21:22:09 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Доктор Ҷалол: "Амрико ҳаргиз аз Афғонистон намебарояд"

Ҳафтаи гузашта бо ибтикори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ, Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон ва маҷаллаи "Большая игра" дар толори ҷаласаҳои Институти мазкур дар мавзӯи "Масъалаҳои муҳимми таърих ва фарҳанги Афғонистон" конференсияи илмӣ баргузор гардид, ки он ба ёдбуди муаррихи маъруфи кишвар, афғонистоншинос шодравон доктор Ҳақназар Назаров бахшида шуда буд.

doctor-jalol-2544554Дар кори конференсия олимону муҳақққиқон аз кишварҳои Қазоқистону Русия ва Афғонистон ширкат карданд. Суханрониҳо ва маърӯзаҳо ҷолибу пурмазмун буданд. Хусусан дар маърӯзаи доктор Файзуллоҳ Ҷалол намояндаи Афғонистон, ба назари мо нуктаҳои ҷолиб ва иттилооти нисбатан тоза дар бораи имрӯзи Афғонистон ва ҳаводиси атрофи он бештар ба назар мерасиданд. Аз ин рӯ ин гузоришро мо танҳо ба суханронии эшон ихтисос додаем.

Се масъалаи муҳим аз нигоҳи доктор Ҷалол

Доктор Файзуллоҳ Ҷалол, устоди Донишгоҳи Кобул, дар ин конференсия дар мавзӯи "Амният дар Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа" маърӯза кард. Ӯ дар аввал дар бораи мафҳуми амнияти дар ҷаҳони муосир сухан ронда аз ҷумла иброз дошт, ки имрӯз амният дучори таҳаввул шуда шомили амнияти давлат, миллат, фард ва таъсисоти ғайридавлатӣ ва низоми байналмилалӣ мебошад.

Ҷаҳонишудан ба амният таъсири хоси худро дорад ва нишон медиҳад, ки амният чизе нест, ки дар марзҳои дохилӣ маҳсур бимонад. Аз диди Файзуллоҳ Ҷалол масъалаи буҳрони Афғонистон вақте роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард, ки бозингарони асосии минтақавӣ бояд ба се масъалаи муҳим таваҷҷуҳ намоянд. Аввал, ин муборизаи содиқона алайҳи щабакаҳои маводи мухаддир ва ҳомиёни қудратманди онҳо дар дохили Афғонистон ва берун аз он аст.

Маводи мухаддир дарвоқеъ манбаи аслии масорифи ҷанг аст ва то замоне, ки ҷанг дар Афғонистон вуҷуд дорад тавлид ва интиқол ва кочоқи маводи мухаддир идома хоҳад дошт. Дуввум, муборизаи қотеъ ва ҳамаҷонибаи алайҳи терроризм ва гуруҳҳои бунёдгаро, бастани тамоми мадорис, ки масруфи тарбият ва омӯзиши сиёсӣ ва низомии толибон дар Покистон ҳастанд. Саввум, ҳалли одилона ва демократики масъалаи миллӣ дар Афғонистон ба ҳадафи эҷоди кишвари воҳид ва миллати воҳид ва мушорикати намояндагони воқеии ақвом дар қудрати сиёсӣ.

Ҷангҳои Афғонистон ҷанги мазҳабӣ набуда, балки реша дар масоили қавмӣ доранд ва ҷанги қудрат аст. Онҳо, ки бо ҳам ҷанг мекунанд, дидгоҳи мутафовут, назариёт ва эътиқодоти комилан зид надоранд. Аксарияти онҳо ба танзимҳои ҷиҳодӣ ва гуруҳҳое иртибот доранд, ки дар даврони ҷиҳод алайҳи Артиши сурхи шӯравӣҷангиданд ва дар он тарафи хатти Дюран дар Покистон тарбияти сиёсӣ ва низомӣ диданд ва барои тахриби Афғонистон тавассути ҷенералони Покистону Арабистон омӯзиш ёфтанд. Тафовути ин гуруҳҳо тафовути Пепси коло ва Кока коло хаст.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ бинобар ҷуғрофиёи муштарак, мероси фарҳангии муштарак, масоили амниятии муштарак ба амнияти дастаҷамъӣ ниёзманд ҳастанд. Ин кишварҳо набояд дар баробари ҳаводис ва руйдодҳои Афғонистон, ки рӯзе ин ҳавзаро мутаассир хоҳанд сохт, бетафовут бошанд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ низ аз инкишофи терроризм, рушди кочоқи маводи мухаддир ва бунёдгароӣ нигарон ҳастанд. Масъалаи об, интиқоли газ, тронзити коло, ба чолишҳои марзӣ афзуда равобити кишварҳои Осиёи Марказиро печидатар сохтааст.

Фосила гирифтан аз Афғонистон роҳи ҳал нест

Бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳадафи ҷилавгирӣ аз вуруди маводи мухаддир, терроризм, бунёдгароӣ аз Афғонистон фосила гирифта равобити сиёсияшон бо ин кишвар ба сардӣ гаравидааст, ки ин ба манфиати онҳо нест ва наметавонанд бо ин роҳ кишварҳои худро масун бисозанд. Абарқудратҳое чун Русия ва Хитой дар фикри ҳарчи бештар тасарруф кардани бозорҳои ин манотиқ ҳастанд. ИМА ва кишварҳои Аврупо ду масъаларо дар минтақа дунболагирӣ мекунанд. Ҳадафи зудрас ва ё стротежии қассирулмуддат.

Эҷоди пойгоҳи низомӣ дар нуқоти стротегии Афғонистон. Ва ҳадафи дуввум стротежии ҳадди аксар пахши нуфуз дар Осиёи Марказӣ ва тасаллут бар маводи хоми он. Кишварҳои Русияи Федератив, Чин ва Эрон бо дарки стротежии калони ИМА дар минтақа равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии худро тавсеъа бахшида ҳаводисро ба сурати ҷиддӣ таҳти назар доранд. Амрико ва Инглистон аз Афғонистон бо унвони пули иртиботи бо Осиёи Марказӣ, муҳосираи Чин, маҳдуд сохтани Русия, таҳдид ба Ҷумҳурии Исломии Эронро истифода хоҳанд кард.

Саволи муҳим ин аст: Кадом кишварҳо манфиати худро дар тадовуми буҳрон дар Афғонистон мебинанд ва кадом кишварҳо дар хатми буҳрон? Ба назари Файзуллоҳ Ҷалол Покистон ва Арабистони Саъудӣ манофеи худро дар тадовуми буҳрон ва ҷанг дар Афғонистон мебинанд. Аммо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар фикри хатми ҷанг ҳастанд ва манфиати худро дар хатми ин буҳрон дар Афғонистон медонанд. Бо хуруҷи аҷулона, бидуни барномарезӣ ва бидуни қувватсозӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ ва эҷоди ҳукумати қонун, тарбияти нируҳои дифоӣ аз Афғонистон нигарониҳо аз паёмадҳои эҳтимолии баъд аз хуруҷи ин нируҳо шиддат ёфтааст.

Зарурати эҷоди як кумитаи низомии Афғонистону Осиёи Марказӣ

Ҳамсояҳои Афғонистон хуруҷи аҷулонаи нируҳои хориҷиро аз Афғонистон як таҳдиди ошкор ва ҷиддӣ барои минтақа медонанд. Хуруҷи бемавқеъ қарор додани Афғонистон дар торикист ва ояндаи Афғонистонро мубҳам ва номаълум хоҳад сохт.

Бинобар ин Файзуллоҳ Ҷалол дар хатми суханронии худ ба хотири одӣ сохтани буҳрони Афғонистон чанд пешниҳодеро аз дидгоҳи худ ироа сохт. Ба назари ӯ ҳамкориҳои минтақавӣ миёни Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар арсаҳои мухталиф бояд тақвият ёбанд. Ба хусус дар арсаи энержӣ, тиҷорату тронзит, ҳамкорӣ дар умури сарҳадот, интиқоли ахбори истихборотӣ ба якдигар дар масоили амниятӣ дар ҳадди лозим бояд бошад, мубориза алайҳи терроризм, тронзит ва тиҷорати маводи мухаддир, тақвияти ҳамкориҳои ҳунарӣ ва фарҳангӣ низ ба манфиати ҷонибҳост. Ба хотири пиёда кардани ин аҳдоф ба назари таҳлилгар эҷоди як кумитаи низомии доимулфаъоли Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз манфиат холӣ нест. Дар хатми суханронии худ доктор Файзуллоҳ Ҷалол ба чанд саволи ширкаткунандагони конференсия посух гуфт.

Вақте, ки Русияи шӯравӣ ба Афғонистон омад тазоди асосӣ дар Афғонистон тазоди байни Афғонистон ва Шӯравӣ буд. Вақте, ки шӯравиҳо аз Афғонистон баромаданд, тазоди асосӣ ба тазоди фаръӣ табдил шуд ва раҳбарони ҷиҳодӣ мутаваҷҷеҳ нашуданд, ки тазодӣ фаръӣ дар як марҳала метавонад ҷои тазоди асосиро бигирад дар асоси қонуни диалектикӣ. Масоили дарунии муҷоҳиддин, масоили қавмӣ, масоили танзимӣ ба як буҳрони бисёр калон табдил шуд, ки билохира ҷанг алайҳи шӯравиро ба куллӣ фаромӯш карданд.

Дар замони ҷанги шӯравӣ муҷоҳиддин тамоми имкониятҳоро дар дохил доштанд. Вақте, ки ҷанги танзимиву гуруҳиву қавмӣ шуруъ шуд, дигар ҳама шоҳроҳҳо баста шуданд, шаҳрҳо ба хатар рӯ ба рӯ гардиданд. Яъне тазоди фаръӣҷои тазоди умдаро гирифт. Дунболи ин ҳодиса кишварҳои минтақавӣ омаданд. Ҳар як кишвар манфиати худро дорад. Покистону Ҳиндустон, Туркияву Эрон ҳар кадом манофеи худро доранд. Амрикоиҳову инглисҳо низ.

Афғонистон тахтаи хез аст барои амрикоиҳо

akbar-tursun_63654212.jpgЯк чизро бояд ба инобат бигирем, ки ҳадафи асосӣ барои амрикоиҳо ин Афғонистон нест. Афғонистон тахтаи хез аст барои амрикоиҳо ва инглисҳо. Ҳадафи асосӣ барои амрикоиҳо ин Осиёи Марказист. Маводи сӯхти Ховари Миёна рӯ ба коҳиш аст. Ва манбаи бузурге, ки вуҷуд дорад ва камтар даст хӯрдааст, Осиёи Марказист. Дар стротежии дарозмуддати Амрико ин нуфуз пайдо кардан ба Осиёи Марказӣ ва Қафкоз аст ва муҳосираи Чин аст ва эҷоди мушкилот дар Синзиён ва Уйғури Чин аст.

Ин як ҳақиқат аст. Агар дӯстони мо фикр кунанд, ки ИМА аз Афғонистон мебарояд, ин билкул ғалат аст. Амрико ҳаргиз аз Афғонистон намебарояд. Пойгоҳҳои низомии хешро дар Афғонистон эҷод мекунад ва баъд аз панҷоҳ сол, сад сол тафаккури Инглис ва Амрико шанс ёфт, ки Афғонистонро аз они худ бикунад. Амрико ба ҳеҷ ваҷҳ Афғонистонро эло намекунад ва баръакс дар фикри эҷоди ҳафт пойгоҳи муҳим дар манотиқи стротежик аз қабили Сабзивор ё Шиндани Ҳирот, мисли Багром, мисли Мазори Шариф, мисли Ҷалолобод ё Нангарҳор ва дар баъзе қисматҳои дигар аст, ки пойгоҳҳои худро ҷо ба ҷой мекунад.

Агар дӯстони мо фикр мекунанд, ки покистониҳо ва арабҳо аз ҳимояти толибон даст мекашанд ва толибонро қурбонӣ месозанд, ин ҳам иштибоҳ аст. Ин гапҳо куллаш шиор аст. Демокрасӣ шиор аст, ҳукуқи башар шиор аст, ҳуқуқи зан шиор аст, ҳукумати қонун шиор аст. Чизе ки бисёр муҳим аст аҳдофи Амрикост,Инглис аст, НОТУст, ки дар он собитқадаманд. Ман ин гапҳоро ба он хотир намегӯям, ки дар ҳавзаи нуфузи Русия қарор дорам. Русҳо бисёр содиқ буданд. Содиқона гап мезаданд.

Ин НОТУ ва амрикоиҳо ба ҳадде пурпеч ҳастанд, ба ҳадде буғранҷ ҳастанд, ки чизеро ки мегӯянд даҳ рақами дигараш пушти парда аст. Корҳои бисёр хатарнок мекунанд. Биноан бояд огоҳона ба ин масъала, ҷиддӣ бархурд кунем. Онҳо Афғонистонро тарк намекунанд. Ва неруҳои тундрави мазҳабии Узбакистон, Чечен ва Доғистон ва Уйғур дар ҳимояти Покистон ҳастанд.

Ва Покистон худ тавони онро надорад, ки аз толибон ҳимоят кунад, аз Ал-қоида ҳимоят кунад, аз бунёдгароҳо ҳимоят кунад. Покистон ба касри будҷа мавоҷеҳ ҳаст ва мушкилоти дарунӣ ва қавмӣ дорад. Ин ҳимояҳо дар сатҳи бисёр калон ва бисёр бузург сурат мегиранд. Ва ҳарифе, ки дар ин минтақа вуҷуд дорад, табиист,ки ҳарифи дараҷаи аввал барои амрикоиҳо ин Русия ҳаст, ҳарифи дараҷаи дуввум Чин ҳаст.

Доктор Файзуллоҳ Ҷалол дар идома ба саволҳое дар иртибот ба интихоботи президентӣ дар Афғонистон посух дод.

Интихобот дар Афғонистон намози бевузуъро монад?

Ба назри ман, мегӯяд Файзуллоҳ Ҷалол, мушкили Афғонистон аз тариқи интихобот ҳал намешавад. Ба назри ман мушкили Афғонистион аз тариқи тафоҳум, музокира ва гуфтугӯ ҳал мешавад. Амрикоиҳо мехоҳанд, нишон диҳанд, ки онҳо кореро дар самти демокрасӣ дар Афғонистон анҷом додаанд.

Интихоботро ба хотири мардуми Амрико, ба хотири афкори оммаи байналмилалӣ, ба хотири ҳарифонашон Русияву Чину баъзе кишварҳои аврупоие, ки бо баъзе аз коркардҳои амрикоӣ дар Афғонистон розӣ нестанд, роҳандозӣ карданд. Интихобот дар Афғонистон намози бевузуъро ба хотир меорад. Кишваре, ки ишғол шудааст, чи гуна дар он интихобот мунсифона баргузор мегардад?

Ба ҳар ҳол дар интихоботи кунунии президентии Афғонистон ҳақиқат ин аст, ки раъйи аксарро доктор Абдуллоҳ гирифт. Вале то замоне, ки доктор Абдуллоҳ барномаи Амрико ва Инглисро қабул накунад, яъне гуруҳҳои мухталифро дар қудрат ҷой надиҳад, масъала ҳал намешавад. Амрикоиҳо бар ин назар ҳастанд, ки Раиси ҷумҳур ва муовинонаш дар ҷои худ бошанд, вале дар вазоратхонаҳо афроди қобили қабули онҳо бояд ба раҳбарӣ таъйин шаванд.

Масалан агар Раиси ҷумҳур доктар Абдуллоҳ бошад, вазири корҳои хориҷааш бояд Залмай Расул, вазири молияаш Ашрафғанӣ Аҳмадзай бошад ва як саркумитае бояд эҷод шавад бо раҳбарии доктар Халилзод, ки муташаккил аз чандин кумита бошад, кумитаи равобити байналмилалӣ, кумитаи фарҳангӣ ва ғайра, ки дар раъси онҳо бояд афроди хоси онҳо гузида шаванд.

Агар ин шартҳоро доктор Абдуллоҳ бипазирад интихоботро ба нафъаш эълон мекунанд. Агар напазирад, интихобот ба даври дуввум кашонда мешавад ва печидатар хоҳад шуд. Дар чунин шароит имкони ботил донистани натоиҷи интихобот ва таъсиси як ҳукумати муваққатии лухтакмонанд дар Афғонистон аз эҳтимол дур нест, мегӯяд доктор Файзуллоҳ Ҷалол.

Таҳияи Султони Ҳамад, "Рӯзгор"

Бознашразҳафтаномаи «Рӯзгор» №18, 07 майисоли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi