07:13:18 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Рӯҳонӣ: Порсиён аз ифроту тафрит ҳамвора ҳазар доштаанд

Дар ҳоле ки давлати Тоҷикистон бо афзоиши ифротгароӣ дар миёни ҷавонони ин кишвар дасту панҷа нарм мекунад, раиси ҷумҳурии Эрон дар мулоқоташ бо донишмандони тоҷик гурӯҳҳои Доъиш ва Толибонро “душманони фарҳанги исломӣ” хондааст.

rouhani_ap_nocredit.jpgҲасани Рӯҳонӣ, ки машғули дидори серӯза аз Тоҷикистон аст, ин мавзӯъро дар ҳоле дар меҳвари суханронияш дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон қарор дод, ки гузоришҳои ахир ҳокӣ аз пайвастани садҳо нафар аз тоҷикон ба суфуфи пайкорҷӯёни Доъиш ё "давлати Исломӣ" дар Сурия ва Ироқ аст.

Ӯ афзуд: "Ҳоло чӣ шуда ки як гурӯҳи ифротӣ дар шарқу ғарби мо ба номи эҳёи хилофати исломӣ шиъакушӣ мекунанд, ки уламои сунниро ба ҷурми адами байъат мекушанд. Бояд дар ақлу нияти онон шак кард, онон ки душманони фарҳанги исломиянд, наметавонанд дӯсти шариъати исломӣ бошанд..."

Раиси ҷумҳурии Эрон гуфт: "Эътидолситезӣ ва эрониситезии онон – Эрони фарҳангӣ, на Эрони сиёсӣ - бо “раводорӣ ва озодандешии” Ҳофизҳо, “инсондӯстӣ ва навъпарварии” Саъдиҳо ва “маъногароӣ ва сатҳиситезии” Мавлавиҳо меҷангад.”

“Ифротгароён моро нишона гирифтаанд”

Зимнан оқои Рӯҳонӣ Тоҷикистонро як давлати мустақил, вале ҳамзамон “пораи тани тамаддуни Эрон” хонд, ва гуфт, ки “Эрони фарҳангӣ басе фаррохтар аз Эрони сиёсӣ аст.”

Вай гуфт: Ҳар касе ба забони форсӣ суҳбат мекунад ва ҳар касеҲофизу Саъдӣ ва Рӯдакӣ ва Фирдавсиро бифаҳмад, шаҳрванди ифтихории Эрон аст.”

Ҳасани Рӯҳонӣ афзуд: “Душманони эътидоли фарҳанг ва тамаддун моро нишона гирифтаанд, пас чораи кор равшан аст, эҳёи фарҳанги раводорӣ, фарҳанги навъдӯстӣ, фарҳанги маъно, меҳвар ва парҳез аз зоҳиргароӣ, аз қабилагароӣ. Фарҳанге ки фарзанди ислом аст ва забонаш забони ману шумост. Забони порсӣ забони сулҳ ва дӯстӣ аст.”

Раиси ҷумҳурии Эрон аз сӯйи дигар гурӯҳҳои ифротиро ба “роҳандозии корхонаи кофарсозӣ ва кофаркушӣ” муттаҳам кард. Ӯ дар ин бора гуфт: “Ислом як идеулужии баста ва мазҳаби ифротӣ ва фирқаи такфирӣ нест. Ислом ва Қуръон ҳатто дар ҳаққи кофароне, ки аз аҳли зулм набошанд, мегӯяд: “لکم دینکم ولی الدین” (Дини Шумо барои худатон ва дини ман барои худам). Исломе, ки ҳуқуқи кофаронро риъоят мекунад, чӣ гуна метавонад корхонаи кофарсозӣ ва кофаркушӣ роҳ биандозад?”

Нигаронии Тоҷикистону Эрон аз Доъиш

Ин суханронии Ҳасани Рӯҳонӣ дар бораи ифротгароӣ дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар ҳолест, ки давлати оқои Раҳмон солҳост бо ончи “ифротгароии ҷомеъаи Тоҷикистон” мехонад, мубориза мекунад.

Нигарониҳои давлатро дар ин замина гузоришҳои мабнӣ бар ширкати тоҷикон дар набардҳои Сурия дар суфуфи пайкорҷӯёни Доъиш афзунтар кардаанд. Давлат теъдоди чунин афродро ҳудуди дусад нафар хонда, аммо манобеъи мустақил ин оморро беш аз 800 нафар мехонанд.

Тоҷикистон як кишвари секулор буда, аммо ҷамъияташ умдатан мусалмони суннимазҳабанд. Аммо давлати Тоҷикистон ва рӯҳониёни кишвар дар солҳои ахир аз нуфузи гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ, аз ҷумла ҷараёни салафия, дар миёни ҷавонони кишвар пайваста ибрози нигаронӣ кардаанд.

Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки ин боъис шуда, бархе аз ҷавонони тоҷик ба шиъаситезӣ даст зананд. Султони Ҳамад, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, ин амр ба “маърифати пасти динии шаҳрвандони кишвар, бахусус онҳое, ки аз мазҳаби Имоми Аъзам канор рафта ва ба ҷараёнҳои ифротгарои мазҳабӣ, аз қабили салафияву ваҳҳобия ва ғайра гаравидаанд, бастагӣ дорад.”

ОқоиҲамад афзуд яке аз сабабҳои шиъаситезӣ пахши барномаҳои телевизиюнҳои хусусӣ аз тариқи моҳвора аст.

Ӯ мегӯяд “Баъзе телевизиюнҳои хусусӣ тавассути маҳвора барномаҳои зиддисуннии хешро пахш менамоянд. Бисёриҳо дар Тоҷикистон ба ин барномаҳо дастрасӣ доранд. Мутаассифона, ин барномаҳо пур аз таҳқиру душноми уламо ва бузургони аҳли суннатанд. Ин гуна барномаҳо албатта таъсири манфии худро дар боло гирифтани ҷараёни шиъаситезӣ дар Тоҷикистон нагузошта наметавонанд.”

Шиъаситезӣ дар бархе шабакаҳои телевизиюнӣ

Бо ин вуҷуд, Сайидюнуси Истаравшанӣ, муҳаққиқи тоҷики муқими Эрон, мегӯяд, ишораи Ҳасани Руҳонӣ дар бораи падидаи шиъаситезӣ дар мулоқоташ бо донишмандони тоҷик “ба ҳеҷ вачҳ ишора ба шиъаситезӣ дар Тоҷикистон набуд”.

Оқои Истаравшанӣ афзуд: “Ин падида (шиъаситезӣ) имрӯзҳо бо камоли таъассуф дар бештари кишварҳои исломӣ дида мешавад. Ва сабабашро ҳам дар ду чиз медонам; яке ин ки кишварҳои арабӣ, бахусус Арабистони Саъудӣ, ки аз нуфузи Эрон дар минтақаи Ховари Миёна ранҷ мебаранд, барои коҳиш аз ин нуфуз ва таъсиргузории Эрон, ин ғоиларо роҳ андохтаанд.”

Оқои Истаравшанӣ низ ба шабакаҳои телевизюние ба забонҳои арабӣ ва порсӣ, ки “корашон 24 соъат шиъаситезӣ аст” ишора карда ва меафзояд: “Ба назари ман, бархе аз худи шиъиён ҳастанд, ки дар баъзе аз кишварҳо дар хориҷ аз Эрон, шабакаҳои моҳвораӣ роҳ андохта ва масоилеро дар барномаҳои худ матраҳ мекунанд, ки эҳсосоти мусалмонони аҳли суннатро таҳрик мекунад, мисли шабакаи “Аҳли Байт”-и Аллоҳёрӣ ва ё шабакаҳое чун “Фадак” ва “Марҷаъият”, ки тавассути як руҳонии кувайтӣ ба номи Ёсир Ҳабиб идора мешавад.”

Эрону Тоҷикистон ба кумаки ҳам биштобанд

Давлати Тоҷикистон умед дошт бо эъломи соли 2012 ба унвони соли Имоми Аъзам ҷавонони тоҷикро аз ин раванд боздорад. Ин талошҳо зоҳиран бенатиҷа буд, зеро оқои Раҳмон сипас бо тасвиби қавонин ва муқаррароте ҷадид масоили диниву мазҳабӣ дар кишварро таҳти кунтрули давлат гирифт, чизе, ки бо шиъори “дину давлат аз ҳам ҷудо” созгор ба назар намерасад.

Тасвиби қонуне таҳти унвони “Масъулияти волидайн”, ки аз ҷумла мамнӯъияти рафтани навҷавонони то синни 18 сол ба масоҷид аз ҷумлаи ин муқаррарот буда, бо эътирози сокити мардум рӯбарӯ буд.

Бархе аз коршиносон бар ин боваранд, ки равобити Тоҷикистону Эрон, ду кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанг, ба хотири он ба сурати боиста тавсеъа накарда, ки Тоҷикистон як кишвари секулор буда ва Эрон як кишвари исломӣ будааст.

Бо ин вуҷуд, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, дар поёни суханронии худ дар рӯбарӯи олимон ва донишмандони Тоҷикистон гуфт: "Имрӯз дар минтақае зиндагӣ мекунем, ки фарҳанг, иқтисод ва масоили иҷтимоъӣ, сиёсӣ ва амниятии ҳамаи мо ба ҳам гиреҳ бихурад, агар Эрон ба фикри тавсеъа ва амнияти худ бошад ва Тоҷикистон низ дар фикри тавсеъа ва амнияти худ бошад, ҳич кадом ба аҳдофи худ намерасанд... ва барои пешрафт дар тамаддуни баланди исломӣ дар ин минтақа бояд дар канори ҳам ва бо ҳам ба кумак биштобем."

Дидори оқои Рӯҳонӣ бо донишмандони Тоҷикистон дар ҳошияи сафари расмияш ба Тоҷикистон барои ширкат дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Душанбе сурат гирифт. Фарҳангистони улуми Тоҷикистон оқои Рӯҳониро узви хориҷии ин ниҳод эълом кард.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi