06:10:33 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳамоиши ҷумҳуриявии «НУР» - (Видео)

Дар қароргоҳи марказии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявие таҳти унвони «НУР», ки ҳамасола дар арафаи зодрӯзи бунёдгузори ин ҳизб устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ баргузор мегардад, барпо шуд.

1-nur 1212121Дар он ба ҷуз аз аъзои ҳизб ва алоқамандони он боз аҳли зиё, уламои дин, сиёсатмадорон, таҳлилгарон, азҷумла Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусалмонони ҶТ ва собиқ муовини аввали раҳбари  ИНОТ, бародари ӯ эшони Маҳмудҷон, яке аз олимони маъруфи дин дар кишвар, Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони ҷамъиятии «Дурнамо+», Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ, таҳлилгари масоили сиёсӣ, Насриддин Саидов, собиқ вакили Парлумон аз ҲНИТ,  Амният Абдуназаров, муовини раиси ҲСДТ, Маҳмудҷон Қосимов, яке аз ташаббускорони ҳизби сабтиномнашудаи «Тоҷикистони нав» ва иддае аз намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ширкат карданд.

Дар оғози ҳамоиш ба хотири шод кардани арвоҳи гузаштагон, ба хусус устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ва раҳбарону аъзои ҲНИТ, ки ба ҷавори ҳақ пайвастаанд, оёте чанд аз Каломуллоҳи шариф аз сӯи қорӣ Ҳусайнӣ Нурӣ қироат гардид.

2-nur 1212121Дар ҳамоиш Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ, узви Парлумони кишвар, номзади илмҳои фалсафа,  дар мавзӯи «Фалсафа ва ҳикмати шаҳодат» суханронӣ намуд. Азҷумла иброз дошт, ки тибқи дидгоҳи дини мубини ислом, ки таҷдидгари мактаби шаҳодат мебошад, дар муқоиса бо дигар дидгоҳҳо фарогиру комилтар аст. Барои комилан дарк намудани фалсафа ва ҳикмати шаҳодат касро лозим аст, ки ақида ва эътиқоди исломиро бо қалбу руҳу хеш омезиш дода ботини хешро бо он музайян гардонида бошад… Ин ақида қурбон гаштанро на танҳо нест шудан намеҳисобад, балки онро абадзинда мондан ва ноил гаштан ба болотарин мақом, ки ҳузур дар меҳмонии Худованд аст, васф менамояд. Худованд мефармояд: «Ҳаргиз ононеро, ки дар роҳи ақида ва имон бар Худованд  кушта гардидаанд, мурда напиндоред. Балки онҳо зиндагоне ҳастанд, ки дар назди Худовандашон рӯзӣ дода мешаванд».

Шаҳидон зиндаанду ҷовидонанд,

Ки меҳмони Худои ломаконанд.

3-nur 1212121Эшони Маҳмудҷон дар ин ҳамоиш дар  мавзӯи «Рисолати ва масъулияти уламо» ибрози назар намуд. Азҷумла изҳор намуд, ки «уламои дини мубини ислом меросбарони паёмбарони Худо ҳастанд, зеро анбиёи киром баъд аз марги худ динору дирҳаме, сарвате, моле ба мерос нагузоштанд. Ягона меросе, ки эшон баъд аз марг гузоштанд, ин илм аст. Ва ҳар бандае ин меросро ба даст меорад насибаи бузурге ҳосил намудааст… Зишттарин сифате, ки олимҳо доранд, ин илмфурӯшист, ин динфурӯшист.

Худо накунад олиме, ки ин мероси гаронбаҳоро натавонад ҳифз бикунад ва аз роҳи ҳифзи ин амонат Худо накунад  мунҳариф бишавад, хиёнати бузурге  дар дин ва назди Худову расули Худо намудааст. Барои ҳамин ҳам содиқтарин сифати олимон ин садоқат дар дин аст. Барои ҳидояти мардум, барои саодати мардум аз чизе, аз касе наҳаросанд. СуханиҲақро бигӯянд, китмони Ҳақ накунанд. Ва олимҳое, ки китмони Ҳақ мекунанд, сухани Ҳақро аз тарсу ҳарос мепӯшонанд, ба мардум намегӯянд, риояи хоҷаҳо мекунанд, риояи дунёву мансабу мол мекунанд, дар Қуръони азимушшаън нисбати ин тоифаҳо таҳдидҳои хеле сахте зикр шудааст».

Яке аз фаъолони ҳизби наҳзат мулло Аббос Раҷабзода аз вилояти Суғд дар васфи шуҳадо шеъри  ба тозагӣ иншонамудаи хешро қироат намуд:

Санге андар сари мазори ман,

Санги гӯёи солҳо будаст,

Бетакаллум нуҳуфта бар сари ман,

Хам сухангӯи номаҳо будаст.

Метаровад ҳамеша бар сари ман

Хамчу шамсе, ки ваззуҳо будаст.

Санги хунини марқади шуҳадо,

Санги волои бебаҳо будаст.

Ин на сангаст, азизи ман, бингар,

Пора лаълеву хунбаҳо будаст.

Шукри Ҳақро шаҳид гаштам ман,

Ин шароб шарбати Худо будаст.

Бинишин модарам канори ман,

Санги ман бин чу лолаҳо будаст.

Қабри санги мазори ман инаст,

Қадри ман дон, ки бебаҳо будаст.

Ин нишона барои миллати ман,

Аз шаҳиди замонаҳо будаст.

4-nur 1212121Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ дар мавзӯи «Мероси сиёсии Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва марҳилаи кунунӣ» изҳори ақида кард. Ба гуфтаи таҳлилгари маъруфи кишвар «мероси сиёсии Саид Абдуллоҳи Нурӣ басе фаровон ва густурда  ва агар чунин гуфтан мумкин бошад, фарозамон низ мебошад. Банда аз сентябри соли 1996 ба баъд имкон доштам, ки фаъолияти сиёсии Саид Абдуллоҳи Нуриро гоҳе аз наздик ва гоҳи дигар аз масофаи начандон дур мулоҳиза кунам ва  ба хулосаҳои муайян расам. Меросии сиёсии Саид Абдуллоҳи Нуриро чанд  унсурҳо ва вижагиҳо хос буд.

Болотарин унсурҳо ин меҳри бепоён доштан ба Ватани хеш, ба хоку обу мардуми Тоҷикистон, боло гузоштани манфиатҳои умдаи Тоҷикистон ва мардуми он аз ҳар гуна эътибороти дигар, ҳимояти ваҳдати милливу ва якпорчагии кишвар, омодагӣ ба гузашт кардан баҳри нигоҳ доштани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ба мероси сиёсии Саид Абдуллоҳи Нурӣ таҷрибаи кор дар КОМ, таҷрибаи фаъолият ба ҳайси яке аз бузургтарин аҳзоби кишвар низ шомил ҳастанд. Яке аз муҳимтарини унсурҳои мероси сиёсии Саид Абдуллоҳи Нурӣ ин адами шитобкорӣ дар тасмимгириҳои сиёсӣ мебошад.

Сиёсатмадороне ҳастанд, ки сухани пурҳарорат мегӯянд ва танҳо баъд андеша мекунанд, ки чӣ гуфтанд. Саид Абдуллоҳи Нурӣ маҳз аз тоифаи сиёсатмадороне буданд, ки дар тасмимгириҳои хеш пуртаҳаммул ва гуфтору амали худ пурҳазар аз шитобзадагӣ. Ҳамин аст, ки  сухану амали  амали эшон муассир буду дар ниҳоят кор яке аз омилҳои асосии ором кардани кишвар, ба ифоқа овардани мардум , таъмин намудани суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии қаламрави тоҷикон гашт, ки бидуни ин ҳеҷ гуна наҳзат дар ҷумҳурӣ, азҷумла наҳзати исломӣ имкон надорад».

5-nur 1212121Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода яке аз сиёсатмадорон ва руҳониёни маъруфи кишвар дар ин ҳамоиш асосан дар бораи мавқеи сулҳхоҳии раҳбарони собиқ оппозисиюн ибрози назар кард. Азҷумла ӯ чунин гуфт: Мо аз оғоз хоҳҳони сулҳ будем ва ҳеч гоҳ барои мансаб низ ҷанг накардаем: "Ҳеч гоҳ ҷонибдори он набудем, ки барои мансаб як қатра хун рехта шавад. Мо марди сулҳ ҳастем на марди мансабу ҷанг. Ман аз ин минбар пеши Худо ва Шумо шаҳодат медиҳем, ки аз аввал на ман на Нурӣ ва на Ҳимматзода ҷонибдори ҷанг набудем. Моро ба хотири гӯиё мансабу ҷой кишварро ба ҷанг кашидаем, туҳмат мекунанд. Аммо ман ҳеч гоҳ хостори мансаб набудам. Ман раиси Идораи қозиёт будам, обурӯи ман камтар аз обурӯи раисиҷумҳур набуд. Миёни мардум ҳам иззату эҳтиром ва ҳам имконияти моддӣ доштам.

Бинобарин бародарҳо барои пешбарии номзадии ман ба мақоми президентӣ соли 1991 имзо ҷамъ карданд. Холмурод Шарипов, раиси вақти Кумиссиюни марказии интихобот аз ноҳияи Панҷакент, ки ҳоло ҳам дар қайди ҳаёт аст, ду рӯз пеш аз қайдгирии номзадон аз ман пурсид, ки домулло ҳама чӣ омодааст, танҳо розигии Шумо лозим мебошад. Вале ман бо узрхоҳӣ розӣ нашудам. Зеро мо мансабхоҳ набудем. Мо мардони ободихоҳи кишварему дар он замон воқеан мехостем, дар Тоҷикистон низоми мардумсолорӣ ҳокимият дошта бошаду ҳукуматдорону мансабдорон дар назди мардум хидматгор бошанд, на баръакс. Мо талабгори ҷангу нооромиҳо нестем”.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi