12:28:02 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Вазири нав ва сиёсати хориҷӣ: ғарбгароӣ ё бисёрсамтӣ?

Рашид Ғанӣ Абдулло, Таҳлилгари масоили сиёсӣ

Аз бозе ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармони худ Сироҷиддин Асловро дар симати вазири умури хориҷии ин кишвар ҷойгузини Ҳамрохон Зарифӣ кард, тақрибан се моҳ гузашт.

11 rashid-gani-abdulloБояд гуфт, ки ҳам дар дохил ва ҳам дар берун аз кишвар, бавижа дар густараи пасошӯравӣ, бисёриҳо аз ин тасмими раисҷумҳур хеле хушнуд шуда буданд. Аз он лиҳоз, ки оқои Зарифӣ, ба бовари онҳо, зиёд ғарбгаро буд. Гузашта аз он, эшон ӯро ба ифрот дар ғарбгароӣ муттаҳам месохтанд.

Дуруст аст, ки ин гуна иттиҳомот бештар на аз ҷониби сиёатмадорон, балки расонаҳои дохиливу берунӣ садо медод. Вале, ҳар ойина, мавзеъгирии расонаҳо дар ҷоддаи сиёсат, хосса сиёсати беруна, ба дараҷаи зиёд мавзеъгириҳои сиёсии феълии доираҳои бонуфуз ва таъсиргузори ин ё он кишварро инъикос мекунад.

Дар иртибот бо арзёбии фаъъолияти Ҳамрохон Зарифӣ ҳамчун сарвари ниҳоди олии диплумотики Тоҷикистон ин суоле матраҳ мешавад, ки оё равост сиёсати берунии кишварро дар аҳди оқои Зарифӣ ҳамчун ғарбгароӣ, чи расад ба ифрот дар ғарбгароӣ, донисту тавсиф кард?

Лозим ба таъкид аст, ки таваҷҷуҳ ба рушди муносибатҳо бо кишварҳои мағрибзамин ҳамагӣҷузъи таркибиву узвии сиёсати шомилтари роҳбарии Тоҷикистон – сиёсати бисёрсамтӣ нисбат ба олами беруна мебошад.

Ба мафҳуми васеътар, ин сиёсат барои кишвар маънои таваҷҷуҳро дар муносибатҳои бурунмарзии хеш ба ҳамаи самтҳои олами кунунӣ, бо шумули давлатҳои мусалмононро, дорад.

Ба фаҳмиши тангтар ва, ҳамзамон, амаливу феълии он, сиёсати бисёрсамтӣ ба маънои дар пояи баробар ба роҳ мондану густариш додани робитаҳои Тоҷикистон бо абарқудратҳои замона – Русия, Омрико ва Чин аст. Албатта, то ҷое ки расидан ба таъмини чунин баробарӣ имконпазир бошад.

Маълум аcт, ки ҳар яке аз ин абарқудратҳо дар паҳнои пасошӯравӣ ва аҷзои алоҳидаи он, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, манфиъату ҳадафҳои милливу истротежики худро дорад. Ҳамчунин, маълум аст, ки онҳо дар ин паҳно рақиби ҳамдигаранд.

Русия бо Омрико дар рақобати сиёсиву низомӣ қарор доранд. Русияву Чин рақиби алании иқтисодӣ ва ғайриалании сиёсии якдигаранд, вале, ҳамзамон, болоравии нуфузи Омрико ва муттаҳидони ғарбитаборашро дар паҳнои пасошӯравӣ қатъиян қабул надоранд.

Бар замми ҳамаи ин, ҳар кадоме аз онҳо аз фузунӣ ёфтани таъсиру нуфуз ва таҳкими мавқеъи сиёсӣ, иқтисодӣ, низомии дигаре на танҳо нороҳат мегардад, балки онро таҳдиде барои манфиъатҳои истротежик ва миллии худ медонад ва омода аст бо истифода аз ҳамаи имконоти мавҷуда аз манофеъи худ ҳимоят кунад.

Басанда аст дар ин росто аз ҷанги панҷрӯзаи Гурҷистону Русия дар соли 2008, инқилоби дувуми Қирғизистон дар соли 2010 ва ҳодисаҳои имрӯза дар Укройн ёдовар шавем.

Ҳамин воқеъият барои ҳар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ зарурати риъояти як навъ тавозунро дар муносибатҳои худ бо абарқудратони замона ба хотири ҳифзи суботу амнияти худ ба як масъалаи доғи рӯз тадбил кардааст. Хушбахтона, то ба ҳол Тоҷикистон тавонистааст, ки дар муносибатҳои хеш бо абарқудартон тавозуни лозимаро риъоят кунад.

Худи ҳамин ҳол гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон ба ҳеч ваҷҳ ба гароиши яктарафа ба Ғарб, чи расад ба ифрот дар ин гароиш, моил набуд ва багумон аст, ки дар мадди манзур моил гардад. Вале агар мабодо моил гардад, ҳамоно мувозанати муносибатҳои худашро бо Русияву Чин на танҳо халадор месозад, балки билофосила гирифтори рӯёрӯӣ бо онҳо мешавад.

Натиҷаи имконпазир, балки ҳатмии чунин рӯёрӯӣ аз ибтидо чун рӯзи равшан возеҳ аст. Биноан, он чизе ки дар муносибатҳои Тоҷикистон бо Омрико буду ҳаст, ҳамагӣ кӯшишҳои пайвастаи кишвар барои нигоҳ доштани муносибатҳо бо Омрико (ва, зимнан, бо кишварҳои дигари мағрибзамин) дар сатҳу ҳаҷмест, ки аз сатҳу ҳаҷми муносибатҳояш бо Русияву Чин чандон поён набошад.

Ҷойи шубҳа нест, ки дар аҳди Ҳамрохон Зарифӣ дар чорчӯби таваҷҷуҳу кӯшишҳои ёдоваршуда муносибатҳои Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳида мунтазам ва дар самтҳои гуногун рушд мекарданд. Дар сиёсат кор то ба баргузории машвратҳои вижаи сиёсӣ расид.

Ду кишвар баҳри таҳкиму густариши имконоти вазоратҳову ниҳодҳои гуногуни давлатии ҷумҳурӣ ҳамкории пурсамареро ба роҳ монданд. Иҷрои барномаҳои гуногуни таълимӣ, ки аз ҷониби ҳукумат ва созмонҳои гуногуни ҳам марбут ба ҳукумат ва ҳам ғайриҳукуматии Иёлоти Муттаҳида такони тоза гирифт.

Ҳамаи ҳамин аст, ки суоли дигаре низ матраҳ мешавад в аон ин ки оё бо рафтани Ҳамрохон Зарифӣ аз Вазорати умури хориҷӣ таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба таҳкими ҳарчи бештари муносибатҳо бо Омрико ва муттаҳидони ғарбияш коҳиш хоҳад ёфт? Тавре ба назар мерасад, ба гумон аст, ки табдили вузарои хориҷа битавонад чунин як тавҷҷуҳро аз байн бибарад. Аз чанд лиҳози айниву зеҳнӣ.

Идомаи сиёсати берунаи бисёрсамтӣ барои Тоҷикистон аз шартҳои асосии ҳифзи мавҷудияташ ба ҳайси як давлати мустақил мебошад. Биноан, таваҷҷуҳ ба давлатҳои мағрибзамин ва дар раъси онҳо Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, ки ҷузъи ногусастании сиёсати бисёрсамтист, низ аз заруриёти асосии таъмини бақои Тоҷикистон ҳамчун давлате мустақил мебошад.

Рушду густариши робитаҳо бо давлатҳои мағрибзамин то ба андозае метавонад таъсири сиёсии абарқудратҳои дигарро дар Тоҷикистон мутавозин кунад.

Давлати Иёлоти Муттаҳида бо таваҷҷуҳ ба манфиъатҳои истротежики худ ҳамеша қатъан таъкид мекард ва шакке нест, ки дар оянда низ хоҳад кард, ки тарафдори вуҷуд ва рушди мустақилли ҳамаи давлатҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аст. Дар ин масъала, манофеъи истротежики Омрико ва манофеъи бунёдию миллии Тоҷикистон ба ҳам меоянд.

Дар рушди муносибатҳо бо давлатҳои мағрибзамин барои Тоҷикистон паҳлӯи иқтисодии ин муносибатҳо низ аз аҳаммияти зиёде бархурдор аст. Ширкатҳои муътабари Ғарб омода нестанд, ки дар иқтисоди кишвар мустақиман сармоя гузоранд. Мисоли равшани ин даст кашидани калонтарин ширкатии кӯҳкании ҷаҳон, BHP Billiton (Устролиё) аз мушорикат дар музояда барои Кони Мансури Калон аст.

Худи сохторҳои давлатии кишвархои Ғарб, бар хилофи Русия ва Чину Эрон, мустақиман дар иқтисод сармоя намегузоранд. Вале ба шарофати муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистон бо давлати Омрико муассисаҳои байналмилалии молӣ, ки нуфузи ин абарқударт дар онҳо басо бузург аст, шароити мусоъиди ҳамкориро бо Тоҷикистон фароҳам сохтаанд.

Воқеъияти имрӯзаи сиёсии Тоҷикистон чунин аст, ки мазмун, муҳтаво ва самтҳои асосии сиёсати бурунмарзии кишварро мақоми риёсати ҷумҳур муъайян мекунаду вазорати умури хориҷӣ ин сиёсатро дар амал иҷро мекунад.

Агар дар сатҳи мақоми риёсати ҷумҳур кадом як дигаргунии бунёдӣ дар пеш бурдани сиёсати берунаи кишвар, аз ҷумла нисбат ба давлатҳои мағрибзамин, рух надиҳад, рафтани як вазири умури хориҷии пешин ва ба ҷойи ӯ омадани вазири дигар агар дар раванди иҷрои сиёсати бисёрсамтӣ бетаъсир ҳам набошад, ба ҳеч ваҷҳ таъсири бунёдӣ ҳам намегузорад.

Ба иборати дигар, ба симати вазири умури хориҷӣ мансуб шудани Сироҷиддин Аслов, ки мисли вазири пешин хидмати диплумотикашро дар Ғарб ифо мекард, табиъати муносибатҳои Тоҷикистонро бо давлатҳои Бохтарзамин тағйир намедиҳад.

Гузашта аз ин, таъйини ӯ ба мақоми кунунияш таъкидест ба рушди муносибатҳо бо олами Ғарб дар чорчӯби сиёсати бисёрсамтӣ, ки ҷавобгӯйи манфиъатҳои миллӣ мебошад ва ишораест ба азму тасмими мақоми риёсати ҷумҳурӣ барои пайваста пеш бурдани сиёсати бисёрсамтӣ ва ҳифзи истиқлоли Тоҷикистон.

bbc.co.uk/tajik



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi