08:28:32 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Омили асосии солимии ҷомеа

Инсон беҳтарин офаридаи Худованд аст. Аз ин рӯ, тамоми мавҷудоти олам ба ӯ иртибот ва дар баробари ин, ба ҳама шароити зист ниёз ва ҳақ ҳам дорад. Рӯзгори ӯро бе таъсири МУҲИТИ ЗИСТ тасаввур кардан муҳол  аст. Инсон дар оғӯши табиат  камол ёфта, обу ҳаво, зебоию нафосати онро истифода бурда, ҳамчунин вазифадор аст, ки табиатро эҳтиёт намояд. Мутаассифона, аксаран ба мушоҳида мерасад, ки ба қадри зебоиҳои диёр намерасем, МУҲИТИ ЗИСТро бо ҳама зишткориҳоямон вайрон мекунем, маконеро, ки дар он зиндагӣ ба сар мебарем, доғдор менамоем.

ekologiya-125689445Дар моддаи 78 - уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи табиат", ки соли 2003 - юм ба тасвиб расидааст, омадааст: "Шахсоне, ки муҳити зистро ифлос менамоянд ва ба ин амалашон ба саломатии аҳолӣ, олами набототу ҳайвонот ва хоҷагии  халқ зарар меоранд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд". Бо вуҷуди ҳамин, дидаю дониста аксаран бархе аз сокинони кишварамон ба оддитарин қоидаҳои нонавиштаи ҷомеа риоя намекунанд.

Боре яке аз дӯстонам нақл намуд, ки дар бархе аз мамолики Аврупо ҳатто барои партофтани коғази қанд, пасмондаи сигор  касро ҷавобгар мекунанд. Шаҳр чунон тозаву озода аст, ки дили кас намешавад ба ҳар куҷо, ки рост омад, пасмондаи ҳар чиро партоӣ. Дар мо чӣ? Маданияти шаҳрвандии мо то дараҷае  коста шудааст, ки доир ба масъалаи тозагии муҳит бепарвоем.

Бино ба ақидаи доктори илми география, олими шинохтаи тоҷик Холназар Муҳаббатов рӯзе дар пойтахт то 400 тонна ва дар як сол то 170  000 тонна партов ҷамъ мешавад. Ҳангоми хазонрез аксаран мушоҳида менамоем, ки масъулин барги дарахтонро ҳар ҷо - ҳар ҷо ҷамъ намуда, оташ мезананд. Онҳо шояд ин корро ба он сабаб мекунанд, ки барои интиқоли баргрӯбаҳо сӯзишвориро сарфа намоянд, аммо намеандешанд, ки гази аз баргҳо, бахусус, барги чанор ба фазо печида ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад.

Зарур аст, ки чӣ корхонаҳо ва чӣ аҳолӣ нодуруст будани ин амалро дарк намуда, минбаъд ба такрори чунин амал роҳ надиҳанд. Мебояд, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ" (соли 2010) шинос гарданд. Ба таври маълум, дар кишварҳои хориҷӣ аз партовҳо фаровон истифода мебаранд. Дар мо, баръакс, партовҳо манбаи вайрон кардани муҳити зист гаштаанд, ки он ҳам танҳо бо "ташаббус" - и худи одамон рӯй медиҳанд.

Дар ин росто, ибтикори шаҳрдории шаҳри Душанберо қайд кардан ба маврид аст. Дар ҳар хиёбон ва гулгашт, кӯчаҳои пойтахт қуттиҳои махсуси ахлотпартоии хурду калон ҷойгир карда шудааст. Бо вуҷуди ҳамин ҳам, мушоҳида менамоем, ки бо гарданғафсиамон як қадам онтарафтар рафта, партовҳои нодаркорро ба қуттиҳо намепартоем. Боз дар канори роҳу кӯчаҳо пасмондаҳои ҳар гуна ашёро мебинем, ки табиати касро хира месозанд.

Табиист, ки саломатӣ гавҳари ноёб буда, ба қадри он расидан даркор аст. Яке аз сабабҳои ба бемориҳои гуногун гирифтор шудани ҷомеа ба муҳити нохуби зист вобастагии калон дорад. Манзараҳои ҳузнангези зиёде дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бахусус, атрофи хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои маданӣ - маишӣ ва монанди ин ба чашм мерасанд. Дар фасли гармо ҳашарот ба он часпида, сабаби паҳн гардидани бемориҳои вобаста ба хун ва пӯст мегарданд. Ҳатто дар аксар маврид ба бемориҳои узвҳои дохилӣ оварда мерасонанд. Вақте МУҲИТИ ЗИСТ мувофиқи мақсад нест, он гоҳ фаъолияти инсон низ рӯ ба таназзул меорад, ба дастовардҳо ноил шудан ғайриимкон аст. Хирашавии табиати инсон ба ин садди роҳ мешавад.

Бино ба андешаи мутахассиси соҳаи биология Раҷабалӣ Зокиров бадани инсон ҳар чӣ бештар ба оксиген эҳтиёҷ дорад, аммо дар шароите, ки муносибат ба  МУҲИТИ ЗИСТ ба таври бояду шояд нест, пас чунин имконият аз куҷо даст медиҳад?

Солҳои охир, дарвоқеъ, аз хусуси манбаҳои беҳдошти МУҲИТИ ЗИСТ бештар андеша ронда мешавад. Мутаассифона, аксар вақт гуфтаамон бо амаламон мувофиқат намекунад. Тибқи гуфтаи олимони соҳаи тиб бемории табларза ва вараҷа бештар аз ҳавои нами боднок пайдо мегардад. Чунин вазъияти номуносиб бештар дар рустоҳо ба назар мерасад. Шоликорӣ яке  аз роҳҳои авҷ гирондани ин  беморист. Одатан шолӣ дар ҷойҳои сернам парвариш меёбад ва паҳнкунандагони беморӣ аз шоликорӣ тавассути хомӯшакҳост. Бо вуҷуди он, ки ҳамасола дар киштзорҳои зиёде шолӣ парвариш мегардад, нархи биринҷ ҳеҷ  не, ки паст фурояд. Бинобар он, аз рӯйи маслиҳатҳои мутахассисони соҳа амал карда, барои парвариши соҳаи шоликорӣ ба қоидаҳои агротехникӣ риоя кардан ба фоидаи кор аст.

Имрӯзҳо олимони соҳа  ба хулосае омадаанд, ки табиати кураи Замин дар ҳолати хатарнок қарор дорад. Инсон бояд ба табиат на ҳамчун объекти истифодашаванда назар дошта бошад, балки ба он бештар ғамхорӣ низ намояд. Шоҳиди онем, ки аксаран ба табиат ба таври хунукназарона рафтор карда мешавад, ки ин оқибати хуб надорад. Барои он, ки сарватҳояшро бемақсад ва номутаносиб истифода набурда, зебоиҳояшро поймол насозад. Бояд онро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дошт. Ба қадри табиат расидан даркор аст.

Юрий Бондарев, адиби рус  фармудааст: "Ҳамаи мо фарзанди табиатем". Албатта, чунин ақида басо гӯшнавоз ва муқаддам аст. Агар мо фарзанди табиатем, магар модари худро хору зор кардан равост? Солҳо боз барои сабзондани як дарахт заҳмат мекашанд, бахусус, агар он мевадор бошад. Аммо баъзеҳо, баръакс, дарахтонро бераҳмона мебуранд. Ҳол он ки дарахтон шусташавии хокро нигоҳ медоранд, табиатро зебо нигоҳ медоранд. Мутаассифона, бераҳмона буридани дарахтон табиатро ба нестӣ мерасонад.

Фридрих Энгелс ҳам дар ин мавзӯъ хуб таъкид намудааст: "Мо набояд ба табиат мисли ғолиби халқҳои бегона ҳукмфармоӣ намоем, баръакс, мо ба вай мансубем, андаруни он (табиат) мебошем?"

Одатан, дар фасли тобистон, ҳарорати ҳаво хеле мешавад. Ба андешаи олимон ин пеш аз ҳама ба "Пайомади буғин" вобаста аст, ки дар натиҷаи партовҳои истеҳсолӣ ба амал омадааст. Онҳо қабати озониро сӯрох менамоянд, ки тавассути он нурҳои ултрабунафш зиёдтар ба сатҳи Замин расида, ба организмҳои зинда зарар мерасонад. Дур нест, ки ин ҳаводис метавонад нобаробарии боришоти атмосфериро ба миён орад. Ҳамчунин обшавии пиряхҳо, зилзила, обхезӣ, хушксолӣ ва тӯфон сар мезанад.

Конфронси байналхалқӣ дар шаҳри Вена (соли 1985) ва Рио де Женейро (соли 1992) мамолики ҷаҳонро ба камтар истеҳсол кардан ва истифода бурдани моддаҳои кимиёвии ба ҳаёт зиёновар даъват намуд. СММ ҳам оид ба МАСОИЛИ ЭКОЛОГӢ чандин ҳуҷҷатҳои мувофиқ тартиб додааст, ки муҳимтарини он "Стратегияи умумиҷаҳонии ҳифзи табиат" мебошад. Ин ҳуҷҷат барномаи амалиёти ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро оид ба ҳифзи табиат ифода намудааст.

Заминаи пайдоиши МАСЪАЛАҲОИ ЭКОЛОГӢ ба афзудани аҳолии сайёра сахт вобаста аст. Чун дар рӯйи Замин аҳолӣ меафзояд, ҳар кадом сокини он ба хӯрдану нӯшидан, ҷойи хоб, мавзеи истироҳат, истифодаи сарватҳои табиӣ эҳтиёҷ дорад. Аз ин рӯ, мушкилоти муҳити зист ба миён меояд. Ин ҷо акнун танҳо боақлона рафтор кардани инсон даркор аст, то вазъи экологиро дар ҳоли мувозинат нигоҳ дорад. Аммо дар асл чунин нест. Партовҳои зиёд, ки ба атроф бетартибона партофта мешаванд, дарахтон бурида мешаванд аз чанд ҷиҳат БА МУҲИТ ЗАРАРИ САХТИ ЭКОЛОГӢ мерасад. Оби уқёнусу баҳрҳо дар таркиби худ ҳамаи пасмондаҳоро ҷамъ оварда, ниҳоят ҳамчун манбаи зараррасонӣ ба саломатии инсон низ таъсири худро мегузорад. Бинобар он, дар тозагии об ҳисса гузоштани ҳар як сокини ҷумҳуриамон, балки сайёра басо муҳим аст.

Дар ин робита алҳол байни ташкилотҳои худӣ ва хориҷа ҳамкориҳо дар ҳоли густаришёбианд. Масалан,  байни "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" - и шаҳри Қӯрғонтеппа ва Бонки таҷдиди рушди Аврупо паймони ҳамкорӣ ба имзо расид. Бозсозӣ ва ба тартиб овардани ҷойгоҳҳои ҷамъоварии партовҳои маишӣ, таҷдид ва васеъ кардани партовгоҳи умумӣ, тоза кардани гирду атрофи он, харидани таҷҳизоти махсус барои коркарди партовҳои сахт, нақлиёт ва дастгоҳҳои кори махсус нуқтаҳои асосии паймонанд. Маблағи умумии барнома 4, 9 миллион доллар буда, 2, 9 миллиони он маблағи грантист.

Имрӯз аз ҳаррӯзаю ҳарсола дида, табиат ба ғамхории бештари инсон ниёз дорад. Агар аз дигар тараф андеша ронем, ин ғамхориҳо боз ҳам барои худи ӯ нигаронида шудааст. Сохтани МУҲИТИ ХУБИ ЭКОЛОГӢ ба худи шахс вобаста аст. Мамнӯъгоҳҳо, санаторияю профилактория, боғҳои истироҳатӣ, саёҳатгоҳҳо ҳама бо табиати зебо ва дилрабои худ ба кас рӯҳи тоза мебахшанд. Агар ҳар шахс баҳри ободии диёри хеш заҳмат бикашад, метавонад муҳити хешро дар ҳоли созгор ташкил карда, сабаби соҳиби ҳаёти хушҳолона шуданро дорад.

Зебоиҳои рӯзафзуни диёр ҳама аз дастони пурсаховати инсон вобастагии калон дорад. Магар каманд дар ҷумҳуриамон онҳое, ки солҳо боз ба боғу токпарварӣ, ободкорӣ машғуланд. Ҳанӯз дар солҳои шӯравӣ ҳазор гектар пистазори ташкил намудаи боғбони асил, соҳиби ду карат ордени "Шараф" Ғаюр Сафаров то имрӯз низ мева дода, худи ташкилкунандаи он Ғ. Сафаров лоиқи таҳсину офаринҳост.

Хуллас, агар хоҳем, ки зиндагиамон пурсурур ва нишотангез бошад, бояд дар оғӯши табиат бошему нисбат ба он бераҳм набошем. Ин аст рисолати инсонии ҳар як шаҳрванд, балки ҳар як сокини сайёра.

Ҳотами Ҳомид, рӯзноманигор

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №9, 05 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi