22:27:39 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Дидори раиси порлумони Покистон аз Тоҷикистон

Сардор Аёз Содиқ, раиси Ассамблеяи миллӣ ё порлумони Покистон бо як дидор вориди Тоҷикистон шуда ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ ва мақомоти дигари ин кишвар дидору гуфтугӯ кард. Гуфта мешавад, масоили энержӣ дар меҳвари дидори оқои Содиқ бо мақомоти Тоҷикистон қарор доштааст.

sadiq rahman 4578Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқоти оқои Содиқ бо Президент Раҳмон дар канори масоили энержӣ иҷпрои тарҳҳо дар бахшҳои нақлиёт, роҳсозӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ ва амнияти минтақа, аз ҷумла, вазъияти Афғонистон баррасӣ шудааст.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Сардор Аёз Содиқ ба тавсеъаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти тарҳи минтақавии энержии “CASA-1000” ишора кардааст.

Маҳмадато Султонов, сухангӯйи порлумони Тоҷикистон гуфт, оқои Зуҳуров хостори тасреъи бунёди ин хатти интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон шудааст.

Зимнан, тибқи тарҳи интиқоли нерӯи барқ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Покистон бо ҳазинаи беш аз 6 милёрд дулори омрикоӣ мавсум ба “CASA – 1000” нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон интиқол хоҳад шуд.

Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Тавсеъа ва Ожонси рушди байналмилалии Омрико (USAID) омодагии худро барои пуштибонии молӣ аз ин тарҳ иброз доштаанд.

Бино ба иттилоъи Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, ин кишвар метавонад дар фасли тобистон ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ба миқдори 7 милёрд килувот-соъат нерӯи барқ содир кунад. Аммо ба далели камбуди хутути интиқоли нерӯи барқ ҳамасола ин миқдор нерӯи барқ талаф мешавад.

Дар назар аст, рӯзи сешанбеи 27 май, Сардор Аёз Содиқ, раиси порлумони Покистон, бо Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон дидор карда ва сипас, аз нерӯгоҳи барқи обии Норак дидан кунад.

Зимнан, дар солҳои ахир ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ тавсеъа ёфта ва миёни ин ду кишвар ҳудуди 30 санади ҳамкорӣ имзо шудааст.

Дар ҷараёни дидори расмии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз Покистон дар моҳи марти соли 2011 ба рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои энержӣ, роҳҳои оҳану утумубилрав, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маъодин ва маҳсулоти кишоварзӣ ва тармиму бозсозии корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон таъкид шуда буд.

Ҳамчунин, дар дидори сарони Афғонистон, Эрон, Покистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар моҳи марти соли 2012 Президент Раҳмон хостори таъсиси ҳамоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ миёни ин чор кишвар шуда буд.

Оқои Раҳмон гуфта буд, Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Покистонро лозим аст, барои бунёди шабакаи муосири интиқоли нерӯи барқ, гоз, оби ошомиданӣ ва бунёди роҳҳои оҳану утумубилрав талош кунанд.

Аз сӯйи дигар, дар сурати ҷалби сармояи ин кишвар барои эҳдоси нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон ин кишвар метавонад ба Покистон, Афғонистон ва Эрон нерӯи барқи арзон содир кунад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар соли гузашта табодули коло миёни Тоҷикистон ва Покистон дар муқоиса ба соли 2012 ҳудуди 18 дарсад афзоиш ёфта ва ба 90 милюн дулори омрикоӣ расидааст.

БиБиСи



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi