораво ва ғайримашрӯъи давлат ва мақомоти он интиқод мекунанд, ба иттиҳоми “барангехтани мардум алайҳи мақомоти кишвар” истифода шавад.

Онҳо ба унвони мисол аз фатвои Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон дар мавриди манъи рафтани занон ба масҷид ва ширкат дар адои намози дастаҷамъӣ, ки чанд сол қабл содир шуда буд, ёдовар шуданд.

Ба гуфтаи оқои Ҳусайнӣ: "Ин фатвои Шӯрои уламои исломӣ хилофи қавонини Тоҷикистон буда ва касе, ки чунин фатво содир кардааст, бояд муҷозот шавад. Зеро ин фатво бо асли озодии виҷдон, ки Қонуни асосӣ тазмин карда, муғойир аст."

Аз фатвои феълии Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоъии интернет, бахусус, аз сӯи корбарони Фейсбук интиқод шуда ва бархе онро “ғайримантиқӣ” унвон кардаанд.

Ба гуфтаи онҳо, ҳаққи мардум ба эътироз ва тазоҳуроти мусолиматомез алайҳи давлат аз ҳуқуқи бунёдини башар аст, ки дар мавозини байналмилалӣ ва қавонини Тоҷикистон ба сабт расидааст.

Аз ҷумла, Сайидюнуси Истаравшанӣ, донишманди улуми исломӣ ва муассису масъули торнамои “Кимиёи саъодат”, менависад, ки агар “барангехтани мардум алайҳи роҳбарони адолатпеша ва додгар гуноҳи кабира” аст, то ҳадде дуруст мебуд.

Вай навиштааст: "Бар мабнои фатвои ахири Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз ин пас, мо бояд ҳазрати Иброҳим (а), Мӯсо (а), Исо (а), Муҳаммад (с) ва дигар паёмбарони илоҳӣ ва авлиёуллоҳро дар феҳристи афроде, ки “муртакиби гуноҳи кабира” шудаанд, бигунҷонем; фатвое, ки ба сурати мутлақ ва бидуни ҳеч қайду шарте, мегӯяд, “барангехтани мардум бар зидди раҳбарони худ гуноҳи кабира аст”. Зеро Иброҳим (а) мардумро алайҳи Намруд барангехта, Мӯсо (а) алайҳи Фиръавн, Исо (а) алайҳи Қайсар ва Муҳаммад (с) алайҳи Абӯсуфёну Абӯҷаҳлу Абӯлаҳабҳо."

Ба гуфтаи оқои Истаравшанӣ, дар Қуръон ё аҳодисе “қиём алайҳи ҳоким” гуноҳи кабира шумурда нашуда ва афрод барои ширк ба Худо, оққи волидайн, куштари инсони бегуноҳ, хӯрдани моли ятим ва ғайра муртакиби гуноҳи кабира мешаванд.

Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки давлати Тоҷикистон аз эҳтимоли норизоятии мардум башиддат нигарон аст ва бо истифода аз Шӯрои уламои исломӣ мехоҳад мардумро ба итоъат аз давлат водор кунад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи онҳо, норизоятии мардум реша дар фасоди густарда ва сиёсатҳои "маҳалгароёна ва хешутаборпарастии" мақомот дорад, ки мӯҷиби фақру нодории бахши аъзаме аз ҷомеъа ва ба ҳошия ронда шудани афроди шоиста ва аҳли фан дар Тоҷикистон шудааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi